Вирусҳои компютерӣ ва намудҳои он

Нақша

    1. Вирусҳои файлӣ
    2. Таъминоти барномавии зараровар

12.3.Барномаҳои троянӣ закладкаҳои барномавӣ ва кирмҳои шабакавӣ

12.4. Таъминоти барномавии шпионӣ (ҷосусӣ)

Вирусҳои файлӣ

Вирус-гуфта чунин барномаеро меноманд, ки хусусияти сохтани нусхаҳои худро дошта (муҳим нест ки нусхааш ба аввала монанд бошад) ва онҳоро дар объектҳои гуногун, захираҳои системаҳои компютерӣ, барандаҳои маълумотҳо ва ғайраҳо бе огоҳии истифодабаранда ҷойгир кунад. Бар замми ин нусхаҳои онҳо хосияти вируси авваларо барои фаъолияти ояндаашон нигоҳ медоранд.

Аломатҳои асосии пайдошавии вирус дар компютер онҳо мебошанд: суст шудани кори барномаҳо, калон шудан и ҳаҷми файлҳо, пайдо шудани аломатҳои нав дар файлҳои мавҷудбуда, кам шудани ҳаҷми хотираи оперативӣ, ногаҳони пайдо шудани пораҳои видеоӣ, овозӣ ва ғайраҳо.

Вирусҳо аз рӯи чунин аломатҳояшон гурӯҳбандӣ карда мешаванд:

  1. муҳити инкишоф
  2. дараҷаи таъсир
  3. хусусиятҳои алгортми кор

Аз рӯи муҳити инкишоф вирусҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим мекунанд:

  1. файлӣ – ин вирусҳое мебошанд, ки таъсири худро ба системаи файлӣ ва системаи амалиётӣ мерасонанд.
  2. боршаванда (загрузочные) – ин вирусҳое мебошанд, ки қисми секторҳои BOOT-SYSTEM-и диски сахтро зарар медиҳанд.
  3. файлӣ-боршаванда (файлово-загрузочные)
  4. шабакавӣ
  5. макро-вирусҳо

Аз рӯи дараҷаи таъсир вирусҳоро ба чунин намудҳо ҷудо кардан мумкин аст:

  1. бехавф, ба кори компютер халал нарасонанда, аммо ҳаҷми хотираи оперативӣ ва ҳаҷми дискҳоро кам мекунад.
  2. вирусҳои хавфнок, ки ба вайронкунии дилхоҳ кори барномаи компютер оварда мерасонад.
  3. бисёр хавфнок, ки натиҷаи онҳо ба нестшавии барномаҳо, тозашавии маълумотҳо дар қисми системавии диск оварда мерасонад.

Аз рӯи хусусияти алгоритм вирусҳоро ҷудо кардан мушкилтар аст, зеро ки шумораи онҳо ниҳоят зиёд аст, ва хосияти онҳо аз маҳорату малакаи созандаи он вобаста аст.

Вирусҳои оддитарин – паразитӣ, онҳо сохтори файл ва секторҳои дискро тағир медиҳанд, аммо зуд мушоҳида шуда нест мешаванд.

Вирусҳои пинҳоншуда (невидимка-стелс-вирус) – ки онҳоро ёфтан ва безарар гардонидан душвор аст, зеро ки онҳо муроҷиатҳоро ба системаи амалиёти ва қисмҳои диски сахт гирифта худро дар ҷойҳои солими диски сахт ҷойгир мекунанд.

Аз ҳама вируси душвор пайдошаванда ин вирус-мутантҳо мебошанд, ки алгоритми душвор доранд ва нусхаи сохтаи онҳо тамоман ба аслиаш монанд нест.

Макро-вирусҳо (macro viruses) – ин вирусҳои барномаҳои дар забонҳои олӣ сохташударо меноманд, ки дар таркиби системаи коркарди маълумотҳо ҷойгир карда шудаанд (таҳриргарони матнӣ,ҷадвалҳои электронӣ ва ғайра). Ин барномаҳо барои худро зиёд кардан аз як файли зарарёфта ба файли дигар мекӯчонанд. Қисми зиёди онҳо дар файлҳои барномаҳои MS Word ва MS Excel вомехӯранд.

Вирусҳои шабакавӣ: – ин вирусҳое мебошанд, ки протоколҳо ва имкониятҳои шабакаҳои локалӣ ва глобалиро фаъолона истифода мебаранд.

Воситаҳои бар зидди вирусҳои компютерӣ муқобилият нишон доданро ба якчанд гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. профилактикаи вирусҳо ва камнамоии ҳодисаҳои натиҷаашон зарарёбӣ.
  2. усулҳои истифодаи барномаҳои компютерӣ – аз он ҷумла безараргардони ва тоза кардани компютер аз вирусҳо.
  3. усулҳои мушоҳида ва тозанамоии вирусҳои номаълум.
  4. архивкунонии маълумотҳо дар дискҳои алоҳида ва серверҳо.

Дар замони ҳозира компютерҳо мададгори асосси инсон шудаанд ва бе онҳо ягон ширкат ва на корхонаҳои давлатӣ фаъолияти худро пеш бурда наметавонанд. Аммо бар замми ин боз проблемаи бехатарии иттилоот низ ба миён омадааст. Ҷонибҳои гуногуни фаъолият (системаи идоракунии давлатӣ, бонкҳо, шабакаҳои информатсионӣ ва ғайра) бояд чораҳои махсусро оид ба бехатарии иттилоот пешбинӣ намоянд. Имрӯзҳо кор кардан ба компютерӣ фардӣ ва донисатни таъминоти барномавӣ барои дилхоҳ шахс муҳим мебошад, зеро ки донишу малакаҳо оиди технологияи ҳисоббарор ниҳоят баланд қадр карда мешаванд. Барои корҳои шахсӣ ва адабӣ компютер имкониятҳои ниҳоят зиёдро пешкаш менамояд. Агар истифодабаранда хоҳад, ки маҳсули корҳои худро гирад, агар хоҳад ки маблағҳои вай аз суратҳисобаш дуздида нашаванд, агар хоҳад ки маълумотҳо дар бораи ҳаёти шахсии вай аз тарафи бадхоҳон фаҳмида нашаванд, пас ӯ бояд бехатарии информатсионии худро таъмин кунад. Ӯ бояд ба компютери худ барномаҳои антивирусии зидди барномаҳои зараррасонро насб намуда бо роҳҳои муайян худро муҳофизат намояд.

Дохилшавии ҳамаҷонибаи технологияҳои информатсионӣ ба ҳаёти ҷамъияти ҳозира ба пайдошавии як қатор проблемаҳои системаҳои информатсионӣ оварда расонид:

  • таъмин кардани ҳатмии ҷараёни бетанаффус ва дурусти системаҳои информатсионии муҳим, шахсони ба он вобаста ва шароити мӯътадили экологии кор барои онҳо;
  • ҳатман таъмин кардани ҳуқукҳои молиявии шаҳрвандон ва давлат дар мувофиқат бо талаботҳои шаҳрвандӣ, идоракунӣ ва ҳуқуқҳои соҳибият (муҳофизати ва истифодаи имкониятҳову қобилиятҳои зеҳнӣ);
  • таъмин намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар мувофиқат бо қонунгузории амалкунанда (аз ҷумла дастрасии ахборот);

Таъмин намудани бехатараии иттилоот ин масъалаи комплексӣ ба шумор меравад. Ин ба он асос ёфтааст, ки муҳити информатсионӣ – механизми мураккаби бисёрнақшавӣ ба шумор меравад, ки он аз чунин қисмҳо иборат аст: дастгоҳҳои электронӣ, таъминоти барномавӣ ва ҳайъати кормандон. Барои ҳалли масъалаҳои таъминоти бехатарии иттилоот бояд чораҳои қонунӣ, ташкилкунӣ ва барномавӣ- техникиро дид.

Таъминоти барномавии зараровар

Дар замони мо ҳатто шахсе, ки бо компютер алоқаманд нест, медонад ки вируси компютерӣ чист. Аммо на ҳар шахс медонад, ки вирусҳо – ин

танҳо як қисми таъминоти барномавии зараровар мебошанд. Дар асл на ҳама барномае, ки ба компютер таъсири манфӣ мерасонад вирус мебошад.

Таъминоти барномавии зараовар – ин синфи барномаҳое мебошанд, ки барои иҷро кардани амалҳои ба истифодабаранда номаълум ва баъзан барои овардани зарар ба компютер ва маълумотҳои истифодабаранда (нобуд кардан ё қисман вайрон крадани маълумотҳо, паст кардани суръати кории компютер ва ғайра) пешбинӣ карда шудаанд.

Намудҳои асосии таъминоти барномавии зараровар инҳо мебошанд: Барномаҳои троянӣ (троянские кони), закладкаҳои барномавӣ ва кирмҳои шабакавӣ (сетевые черви);

Вирусҳо;

Таъминоти барномавии ҷосусӣ (шпионское ПО); Руткитҳо;

Дигар намуди барномаҳои зараровар.

Барномаҳои троянӣ закладкаҳои барномавӣ ва кирмҳои шабакавӣ

Барномаҳои троянӣ – ин барномаҳое мебошанд, ки дар худ имконияти вайрон карданро доранд ва ҳангоми шароитҳои ба ӯ лозима пайдо гаштан фаъол мегарданд. Одатан чунин барномаҳо дар зери ягон утилитаҳо ниқоб мегиранд. Вирусҳо ҳам дар худ метавонанд барномаи трояниро дошта бошанд ва имконияти вайронкунонаи худро барои дигар барномаҳо истифода мебаранд. Барномаҳои троянӣ дар компютерҳо асосан барои гирифтани рамзҳо (парол) аз дигар компютерҳо истифода мешаванд. Дар фарқият аз дигар вирусҳо барномаҳои троянӣ худро зиёд намекунанд.

Закладкаҳои барномавӣ – ҳам хусусияти вайрон кардани барномаҳоро доранд, аммо ин хусусияти то муддатҳои дароз пинҳон буданро дорад. Чи қадаре ки ин барнома ба истифодабаранда шубҳа наорад, ҳамон қадар фаъолияти барнома метавонад дарозтар шавад.

Хусусиятҳои вайронкунандаи барномаҳои троянӣ ва закладкаҳои барномавӣ инҳоанд:

  1. Нобудшавии маълумотҳо. Интихоби аниқи объектҳо ва усулҳои нобуд сохтани онҳо аз маҳорати созандаи онҳо вобаста мебошанд. Ин хусусият барои ҳарду ин барномаҳо умумӣ мебошад.
  2. Забткунӣ ва фиристодани маълумотҳо. Барои мисол бо воситаи клавиатура дохил кардани рамзро оварда метавонем.
  3. Ивазнамоии мақсадноки коди барномаҳо. Барномаҳо вазифаи шикастани бехатрӣ ва муҳофизати системаро иҷро мекунанд.

Кирмҳои шабакавӣ – барномаҳое мебошанд, ки худро дар диски сахти компютер, дар хотираи оперативии вай ва дар шабака зиёд менамоянд, ки манбаи худи инҳо – шабакаҳои ҳисоббарор мебошанд.

Кирмҳо – гуфта чунин барномаҳоеро меноманд, ки ба воситаи шабакаҳои глобалӣ тақсим шуда на барномаҳоро балки системаҳои

тайёрро вайрон мекунанд. Ин аз ҳама намуди хатарноки баномаҳои зараровар мебошад, ки натиҷаи вайронкории вай метавонад системаҳои информатсионии масштаби давлатидоштаро аз байн барад. Аз давраи пайдошавии шабакаи Интернат ин аз ҳама намуди хатарнок мебошанд, зеро ки дар як лаҳза 40 миллион компютери ба шабака пайваст буда метавонанд зери хатар бошанд.

Таъминоти барномавии шпионӣ (ҷосусӣ)

Таъминоти барномавии ҷосусӣ – гуфта дилхоҳ барномаеро меноманд, ки ба таврӣ пинҳонӣ дар бораи шумо ва фаъолияти шумо дар интернет маълумотҳоро ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин барномаҳо барои додугирифти маълумотҳо барои ширкатҳо бо мақсади реклама истифода мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои агентии зидди барномаҳои зараровар (Anti-spywaқe Coalition) чунин барномаҳо боз ҳам хатарноктар шуда истодаанд ва барои дуздидани маълумотҳо истифода мешаванд, ки мушоҳида карданаи онҳо ниҳоят душвор аст.

Аз куҷо ин гуна барномаҳо гирифта мешаванд? Тақсимкунандагони ин гуна барномаҳо онҳоро дар пакети барномаҳои дигар илова мекунанд. Асосан онҳоро дар дастаи барномаҳои шартӣ-ройгон, дар веб-сайтҳо тариқи рекламаҳо ва баъзан маълумотҳо ҳамчун хизамтрасонии ройгон илова мекунанд. Чунин барномаҳо бе иҷозати истифодабаранда насб шуда ба системаи амалиётӣ зарари ҷиддӣ расонида, пас аз нест кардани онҳо боз барқарор мешаванд.

Роҳи аз ҳама хубтари муҳофизат кардани маълумотҳои худ аз таъминоти барномаҳои ҷосусӣ ин – дидани чораҳои лозимаи пешакӣ мебошад. Ҳоло якчанд аз ин чораҳоро дида мебароем:

  • Иҷро кардани тозакунии компютер ба воситаи барномаҳои антивирусии зидди таъминоти барномавии ҷосусӣ;
  • Пайдарҳам насб намудани дигаргуниҳои нави интернет-браузер ва системаи амалиётӣ.
  • Аз руи имкониятҳо хосияти автомати воридкунии иловаҳои нави систеами амалиётиро фаъол намудан.
  • Дараҷаи аз ҳама баланди бехатарии интернет браузерро фаъол намудан.
  • Аз шабакаи интернет маълумотҳоро худсарона ба компютер ворид накардан.
  • Аз рекламаҳои шинокунандаи шабакаи интернет истифода набурдан.
  • Аз рӯи маълумотномаи веб-сайт дар бораи маъумотҳои бехатарии он бодиққат хонда баромадан.

Таъминоти барномавии ҷочусӣ аз тарафи ширкатҳое истеҳсол карда мешаванд, ки мехоҳанд бо роҳҳои ғайриқонунӣ маблағ ба даст оваранд. Чунин тавр онҳо дар бораи тараққиёт ва мувафақиятҳои ширкати диагр маълумотҳоро ҷамъ меоваранд. Баъдан ин маълумотҳоро ё худ истифода мебаранад ё онҳоро фурӯхта маблағҳои муфт ба даст меоваранд.

Руткитҳо – руткит (аз англ. қoot kit, -“маҷмӯи қoot”) —ин барнома ё маҷмӯи барномаҳое мебошанд, ки барои пинҳон нигоҳ доштани изҳои иштирок доштани барномаи шахси вайронкор дар системаи амалиётӣ мебошад. Гарчанде истилоҳи Қootkit нав ҳам бошад, он аз давраи ҒNIX ба вуҷуд омадааст, ки маҷмӯи барномаҳо ва утилитаҳои ядрои компютерро дар бар мегирад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои истифодабарандаро аз худ менамояд.

Муҳориба зидди чунин барномаҳо-ба муҳорибаи шадиде табдил ёфтааст, ки созандагони онҳо кӯшиш мекунанд, ки то қадри имкон ноаён бошанд, ва ширкатҳои антивирусӣ бошанд, кӯшиши онро мекунанд, ки чораҳои заруриро барои муҳофизати муштариёни худ бубинанд.

Спам ва антиспамҳо.Зарари спам дар чист?- Ин истифода бурдани захираҳои компютерӣ, шабакавӣ, моддӣ, меҳнатии дигарон, ки амали зиддиқонунӣ мебошад, ва ба халали ҳаёти шахсӣ, зарарҳои моддӣ, паҳннамоии барномаҳои зраровар ва маълумотҳои зиддиҷамъиятӣ оварда мерасонад. Ҳамаи инро ба назар гирифта бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки спамҳо на танҳо проблемаи ҳаёти шахсӣ балкӣ умумиҷамъиятӣ ва давлатӣ ҳам шудаанд.

Спам – ин ҳодисаи зиддиҷамъиятие мебошад, ки хусусиятҳои зеринро дорост:

  • Вайрон кардани қоидаҳои қоидаҳои фаъолияти соҳавӣ (рекламавӣ), ва берун аз мақсадҳои пок амал кардан.
  • Саркашӣ кардан аз супоридани андоз (аз он ҷумла андоз барои реклама), тараққӣ додани иқтисодӣ сиёҳ ва маблағгузории фаъолияти зиддиҳуқуқӣ.
  • Варонй кардани қоидаҳои паҳнкунии ахборот.

Зарарҳои спам ба ҷамъият ва дават:

  • Талафотҳои калон: аз он ҷумла моддӣ, вақтӣ ва меҳнатӣ.
  • Гумроҳ кардани истифодабарандагони бовиҷдони технлогияи компютерӣ.
  • Паҳн намудани барномаҳои зараровари компютерӣ ва содиркунии қонунвайронкуниҳои компютерӣ.
  • Паҳнкунии ахбороти характери аналогӣ ва зиддиҷамъиятӣ дошта.

Асосан бисёри СПАМ-ҳо барои реклама истифода мешаванд. Одатан ягон намуди маҳсулот ва ё хизматрасонӣ реклама карда мешавад ва ба воситаи он ба истифодабаранда роҳхат ба ягон намуди вирус ё троян фиристода мешавад.

  • Ҳамаи онҳо як мақсади умумӣ доранд ва ин – паҳннамоии маълумоти лозима ба қимати максималии истифодабарандагон. Созандагони онҳоро шахсон ҷалб намекунанд, балки шумора зарур аст.
  • Зангҳои пулакӣ. Маҳсулот реклама карда мешавад ва рақами

телефон дода мешавад, ва ҳангоми занг задан системаи ҷавобдиҳии автоматӣ кор карда пасон хабар бо матни суратҳисоб ба шумо меояд.

  • Ҷамъкунии маълумотҳо, ба шумо дар шакли пурсиш анкетаро мефиристонанд, ва ҳангоми пур кардани шумо тамоми маълумотҳои шумо ба дасти онҳо меравад.
  • Равон кардани троянҳо – троянҳо тамоми маълумотҳоро дар бораи шумо (рамзҳо, рақами телефонии провайдер ва ғайра) ҷамъ карда мефиристонанд.

Системаҳои автоматикунонидашудаи антиспамӣ.

Антиспам-гуфта системаеро меноманд, ки бар зидди вирусҳои почтаи электронӣ-яъне СПАМ-ҳо мубориза мебарад. Аввал танҳо якчанд системаи зидди спам вуҷуд дошт, онҳо пурра дуруст кор мекарданд ва самти муайян доштанд. Танҳо 3-тои онҳоро қайд кардан мебояд: MAPS ҚӢL – Қealtime Ӣlackhole List – ин системае мебошад, ки аз тарафи ширкати MAPS (Mail Aӣғse Pқevention System LLC) сохта шудааст ва вазифаи асосии он – филтркунонии базаи маълумотҳо аз рӯи IP адресҳо, ки макони асосии гузариши спамҳо мебошанд.

MAPS DҒL – Dial-ғp Ғseқ List – ин системае мебошад, ки бар зидди спамҳое ки бо шабакаҳои dilaғp (системаҳои гуфтугӯи) фиристода мешаванд сохта шудааст.

OҚӢS – Open Қelay Ӣehavioғқ – Modification System – ин системае мебошад, ки барои муҳофизат кардан аз спамҳое ки ба воситаи рекламаҳо фиристода мешаванд пешбинӣ шудааст.

Маълумотҳое вуҷуд доранд, ки почтаи электронӣ на аз ҳама системаи муошират ва алоқаи кафолатнок аст. Баъзан вақт почтаи шумо метавонад аз рӯи сабабҳои гуногун мавқуф гузошта шавад, дигаргун карда шавад, ё метавонад тамоман нест шавад. Сабагори ин танҳо вайронкорон нестанд. Ҳамаи шабакаҳо аз рӯи баъзан қонуну қоидаҳои муайян кор мекунанд, ки на ҳамаи онҳо ба истифодабаранда гуфта мешаванд. Ва ҳар як мактуби аз нуқтаи А ба нуқтаи В фиристондаи мо боз зиёда аз даҳҳо чунин нуқтаҳо мегузаранд. Ҳар як сервери почта администратори худро дорад, ки вай қонуну қоидаҳои худро дар кори шабака мегузаронад. Администратороне ҳастанд ки ба спамҳо майли калон доранд, ки онҳоро дар шабака ҷойгир мекунанд. Ва вазифаи мо истифодабарандагон аз он иборат аст, ки бо роҳҳои харчанд бехатар маълумотҳои худро муҳофизат намоем.

Барномаҳои антивирусӣ.

Антивирус чист? Антивирус – ин барномаест, ки имконияти муайянкунӣ, шинохтан ва безараргардонии вирусҳои ба ӯ маълумро дорад. Аммо созандаҳои антивирус як афзалият доранд, зеро ки бисёри вирусҳо аз якдигар нусхабардорӣ карда мешаванд. Барои ин масъала созандагони антивирус барномаҳои таҳлилгарро сохтаанд ки ҳалли ин масъала мебошад. Ҳамин тавр аз вирусҳо ба қимати 100% халос шудан имконнопазир аст (зеро, ки истифодабаранда бо дигар

истифодабарандагон мубодилаи информатсия мекунад) ва вирус ҳам дар дохили компютер худ аз худ пайдо намешавад.

Антивирус Касперӣ (KAV)

Яке аз намудҳои машҳур ва пурқуввати барномаи антивирусӣ ба шумор меравад. Ин барнома аз якчанд модул иборат аст:

  • Scanneқ-(сканер)-ки ҳамаи файлҳои диски сахтро аз вирус тафтиш карда тоза мекунад.
  • Monitoқ-Ин барнома ҳангоми воридшавии мо ба системаи амалиёти автоматӣ фаъол гашта дар панели масъалаҳо ҷойгир мешавад. Монитор ҳамаи файлҳое ки кушода мешаванд ба таврӣ автоматикӣ аз назар мегузаронад ва ҳангоми ҳуҷуми вирусҳо ба мо сигнал медиҳад.
  • Инспектор – ин модуле мебошад, ки ҳатто вирусҳои ношиносро ҳам фаъолият кардан намемонад.
  • Mail Checkeқ – ин барои тоза кардани хабарҳои почтаи электронӣ мебошад
  • Scқipt Checkeқ – ин бар зидди скриптҳои вирусӣ ва троянӣ мубориза мебарад.
  • Office Gғaқd – ин модули аналогӣ барои тафтиш кардани ҳуҷҷатҳои барномаҳои пакети офисии иҷрошаванда.
  • Антиспам-барои тоза кардани спамҳои почтаи электронӣ.

Антивируси касперский дорои афзалиятҳои ниҳоят зиёд мебошад, аммо мо онро антивирусӣ идеалӣ гуфта наметавонем. Зеро талабаотҳои ӯ нисбат ба хотираи оперативӣ ва системаи амалиётӣ ниҳоят калон мебошад.

Ба барномаҳои антивирусии дигари шӯҳрати умумиҷаҳонӣ дошта инҳо дохил мешаванд:

ESET NOD 32

Мисли KAV, ESET NOD 32 ҳам а чунин модулҳои

муҳофизат

иборат аст:

  • Сканер ESET NOD 32
  • Монитор SpIDeқ Gғaқd―
  • Филтри почтавӣ SpIDeқ Mail― SMTP
  • Сканери сатри командавӣ ESET NOD 32®
  • Утилитаи азнавкунии(обновление) автоматикӣ.

NOҚTON ANTIVIRUS

DOCTOҚ. WEӢ2.

AVAST ANTIVIRUS

Фаҳмиши фаерволл (fiқewall)

Дар зери мафҳуми фаервол гарчанде тарҷумаи он девори зиддисӯхтор ҳам бошад, экрани шабакавӣ фаҳмида мешавад. Fiқewall- элементи бехатарии шабакавӣ буда бехатарии истифодабарандаи ба шабакаи интернет пайвастбударо таъмин менамояд. Дар замони ҳозира компютери бо барномаи антивирус муҷаҳҳаз дорои ин барнома мебошад. Аввалин фаерволлҳо дар солҳои 1980-ум пайдо шуда буданд, ва аз маршрутизаторҳое, ки филтркунонии пакетҳоро иҷро мекард иборат буд. Баъдан дар солҳои 1990-ум фаерволҳои занҷирӣ пайдо шудаанд, ки филтркунонии динамикиро иҷро мекарданд. Архитектураи нави он бошад, шакли fiқewall – keқnel pқoxy ро дорад, ки ҳамчун воситаи дастгоҳӣ ва таъминоти барномавӣ шуда метавонанд.

Fiқewall – экрани байнишабакавӣ буда аз комлекси маводҳои дастгоҳӣ ва барномавие иборат аст, ки вазифаи идоракунии пакетҳои шабакавии дар зинаҳои гуногуни модели OSI ва дар алоқаманди бо дигар қоидаҳои муайян сохташуда амал мекунад.

Fiқewall-вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • Идоракунии барномаҳое, ки портҳои компютерро истифода мекунанд. Дар сурати ҳуҷум кардани барномаҳои вирусӣ ва ё троянҳо ин портҳо баста мешаванд.
  • Таъминкунии қоидаҳои муайян барои истифодабарандагони гуногун бе пурсиши иҷозат ҳангоми воридшавӣ.
  • Реҷаи омӯзиш ҳангоми истифодаи аввалин (ҳангоми пайваст шудани истифодабарандаи нав ба захираҳои ахборӣ пурсишномаи «як бор иҷозат дода шавад, дода нашавад, иҷозати доимӣ» пайдо мегардад).

Ду намуди fiқewall фарқ карда мешавад: дастгоҳӣ ва барномавӣ.

Fiқewall- и дастгоҳӣ байни компютер ва нуқтаи пайвастшавӣ ба интернет мебошад. Афзалияти ин дар он аст, ки захираҳои компютериро истифода намекунад, ва бе ивазкунии танзимотҳо дар дилхоҳ компютер кор мекунад. Камбудиаш дар нархи баланд доштани он барои истифодабарандагони оддӣ мебошад. Истифодаи он дар шабакаҳои локалии ширкатҳои гуногун бисёр муфид мебошад.

Fiқewall – и барномавӣ ҳамчун идоракунандаи баромади компютер ба шабакаи локалӣ ва пайвастшавии баръакси ӯро аз рӯи қоидаҳои муайяни иҷозатдиҳанда ё инкоркунандаи дилхоҳ амалиёт фаҳмидан мумкин вст. Ҳамаи маълумотҳои дароянда ва бароянда бо fiқewall рӯ ба рӯ шуда аз тафтишоти ҷиддӣ мегузаранд.

test

2 комментария

  1. Салом АДМИН оиди тугмачаи СКАЧАТЬ чора бинед, истифодабарандагон наметавонанд ҳуҷҷати даркориро бо худ гиранд!

Добавить комментарий