Диаграмма ва графикхо

Ороиши хушxат. Диаграмма ва графикхо

5.1. Мустахкамкунии сарлавхахо, эзох.

5.2. Батартибандози ва полоиши додашудахои чадвал.

5.3. Бахшиши ном ба ячейка ва сахифа.

5.4. Диаграмма ва графикхо дар Ms Excel, сохтан ва тахрири онхо.

5.1. Мустахкамкунии сарлавха, эзох.

хангоми кор бо чадвалхои калон лозим меояд, ки кисме аз чадвал (масалан, кисми сарлавха) доимо дар экран боки монад. Барои ичрои ин амал дар чадвал ба мавкеи xудокуни мушакро гузошта, силсилафармони Окно|Закрепить области– ро ичро кардан лозим аст. Пас аз ичрои ин амал кисми шахкардашуда бо харакат кардани мушак ба мавкеъхои дигар дар экран боки мемонад. Кисми шахшуда бо ду хати гафси амудию кутби xудо карда мешавад.

Агар якчанд сатрро шах кардан лозим бошад, дар сутуни A дар поёнтари микдори сатрхои кайдшаванда мушакро гузошта силсилафармони Окно|Закрепить области-ро ичро кардан лозим аст. Кисми шахшуда бо як хати амуди xудо карда мешавад.

Расми 5.1. Шах кардани сатрхо

Дар расми 5.1. сатрхои 1 ва 2 шах карда шудаанд.

хангоми кор бо додашудахои хеле бисёр таксим кардани равзанаи асосии Ms Excel лозим мешавад. Барои ичрои ин амал силсилафармони Окно|Разделить ичро карда мешавад. Агар таксимкуниро аз руи ягон сутун ичро кардан лозим бошад, сутунро кайд карда, баъд силсилафармони Окно|Разделить ичро кардан лозим аст. Агар ячейкаи A1 фаъол карда шуда, силсилафармони Окно|Разделить ичро шавад, равзана ба чор кисм таксим мешавад.

Ичрои силсилафармони Окно|Новое файли мавxударо дар равзанаи нав мекушояд.

Баъзан лозим мешавад, ки ба додашудахои дар ячейка дохилгардида шарх дода шаванд. Барои ичрои ин амал силсилафармони Вставка|Примечание истифода мешавад. Ичрои ин амал дар гeшаи болоии рости ячейка секунчаи сурх ва равзанаи дохил кардани эзох пайдо мекунад. Дар ин равзана матни лозима дохил карда, оид ба додашудахои дар ячейка мавxудбуда маълумоти пешакиро сохиб шудан мумкин аст. Барои тагйир додани эзох бо тугмаи мушак ячейкаро фаъол ва тугмаи ростро пахш карда, аз менюи контексти банди Изменить примечание гирифтан лозим аст (Расми 5.2.).

Расми 5.2. Гузоштани шарх дар ячейкахо

Аз менюи контексти интихоби бандхои Удалить примечание ва Скрыть примечание мувофикан эзохро хорич ва панох мекунад.

5.2. Батартибдарори ва полоиши додашудахои чадвал.

Системаи Ms Excel маводхои хуби батартибдарори, кофтукови маълумот, ки дар асоси он хисобот сохта мешавад, пешниход мекунад. Ба ин маводхо батартибдарори (Сортировка) ва полоиш (Фильтрация) мансубанд, ки асосан хангоми кор бо базаи маълумот истифода мешаванд. хар кадоме аз ин мафхумхоро дар алохидаги дида баромадан мувофики максад аст.

Батартибдарори (Сортировка). Батартибдарори аз аз руи xойгиршавии алифбои ва тартиби баръакси он барои коркарди манбаи маълумот хеле зиёд истифода мешаванд. Дар Ms Excel ин амалхо факат ба додашудахои матнии бо харфхои англисии аз A то Z ва алифбои русии аз А то Я воридкардашуда ичрошавандаанд. Барои ин амал дар лавхаи асбобхои Стандартная тугмахои xудо карда шудаанд. Барои батартибдарори бо яке аз усулхои кайдшуда, сутунро кайд карда, ба тугмаи мувофик бояд пахш кард.

Батартибдарориро бо тартиби камшави ва зиёдшавии ракам ва сана низ ташкил кардан мумкин аст.

Агар батартибдарори бо ду ё зиёда сутун ичро кардан лозим бошад, аз силсилафармони Данные|Сортировка истифода кардан кулай аст (Расми 5.3.).

Расми 5.3. Равзвнви Сортировка диапазона

Ичрои ин амал дар экран равзанаи Сортировка диапазона– ро пайдо мекунад. Дар ин равзана номи сутунро интихоб карда, яке аз бандхои по возрастанию ё по убиванию– ро интихоб кардан лозим. Баъд дар банди Затем по номи сутунро интихоб карда амали болоиро такрор кардан лозим аст. Пас аз ин дар банди В последную очередь, по киматхои лозима гузошта, ба тугмаи Ок пахш кардан лозим.

Опсияи Идентифицировать поля по ду банди подписям (первая строка диапазона) ва обозначениями столбцов листа дорад. Агар майдонхои интихобшуда ном дошта бошанд, банди подписям (первая строка диапазона) интихоб кардан лозим. Агар номи майдон номи сутунхои Ms Excel –ро дошта бошад, он гох банди подписям (первая строка диапазона)– ро интихоб кардан лозим аст.

Пахши банди Параметры равзанаи Параметры сортировки– ро пайдо мекунад, ки истифодаи он батартибдарори аз руи калид, бо назардошти регистри болои ва поёни, аз руи сатр ва сутун имкон пайдо мекунад.

Барои даст кашидан аз майдони барои батартибдарори омодашуда ичрои силсилафармони Правка|Отменить сортировка кифоя аст.

Полоиш (Фильтрация). Амали дигаре, ки хеле зиёд дар вакти кор бо базаи маълумот истифода мешавад, полоиш (фильтрация)- мебошад. Полоиш усули хеле осон ва зудкори xудокунии зермаxмeи додашудахо аз базаи маълумот мебошад, ки натиxаи он барои коркарди оянда истифода мешавад. Дар базаи маълумот байни мафхумхои додашудахо (данные) ва маълумот (информация) фаркияте гузошта мешавад. Додашудахо– он маxмeи маълумоти имконпазир, ки доир ба объекти тадикшаванда чамъ омадааст. Маълумот– он кисми додашудахое, ки ба ягон xузъи объект дахл доранд. Масалан, базаи маълумоти ягон корхона, дар Ms Excel киматхои зиёдро дар сатру сутунхо xойгир карда метавонад ва маълумот бар бораи факат ходимони идоракунандаи ин корхона информатсия шуда метавонад.

Xудо карда тавонистани маълумоти лозима аз манбаи додашудахо дар Ms Excel бо воситаи полоиш (фильтрация) амали мегардад. Маводи Автофильтр, ки бо ичрои силсилафармони Данные|Фильтр|Автофильтр фоъол мешавад, имконияти аз хар кадом майдони базаи маълумотхо интихоби яке аз параметрхои зеринро медихад:

  • Все- барои тасвири хамаи додашудахои майдони фаъол.
  • Первые 10 – барои тасвири 10 маълумоти киматхои калонтарин (ё хурдтарин) дошта ё 10% -микдори маълумоти мавxудаи сутуни фаъол.
  • Условие– барои фаъол кардани равзанаи мубохисавии Пользовательский автофильтр, ки бо истифодаи функсияхои мантикии И ва ИЛИ критерияхои муракабтари полоишро имкони сохтан дорад.

Барои татбики Автофильтр ба сутунхои кайдкардашуда, номи сутунхоро кайд карда, пас аз он силсилафармони Данные|Фильтр| Автофильтр интихоб кардан лозим аст. Барои кайд кардани як сутун барои полоиш, номи сутун ва ячейкаи аввалини кимматдорро кайд бояд кард.

Барои хорич кардани полоиш аз параметри “Все”-и рeйхати бо пахши секунxае, ки хангоми ба кор шурeъ кардани Автофильтр пайдо мешавад ё истифодаи силсилафармони Данные|Фильтр| Отобразить всё истифода кардан лозим аст.

Интихоби банди Условие, ки хангоми пахши тугмаи полоиш, пайдо мешавад, равзанаи Пользоавательский автофильтр пайдо мешавад. Он аз чор равзанае иборат аст, ки дар онхо истифодабаранда метавонад шартхои мухталиф дохил намуда, дар асоси он полоишро ташкил намояд. Масалан, дар расми 5.4. полоиш аз руи шарти микдори мевахое, ки аз 400 кг зиёданд, гузаронида шудааст. Ин полоиш бо майдони Микдор гузаронида шудааст

Расми 5.4. Полоиш аз руи шарт

Дар равзанаи шартхо чунин намуди шартхо xойгиранд: баробар(равно), нобаробар(не равно), калон(больше), калон ё баробар(больше или равно), хурд (меньше), хурд ё баробар (меньше или равно), аз…сар мешавад (начинается с), аз …сар намешавад (не начинается с), ба…тамом мешавад(заканчивается на), ба… тамом намешавад(не заканчивается на), дар таркибаш дорад(содержить), дар таркибаш надорад(не содержить).

Истифодаи операторхои мантикии “И” ва “ИЛИ” ба гузоштани шартхои мураккабтар имконият фарохам меоваранд. Истифодаи рамзхои * ва ? , ки мувофикан рамзхои дилхох ва танхо як рамзро дар назар дорад, сохаи кофтуковиро зиёдтар мегардонад. Масалан, шарти >400 И < 1000 –тамоми сатрхое, ки киматхояшон дар байни 400 ва 1000 мавxуданд, дар экран пайдо мекунад. Шарти <400 ИЛИ >1000 сатрхоеро дар экран пайдо мекунанд, ки киматхояшон ё аз 400 калонанд ва ё аз 1000 хурданд. Шарти а*-навиштаxотхоеро полоиш мекунад, ки аз харфи “а” огоз меёбанд (анор, ангур), ?н*-навиштаxотхоеро полоиш мекунад), ки дар мавкеи дуюмашон харфи “н” доранд(анор, ангур).

Маводи дигари полоиш Полоиши мукаммал (Расширенный фильтр) мебошад, ки бо силсилафармони Данные|Фильтр| Расширенный фильтр фаъол мешавад ва имконияти васеътари ичрои полоишро дорад. Дар он имконияти якбора ба чанд майдон гузаронидани полоиш ва нусхабардории натиxаи полоиш ба ячейкахои дигар мавxуданд.

хангоми Полоиши мукаммал (Расширенный фильтр) равзанахое, ки рeйхати кимати майдонро доранд, алакай кушода намешаванд. Барои интихоби шартхои полоиш дар базаи маълумот бояд дар ягон мавкеъи чадвал диапазони махдудият сохт. Агар полоиши мукаммал барои сохтани дархост лозим бошад, он гох диапазони шартхоро дар гeшаи болоии тарафи чапи сатрхо xойгир кардан кулайтар аст. Ва баъд натиxаро дар зери диапазони шартхо гузоштан лозим аст.

Барои сохтани диапазони шартхо ба кисми нави чадвал номхои майдонхоро нусхабардори карда, ба намуди матн, формула ё адад шарти полоишро дохил кардан лозим аст. Баъд полоиши мукаммалро фаъол карда, диапазони базави, диапазони шартхо ва мавкеи тасвири натиxаро муайян карда, ба тугмаи Ок пахш карда, додашудахои натиxавиро пайдо кардан мумкин аст. Ин холатхо дар расми 5.5. нишон дода шудаанд.

Расми 5.5. Полоиши мукаммал

Дар он ба сифати диапазони базави диапазони $A$1:$C$, ба сифати диапазони шартхо $E$1:$G$2 ва натиxаро аз ячейкаи $E$7 сар карда xой мегирад. Дар диапазони шартхо ба воситаи ифодаи Ш* дар майдони Ном ва насаб- хамаи фамилияхое, ки бо харфи Ш огоз меёбанд ифода карда, >19 дар майдони Сину сол сину соли аз 19 калонро ифода мекунад. Дар база маълумоти ба чунин шартхо мувофик факат як навиштаxот ёфт шуд.

Дар майдони диапазони шартхо ифодахои мантики Истина, Ложь ё И(С2>=40,C2<=60)), критерияи хисобкуни (=C3>СРЗНАЧ ($С$2: $С$6)) истифода кардан мумкин аст.

5.3. Номгузори ба ячейка ва вараки кори

Одатан ба ячейка в ё диапазони ячейкахо мурочиати намуди A1 ё К1C1 истифода карда мешавад. Ба ячейка ва ё диапазони ячейкахо ба воситаи Ном низ мурочиат кардан мумкин аст.

Ном – ин идентификаторе, ки хеле осон дар хотир нигох дошта шуда, барои мурочиат ба ячейка, гурeхи ячейкахо, киммат ва формула истифода мешавад. Ms Excel чунин бартарии кор бо Ном-ро пешниход мекунад:

  • дар китоби кори системаи номхои якхела истифода кардан

мумкин аст Номе, ки барои мурочиат ба ячейкахои вараки кори сохта шудааст, барои хамаи китоб истифода кардан мумкин аст. Бинобар ин барои хар як вараки кори номи нав сохтан ва ё ба формулахо мурочиат ба варакхои кори гузоштан шарт нест. Бо хамин сабаб варакхои ба хам алокаманд дар хотира якxоя нигох дошта мешаванд;

  • барои варакхои алохида номхои махсус сохтан мумкин аст. Ин имконияти истифодаи номи умумиро медихад. Яъне номи “Фурeш” барои муайян кардани ячейкахои хамноми варакхои гуногуни хамон як китоб истифода мешавад;
  • мурочиати номиро бо мурочиати одди, аз он xумла мурочиат ба формула ва равзанахои мубохисави истифода кардан мумкин аст.
  • формулахое, ки мурочиати номи доранд, нисбат ба формулахои мурочиат ба ячейкахо дошта хеле содда хонда ва дар хотир нигох дошта мешаванд, масалан, маънои =Фоида-Пардохт нисбат ба навишти =G1-F4 фахмотар аст;
  • хангоми тагйир додани сохти вараки кори, факат дар як xой тагйирот даровардан кифоя аст, дар ин маврид мурочиат ба дигар ячейкахо ба таври автомати тагйир меёбанд;
  • номгузории формулахо дар равзанаи номгузори теле зуд ва осон гузошта мешавад;
  • дар асоси номи сарлавхахои сатру сутунхо номгузории автоматии ячейкахоро таъмин кардан мумкин аст.

Барои муайян кардани ном аз силсилафармони Вставка|Имя ва ё аз равзанаи ном дар сатри формула истифода кардан мумкин аст. Барои гузоштани ном ячейка ё диапазони ячейкаро кайд карда дар равзанаи ном ба тугмаи Добавить пахш карда номи даркориро навиштан лозим аст. Барои аз нав муайян кардани ном, аз равзана ин номро интихоб карда, онро тахрир кардан лозим. хангоми интихоби ном ячейка ё диапазони ячейкае, ки ба он вобаста аст ба таври автомати кайд мешавад.

Барои гузоштани ном чунин коидахо бояд истифода шванд:

  • ном бояд аз харф ва ё_(зерхат) сар шавад. харфхои бакимонда харф, ракам, нукта ва аломати зерхат шуда метавонад. Ном набояд, ки намуди мурочиатро дошта бошад (масалан, A$1 ё C1K1);
  • истифодаи фосила дар ном мумкин нест. Барои xудо кардани калимахои ном аломати нукта ё зерхат истифода кардан лозим аст;
  • микдори рамзхо дар ном аз 255 зиёд шуда наметавонанд;
  • Ms Excel дар ном регистрхои болои ва поёниро фарк намекунад.
  • дар расми 5.6. ба номхо чунин диапазони ячейкахо мувофик гузошта шудаанд:

Фурeш =Лист1!$И2:$D$2 Харx =Лист1!$И3:$D$3

Фоида =Лист1!$И4:$D$4 Январь =Лист1!$И2:$И$4

Февраль =Лист1!$С2:$С$4 Март =Лист1!$D2:$D$4

Расми 5.6. Гузориши ном ба диапазони ячейкахо

Масалан, натиxаи ичрои формулаи =фоида Январь + фоида Февраль ба 900 баробар аст.

Ичрои силсилафармони Вставка|Имя|Применить имя рeйхати номхои гузошташударо пайдо мекунад. Барои татбики ном онро кайд карда, ба тугмаи Ok пахш кардан лозим.

Номро барои мурочиати сеченака низ истифода кардан мумкин аст. Масалан, номи Фоида_Сол-ро ба намуди =Лист2!:Лист13! F2:F11, ки интервалхои F2:F11-и варакхои аз 2 то 13-ро дар бар мегиранд гузоштан мумкин аст. Ба номхои хаxми он коидахое, ки ба мурочиатхои хаxми амал мекунанд истифода кардан мумкин.

Номгузори ба формула ва доимихои хеле зиёд истифодашаванда низ бо тарзи дар боло нишондодашуда гузошта мешаванд. хангоми истифодаи ном онро дар экран бо силсилафармони Вставка|Имя|Вставить пайдо карда, бо пахши дукарата ба он ба ячейкаи лозима гузоштан мумкин аст.

Дар расми 5.7. намунаи гузоштани ном ба кимати доимии 15% ва истифодаи он нишон дода шудааст. Агар диапазони ячейкахо бо номи сарлавха номгузори шуда бошанд, хангоми гузоштани критерияи полоиш ин ном истифода мешавад.

Барои сохтани ном бо истифодаи сарлавхахои мавxуда, тамоми чадвалро кайд карда, силсилафармони Вставка|Имя| Создать ичро карда, яке аз нишонахоро фаъол карда (масалан, в строке выше), ба тугмаи Ок пахш кардан лозим аст.

Расми 5.7.Истифодаи ном

Силсилафармони Вставка|Имя|Вставить|Все имена номгeи тамоми номхоро дар ячейкахо xойгир мекунад.

5.4. Диаграмма ва графикхо дар Ms Excel, сохтан ва тахрири онхо

Барои фахмотар тасвир намудани додашудахо ва осон намудани мукоисакуни, пайдо кардани конуниятхо ва тамоили (тенденсияи) додашудахо диаграмма истифода мешавад. Бартарии асосии чунин тасвиркуни аёнияти тасвири додашудахо мебошад. Вобастагии байни функсияхо, тамоили афзоиши онхо, муайянкунии вобастагии байни протсесхои мухталифро дар график ва диаграмма хеле хуб дидан ва фарк кардан мумкин аст.

Ms Excel якчанд намуди диаграммахои сатхи ва сеченакаро пешниход мекунад ки, дар навбати худ ба колабхои гуногун таксим шудаанд.

5.4.1. Маълумоти пешаки доир ба сохтани диаграмма

Раванди сохтани диаграмма ва графикхо дар Ms Excel бо имкониятхои васеъ ва соддагии сохтани он фарк мекунад. Маълумоти дилхохи чадвалро ба шакли диаграмма тасвир кардан мумкин аст. Устои диаграмма (Мастер диаграмм) бо пахши тугмаи хамноми дар лавхаи асбобхои Стандартная мавxудбуда фаъол мешавад.

Устои диаграмма- ин равандест барои сохтани диаграмма. Он аз чор кадам иборат аст. Дар кадами дилхох ба тугмаи Готово пахш карда, раванди сохтани онро катъ кардан мумкин аст. Бо истифодаи тугмахои Далее ва Назад раванди сохтанро идора кардан мумкин аст.

Ба гайр аз ин барои сохтани диаграмма аз фармони Вставка| Диаграмма истифода бурдан мумкин аст.

Баъди сохтани Диаграмма имконияти илова намудани додашудахо, тагйир додани параметрхои диаграмма ба воситаи лавхаи асбобхои махсус мавxуд аст (расми 5.8.).

Расми 5.8. Лавхаи асбобхои Диаграмма

Дар раванди сохтани диаграмма масъалаи муайян намудани мавкеи xойгиршавии ва намуди он пайдо мешавад. Инчунин дар диаграмма бояд гузошта шудани кадом навиштаxот, муайян карда шавад. Хуллас, баъди пахши тугмаи Готово имконияти истифодаи як катор элементхои махсус барои форматиронии диаграммаро мавxуд аст. Барои хар кадом xузъи диаграмма лавхаи форматиронии худ фаъол шуда ва ё аз лавхаи асбобхо истифода кардан мумкин аст. Барои ин, бо мушак xузъи диаграммаро фаъол карда, бо пахши тугмаи рост менюи форматирони пайдо ва аз он фармони лозимаро интихоб кардан, кифоя аст.

Мафхуми “диаграммаи фаъол” маънои онро дорад, ки диаграмма кайд шудааст, яъне дар атрофи он нишонахо (дастакхо) фаъоланд ва имконияти тахриркунии он мавxуд аст (яъне мавкеъ, андоза ва дигар параметрхои онро тагйир додан мумкин аст).

Барои ба xузъхои дилхохи диаграмма гузаштан, аз тугмахои идоракуни ё мушак истифода кардан мумкин аст. хангоми ба xузъи дилхох гузаштан дастахои он бо шакли квадратчахо пайдо мешаванд, ки нишонаи фаъолии он мебошад. Пахши тугмаи рости мушак дар ин хол, номгeи фармонхои форматирониро барои ин объект пайдо мекунад.

Диаграммаро дар Листи алохида ё дар Листи кори сохтан мумкин аст. Диаграммаи татбикшуда (внедренная диаграмма) чун объекти графики дида баромада мешавад ва хамчун кисми Листи сохташуда дар хотир нигох дошта мешавад. Онро хамон вакт сохтан лозим аст, ки агар як ё якчанд диаграмма якxоя бо додашудахояшон дар як Лист xой гиранд.

Листи диаграмма – ин Листи алохида дар китоб мебошад, ки номи худро сохиб аст. Листи диаграмма хангоми аз додашудахо xудо назорат шудан ва зарурати ба он дохил кардани тагйирот, истифода мешавад. Агар экран факат барои кор бо диаграмма xудо шавад, истифодаи Листи диаграмма зарур мешавад.

Сохтан ва тахриркунии диаграмма ва графикхо

Бо рафти кори устои диаграмма шинос мешавем. Кадами аввали сохтани диаграмма аз интихоби типи тасвири сохташаванда сар мешавад. Шумо имконияти интихоби типи стандарти ё гайристандартии диаграммаро доред (расми 5.9.). Барои давом додани раванди сохтани диаграмма ба тугмаи Далее пахш кунед.

Расми 5.9. Равзанаи интихоби типи диаграмма

Дар кадами дигар манбаъи додашудахо барои диаграмма интихоб мекунем. Барои ин дар Листи кори диапазони лозимаро бо воситаи мушак кайд кунед. Диапазони ячейкахоро ба воситаи тугмахои мушак низ дохил кардан мумкин аст.

Агар Диаграмма дар худ чандин каторро дар бар гирад, гурeхбандии додашудахоро бо ду рох ичро кардан мумкин аст: аз руи сатрхо ё аз руи сутунхо. Барои ин максад дар сахифаи Диапазон Данных банди Ряды в мавxуд аст. Дар раванди сохтани Диаграмма хамрохкуни ва ислохкунии каторхои додашудахо, ки ба сифати манбаъ истифода мешаванд, имконият дорад. Барои ташкили каторхои додашудахо сахифаи дуюми равзанаи мубохисави хизмат мекунад. Дар ин сахифа сохтори батафсили каторхоро ичро карда, ба хар катор ном ва вохидхои ченкунии онхо дар тири X нишон додан мумкин аст.

Номи каторро дар майдони Имя бевосита аз клавиатура ворид кардан мумкин аст. Дар майдони Значения додашудахои ададие, ки дар сохтани диаграмма иштирок мекунанд, мавxуданд. Барои дохил кардани ин додашудахо инчунин аз тугмаи хурдкунии равзана истифода бурда ва диапазонро аз вараки кори кайд кардан кулайтар аст. Дар майдони Подписи оси Х вохидхои ченки тири X дохил карда мешавад.

Дар кадами сеюм чунин параметрхои диаграмма ба монанди сарлавха ва навиштаxотхои мухталиф, тирхо. ва инчунин xузъхои иловагии диаграммаро (турхои координати, легендахо таблитсаи додашудахо)– ро гузоштан лозим аст. Дар ин xо ба мафхуми подписи сатр ва сутунхо вомехeрем, ки маънои сарлавхаи сатр ва сутунхоро дар назар доранд. Онхоро метавонед ба майдоне, ки диаграмма сохта мешавад хамрох кунед. Бидуни кайд диаграмма дар хамаи майдони кайдшуда сохта мешавад, яъне барои имзо xой xудо карда намешаванд. Аммо, агар дар сатри болои ё сутуни чапи майдони кайдшуда ягон матн бошад, Ms Excel ба таври автомати дар аоси онхо подпись мегузорад.

Дар кадами чорeм Мастер диаграмма параметрхои xойгиркунии онро медиханд. Вайро дар вараки алохида ва ё дар листи мавxуда xойгир кардан мумкин аст. Пахши тугмаи Готово раванди сохтанро ба анчом мерасонад.

5.4.3. Гузоштани ранг ва стили хатхо. Тахриркунии диаграммахо.

Пас аз сохта шудани диаграмма онро бояд тахрир кард. Хусусан иваз кардани ранг ва стили хатхое, ки маxмeи ададхои дар сатрхои чадвали манбаъ мавxуда зарур аст. Барои ин ба режими тахриркунии диаграмма гузаштан лозим аст. Барои ин бо тугмаи мушак ба диаграмма ду бор бояд пахш кард. Тасвири диаграмма дигар шуда бора пайдо мешавад. Ин нишонаи дар режими тахриркунии диаграмма будан аст.

Метавонед андозаи диаграммаро тагйир дихед, xои матнро дигар кунед ва элементхои дилхохи онро тагйир дихед. Нишонаи режими тахриркуни чор квадратча дар дохили диаграмма мебошад. Барои аз ин режим баромадан бо тугмаи мушак берун аз диаграмма ду бор пахш кардан кифоя аст.

Xойивазкунии объектхои диаграмма дар режими тахрири диаграмма бо ичрои амалхои зерин гузаронида мешавад:

  • бо мушак ба объекте, ки xой тагйир додан мехохед, пахш кунед. Дар атрофи объект нишонахо ба намуди квадратчахои сиёх пайдо мешаванд;
  • нишондихандаи мушакро ба сархади объект гузошта ва ба тугмаи мушак пахш кунед. Чорчeбаи ахён– ахён пайдошаванда пайдо мешавад;
  • тугмаи мушакро сар надода объектро ба xои лозима кашед. Ва онро сар дихед. Агар мавкеъи объект ба Шумо маъкул набошад, он гох ин амалро такрор намоед.

Барои тагйир додани андозаи майдони ягон объекти диаграмма амалхои зеринро ичро кунед:

  • ба объекте, ки тагйир медихед, бо тугмаи мушак пахш кунед. Дар атрофи объект нишонахо ба намуди квадратчахои сиёх пайдо мешаванд;
  • нишондихандаи мушакро ба чоркунxаи сиёхи тарафи лозимаи объект ва ё кунxи объект гузоред. Намуди нишондихандаи мушак ба хати дусамта мубадал мегардад;
  • тугмаи мушакро пахш карда истода сархади объектро ба xои лозима кашед ва тугмаи мушакро сар дихед.

5.4.4.Форматиронии матн, ададхо, додашудахо ва интихоби пуркуни

Амали форматирони барои объекти дилхох аз руи схемаи зерин гузаронида мешавад.

  • ба объекте, ки форматиронида мешавад бо тугмаи мушак пахш кунед. Рeйхати фармонхое пайдо мешаванд, ки аз объект вобастаанд.
  • фармон барои форматирониро интихоб кунед.

Усули алтернативии форматиронии объект фаъол намудани равзанаи мубохисавии мувофик аз лавхаи асбобхо мебошад.

Фармонхои форматирони аз руи типи объекти интихобшуда

вобастаги дорад. Номгeи ин фармонхоро меорем:

  • Форматировать название диаграммы (ба колабандозии номи диаграмма)
  • Форматировать легенду (ба колабандозии легенда)
  • Форматировать ось (ба колабандозии тир)
  • Форматировать область построения (ба колабандозии майдони сохтани диаграмма).

Баъди интихоби яке аз ин фармонхо равзанаи мубохисави барои форматиронии объект пайдо мешавад, ки усулхои техникии Ms Excel– ро истифода карда, шрифт, андоза, стил, форматхо, типи пуркуни ва рангхоро тагйир дода метавонед.

Майдони сохтани диаграмма росткунxаест, ки дар он бевосита худи диаграмма тасвир меёбад. Барои тагйир додани пуркунии ин майдон нишондихандаи мушакро дар он гузошта ба тугмаи рости он пахш кунед. Ва аз рeйхати пайдошуда Формат области построения – ро интихоб кунед. Дар равзанаи пайдошуда пуркунии мувофикро интихоб кунед.

хангоми кор бо графика дар Ms Excel дар диаграммаи сохташуда як катори додашудахоро ба дигараш иваз карда метавонед ва инчунин додашудахоро тагйир ё тахрир кардан мумкин аст.

Дар равзанаи мубохисавии Формат ряда данных стиль– и менюи Вид ранг ва гафсии хатхои катори додашудахои дар диаграмма истифодашавандаро тагйир додан мумкин аст. Замимаи Порядок рядов имконияти батартиб xойгиршавии каторхоро дар диаграмма медихад. Ба воситаи замимаи подписи данных подписи додашудахои киммати катори кайдшударо муайян кардан мумкин аст. Замимаи Y – погрешности имконияти кимати хатогии кимматхо ва инчунин дар экран намоён кардани хатчeбхои хатогии аз руи тири Y – ро нишон медихад.

Дар баъзе холатхо ба Шумо лозим меояд, ки баъзе маълумоти аз байнрафтаро баркарор кунед. Масалан, дар менюи форматирования– и объектхо фармони аввал Отчистить мебошад. хангоми ворид шудан ба ин режим Шумо ногохон ба ин тугма пахш карда маълумотро тоза кардед. Барои баркарор намудани он дар дар режими тахриркуни аз комбинатсияи тугмахои Ctкl –Z истифода баред.

холатхое мешаванд, ки пахши тугмахои Ctкl-Z объектро баркарор намекунад. Ин дар он холат рeй медихад, ки агар пас аз нест шудани объект Шумо ягон амали дигар ичро карда бошед. Дар ин вакт барои баркарор кардани хат бояд чунин амалро ичро кунед: Диаграммаи талаб кардашавандаро интихоб кунед, ва ба тугмаи Мастер Диаграмм пахш кунед. Равзанаи мубохисавии Мастер диаграмм – шаг 1 из 4 пайдо мешавад. Дар равзанаи мубохисави майдоне, ки диаграмма сохта мешавад нишон дихед ва ба тугмаи Далее ё Готово пахш кунед. хамин тавр Шумо худи хатро баркарор мекунед. Аммо стил, ранг ва гафси баркарор намешавад. Ms Excel фармоиши стандартие мекунад, ки барои тахрир кардани баркароркунии формати кухна лозим аст.

Тагйир додани намуди диаграмма

Дар раванди сохтани диаграмма ба мо лозим меояд, ки типи диаграмма ва графикхоро интихоб кунем. Инчунин типи диаграммаи мавxударо низ тагйир додан мумкин аст. Барои тагйир додани типи диаграмма чунин пайдарпаии фармонхоро ичро кардан мумкин аст:

  • ба режими тахриркунии диаграмма гузаред. Барои ин ба вай ду бор бо тугмаи мушак пахш кунед.
  • вакте, ки нишондихандаи мушак дар болои диаграмма бошад, ба тугмаи рости мушак пахш кунед. Меню бо рeйхати фармонхо пайдо мешавад.
  • фармони тип диаграммы– ро интихоб кунед. Равзанае бо типхои мавxудаи диаграммахо пайдо мешавад.
  • типи диаграммаи мувофикро интихоб кунед ва ба тугмаи Enteк пахш кунед. Дар натиxаи ин амалхо диаграммаи типи дигарро сохиб мешавед. Бо дигар намудани типи диаграммахо бисёр параметрхои он тагйир намеёбад.

Барои тагйир додани сарлавхаи диаграмма бо тугмаи мушак ба матни сарлавха пахш карда, матнро тагйир медиханд. хангоми форматиронии майдони сохтан ба замимаи Вид даромада типи диаграммаи каму беш мувофикро интихоб кунед. Дар Ms Excel диаграмахои сатхи ва хаxми сохтан мумкин аст. Намудхои зерини диаграммахои сатхи мавxуд мебошанд: Линейчатая, Гистограмма, С областями, График, Круговая, Кольцевая, Лепестковая, XY – точечная и смешанная. Инчунин диаграммахои хаxмии зеринро сохтан мумкин аст: Линейчатая, Гистограмма, С областями, График, График, Круговая, и Поверхность. Дар хар кадом типи диаграмма зертипхо мавxуданд. Имконияти сохтани диаграммахои гайристандарти мавxуд аст. Акнун формати диаграмахоро батафсил дида мебароем.

Диаграммаи хати

Дар ин намуд диаграммахо тири OX, ё тири нишонахо ба таври амуди ва тири OY ба таври кутби xой мегиранд. Мисоли диаграммаи хати дар расми 5.10. нишон дода шудааст. Барои ба таври куллайтар гузоштани ракамхо ва хатчахо дар тири ОX ба режими форматиронии тир ворид шудан лозим аст. Ва дар равзанаи пайдошуда киматхои мувофик гузоштан лозим.

Расми 5.10.Диаграммаи хатти

Худи хамин тавр тири OY– ро тагйир додан мумкин аст. Фарки байни Гистограммахо аз диаграммахои хатти дар он аст, ки дар он тири OX, ба таври кутби ва тири OY ба таври амeди xойгир аст.

5.4.5.2.Диаграммахои доирави ва халкави

Диаграммахои доирави ва халкави бо он фарк мекунанд, чи тавре ки давра аз халка фарк кунад.

Ба воситаи диаграммаи доирави факат як каторро тасвир кардан мумкин асту халос. Ба элементи катори додашуда як сектори давра рост меояд.

Майдони секторхо аз руи фоиз ба масохате, ки ба суммаи масохати хамаи секторхо, ки хиссаи хар аъзои каторро ташкил мекунанд, баробар аст.

Расми 5.11.Диаграммаи халкави

Сохтани диаграммаи сеченака

Дар диаграммаи сеченака ба режими тахриркуни диаграмма низ гузаштан мумкин аст.

Барои ин дар он режимхое, ки нишонаи объемная аст онро фаол кардан лозим аст. Дар графикаи сеченака объектхои нав пайдо шудаанд. Яке аз онхо асоси диаграмма мебошад. Режими тахриркунии вай ба монанди режими тахриркуни дигар объектхо аст. Ду бор бо тугмаи мушак ба асоси диаграмма пахш кунед ва Шумо дар режими тахриркуни ворид мешавед. Ба ин режим ба воситаи ба нишондихандаи мушак дар асоси диаграмма гузошта ба тугмаи рости он пахш кардан низ гузаштан мумкин аст. Дар ин хол аз менюи пайдо шуда фармони Фармат основания гирифтан кифоя аст. хангоми ба тугмаи рости мушак дар режими тахриркуни гузаштан ба фармонхои аввала фармони нави Объемный вид пайдо мешавад. Ин фармони пурмахсули маълумот дар бораи самти фазоиро медихад.

хангоми истифодаи фармони объемный вид равзанаи мубохисавии формат трехмерной проекции, ки хамаи xойтагйирдихои фазои (гардиш, барxастаги ва х.к) ифодаи микдориро дорад. Ин амалхоро Шумо инчунин ба воситаи тугмахои мувофик низ ичро карда метавонед. хангоми пахш кардан ба тугмаи чапи мушак дар охири системаи координатии дилхох дар куллахои параллелопипед квадратхои хурдакак, ки диаграммаро ихота мекунад, пайдо мешавад. хамин, ки нишондихандаи мушакро ба яке аз ин квадрачахо гузошта ба тугмаи мушак пахш кунед, диаграмма нест мешавад ва танхо паралелипеде, ки диаграмма дар он буд боки мемонад. Тугмаи мушакро дошта истода мавкеъи паралелопипедро ёзонида, фишурда ва тагахояшро тагйир дода метавонед. Тугмаи мушакро сар дода мавкеъи нави фазогии диаграмма сохиб мешавед.

Агар дар xустуxeи самти диаграмма саргум занед ба тугмаи По Умолчанию пахш карда ва ба тугмаи Применить пахш кунед.

Параметрхои Возвышение и Перспектива дар равзанаи мубохисавии Формат трехмерной проекции гeё, ки кунxи нигох ба диаграммаи сохташударо нишон медихад. Барои фахмидани таъсири ин параметрхо киматхои онхоро тагир дихед ва ба чи тавр тагйир ёфтани диаграмма назар афканед.

Дар экран диаграммахои давраги, фазои ба монанди хамвори факат як катори додашударо коркард мекунад.

Дар Ms Excel диаграммахое, ки аз типхои мухталифи графикхо дар бар мегирад, сохтан мумкин аст. Ба гайр аз ин метавонед диаграммаро барои як катор додашудахо ё гурeхои додашудахо, ки аз тири иловаги мегузаранд созед.

худуди татбики чунин диаграмма васеъ аст. холатхое мешаванд, ки додашудахоро дар як диаграмма бо усулхои мухталиф xойгир кардан лозим мешавад.

Тагйир додани сохтани диаграмма бидуни шарх

Чи хеле, ки шумо хис кардед Мастер диаграмм элементхои диаграммаро барои хар тип ва зертип стандарти кабул мекунад. хар чанд, ки дар Ms Excel микдори зиёди зертипхо мавxуданд холатхое пайдо мешавад, ки формати истифодабарандаи хусусии худро дошта бошад. Ба мисоли оди назар меафканем. Фарз мекунем, ки графикхоро чоп кардан лозим аст. хар вакт лозим меояд, ки стил ва ранги хатро тагйир дихем. Ин нокулаиро ба пеш меоварад, хусусан агар микдори хатхо бошанд.

Мисоли дигареро дида мебароем. Шумо алакай намуди диаграммаи сохташавандаро муайян кардед. Вале агар Шумо пас аз муайян кардани мавкеи диаграмма ва манбаи додашудахо ба тугмаи Гатово– и раванди чор кадамаи сохтани диаграмма пахш кардед. Ms Excel бидуни шарх гистограмма месозад ва барои хамин хам ба Шумо лозим меояд, ки хар бор тамоми раванди сохтани диаграммаро ичро намоед.

Албатта ин равандро мавxуд будани фармати мувофики истифодабаранда осон мекунад. Бо вуxуди ин баъзе нокулаихо боки мемонад: аввал Шумо бо додашудахо гистограмма месозед, баъд ба режими тахрири вай гузаштан формати мувофикро татбик мекунед. Агар формати диаграммаи стандартиро каме тагир дихем, ин раванд хеле содда мешавад

Барои сохтани диаграммаи стандарти типи Гистограмма истифода мешавад. Додашудахоро кайд карда, типи Гистограмма интихоб кунед ва ба тугмаи Готово пахш кунед. Дар ин холат дар экран диаграмма бидуни эзох пайдо мешавад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.