Имкониятҳо ва хизматрасониҳои шабака

Накша

    1. Суроғагузории маълумотҳо дар шабакаи глобалии Интернет
    2. Барномаи Intenet Explorer
    3. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва нусхакунии матну графика аз шабакаи Интернет

Суроғагузории маълумотҳо дар шабакаи глобалии Интернет

Ҳар кадоме аз узелҳои шаббакаи глобалии Интернет, яъне компютере, ки ба шабакаи глобалӣ пайваст карда шудааст. суроғаи индивидуалии худро дорад. Қоидаҳои ташкили ин суроғаҳо дар тамоми xаҳон монанд мебошанд. Дар шабакаи Интерент дуто шакли сабти суроғаҳо (ном) компютерҳо мавxуданд, ки инҳо:

  • дар намуди рақамҳо – IP -суроға ё номи физикавӣ;
  • дар намуди символҳо – нгоми доменӣ. (суроғаи символикӣ).

Номи физикавӣ ё IP – суроға аз тарафи провайдерҳо таъин карда мешавад. Cуроғаи IP ба рақами телефонӣ монандӣ дорад: вай аз чор рақами аз ҳамдигар бо нуқта xудо кардашуда иборат асту бо нуқта анxом меёбад., масалан 193.144.5.26.

Ададҳо дар ҳар як блокҳо қиматҳои аз 0 то 255 -ро гирифта метавонанд. Барои сабти IP-cуроға 4 байт истифода мешавад, имконияти ба миқдори то 4 миллиард доштани IP -суроғаро дорад.

(232) . IP – суроғаҳо барои коркарди баномавӣ истифода бурда мешаванд. Истифодаи он фақат барои компютерҳо мебошад. Чунки дар хотир нигоҳ доштани ин намуди суроғаҳо барои одам мушкил мебошад. Бинобар ин барои одамон дар ивази cуроғаи IP истифодаи системаи номҳои доменӣ ба роҳ монда шудааст.

Системаи номҳои доменӣ компютерҳоро аз рeи соҳаҳои xуғрофӣва мавзeӣxудо менамояд.

Масалан, суроғаи www.vt.miee.ru мефаҳмонад, ки дар Торҳои xаҳонӣ сайти ташкилоти МИЭТ мавxуд аст, ки дар домени номҳои русӣ xойгир карда шудаанд. Миқдори доменҳои оддӣ дар тамоми номҳои доменӣ озод мебошад. Номи пурраи www.vt.miee.ru аз чор қисмати доменҳои оддӣ иборат аст.

Номи доменӣ аз тарафи рост ба чап хонда мешавад. Дар мисоли овардашуда ru – Россия, сипас дораxаи дуюм – miee меояд, ки он номи ташкилот, домени дараxаи сеюм vt – ноии шабакаи локалии кафедтаи ВТ мебошад.

Қиматҳои маъноии баъзе аз доменҳоро дараҷаи авваларо дар xадвали зерин меорем:

Номҳои ҷуғрофии

доменҳо

Номҳои мавзeии (ташкилотии)

доменҳо

ru Россия gov

(government)

давлатӣ
fr Франсия mil (millitary) ҳарбӣ
De Олмон edu (education) таълимӣ
us ШМА com (comeқcial) тиxоратӣ
Ca Канада org(organization) ғайритиxоратӣ
Cn Чин net (network) шабакавӣ

Доменҳо метавонанд, ки дараxаҳои ҷуғрофӣ ё ташкилотҳоро муайян созанд, масалан edu.ru – ташкилотҳои таълимии Россияро ифода мекунад.

Байни номҳои доменӣ ва суроғаи IP-и онҳо мувофиқати қатъӣ бояд гузошта шуда бошад. арои ин хизматрасони махсуси ӣзматрасони махсуси ӣтернет бо номи DNS (Domen Name System) ташкил карда шудааст.

Системаҳи суроғаҳои ҒҚL.Ҳар кадом файлҳои дар шабака xойгир кардашуда бояд суроғаи мувофиқи худро дошта. Суроғаи дилхоҳ файл (ҳexxат ё барнома) дар шабакаи Интернет бо ёрии нишондоди (локатори) яксонкардашудаи захираҳо ҒҚL (Ғnifoқm Қesoғқce Lokatoқ) муайян карда мешавад. Намунаи суроғаи ҒҚL-и Weӣ -ҳуxxат чунин мешавад:

http://www.micқosoft.com/rus/pқodғcts/ном.zip.

Cуроғаи ҒҚL аз се то қисмат иборат мебошад:

  1. http:// – номи хизматрасоне (протоколе), ки иxозатро ба ҳуxxат (захира) таъмин месозад. Дар намунаи боло овардашуда http:// – нишон медиҳад, ки ҳуччат дар WWW – сервер xойгир мебошад. Ба сифати серверҳо метавонанд, ки http://, gopheқ://, new// ва ғайраҳо бошанд.
  2. www.micқosoft.com номи домении сервере (компютере). мебошад, ки дар вай захираи додашуда мехобад.
  3. rus/pқodғcts/ном.zip – роҳи пурраи иxозат ба файле мебошад, ки дар сервери пункти 2-юм нишон дода шудааст. Хати каxи «/» ба сифати xудокунанда истифода бурда мешавад.

Суроғаи ҒҚL бояд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ навишта шуда бошад. Вай набояд, ки xои холӣдошта бошад, аммо метавонад, ки аломатҳои тире, хати кашидаи поёнӣ ё болоиро дошта бошад.

Ҳангоми сабти суроғаҳо дар Интернет ( нисбат ба Windows ва MS DOS) ҳарфҳои хурд ва калон бояд ҳатман риоя карда шаванд.Вобаста ба системаи интихъоб гардида тафсираи файлҳоро дар шабака нишон медиҳад. Масалан дар системаи Ғnix тафсираи файл аз миқдори гуногуни ҳарфҳо иборат буда метавонад, масалан, *.html.

Дар хотира гирифтани суроғаҳои ҒҚL мушкил аст, бинобар ин дар ҳама воситаҳои барномавии шабакаи глобалии Интернет асбобҳое бо номи Интихобшудаҳо (Избранное) мавxуданд, ки дар он истинодҳоро бо номҳои барои истифодабаранда мувофиқ гузоштан мумкин аст. Вобаста ба он барои муроxиат на суроғаи ҒҚL балки истинодли вайро истифода намудан мумкин аст. Воситаҳои муосири кор бо шабакаи Интернетро воситаҳои ташкил, нигоҳдорӣ ва истифодаи истинодҳо таъмин менамоянд. Ба воситаҳои муосир инҳо дохил карда мешаванд:

  • мавxудияти xузъдони (папкаи) махсус бо номи Избранное, ки дар тамоми WWW, мавxуданд ва дар xузъдонҳои сохташуда ( ба монанди Бонкҳо, Мактабҳои олӣ ва ғайра) xойгир карда мешаванд;
  • барои истинодҳои маъмултар тугмачаҳои асбобӣ дар лавҳаи кории шабакаи Интернет тартиб дода мешаванд;
  • истинодҳо ё ин ки сурати (ярлыки) онҳо бевосита дар Мизи корӣ ё ин ки Лавҳаи масъалаҳо xойгир карда мешаванд.

Барномаи intқnet exploқeқ

Барномаи (браузери) Интернетии Internet Exploқeқ ба дастаи таъминотии системаҳои амалиётии муосир дохил карда мешавад, яъне дар дилхоҳ компютере, ки бо системаҳои амалиётии Windows xиҳозонида шудаанд, ин намуди барномаро доранд, ки хизматрасонии Интернетро дар ин компютер анxом медиҳад.

Воридкунии барномаи мазкур бо роҳҳои гуногун иxро карда мешавад:

  • бо пахш кардани суратчаи он – дар Мизи корӣ;
  • бо ёрии Менюи асосии Windows: Пуск – Программы- Internet Exploқeқ;
  • бо роҳи воридкунии суроға ба cатри суроғавии равзанаи xузъдони Windows;
  • бо ду бор пахш намудани суратчаи ҳуxxати формати HTML.

Баъд аз гузоштани алоқа бо шабакаи Интернет ва ба кор даровардани Internet Exploқeқ дар экрани компютер саҳифаи асосӣ (хонагӣ) пайдо мешавад. Дар вақти набудани он саҳифаи асосии Weӣ -сервери ширкати Майкрософт пайдо мегардад:

.. Расми 7. Равзанаи барномаи Internet Exploқeқ.

Барои нишон додани саҳифаи дигар бояд фармони зеринро анxом дод: Сервис-Свойства обозревателья ва суроғаи он саҳифаро бояд нишон дод. Баъд аз ин гузариш ба ин саҳифа бо ёрии тугмачаи дар лавҳаи асбобҳои барнома иxро карда мешавад.

Дар мавриди ба кор даровардани Internet Exploқeқ набудани алоқа (Расми ) бо шабакаи Интернет дар экран равзанаи диалогӣ барои гузоришкунии алоқа пайдо мешавад.

Расми 8. Мавриди набудани алоқа бо шабакаи Интернет

Аммо барномаи Internet Exploқeқ аз саҳифаҳои Интернетии пештар боршуда истифода намуданро имконият медиҳад. Барои гузаштан ба меъёри автономӣ бояд фармони зерин истифода бурда шавад: Файл- Работать автономно .

Дар меъёри автономӣ (on line) барномаи Internet Exploқeқ имконият медиҳад, ки Weӣ – саҳифаҳои шахсӣ сохта шаванд.

Равзанаи Internet Exploқeқ дар баробари доштани хатҳои ҳаракатӣ боз дорои лавҳаи Избранное ва майдон (лавҳа) суроғавӣ барои воридкунии ҒҚL-суроға мебошад, ки мавқеи xойгиршавии ин ҳуxxатро нишон медиҳад. Ба майдони суроғавӣ мумкин аст, ки ҒҚL- суроға нопурра ворид карда шавад. Масалан, ба xои http//www.rumӣleқ.ru cуроғаи www.rumӣleқ.ru -ро ворид намоему http//-ро худаш дохил мекунад.

Воситаҳои пуркунии автономии сатри суроғавӣ такроран воридкуниро таъмин менамоянд. Рeйхати кушодаванда дорои суроғаҳои Weӣ – саҳифаҳои пештар дида баромадашуда мебошад, ки онҳоро такроран интихоб намуда баровардан мумкин аст.

Қисми асосии сатҳи кории экранро , чун қоида, Weӣ – саҳифа ишғол мекунад, ки дар вай тамоми мундариxаи вай ба монанди тасвирҳо, объектҳои мултимедияҳо ва ғайраҳо оварда мешавад. Барои он ки тавасути гиперистинодҳо саҳифаи нав кушоянд, фармони менюи зерматнии гиперистиноди «Открыть в новом окне»-ро истифода мебаранд.

Сатри сарлавҳаи равзанаи барандаи Интернетӣ дорои номи Weӣ – саҳифаи боршаванда мебошад, ки ҳатман дар забони англисӣ ё лоти, ки ҳатман дар забони англисӣ ё лотинӣ бояд нишон дода шавад.

Сатри ҳолати брайзер вазъияти кори барнома ё рафти боршавии Weӣ – саҳифаро нишон медиҳад. Фармони – и менюи горизонталии Internet Exploқeқ имконият медиҳад, ки ба папкаи Избранное истинодҳои навро ворид намоянд.

Нигоҳдории ҳуxxатҳо ва нусхакунии матну графика аз шабакаи интернет

Барои нусха кардани тамоми ҳуxxатҳои зарурӣ, қисмати матнҳо ё суратҳо аз шабакаи глобалии Интернет тарзҳои зеринро бояд истифода бурд:

  1. Ҳангоми бокунии файл аз Интернет равзанаи Боркунии файл (Загрузка файла) пайдо мешавад, ки он имконияти сабти ин файл ба компютерро медиҳад (Расми ).

Расми 9. Равзанаи Боркунии файл (Загрузка файла).

Барои сабти файли додашуда фармони Сохранить-ро бояд пахш намуд.

  1. Сабти ҳуxxате, ки вақти xорӣ дар равзанаи баранда мавxуд ба воситаи фармони Файл – Сохранить как… иxро карда мешавад.
  2. Мундариxаи заруриро интихоб намуда, нусха мекунан ( яъне ба буфери додугирифт мегузаронанд) ва баъд масалан барномаи Woқd-ро бароварда дар он мегузоранду сабт менамоянд.
  3. Барои сабти сурат ба вай бо тугмачаи рости мушак зер карда ва дар зерматни менюи пайдошуда фармони Сохранит рисунок как… -ро иxро намуд
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.