Маълумоти таърихӣ дар бораи Интернет

Мақсад: Додани маълумоти таърихи оиди пайдоиш ва ташаккулёбии шабакаи Интернет.Баланд бардоштани малакаю дониши хонандагон оиди шабакаҳо ва намудҳои онҳо.

Нақша:

  1. Пайдоиши шабакаи Интернет
  2. Марҳилаҳои асосии рушди Интернет
  3. Умумиҷаҳони гардидани Интернет

Заминаи Интернет дар охири солҳои 60-ӯми қарни гузашта бо супориши Вазорати мудофиаи ИМА гузошта шуд. Зодрӯзи шабакаи Интернетро метавон 2-юми январи соли 1969 ҳисоб кард. Дар ин рӯз Ожонсии таҳқиқотҳо барои ояндаи (перспективӣ) Вазорати мудофиаи Амрико (US Defence Departament Research Project Agency-ARPA) татбиқи лоиҳаи алоқаи компютерии созмонҳои мудофиавиро оғоз намуд. Дар натиҷаи иҷрои ин нақша шабакаи ARPANET таъсис ёфт.

Бо сохтани ин шабака чанд ҳадаф таъқиб мешуд. Аммо мақсади аслӣ ба миён овардани шабакае буд, ки ба қисман вайрониҳое, ки дар натиҷаи ҷанг ба амал меомаданд, аз он ҷумла ҷанги ядроӣ нигоҳ накарда, бояд боқӣ мемонд ва фаъолият мекард. То ин вақт алоқа дар шабака боэътимод набуд, зеро ҳар як сегментхои он ё вайрон мешуданад ва ё зарар медиданд. Бинобар ин мақсад гузошта шуд, ки дар шабака алоқа дар миёни компютерҳои зарарнадида таъмин шавад.

Марҳилаи баъдии рушди Интернетро метавон ба таъсиси шабакаи Бунёди илмии ИМА (NSF) мутаалиқ донист. Ин шабака NSFNET  ном гирифт ва он  марказҳои илмии Амрикоро муттаҳид мекард. Кор дар ин шабакаи нав дар заминаи 5 суперкомпютер ба роҳ монда шуд. Ин компютерхо миёни ҳамдигар бо хатҳои алоқаи баландсуръат пайваст буданд. Шабакаи NSFNET  ба зудӣ ҷои ARPANET-ро, ки соли 1990 пурра барҳам хӯрд, гирифт.

Афзоиши босуръати истифодабарандагони шабака тақозо мекард, ки он ба таври доимӣ аз лиҳози сохторӣ тағйир дода шавад. Бинобар ин, соли 1987 NSFNET backbon, ки қисми базавӣ ва ё сутунмӯҳраи шабака буд, таъсис ёфт. Сутунмӯҳра аз 13 шабака иборат буд, ки онҳо миёни ҳам бо хатҳои баландсуръат пайваст мешуданд. Ин марказҳо дар қисматҳои гуногуни Амрико воқеъ буданд. Ҳамзамон шабакаҳои миллӣ дар дигар кишварҳо низ таъсис ёфтанд. Шабакаҳои компютерии давлатҳои гуногун бо ҳам муттаҳид шуданд ва дар солҳои 90-ӯми асри 20 шабакаи Интернет дар шакли имрӯзии худ ташаккул ёфт.

Аммо аз муҳимтарин ҳодисаҳо дар таърихи Интернет тарҳрезии ба истилоҳ тори анкабути ҷаҳонӣ-World Wide Web (WWW) мебошад. Таърихи WWW аз моҳи марти соли 1989, аз замоне ки Tim Bernes Lee бо лоиҳаи муҳити телекоммуникатсионӣ  ва ё баргузор кардани таҳқиқоти муштарак дар соҳаи физикаи энергияҳои баланд баромад кард, шурӯъ мешавад. Дар соли 1991 Лабораторияи физикаи амалии Аврупо (CERN) дар бораи таъсиси фазои нави иттилооти глобалии WWW ба тамоми ҷаҳон эълон пахш намуд.

Фазо чунин моҳият дошт: санаде, ки тавассути он дастрасӣ ба Интернет сурат мегирад, то андозае бо ёрии забони гипертекстӣ коллаббанди (формат) мешавад. Иттилоот дар шабака метавонад тавассути ба истилоҳ локатори универсалии захираҳо пайдо карда шавад ва бо ёрии барномаи брокгаузер инъикос гардад. Яке аз барномаҳои муваффақи барномаи Mozaic буд. Пайдо шудани WWW  ва барнома-брокгаузер имкон дод, ки дар шабакаҳо на танҳо барномасозҳо кор кунанд, балки онҳое низ, ки танҳо маълумоти ибтидоӣ роҷеъ ба кор бо Windows доранд, онро ба хубӣ сарфаҳм раванд ва аз он истифода намоянд.

Ҳоло Интернет ҳазорҳо шабакаҳои гуногунро, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, муттаҳид мекунад. Дар Русия Интернет дар гузаштаи на он қадар дур пайдо шуд. Афзоиши босуръати истифодабарандагони Интернет дар соли 1996 оғоз ёфт, яъне аз замоне ки имкони истифодаи Интернет дар ин кишвар ба вуҷуд омад. Ҳамзамон бо суръати афзоиши истифодабарандагони Интернет дар Русия тағйироти куллӣ дар бахши русии он низ сурат гирифт. Агар чанд сол қабл тамоми иттилоот дар шабака бо забони англисӣ пахш мешуд, пас, имрӯз таъминкунандагони иттилоот ба истифодабарандагони русзабон рӯ овардаанд. Ин аст, ки имрӯз дар шабакаи Интернет иттилооти гуногунро метавон бо забони русӣ роҳат пайдо кард.    

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.