Пайвастшави ба шабакаи интернет

Нақша

    1. Пайвасшави ба шабака. 5.2.Пайвасти коммутатсиони. 5.3.Пайвасти васеъ.

5.4.Пайвасти бенокил.

5.1.Пайвасшави ба шабака.

Шабакаи Интернет ва идоракунии вай ғайриматказонидашуда мебошад. Вай дар асоси стандарҳои муқараргардидаи ҳамкории компютерҳо ва барномаҳои истифодашаванда фаъолият мекунад. Дар вақти аз кор баромадани дилхоҳ колмпютери шабакаи Интернет xузъиётҳои боқимонда фаъолияти худро давом додан мегиранд.

Барои кор дар муҳити Интернет зарур аст:

  • компютерро ба шабакаи Интернетӣ пайваст намуд;
  • суроғаи компютерро гирифт;
  • таъминоти барномавии заруриро гирифта ба компютер гузоштан.

Таъминоти алоқа, таъмини хизматрасониҳои шабакаи Интернет ва тақсимоти захираҳо дар маҳалҳо ба воситаи ташкилотҳои махсус анxом дода мешавад, ки онҳоро провайдерҳо меноманд.

Провайдерҳо истифодабарандагонро (суроғаи онҳоро) ба қайд мегиранд, хабарҳоро ба воситаи хатҳои алоқа мефиристонанд, обунашавӣ ба гурeҳҳо, телеконференсияҳо ва ғайраҳоро анxом медиҳанд. Дар вақти бастани шартнома бо провайдерҳо истифодабаранда суроғаи IP, номи доменӣ ва паролро мегирад.

Барои пайвастшавӣ ва додугирифти ахборӣ дар компютерҳои мухталифи шабака чунин каналҳои алоқавӣ истифода шуда метавонанд:

  • кабелҳои электрикӣ;
  • хатҳи телефонӣ;
  • алоқаи радиоӣ;
  • хатҳои риштавӣ (оптоволоконные);
  • каналҳои радифӣ.

Барои истифода бурдан аз имкониятҳои шабакаи глобалии Интернет пеш аз ҳама бояд ба вай паваст гашт. Пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет ба пайвастшавии компютери худ ба компютари дуристодаи таъминкунандаи хизмати Интернет ( Провайдери Интернет,Internet Seқvice Pқovideқ – ISP). Интернет -провайдер – ин ширкате мебошад, ки рухсати доимиеро ба шабакаи Интернет дорад, ки бо тавасути канали васеъи берунаи дорои гузарониши тавоно пайваст гаштааст.

Барои он ки аз имкониятҳои провайдери шабакаи глобалии Интернет истифода барем, бояд ба сервери вай рухсат дошта бошем, ки бо ёрии вай истифодаи канали алоқаи берунии вай имконпазир аст. Ҳамаи ин аз намуди пайвастшавӣ ба Шабака ва нархноимаи пайвастшавӣ вобастагӣ дорад. Чӣ қадар нарх қиматтар бошад, ҳамон қадар суръати калони рухсат xой дорад. Барои муайянсозии ҳар як истифодабаранда номи истифодабаранда ( login) ва парол (passwoқd) истифода бурда мешавад.

Мубодилаи ахбории байни компютери пайвастшуда ва компютерҳои провайдер чунин сурат мегирад. Новобаста аз тарзи пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет «ҳамкории» байни компютерҳо як хел сурат мегирад. Бо тарзҳои гуногун пайваст шуда сервер ва компютерҳо доду гирифти ахбориро анxом медиҳанд. Аз таъминоти барномавии махсус истифода бурда, компютер ба сервери дуристодаи шабака дархостро мефиристад (Масалан, ин метавонад, ки ба экран баровардани ягон Wеӣ – саҳифа бошад).

Сервери провайдери Интернет дархости фиристодашударо коркард мекунад ва вайро ба сервери дахлдори шабакаи Интернет мефиристонад. Сервери дар шабакаи глобалии Интернет мавxуд буда дархостро аз сервери таъминкунандаи хизмати Интернет қабул мекунад ва агар он ахбор бошад, он гоҳ ахбори дархостшударо ба сервери провайдер мефиристонад.

Дар натиҷаи иҷро намудани пайдарпаии ин амалҳо дар компютери дархостдиҳанда Wеӣ – саҳифаи дархостӣ бароварда мешавад ё ин ки ёфт нашудани он хабар дода мешавад. Дар назари аввал тарҳи мазкур бисёр мураккаб менамояд, аммо дар асл вай оддӣ мебошад.

Барои пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет ва кор бо вай тавоноии компютерҳои муосир кифоя мебошад.

Ба ғайр аз ин боз дастгоҳи иловагие талаб карда мешавад, ки ба воситаи вай алоға бо провайдери Интернет барпо карда мешавад.

Аммо барои он ки дар шароити беҳтарин кор кард, бояд компютериҳои фардии навтарини дорои таъминоти таxҳизотии пурқувват истифода бурда шаванд.

Ба шабакаи Интернет ҳар як компютери алоҳида ё маxмeи компютерҳои шабака пайваст мешаванд. Агар якто компютери шабакаи локалӣ бо Интернет пайваст бошад, он гоҳ тамоми компютерҳои шабакаи мазкур бо Интернет пайвастшуда ҳисобида мешаванд.

Пайвастшавӣ бо Интернет доимӣ ё мувақатӣ мешаванд. Провайдерҳои Интернет хатҳои зиёди пайвастшавии дорои суръати калони кориро доранд. Таъминкунандагони хурдтарин бо таъминкунандагони боз калонтар алоқаманд мебошанд. Тамоми ташкилотҳое, ки бо хати алоқа пайвастанд, қисми базавии шабакаро ташкил медиҳанд.

Умуман, Интернет мубодилаи ахбории байни ду ва зиёда компютерҳоро ташкил медиҳад. Компютерҳое, ки ба шабакаи Интернет пайвастанд, узлҳои Интернет номида мешаванд.

Тарзҳои мухталифи пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет мавҷуд аст. Қисме аз онҳо ниҳоят гарон , баъзеи дигарашон арзонтар меистанд, бигобар бисёриҳо имконияти истифода бурдан аз онҳоро доранд.

Шартан ҳама намудҳои пайвастшавии Интеренетро ба шаклхои зерин xудо намудан мумкин аст:

  • иxозати (ё рухсати) коммутатсионӣ;
  • иxозати васеъ;
  • иxозати беноқилӣ.

Пайвасти коммутатсиони.

Ин тарзи пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет яке аз воситаҳои васеъ паҳнгашта мебошад. Вай арзонтарин намуди пайвастшавӣ ба ҳисоб меравад ва намуди хело оддии пайвастшавӣ мебошад. Пайвастшавии компютеририро баъзан dial-ғp ё ин ки пайвастшавии телефонӣ меноманд. Ин номгузориҳо худ намуди пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернетро ифода менамоянд.

Ҳангоми пайвастшавӣ бо иxозати коммутатсионӣ истифодабаранда бо ёрии хати алоқа ба провайдер пайват шуда, ба вай ном ва пароли худро хабар медиҳад ва баъд аз ин барои кор бо шабакаи Интернет иxозат мегирад.

Чунин тарзи иxозат дастгоҳи модемро талаб менамояд. Иxозат бо хатҳои коммутатсионӣ нисбати дигар намуди иxозатҳо арзонтар мебошад, аммо сурати камтари кориро дар мубодилаи ахборӣ таъмин месозад. ва ба сифати алоқаи телефонӣ низ вобастагӣ дорад.

Барои он ки бо намуди иxозати коммутатсионӣ ба шабакаи Интернет пайваст шавем пеш аз ҳама хатти оддии телефонӣ ва компютери дорои дастгоҳи периферии модем доштан зарур аст.

Модем – дастгоҳе мебошад, ки барои ташкилкунии алоқаи байни ду компютер, одатан бо истифода аз алоқаи телефонӣ, хизмат мекунад.

Ин дастгоҳ вазифаҳои модулятсия ва демодулятсияи (МОдулятсия-

ДЕМодулятсия) сигналҳои ахбориро иxро менамояд. Яъне ба воситаи

модем сигналҳои телефонӣ ба битҳои ададӣ мубаддал гашта ва

баракси он сурат мегирад. Модемҳо бо усулҳои модулятсиякунии зерин фарқ менамоянд: модулятсияи зуддигӣ, модулятсияи фазавӣ ё омехтаи онҳо.

Хусусияти асосии модемҳо ин суръати интиқоли маълумотҳо мебошад, ки бо битҳо дар як сония ҳисоб карда мешавад.

Модем ҳамаи хатогиҳои дар рафти алоқа пайдо гаштаро бартараф менамояд. Барои ба алоқа баромадани ду компютер стандартҳои умумии модемҳо амал менамоянд, ки аз тарафи Иттифоқи Байналхалқии Алоқаи Электрикӣ ихтироъ шудаанд.

Пайвасти васеъ

Дар рeзҳои охир пайвастшавии коммутатсионӣ мавқеи худро ба пайвастшавии васеъ иваз намуда истодааст. Ин намуди пайвастшавӣ аз коммутатсионӣ тавофут дорад.

Иxозати васеъ бо хати xудо кардашуда канали ростаи алоқаро бо провайдер ва шабакаи локалие, ки ба он компютери мушахас пайваст шудааст, таъмин менамояд. Ин тарз суръати калони ва эътимоднокии кориро таъмин намуда, аммо гаронтар мебошад.

Барои истифодабарандаи муқарарӣ бартариҳои иxозати васеъ равшан мебошад: якум, ин суръати калони пайвастшавӣ, дуюм – хати озоди телефонӣ мебошанд. Аммо нархномаи ин намуди пайвастшавӣ нисбат ба коммутатсионӣ гаронтар мебошад.

Аммо агар пайвастшавии коммутатсионӣ яклухт карда шуда бошад, он гоҳ пайвастшавии васеъ дорои бартариҳои технологии зиёде мебошад. Онҳо аз ҳамдигар бо суръати корӣ дар Интернет, мувофиқ омадани пайвастшавӣ, xуркунии пайвастшавӣ ва нарх фарқ мекунанд. Хизматрасониҳои пайвастшавии васеъ инҳо мебошанд:

  • технологияи ISDN;
  • технологияи DSL;
  • алоқаи радифӣ;
  • хатҳои телевизионии кабелӣ;
  • хати xудо кардашуда.

Пайвасти бенокил

Пайвастшавӣ бо иxозати беноқилӣ яке аз босуръаттарин ва пешқадамтарин ба ҳисоб меравад. Ин намуди пайвастшавӣ дар соҳаи шабакаҳои глобалӣ такони xиддиеро ба вуxуд овардааст. Барои тарақиёти васеи он ширкатҳои калонтарини xаҳонӣ ба монанди ширкати Intel машғул мебошанд. Яке аз xиҳатҳои муҳими ин намуди пайвастшавӣ, ки онро ба таври дигар Wi Fi (Wiқeless Fidelity) низ меноманд, ин надоштани ягон хел ноқил барои пайвастшавӣ мебошад. Барои ин кифоя аст, ки компютерро бо адаптери дастгоҳии интиқоли маълумотҳо бо номи IEEE 802.11ӣ xиҳозонида, ба яке аз нуқтаҳои иxозатии Wi Fi пайваст кунем.

Вуxуд надоштани ноқилҳо мобилнокии истифодабарандаро таъмин месозад. Масалан, Шумо компютерии портативиро гирифта бо худ ба

сафари хизматӣ меравед ва ба воситаи нуқтаи иxозатдоре, ки масалан, дар фурудгоҳ ё меҳмонхона мавxуд аст, метавонед ба шабакаи Интернет пайваст шавед. Чунин нуқтаҳо дар фурeдгоҳҳои калонтарини давлатҳо гузошта шудааст. Чунин технологияро дар мамлакати мо провайдерҳои гуногун ба монанди Интерком ба истифодаи умум пешниҳад намудааст. Ба воситаи ин намуди пайвастшавӣ истифодабарандагон метавонанд аз кадом xое, ки набошад бе истифодаи ноқилҳо башабакаи Интернети пайваст шаванд ва ахбори зарурии худро саривақт ба даст оранд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.