НИШОНАҲО ВА ЯРЛИКҲО

Нишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектҳои асосии Windows-ро программаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳанд. Ҳар он амалиёте, ки гӯё бо нишонаи объект гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад. Масалан, нусхабардорӣ намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро нест намудан – ин объектро нобуд сохтан аст.

Дар Windows объектҳо нишонаҳои худро доранд ва онҳо маҳз ба воситаи нишонаҳояшон идора ва коркард мешаванд. Нишонаҳои объектҳо шаклан хеле гуногунанд. Баъзе нишонаҳо ба программаҳои системавӣ, қисми дигарашон ба программаҳои амалӣ, қисми сеюмашон ба программаҳои хидматӣ, қисми чорумашон ба ҳуҷҷатҳои корӣ ва ғайра тааллуқ доранд.

Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гӯё тасвири графикии ягон объекти Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад, он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онро тасвир мекунад. Ярликҳоро асосан барои зуд кушодани папкаю ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани программаҳо истифода мебаранд. Барои ҳар як объект, бо номҳои гуногун, якчанд ярлик сохтан мумкин аст. Онҳоро дар як равзана ё равзанаҳои гуногун ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ярликро нишондиҳандаи суроғаи объект низ номидан мумкин аст. Агар мо ярликро нест кунем, он гоҳ дар асл на худи объект, балки нишондиҳандаи суроғаи он нест карда мешавад. Айнан ҳамин тавр, нусхабардории ярлик на нусхабардории объект, балки нусхабардории нишондиҳандаи суроғаи он аст. Аз ин нуқтаи назар, ярликҳо дар хотираи компютер (диск) ҷои бисёрро банд намекунанд ва истифодабарии онҳо дар папкаҳои гуногун, аз истифодабарии нишонаҳои объектҳо самараноктар аст.

Тарзи истифодабарии ярликҳо аз тарзи истифодабарии нишонаҳо ягон фарқе надорад. Ҳатто тасвири графикии онҳо низ дар экран якхела аст. Барои ярликро аз нишонаи объект фарқ кардан Windows дар кунҷи чапи қисми поёнии ярлик аломати тирча – мегузорад.

Аз нуқтаи назари программавӣ, ярлик дар асл файли идоракунандаи хурдест, ки бо ёрии он кушодани ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани программаҳо хеле осон гардонида шудааст.

МИЗИ КОРӢ

Тавре ки қайд кардем, ҳангоми пахш намудани тугмаи POWER -и блоки системавии компютер, аз диски системавии винчестер ба таври автоматӣ системаи оператсионии Windows ба хотираи фаврии он дохил карда мешавад ва дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи кории (Desktop – Рабочий стол) система меноманд (Расми 2).

Мизи корӣ муҳити графикиест, ки дар он объектҳо ва элементҳои идоракунии Windows инъикос карда мешаванд. Умуман, ҳангоми кор бо ин система ҳар он чизе, ки истифода бурда мешавад ё ба объект ё ба элементи идоракунии Windows тааллуқ дорад.

Расми 2. Мизи кории сист

е

маи Windows 98

Мизи кориро равзанаи асосии Windows мегӯянд. Он одатан бо расмҳои предметҳои гуногун пур карда мешавад. Дар қисми поёнии расмҳо номашон оварда мешаванд. Ана ҳамин расмҳо нишонаҳои (icons – значки) объектҳо мебошанд.

Нишонаҳо, тавре ки медонем, тасвири графикии объектҳои Windows мебошанд. Ҳамаи нишонаҳои Мизи кориро ба нишонаҳои махсус ва корӣ ҷудо кардан мумкин аст. Нишонаҳои махсус аз ҳамдигар шаклан фарқ доранд, вале нишонаҳои корӣ якхелаанд. Аксарият нишонаҳои махсус доимо дар Мизи корӣ мавҷуданд, аммо нишонаҳои кориро ҳар як истифодабарандаи компютер мувофиқи таъбу завқи худ ва аз рӯи зарурати истифодабариаш дар миз ҷой медиҳад ё аз он мебардорад.

Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст ва номаш Мой компьютер (Компютери ман – My computer) мебошад, имконият медиҳад, ки аз дискҳо программаҳои лозимӣ кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Инчунин программаи Мой компьютер барои ба системаи умумӣ пайваст намудани ҳамаи қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер хизмат мерасонад. Ин нишона ба гурӯҳи нишонаҳои махсус мансуб аст.

Нишонаи Kорзина (Сабад – Recycle Bin)-и Мизи корӣ барои нигоҳ доштани папка ва ҳуҷҷатҳое хизмат мерасонад, ки онҳо барои истифодабарӣ муваққатан лозим нестанд. Барои дар шакли корӣ барқарор намудани онҳо кифоя аст, ки Корзинаро кушоем ва аз рӯйхати он папка ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷудо намоем. Ин нишона низ нишонаи махсус аст.

Дар Мизи корӣ ҳамчунин нишонаи махсуси дигаре мавҷуд аст, ки онро Портфель (Портфел – My briefcase) меноманд. Портфел асосан барои аз як компютер ба компютери дигар кӯчонидани информатсия хизмат мерасонад.

Дар Мизи корӣ ба ғайр аз нишонаҳои папкаҳои

системавӣ, ки шаклашон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд, боз нишонаҳои якранги папкаҳои кории гуногун ва нишонаҳои ярликҳоро дидан мумкин аст. Нишонаҳои ярликҳо аз дигар нишонаҳо бо аломати фарқ мекунанд.

Дар қисми поёнии Мизи корӣ сатри тасмашакле мавҷуд аст, ки дар он тугмаи Пуск (Оғоз – Start) ҷойгир шудааст. Ин сатрро сатри Панели масъалаҳо (Taskbar – Панель задач) меноманд. Панели масъалаҳо яке аз элементҳои идоракунии Windows ба шумор меравад.

Дар қисмҳои ҳудудии (канорӣ) Мизи корӣ панели Microsoft office-ро низ ҷойгир кардан мумкин аст. Дар ин панел нишонаҳои программаҳои ҳатмии оффис ва дигар программаҳои амалӣ нишон дода мешаванд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.