Маълумоти мухтасар оиди BIOS

BIOS

Чунин технология имкон медиҳад, ки BIOS новобаста аз нуқсонҳои ҷузъи (масалан дуруст кор накардани системаи диски) ҳамеша дастрас бошад. Он инчунин имконият медиҳад, ки компютер мустақилона ба кор дарояд. Азбаски дастрасшавӣ ба хотираи фаврӣ RAM нисбат ба ROM зудтар ба амал меояд, аксарияти истеҳсолкунандагони компютерҳо системаҳоро бо чунин тарз тартиб медиҳанд, ки оғози кори компютер амали нусхабардории BIOS аз ROM ба хотираи фаврӣ иҷро мешавад. Он қисми хотира ки ба ин амал алоқаманд мешавад shadow Mamory номида мешавад. Ҳоло платаҳои асоси қариб тамоми компютерҳо бо flash BIOS – BIOS-е, ки ба он тавассути барномаи махсус (setup) тағирот ворид намудан мумкин аст, муҷаҳҳаз мебошад.

Ахборҳои BIOS оиди хатогиҳо

Дар ибтидои ба кор даромадани компютер BIOS ҷузъҳои компютерро санҷида мебарояд ва оиди ҳолати система бо сигналҳои овозй хабар медиҳад. Сигналҳои стандарти – аз тарафи ҳамаи навъҳои BIOS дастгиришаванда ва иловагӣ – аз тарафи истеҳсолкунандагон насбшуда мешаванд. Умуман, системаи сигналҳо бояд дар нишондодҳои платаи асоси шарҳ дода шуда бошад.

Оинаи асосии BIOS SETUP намуди зеринро дорад

Дар расм менюи асосии BIOS нишон дода шуда аст, ки аз якчанд қисмҳо иборат аст. Ҳар як кисм ҳангоми истифодабари боз дар оинаи алоҳида кушода мешавад.

Дар ин оина кисмҳои муҳим ҷойгиранд, ки ҳангоми нодуруст соз кардани онҳо эҳтимолияти кор накардани компютер ҷой дорад. Ғайр аз ин дар инҷо имконияти дуруст намудани таърихи руз ва соат мавҷуд аст, инчунин муносибати система ба хатогиҳо низ танзим карда мешавад.

Оинаи менюи Advanced BIOS

Features

Дар ин менюи тематики якчанд настройкаҳои гуногун муттаҳид карда шуданнд, ки имконияти пайдарпаии таҷҳизотҳоро таъми намуда барои ба корандозии система лозиманд. Огоҳнамои аз мавчудияти вирусҳо, интихоби ҳимояи функсияҳо, настройкаи баъзе қисмҳои системаи видео ва ғайраҳо. Якчанд настройкаҳои асоситаринашро бо вазифааш дида мебароем. Қайд кардан зарураст, ки қисми зиёди ин настройкаҳо ду қиммат қабул мекунанд:

Enabled – фаъол (актив)

Disabled – ғайри фаъол (пассив)

Anti-Virus protection (Определение вируса в загрузочном секторе) фаъол – муайян намудани вирусҳо дар сектори бакорандозӣ

Quick Power On Self Test (Бқстрқй тест компҳютера после включения питания) ҳангоми фаъол намудани ин функсия таҷҳизотҳои компютер санчида мешавад.

Swap Floppy Drive (Перестановка дисководов) агар фаъол намоем гуё, ки диски а ва б чойи якдигарро иваз менамоянд (дар холати мавчуд будани ду диск)

Typematic Rate Setting (Установка скорости ввода символов) ҳангоми фаъол намудан зудии такроршавии символҳо таъмин мегардад ҳангоми пахши тугмачаҳо

HDD Power Down (Вқключение ҷесткого диска) ҳангоми фаъол намудани ин функсия агар дар муддати муаян ба диски сахт муроҷиат нанамоем, он ба тарики автомати хомуш мешавад.

Оинаи Advanced chipset features

Дар ин менюи тематики настройкаҳои чипсет пешбини шудаанд. Вобаста аз намуди платаи системави ва чипсет параметрҳо дар ик қисм гуногун шуда метавонанд. Дар ин ҷо дохил мешаванд параметрҳои муваққатии бо хотира алоқаманд, параметрҳои бандарҳои пайвастнамои ва ғайраҳо. Одатан қисми зиёди ин параметрҳо ба намуди автомати соз кардашудаанд, яъне агар тачҳизотҳо мачуд бошанд онҳо ба тарики автомати фаъол мегарданд.

Оинаи менюи Integrated Perifherals

Дар платаи системави одатан идоракунандаи

(контроллер) дискҳои сахт насб шуда аст. Бандари паралел асосан барои пайваст намудани принтерхо, порти пайдарпай, порти USB ва ғайраҳо. Барои осон намудани настройкаҳои бисёррақамае, ки одатан дар ҳамин оина пайвастанд, дар он якчанд зерменюҳо мавчуданд.:

OnChip IDE Divice – опсияҳоеро дарбар мегирад, ки барои идора намудани он тачҳизотҳое, ки ба бандари IDE пайваст карда мешаванд лозим аст.

OnChip PSI Divice – опсияҳоеро дарбар мегирад, ки барои идора намудани он тачҳизотҳое, ки ба шинаи PSI пайваст карда мешаванд лозим аст.

Super IO Device – опсияҳоеро дарбар мегирад, ки барои идора намудани бандарҳои дохилкуни (ввода\вқвода) ва хориҷкуни лозиманд.

Менюи темематикии power Management Setup

Имрӯза платаҳои ситемави дорои якчанд функсияҳо барои идора намудани ғизои (питанием) истифода шаванда, ки боиси кам намудани сарфаи қувваи барқ мегардад. Агар дар вакти муаян ягон таҷҳизот истифода нашавад онро муваккатан хомуш намдан мумкин аст.

Менюи тематикии PnP/PSI Configuration

Платаҳои системавии имрӯза дорои 4-5 лонаҳои PSI мебошанд. Дар ин меню настройкаҳое мавчуданд, ки барои таъмин намудани кори он таҷҳизотҳое, ки ба ин портҳо пайваст карда мешаванд заруранд.

Менюи тематикии PC Health Status

Ин оина асосан барои муяян намудани ҳарорати микропротссесор, ҳарорати дохили блоки системавӣ, назорат кори вентиляторҳо ва ғайраҳо.

(дар баъзе платаҳои системавӣ)

Менюи тематикии Genie BIOS setting

Дар ин оина қисмҳои аз ҳама муҳим: басомад (частота) ва шиддати протсессор, хотираи системавӣ, шинаи AGP.

Функсияи Load Fail-Safe Defaults

Ин функсияро на танҳо дар ҳолати пайдоиши мушкилиҳо истифода бурдан муфид аст, балки барои мӯътадилии корӣ таҷҳизотҳо ва умуман компютер истифода мешавад. Ҳангоми истифодабарии ин функсия акқатор имкониятҳо хомӯш карда мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар танҳо дар ҳолатҳои пайдо шудани мушкилиҳо истифода аз функсияи мазкур тавсия дода мешавад.

Функсияи Load Optimized Defaults

Ин функсия низ чун функсияи болои дар ҳолати пайдо шудани проблемаҳо муфид аст. Ин фунсия ҳамаи қисмҳоро ба намуди стандартӣ меорад ва тавассути тугмачаи функсионалии F7 низ ба кор андохтан мумкин аст.

Функсияи Set Supervisor Pasword

Ин функсия барои гузоштани сиркалима (парол) ҳангоми бакорандозии система таъин шудааст.

Функсияи Set user Pasword – ин функсия барои гузоштани сиркалима бахотири ҳифз намудани таркиби CMOS таъин шудааст.

Функсияи Save & Exit Setup – ин функсия барои хориҷ шудан ва сабт намудани тағиротҳои даровардашуда лозим буда, тавассути пахш намудани тугмачаи F10 низ ба кор андохта мешавад.

Функсияи Exit Without Saving – ин функсия барои хориҷшудан бидуни сабтнамоии тағиротҳои илованамуда таъин шудааст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.