Фании Информатика

Воситаҳои мултимедиа

Воситаҳои мултимедиа. Мафҳуми «мултимедиа» аз калимаи лотинии media – муҳит (барандаи информатсия) гирифташудааст. Мултимедиа имконияти бо информатсияи табиати гуногун дошта коркарданро фароҳам меоварад. Агар воситаҳои муқаррарии компютер, танҳо бо информатсияи ададӣ имконияти коркарданро фароҳам меоварда бошанд, он гоҳ мултимедиа, пеш аз ҳама, имконияти бо информатсияи садойӣ ватасвирӣ (аудио-вавидеоинформатсия) кор карданро фароҳам меоваранд. Ҳамин тариқ, мултимедиаи компютерҳо имконият медиҳанд, ки:

  • мусиқӣ, сухан ва дигар информатсияи овозию садойӣ айнан ҳосил карда шаванд;
  • видеороликҳо, филмҳои аниматсионӣ ва дигар видеоинформатсия сохта ва намоиш дода шаванд.

Барои мултимедиа-компютерҳо мултимедиа-программаҳо сохта шудаанд, ки онҳо воситаҳои овозӣ ва аниматсионии компютерро истифода ва идора менамоянд. Мултимедиа-программаҳо дар компакт-дискҳо нигоҳ дошта мешаванд. Барои ҳосил намудани овоз компютер бояд бо системаҳои акустикӣ (колонкаҳо) ё гўшдораки радиоӣ муљаҳҳаз гардонида шуда бошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *