Алгоритм , барнома ва барноманависи
Мафҳуми алгоритм , барнома ва барноманависӣ
Алгоритмҳо.Алгоритмро ҳамчун шарҳи пайдарпаии амалиётҳое, ки барои ҳалли масъалаи мушаххас заруранд. Инчунин, қайд намудан зарур аст, ки алгоритм – ин барномаест дар забони оддӣ дорад. Тарзҳои гуногуни ҳалли масъала мавҷуд аст. Масалан, алгоритми ҷамъкунии N ададҳо арзи вуҷуд дошта метавонад:
дохилкунии миқдори қиматҳое, ки ҷамъ мешаванд, N;
дохилкунии ҳамаи қиматҳо, ки ҷамъ мешаванд;
ҳисоби суммаи ин қиматҳо;
баровардани натиҷаи сумма ба экран.
Агар, шумо қаблан, миқдори ададҳои ҷамъшавандаро (N) надонед, ба барнома аломати махсусро дохил кардан мумкин аст, ки он оиди ба охир расидани ададҳои ҷамъшаванда хабар медиҳад. Чунин аломат метавонад, адади манфӣ ё ҳарфе бошад, ки баъди дохилкунии он барнома дигар қиматҳоро қабул намекунанд. Чунин тарзро аксараияти ҳолатҳо барои қатъи дохилкунии маълумотҳо истифода мебаранд [9].
Агар шумо ба сифати қатъкунанда адади манфиро истифода баред, алгоритм дар ин ҳолат чунин намудро мегирад:
яке аз ададҳои ҷамъшаванда дохил карда мешавад;
ин адад дида баромада мешавад:
агар адад мусбат бошад, пас
ба сумма зам карда мешавад;
баргаштан ба қадами ибтидоӣ;
агар адад манфӣ бошад, пас
натиҷаи сумма ба экран бароварда мешавад;
интиҳои кор.
Ду тарзи ҳисобкунии сумма, ки дар боло оварда шуд дуруст мебошанд. Масъалаҳо аксар вақт якчанд роҳҳои дурусти ҳалли худро доранд ва аз онҳо бояд беҳтаринашро интихоб намоем