Намудҳои шабакаҳои компютерӣ

Нақша

  1. Шабакаи ҳисоббарои локалӣ
  2. Топологияи шабакаҳо
  3. Шабакаи интернет

Шабакаи ҳисоббарои локалӣ

Шабакаи ҳисоббарои локалӣ (Local Area Netwoқk – LAN) – чун қоида компютерҳоеро пайваст менамояд, ки дар як ё якчанд бинои дохили як корхона ҷойгиранд (тақрибан дар масофаи 1-1,5 км). Андозаи шабакаи локалии ҳисоббарор (ШЛҲ) якчанд киломаетрро ташкил медиҳад. Масофаи хурд имконият медиҳад, ки ШЛҲ аз ҷиҳати иқтисодӣ хуб будани худро исбот кунад.

Сифати баланди интиқоли маълумотҳо ба шабака имконият медиҳад, ки маҷмӯи гуногуни хизматрасониҳоро ба истифодабаранда пешниҳод кунад, ба монанди, хизмати файлӣ, чоп, факс, почтаи электронӣ, сканер, базаи маълумотҳо ва хизматҳои дигар, ки амалигардонии онҳо дар компютери локалӣ гарон мебошад. Шабакахои локалиро ба гуруҳҳои хурд, миёна ва калон ҷудо кардан мумкин аст.

1.Шабакаҳои хурд барои ташкилоту муассисаҳои на он қадар калон(дар китобхонаҳо) аз руи қудраташон шабакаи хурдро ба шабакаи хурди универсалии ва махсус ҷудо кардаанд. Шабакаи хурди универсалии кори гуногуни ахбориро иҷро мекунад. Шабакаи хурди махсус бошад барои кори муҳосиба, идоракунии рафти технологи ва корҳои таълими истифода мешаванд.

2.Шабакаҳои миёна бошад МЭҲ-ҳои гуногунро боҳам наздиктар месозад.

3.Шабакаҳои калони МЭҲ суръати коркарди ахборо нисбат ба дигар шабакаҳо хубтар ичро менамояд.

Топологияи шабакаҳо

Топологияи шабакаҳои локалии гуфта, сохтори умумии алоқамандии МЭҲ-и гуногунро меноманд.

Шабакаҳои ҳисоббарори локалиро аз руи хусусиятхояшон ба чунин гуруҳҳо ҷудо мекунанд. Ситорашакл, доирашакл ва шинаги.

1.Топологияи ситорашакли МЭҲ ин як навъи шабакае мебоша, ки хамаи МЭҲ-и дар як нуқта пайваст карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар ин дастгоҳ аз кор монад тамоми шабака аз кор мебарояд.

Ҳангоми ташкили топологияи шабакаҳои локалии доирашакл МЭҲ-и гуногун ба таври паиҳам пайваст карда мешаванд, ки як занҷири сарбастаро ташкил медиҳанд. Дар ин шабакаҳо ирсоли ахбор танҳо бо як самт равона карда мешаванд. Ҳар як МЭҲ-и ин гунна шабакаҳо вазифаҳои ирсоли ахбориро иҷро менамоянд. Ҳар як метрии шабакаҳои локалии доирашакл вазифаи додугирифти ахборро иҷро мекунанд. Норасоии ин гунна шабака дар он аст, ки агар ягонто аз МЭҲ аз кор барояд онгоҳ тамоми система аз кор мебарояд.

Шакли аз ҳама паҳншудаи шабакаи локалии МЭҲ ин топологияи шабакаҳои локалии шинаги мебошад. Ин намуди шабака компютерҳоро пайваст карда додугирифти ахборро аз 10-метр то 10 км –ро дар бар мегирад. Топологияи шабакаҳои локалии шинаги алоқаи байни МЭҲ-ро таъмин менамояд ва дар байни МЭҲ захираҳои ахбори ва техникиро тақсим менамояд. Тақсимоти захираҳо вазифаи асосии шабакаи локали ба ҳисоб меравад. Тақсимот имконияти амалигардонии вазифаҳои дигарро ба монанди сохтани бонки маълумотҳои истифодаи коллективонаро ба миён меорад.

Бо ҳамин дараҷа додугирифти маълумотҳо дар шабакаҳои локалии МЭҲ баланд бардошта мешавад.

Шабакаи интернет

Охирҳои cолҳои 70-ум маълум гашт, ки инкишофи андозаҳои Интернет бо инкишофи миқдори гурeҳҳои ба вай ҳавасманд алоқаманд гаштааст. Якчанд органҳои идоракунандае ташкил карда шуд. IAВ (Internet Architecture Ӣoad) барои идоракунии инкишофи сохтории шабакаи Интернет машғул буд. Имрузҳо дар бисёр гурeҳҳои корӣ амал мекунанд, ки дараxаҳои инкишофи Интернетро меомeзанд.

Дар натиxа органи охирини шабакаи Интернетро дастгирии ахборӣ карда истода ташкилоти xамъиятии Internet Society (ISOC) шуд.

ISOC – ин ташкилоти xамъиятие мебошад, ки бо дастгирии спонсорон амал мекунад. Ин ташкилот конференсияҳои зиеде мегузаронад ва маводҳои гуногуни ахбории хизматрасониро чоп менамояд.

Системаи автономӣ бояд на камтар аз 32 шабакаҳои хурди худ иборат бошад. Ба сифати системаҳои автономӣ шабакаҳои калони

новобастаи миллӣ истифода мегарданд. Намунаи чунин шабакаҳо шабакаи EuNet шуда метавонад, ки тамоми давлатҳои Европоиро фаро мегирад.

Cистемаҳои автономи ширкатҳоеро ташкил медиҳанд, ки ба хизматроасонии иxозат (доступ) дар шабакаи Интернет машғуланд ва онҳоро провайдерҳо низ меноманд. Чунин провайдерҳо дар мо ширкатҳои Интерком, Ясим, дар ШМА Uunet ва дар давлати Россия Қelcom ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Дар дохили системаи автономӣ маълумотҳо аз як шабака ба дигараш фақат дар сурати мавxудияти шартномаи интиқолкунӣ фиристода мешаванд. Аз ҳамин сабаб ҳам барои истифодабарандагони системаҳои автономӣ вақти иxозат ба ҳамон як захира гуногун буда метавонад.

Шабакаҳои ба системаҳои автономӣ пайваст буда, шабакаҳои музофотӣ, шабакаҳои дохили корхонаҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ тадқиқотию ширкатҳои гуногуни тиҷоратиро ташкил медиҳанд.

Параметрҳои аосии муайянкунандаи сифати кори шабакаи Интернет ин суръати иxозат ба захираҳои шабака ба ҳисоб меравад. Суръати иxозат ба имконияти фиристонандагии канали алоқаи байни дохили системаи автономӣ ва байни системаҳои автономӣ вобастагӣ дорад. (Барои истифодабарандагоне, ки дар хонаҳои худ бо ёрии модем

пайваст мешаванд, суръати 19,2 то 57,6 Кбит/с, барои алоқаҳои хатҳои

телефонӣ аз 64 Кбит/c то 2 Мбит/c, барои каналҳои алоқаи радифӣ ва

дигарҳояш аз 2 Мбит/с зиёдтарро ташкил медиҳанд.)

Ба монанди дигар шабакаҳо Интернет низ аз маxмeи компютерҳои бо ҳамдигар алоқаманд иборат аст, ки бо хатҳои алоқа пайваст мебошанд. Ин компютерҳо тавасути барномаҳои дар он гузошташуда идора карда мешаванд.

Намуди барномаҳои гузошташуда аз рeи архитектураи мизоx- сервер , ки асоси серверҳои тамоми Интернетро ташкил медиҳанд, амал мекунанд. Ҳар кадом амалиётҳои шабакаи Интернет аз ҳамкории се то элементи зерин иборат аст: мизоx, сервер, шабакаи Интернет, ки пурсиши мизоxро ба сервер бурда, аз вай ба мизоx xавоб мегардонад. Дар мазмуни мизоx барномаҳое фаҳмида мешаванд, ки бо ёрии онҳо истифодабарандагони алоҳида ба ин ё он сервери шабакаи Интернет муроxиат мекунад. Калимаи сервер имрузҳо якчанд маъно дорад. Ин метавонад барномае бошад, ки ба мизоxон маълумотҳои гуногунро медиҳад, компютере бошад, ки дар вай ин барнома иxро мегардад ё ин ки ҳамбастагии компютер ва барномаро ифода мекунад.

test

Добавить комментарий