Воҳиди нигоҳдории иттилоот ва Мафҳуми файл ва каталог

Барои нигоҳдории иттилоот якчанд талаботҳо пешниҳод мешаванд:

  1. Имконияти нигоҳ доштани ҳаҷми калони қиматҳо.
  2. Иттилоот бояд баъд аз анҷоми кори раванд барои нигоҳдорӣ  сабт карда шавад.
  3. Ба иттилоот дар як вақт бояд якчанд равандҳо дастрас шуда тавонанд.

Воҳидҳои иттилоот бит ва байт мебошад. Воҳиди хурдарини иттилоот бит ном дорад.

Бит (bit – bnary digit – рақами дуӣ) воҳиди хурдтарини баҳисобгирии иттилоот буда, қимати он ба 0 ё 1 баробар аст.

Пайдарпайии 8 битро байт (bуte) мегӯянд. Дар як байт метавонад, яке аз 256 символи гуногунро кодгузорӣ кард.

Ба ғайр аз бит ва байт боз воҳидҳои дигари иттилоот низ ба монанди  Килобайт, Мегобайт, Гигобайт, Теробайт вуҷуд доранд.

Файл чист.

Файлҳо асоси системаи файлии Windows мебошанд. Ҳамаи маълумотҳои дар компютер нигоҳдошташуда дар намуди файл ташкил карда шудааст. Аз нуқтаи назари истифодабаранда, файл – ин пайдарпайии байтҳои бо номи умумӣ гурӯҳбандикардашуда мебошад. Ҳамаи маълумотҳои дар диск навишташуда, ки метавонем бо ном ба ӯ  муроҷиат намоем, файл номида мешавад. Маълумотҳои дар диск буда (диски сахт, дискета, диски магнитию оптикӣ, компакт дискҳо ва ғ.) дар шакли файлҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Файл – ин соҳаи номгузорикардашуда дар диск ё дигар барандаи маълумот мебошад. Дар файлҳо барномаҳои матнӣ, ҳуҷатҳо, барномаҳои тайёри иҷро мешуда ва дигар маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад. Яъне файл метавонад матн, тасвир ё барнома бошад.                                                                                  

Аз ин ҷиҳат номи файлро аз барандаи маълумот ёфта, хонда, тағйир дода, чоп намуда ва монанди инҳоро анҷом додан мумкин аст.

Номгузории  файлҳо

Барои он ки системаи амалиёт ва дигар барномаҳо ба файл муроҷиат намоянд, файлҳо бояд  нишона (ишорат) дошта бошанд.     Ин нишона (ишорат) одатан номи файл номида мешавад. Дарозии номи файл аз СО (системаи оператсионӣ) вобаста мебошад, ва метавонад аз 8 аломат дар (MS DOS) то 255-аломат дар (Windows, Linux) бошад. СО-и метавонанд рамзҳои калон ва хурдро фарқ намоянд. Масалан, барои MS DOS файлҳои Topic ва topic як маъно дошта барои Unix файлҳои гуногунро ифода менамоянд.

  • txt – файли матнии барноми сохташудаи Блокнот;
  • doc – файли матнии барноми сохташудаи Word;
  • xls – ҷадвали электронии сохташудаи Excel;
  • gif, tif, jpg, bmp – файлҳое, ки расм ва суратҳоро дар бар гирифтаанд;
  • mid, mp3, wav, ra – файлҳое, ки овозро дар бар гирифтаанд;
  • avi, vob – файлҳое, ки видеоро дар бар гирифтаанд;
  • exe, com – файлҳои иҷрошаванда, яъне фалҳое, ки барномаҳоро дар бар гирифтаанд.

Баъзе номҳои иловагии файлҳо ҳамчун стандарти ҷаҳонӣ қабул шудаанд:

  • Агар номи иловагии файл ТХТ бошад, он гоҳ ин намуд файл ягон маълумоти  матниро дар бар гирифтааст.
  • Агар номи иловагии файл .СОМ ё .ЕХЕ бошад, он гоҳ ин намуд файл барномаеро дар бар гирифтааст, ки онро бевосита иҷро кардан мумкин аст.

Сохтори файл

Се сохтори асосии файлро ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Пайдарпайии байтҳо – СО танҳо байтҳоро мебинад ва ба моҳияти таркибии файл бетараф аст. Афзалияти асосии чунин система, ин истифодабарии қавӣ мебошад. Дар Windows ва Unix истифода мешавад.
    1. Пайдарпайии сабтҳо – сабтҳои дарозиашон доимӣ (масалан, перфоката) буда, пайдарпай хонда мешаванд. Ҳоло бошад истифода намешаванд.
    1. Дарахти сабтҳо – ҳар як сабт калид дорад ва аз рӯи он хонда мешавад. Афзалияти асосии чунин система, ин суръати баланди ҷустуҷуй мебошад. То ҳол дар мейнфреймҳо истифода шуда истодааст.

Намудҳои файлҳо

  1. Регулярӣ – иттилооти истифодабарандаро дар бар мегиранд. Дар Windows ва Unix истифода мешаванд.
    1. Каталогҳо – файлҳои системавӣ, ки дастгирии структураи системаи файлиро таъмин менамоянд. Дар Windows ва Unix истифода мешаванд.
    1. Рамзӣ – барои моделронии дохилкунӣ – хориҷкунӣ. Танҳо дар Unix истифода мешаванд.
    1. Блокӣ – барои моделронии дискҳо. Танҳо дар Unix истифода мешаванд.

Намудҳои асосии файлҳои регулярӣ:

 Файлҳои регуляриро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд-матнӣ ва дуӣ.

  1. ASCII-Файлҳо – аз сатрҳои матн иборат мебошанд.

Файли матнӣ барои хондани одам интихоб шудааст. Онҳо аз сатри рамзхо иборат буда, ичунин ҳар як сатр бо аломати махсус “бозгашти навард” (CR) ва “сатри нав” (LF) иборат мебошанд. Ҳангоми таҳрирнамоӣ ва дидани файлҳои матнӣ ин аломатҳои махсус чи хеле ки қоида ҳаст дида намешаванд. Дар файлҳои матнӣ матни барнома, файлҳои фармонии DOS ва ғ. нигоҳ дошта мешавад.

Хулоса. Файли матнӣ дорои фақат аломатҳои бо коди то 127 (яъне ҳарфҳои русси ва аломатҳои псевдографикиро дар бар намегирифтагӣ) файли ASCII номида мешавад.

  • Файлҳои дуӣ – Файлҳои боқимонда (ASCII набуда). Одатан сохтори дохилӣ доранд.

Намудҳои асосии файлҳои дуӣ:

Файлҳои иҷрошаванда. Ҳар як барнома (ба ғайр аз системаи амалиёт, ки ҳангоми ба кор андохтани компютер ба кор медарояд) дар такиби худ файл, ки ин барномаро ба кор меандозад, дорад. Ин гуна файл, файли иҷрошаванда номида мешавад.

Файлҳои иҷронашаванда. Системаи файлӣ аз дискҳо, ҷузъгирҳо ва файлҳо, ки бо сохтори табақавӣ ташкил карда шудааст, иборат мебошад.

Кай вақте ки мо ҳуҷҷатҳои матнӣ ё ягон намуд ҳуҷҷатҳои дигар месозем, он дар диски сахт ё дигар барандаи маълумот дар намуди файли алоҳида нигоҳ дошта мешавад.

Маълумотҳои дар диски сахтбуда дар файл нигоҳ дошта мешаванд. Файлҳо метавонанд сурат, мусиқӣ, ҳуҷҷатҳои матнӣ, тасвири видиоӣ, инчунин барномаҳоро.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Талаботҳо барои нигоҳдории иттилоот
  2. Воҳидхои нигоҳдории иттилоот
  3. Файл чист ва номгузории файлҳо

     4.   Номи файл дар DOS ва Windows

      5.  Сохтори файл, Пасвандҳо ва намудҳои файлҳо

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.