Нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳо. Кор бо дискет

Мақсади дарс: Аз худ намудани технологияи нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо. Нусхабардории файлҳо ба дискет.

Супориши 5.1. Ба кор омода намудани дискет.

Тартиби кор

Пеш аз он, ки аз дискет истифода намоед ба он бояд формат (қолаб) диҳед. Нишонаи дискет дар компютер диски 3,5 (А) мебошад.

  1. Дискетро ба дискаводи А гузоред.
  2. Равзанаи Мой компьютер-ро кушоед.
  3. Нишондиҳандаи мушакро рӯи нишонаи диск 3,5 (А) гузошта тугмаи рости мушакро як маротиба пахш намоед ва рӯйхати пайдошуда фармони Форматировать –ро интихоб кунед.
  4. Дар равзанаи Формат: диск 3,5 (А) (расми 5.1) сатри Полное –ро интихоб намуда тугмаи Начать –ро пахш намоед.

Расми 5.1 Формат Диск 3,5(А)

Супориши 5.2. Нигоҳ доштани файлҳо (папкаҳо)

Тартиби кор

Барномаи Блокнот –ро кушоед:

  1. ПускПрограммыСтандартныеБлокнот Аз тариқи клавиатура матни зеринро ворид намоед:

Системаи оператсионӣ маҷмӯи барномаҳое мебошад, ки тавассути он захираҳои техникӣ ва барномавии компютер идора карда мешавад.

  1. Матни воридшударо дар диски сахт (диски С), дар папкаи «Ҳуҷҷатҳои шахсӣ» бо номи «Нусхаи матн», нигоҳ доред. Барои ин аз менюи Файл фармони зеринро диҳед: ФайлСохранить как.
  2. Дар равзанаи Сохранение документа диски С-ро кушоед ва тугмаи Создать папку -ро пахш намоед ва ба папка номи «Ҳуҷҷати шахсӣ»-ро диҳед. Дар сатри Имя файла ба файл номи «Нусхаи матн»-ро диҳед ва тугмаи Сохранить –ро пахш кунед. Ҳамин тавр файл дар диски С, дар папкаи «Ҳуҷҷати шахсӣ» нигоҳ дошта мешавад.
  3. Файли «Нусхаи матн»-ро ба дискет нусхабардорӣ намоед. Пеш аз ҳама дискетро ба дискавод ҷойгир намоед. Файли мазкурро кушоед ва фармони зеринро диҳед: ФайлСохранить как. Дар равзанаи Сохранение документа аз рӯйхат, диски 3,5 (А)-ро интихоб намоед. Пас аз он дар сатри Имя файла номи «Нусхаи матн»-ро нависед ва тугмаи Сохранить –ро пахш кунед. Нусхаи файл дар диски А сабт мешавад.
  4. Файли «Нусхаи матн»-ро аз дискет ба папкаи Мои документы нусхабардорӣ намоед. Барои ин папкаи Мой компьютер –ро кушоед. Дар равзанаи Мой компьютер нишонаи диски 3,5 (А)-ро ёфта бо ду маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак онро кушоед. Дар равзанаи диски 3,5(А) нишонаи файли «Нусхаи матн»-ро ҷудо намуда онро низ кушоед.
  5. Фармони зеринро диҳед: ФайлСохранить как. Дар равзанаи Сохранение документа нишонаи папкаи Мои документы –ро интихоб намуда, дар сатри Имя файла номи файл- «Нусхаи матн»-ро ворид намуда тугмаи Сохранить пахш кунед. Нусхаи файл аз дискет ба папкаи Мои документы кӯчонида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru