Сохтани шабакаи локали

Сохтани шабакаи локали

Накша

Сарсухан;

    1. Таснифоти тачхизотхои лозима ва нокилхо барои сохтани шабака;
    2. .Сохтани шабака;
    3. .Тафтиши кори мураттаби шабака; Сарсухан

Тараккиёти босуръати технологияи компютери шароит фарохам

овард, ки компютер дар тамоми чабхахои хаёти инсон хамачониба татбик гардида, самаранок истифода бурда шавад. Ин аст, ки имрузхо компютери фаръи хамчун тачхизот барои кор, хониш ё дилхуши истифода бурда мешавад. Яке аз чихатхои мухими копютер дар он аст, ки бо воситаи он метавон ба шабакаи чахонии Internet пайваст шуда, ба захираи беинтихои ахборот дастраси пайдо кард. Гайр аз ин компютери хозиразамон имконият медихад, ки дар дохили як бино ё ин ки як идора якчанд компютер бо хам пайваст гардонида шуда, шабакаи локали сохта шавад. Шабакаи локали-ин мухити информатсионие мебошад, ки дар худ якчанд компютерро муттахид мегардонад. Чунин шабака имкон медихад, ки дар байни компютерхои шабака мубодилаи номахдуди информатсия новобаста аз хачм ва намуди он ба рох монда шавад. Ё ин ки як тахчизоти иловаги аз кабили принтер, сканер ва гайра дастачамъона истифода бурда шавад. Дар ин кори лаборатори мо ба тахчизотхои барои сохтани шабакаи локали лозима шинос шуда, тарзи сохтани онро дар мисоли мушаххас дида мебароем.

1.Таснифоти тахчизотхои лозима барои сотани шабакаи локали. Пеш аз он ки мо дар бораи сохтани шабака харф занем зарур аст, ки доир ба тахчизотхои зарурие, ки барои сохтани шабака истифода бурда мешаванд, сухан ронем.

ХАБ (hub)-консентратори шабакавие мебошад, ки имкон медихад якчанд компютер дар тахти як шабакаи одди муттахид гардонида шаванд. Микдори компютерхои ба шабака пайвастшаванда аз микдори чойхои пайвастшавии (портхои) хаб вобастаги дорад. Хабхо аз 2 то 32 порт дошта метавонанд. Хар як маълумоти ба яке аз портхои хаб воридшаванда бокувват гардонида шуда, баъди як вакти муайян ба хамаи компютерхои ба шабака пайвастбуда равона карда мешавад. Хар як порти он ду функсияро ичро менамояд. Яъне он метавонад ахборро хам кабул ва хам равона созад. Чихати манфии фаъолияти хаб дар он аст, ки он маълумот воридшавандаро на ба як компютери муйян, балки ба тамоми компютерхои ба шабака пайвастбуда равона мегардад. Масалан агар ахбор аз Компютери 1 ба Компютери 3 фиристода шуда бошад, ин тахчизот онро на танхо ба Компютери 3 , балки ба Компютери 2 ва …. Компютери n-и шабака баробар таксим менамояд. Компютерхои шабака дар ин холат мачбуранд бастахои ахбори нолозимро кабул намоянд. Аз ин лихоз дар амалия ин тахчизот кам истифода бурда мешаванд. Ба чои он дар бештари мавридхо комутатори шабакави –яъне Свитч истифода бурда мешавад. Дар Расми 1 Хаби дорои 4 порт ва сохтори шабака бо ёрии он нишон дода шудааст.

Расми 1

Свитч (switch)-комутатори шабакавие мебошад, ки барои пайваст намудани компютерхо ба шабакаи локали итсифода бурда мешавад. Ин тахчизот низ вобаста ба шакли худ дорои микдори муайяни портхо мебошад, ки барои пайваст намудани компютерхо пешбини шудаанд.

Аз нигохи аввал свитч аз хаб фарке надорад, вале аз чихати функсионали, яъне мубодилаи ахбор миёни компютерхои шабака он ба кулли фарк мекунад. Он ахборро кабул намуда на ба хамаи компютерхои шабака, балки махз ба хамон компютере, ки ахбор фиристода шудааст, интикол медихад. Масалан агар ахбор аз Компютери 1 ба Компютери 3 фиристода шуда бошад, ин тахчизот онро на ба Компютери 2 ва …. Компютери n-и шабака, балки махз ба Компютери 3 интикол медихад ва чавобро низ баракс махз ба Компютери 1 бозмегардонад. Ба хамин тарз Компютери 1 ва 3

метавонанд байни худ «сухбат» намоянд ва компютерхои бокимонда наметавонанд «сухбати» онхоро «шунаванд». Дар Расми 2 свитчи D- Link, ки дорои 24 порт мебошад ва сохтори шабака бо ёрии он нишон дода шудааст.

Расми 2

Акнун дар бораи фаркияти байни Свитч ва Хаб равшани андохтем. Вале бояд кайд кард, ки ин тахчизотхо танхо барои сохтани шабакаи локали дар дохили як ё якчанд бино истифода бурда мешаванд. Вале

чи бояд кард, агар хамаи компютерхои ба шабаки локали пайвастбударо ба шабакаи Интернет пайваст намудан лозим шавад? Барои ин тахчизоти дигари шабакави-РОУТЕР истифода бурда мешавад.

Роутер (қoғteқ), маршрутизаторе мебошад, бо ёрии он ки мубодилаи ахбор дар байни шабакахои гуногун, масалан шабакаи интернет- провайдер ва шабакаи локали ба рох монда мешавад. Роутер низ дорои портхо буда, барои бо ёрии нокил ба он пайваст намудани компютерхо, модем ё свитч пешбини шудаанд. Роутер чузъи пайвасткунандаи ду шабакаи гуногун ба шумор рафта, дар асоси муайян намудани самти харакати маълумотхо онхоро ба чои лозими интикол медихад. Барои маълумоти бештар мо мисоли оддиеро дида мебароем: Масалан мо мехохем бо ёрии Компютери 1-ро, ки ба шабакаи локали пайваст аст, ба Интернет дастраси пайдо намоем. Дар ин холат мо метавонем Компютери 1-ро мустакиман ё бо ёрии Свитч ба Роутер пайваст намоем. Дар харду холат хам, бастаи ахбор ба Роутер дохил мешавад ва он дар навбати худ ахборро ба шабакаи Интернет интикол медихад.Чавобро низ мустакиман ба Компютери 1 бозмегардонад. Дар натича мо метавонем сомонахои Интернетиро дида бароем, барномахоро бор (загрузка) намем ё ин ки бо ёрии чат сухбат намоем. Дар Расми 3 ду варианти сохтори пайвастнамоии компютерхо бо ёрии Роутер нишон дода шудааст.

Расми 3а. Пайвастшави ба Интернет бо ёрии Роутер

Расми 3б. Пайвастшави ба Интернет бо ёрии Свитч ва Роутер

Чи хеле, ки дар боло кайд гардид, хар як Роутер дорои портхо буда, дар Роутерхои мукаррари онхо аз 4 то 8-торо ташкил медиханд. Чи кадаре, ки микдори портхо зиёд бошад хамон кадар арзиши Роутер гаронтар мегардад. Гайр аз ин Роутерхои замониави дорои функсияхои иловаги буда, метавонанд чой доштани хатогиро дар сохтори шабака муайян намоянд, ё ин ки трафики маълумотхоро дар шабакаи бенокил шифр кунанд.

Мавриди кайд аст, ки вобаста ба сохтори шабака Роутери мувофикро интихоб намудан, аз манфиат холи нест. Дар амалия бештар Роутерхои навъи ADSL ва Wi-Fi-роутерхо мавриди истифода карор доранд. Роутерхои навъи ADSL барои пайваст намудани микдори зиёди копютерхо ба Интернет ба воситаи нокили телефони мувофиктар мебошанд. Дар Расми 4 яке аз навъхои ADSL-роутер нишон дода шудааст.

Расми 4

Агар шабака бо ёрии нокил сохта шуда бошад, пайвастшави ба Интернет бо ёрии Wi-Fi-роутер мувофиктар аст. Дар ин холат нокил (кабель) ба Роутер пайваст шуда, дигар компютерхои шабакаи локали метавонанд ба таври бенокил ба шабакаи пайваст шуда, ба Интернет

дастраси

падо намоянд.

Дар Расми 5

яке аз чунин

Роутерхо

нишон дода

шудааст.

Расми 5

Дар баробари ин Роутерхои навъи ADSL бо технологияи Wi-Fi низ истифода бурда мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки сими телефон ба Роутер паваст шуда, дигар компютерхо метавонанд бо ёрии технологияи Wi-Fi (бенокил) ба Интернет дастраси пайдо намоянд. Мисоли ин гуна тачхизотро дар Расми 6 дидан мумкин аст.

Расми 6

Пайвастшави ба шабакаи Интернет бо ёрии Роутер дорои як катор бартарихо мебошад, ки дар поён мухтасар оварда шудаанд:

  • Зарурати танзимнамоии иловагии компютерхо ва ё барномахо вучуд надорад;
  • Зарурати доиман фаъол нигох доштани компютери асосие (шлюз), ки дигар компютерхо ба воситаи он ба шабакаи Интернет пайвастанд, вучуд надорад;
  • Роутер нисбати компютер чараёни баркро камтар истифода мебарад ва хангоми танзимоти дуруст имкони шикастани (взломи) он вучуд надорад;
  • Дар холати истифодаи Роутер бо технологияи Wi-Fi шумо метавонед аз чои дилхохи бино ё гирду атрофи он аз шабакаи Интернет бемамониат истифода баред;

Дар хотима кайд кардан ба маврид аст, ки дар холати пайваст намудани якчанд компютер ва сохтани шабакаи локалии одди Свитч лозим аст. Агар пайваст намудани шабакаи локали ба шабакаи Интернет зарур бошад, дар ин холат истифодаи Роутер лозим меояд. Агар Роутер дорои якчанд порт бошад, истифодаи Свитч лозим нест. Ва агар компютери шумо бо адаптери бенокил мучаххаз бошад ё ин ки шумо Ноутбукро истифода баред, истифодаи Wi-Fi-роутер мувофиктар аст.

Акнун, ки дар бораи тачхизотхои лозима маълумот пайдо кардем, суоле ба миён меояд, ки хамаи онхо ба воситаи чи пайваст карда мешаванд? Чавоб хеле оддист: ба воситаи нокил. Барои пайваст намудани компютерхо дар ба шабакаи локали нокилхои махсус истифода бурда мешаванд, ки онхоро ба ҒTP (ғnshielded twisted paiқ- чуфти нокилхои химоянашуда)-нокилхо ва FTP (foiled twisted paiқ- чуфти нокилхои химояшуда)-нокилхо тасниф мекунанд. Хосият ва шакли ин гуна нокилхо дар поён оварда шудаанд:

Нокили навъи ҒTP. Ин навъи нокиле мебошад, ки аз 4 чуфти симхои ба якдигар печонидашуда (витая пара) ва кабати болоии химояви иборат мебошад. Ин гуна нокилхо дар вакти сохтани шабака дар дохили як бино истифода бурда мешаванд. Дар Расми 7 шакли чунин нокил оварда шудааст.

Расми 7

1-Кабати химоявии болои;

2 – Чуфти симхои ба якдигар печонидашуда solid

Нокил: Сими лучи мисин Ø0.51±0.01 мм, 24 AWG
Изоляция: Полиэтилени гафсии минималиаш 0.18 мм
Диаметри нокил 0.9±0.02 мм
Ранги симхои печонидашуда: Кабуд-сафед/кабуд, дорчини- сафед/дорчини, сабз-сафед/сабз, бунафш- сафед/бунафш
Кабати болоии хар як сими печонидашуда Гафсии минималии кабати болои 0.4 мм
Диаметри берунии нокил 5.1±0.2 мм
Харорати кори нокил: -20°C – +75°C
Стандарт: ҒL444/ҒL1581, TIA/EIA 568Ӣ.2.

Нокили навъи FTP. Нокили навъи FTP (foiled twisted paiқ – чуфти нокилхои химояшуда) нокилест, ки аз 4 чуфти нокилхои ба якдигар печонидашуда, кабати химоявии аз фолга сохташуда, нокили иловагии барои мустахками муайншуда ва кабати химоявии дигар барои химоя аз чараёни халадоркунанди беруна иборат аст. Чунин нокилхо асосан

барои сохтани шабака дар холати дар якчанд бино чойгир будани компютерхо истифода бурда мешаванд. Сими оханини иловаги, ки дар дохили нокил чойгир карда шудааст, асосан бо максади мустахкамии нокил пешбини шудааст. Гайр аз кабати иборат аз фолга, ин гуна нокилхо боз бо як кабати дигари химояви барои баргардонидани чараёнхои беруна химоя шудаанд. Дар Расми 8 чунин навъи нокил нишон дода шудааст.

Расми 8

1- Кабати болои;

2-Кабати химоявии аз фолга сохташуда; 3 – Сими оханин;

  1. – Плёнкаи химояви;
  2. – Чуфти симхои печонидашуда solid
Нокил: Сими лучи мисин Ø0.51±0.01 мм, 24 AWG
Изоляция: Кабати аз полиэтиле иборатбуда бо гафсии минималии 0.18 мм
Диаметри нокил 0.9±0.02 мм
Ранги симхои

печонидашуда:

Кабуд-сафед/кабуд, дорчини- сафед/дорчини, сабз-сафед/сабз, бунафш-сафед/бунафш
4 чуфтисимхои печонидашудаи бо фолга химояшуда бо гафсии 0.025 мм х 20 мм
Гафсии сими оханин Ø0.5 мм
Кабати полиэтилении беруна Гафсии минималии кабати болои 0.65 мм
Диметри берунаи нокил 7.0±0.2мм
Харорати кори: -40°C – +60°C
Стандарт: ҒL444/ҒL158′ , TIA/EIA 568Ӣ.2.

3.2.Сохтани шабакаи локали

Акнун баъди шарху эзохи тачхизот ва нокилхо мегузарем ба сохтани шабака. Барои фахмотар будан мо шабакаи компютерии компютерхои бо Windows XP таъминбударо бо ёрии Свитч дида мебароем. Бояд кайд кард, ки компютерхои мо бояд бо картаи шабакави (сетевая карта) мучаххаз гардонида шуда бошанд. Акнун шабакаи мо чунин шакл мегирад:

Компютери 1 бо ёрии нокил ба Свитч пайваст мегардад; Компютери 2 бо ёрии нокил ба Свитч пайваст мегардад;

Компютери n бо ёрии нокил ба Свитч пайваст мегардад;

Чи хеле, ки дар боло кайд гардид, микдори компютерхои ба шабака пайвастшаванда аз микдори портхои Свитч вобастаги дорад. Чунин тарзи пайваст намудани компютерхо ва танзимоти системаи оператсиони (дар поён оварда мешавад) имкон медихад, ки ханогми фаъол набудани яке аз компютерхо, компютерхои бокимонда мавчудияти худро дар шабака нигох доранд.

Барои паваст намудани хар як компютер ба ба Свитч ба мо нокили навъи ҒTP (ё FTP) ва васлаки (коннектори) навъи ҚG-45 лозим аст. (Расми 9а). Барои сохтани шабака хар як нокилро ба кадри лозима (масофаи байни компютер ва Свитч) бурида хар ду нугхои онро аз кабати химоявии болои озод менамоем. Баъдан печи чуфти симхои дохили онхоро кушода, онхоро ба тартиби дар Расми 9б нишондодашуда ба дохили васлак чойгир менамоем.

Расми 9а

Расми 9б

Пас аз ин васлакро бо ёрии асбоби махсус (Зажим) пахш менамоем. Дар натичи ин сузанхои махсусе, ки дар дохили васлак чойгир карда

шудаанд, ба хар як сими нокил даромада, мустахкам мегарданд. Бояд кайд кард, ки бо дигар тарз паваст намудани нокил ба васлак метавонад боиси норасоии ахбори мубодилашаванда гардад. Баъди ба васлакхо пайваст намудани хар яке аз нугхои нокилхо онхоро мутобикн ба компютерхо ва Свитч пайваст менамоем. Баъди ичрои ин амалхо мегузарем ба танзимоти системаи оператсиони. Мавриди кайд аст, ки вабаста аз Системаи оператсиони равзанахои диалоги ва номи параметрхо метавонанд гуногун бошанд. Вале принсипи сохтани шабака дар хама холатхо як хел боки мемонад ва гумон мекунам ин гуногуншакли мушкилотеро ба миён нахохад овард.

Барои огоз мо бояд бовари хосил намоем, ки нокилхо дуруст пайваст карда шуданд ё не. Барои ин бо пахши тугмачахои Меню- Панель управления – Сетевые подключения равзанаи дилогии Сетевые подключение-ро ба экран бароварда, мавчудияти шабакаро тафтиш намудан мумкин аст. (Расми 10)

Расми 10

Дар холати мавчуд набудани алока тафтиш намудан лозим аст, ки оё нокилхо ба васлакхо дуруст пайваст карда шудаанд ва ё Свитч ба чараёни барк пайваст аст ё не. ( Дар холати чой надоштани хатогихо дар кафои компютерхо чарогаки махсус равшан мегардад).

Баъди пайвасти дурусти шабака нишондихандаи мушакро ба болои аломати дар дохили равзана чройгирбуда гузошта, тугмачаи тарафи рости онро пахш менамоем. Сипас дар зерменюи пайдогардида сатри Свойства-ро интихоб мекунем. (Расми 11)

Расми 11

Баъди ичрои ин амалхо равзанаи дигаре ба экран бароварда мешавад, ки руйхати компонентхои дар шабака истифодашавандаро пешниход менамояд. Дар равзанаи мазкур сатри Протокол Интернета (TCP/IP) – ро интихоб намуда, тугмачаи Свойства-ро пахш менамоем. (Расми 12)

Расми 12

Бояд кайд кард, ки хангоми сохтани шабака тамоми танзимоти шабакави ба таври автомати дастнорас гардонида мешаванд. Чунки системаи оператсиони онхоро ба таври автомати танзим менамояд. Вале ин барои мо лозим нест. Барои ба таври мустакилона танзим намудани шабака дар равзанаи дар Расми 13 овардашуда сатри Исползовать следующий IP-адрес-ро интихоб намудан лозим аст.

Расми 13

Майдончаи якуми равзана IP-адрес , ки ба система сурогаи шабакавии компютерро нишон медихад. чунин навиштачотро дохил менамоем : 192.168.1.* Дар ин чо * метавонад адади дилхохи аз 1 то 255 бошад. Хуб мебуд агар барои хар як компютер ин ракам бо тартиби зиёдшави гузошта шавад. Ин амал имкон медихад, ки дар оянда чустучуйи компютери алохида осон гардад. Баъди ичрои ин амалхо майдончаи дуюм (Маска подсети) ба таври автомати сохта шуда, чунин ранг мегирад: (255.255.255.0).

Майдончахои бокимондаи равзанаро холи гузоштан лозим аст. Одатан онхо барои сохтани компютер-шлюзи Интернет (Компютере, ки дигар компютерхои шабака ба воситаи он ба Интернет пайваст мегарданд), идораи сабтхои почтави ва гайра истифода бурда мешаванд.

Баъди он, ки IP-сурога ва маска подсети барои хар як компютер муйян гардонида шуд, зарур аст, ки барои хар яки онхо номи алохида ва гурухи кории умуми муайян карда шавад. Барои ин дар Мизи кори нишондихандаи мушакро ба болои аломати Мой компютер гузошта, тугмачаи рости онро пахш менамоем. Сипас аз зерменюи пайдошуда сатри Свойства-ро интихоб намудан лозим аст. Дар натича равзааи дигар ба экран бароварда мешавад, ки дар он сахифаи Имя компютера- ро интихоб намудан лозим аст. (Расми 13)

Расми 13

Сипас тугмачаи Изменить-ро пахш менамоем, ки дар натича равзанаи дигар пайдо мегардад. (Расми 14).

Расми 14

Дар майдончаи холии Имя компьютера номи дилхохро гузоштан мумкин аст. (Дар мисоли мо ПК1). Дар кисми поёнии равзана боз ду майдончаи холи мавчуд аст, ки аз онхо дуюмашро (Рабочей группы)- ро интихоб намуда, номи гурухи кориро интихоб намудан лозим аст. (Дар мисоли мо MYGҚOҒP). Дар хотир бояд дошт, ки барои хар як компютер номи алохида (масалан, ПК1, ПК2, ПК3…. Пкn) ва номи гурухи кориро якхела гузоштан зарур аст.

Баъди ичрои ин амалхо тагирохоро сабт намуда, хар як компютери ба шабака пайвастшударо азнавфаъолгардони (перезагрузка) менамоем. Акнун ки шабакаи локалии мо сохта шуд, мегузарем ба тафтиши кори мураттаби он.

3.3.Тафтиши кори мураттаби шабака

Тарзи аз хама осони тафтиши кори шабака ин истифодаи командаи системавии PING мебошад, ки он он дархости шабакавиро ба IP- сурога-и компютери шабака фиристода, чавоб мегирад ва хисоботи лозимаро ба экран мебарорад. Агар дархости фиристодашуда баргардад, пас шабакаи мо бе хатоги кор мекунад. Вале агар дар экран навиштачоти «Превышен интервал ожидания запроса» дида шавад, пас дар сохтори шабака ё танзимоти он ба хатоги рох дода шудааст. Барои додани командаи системавии PING амалиётхои зеринро ичро менамоем: Пуск – Выполнить (Расми 15)

Расми 15

Сипас дар майдончаи холии равзанаи пайдогардида навиштачоти Ping 192.168.1.*-t-ро дохил намуда, тугмачаи ОК-ро пахш менамоем. Дар ин чо аломати * раками компютере мебошад, ки мо мавчудияти алокаро бо он тафтиш кардан мехохем. (Расми 16)

21

Расми 16

Баъди ичрои ин амал агар бо компютери интихобгардида алока мавчуд бошад, хисобот дар шакли дар Расми 17 нишондодашуда ба экран бароварда мешавад. (Расми 17)

Расми 17

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.