Информатика
Гузоштани объектҳо дар ҳуҷҷат. Чопи ҳуҷҷат
Мақсади дарс. Аз худ намудани усулҳои гузориши объектҳо дар матн.
Супориши 11.1. Дар матн гузоштани объектҳои Word Art.
Тартиби кор
- Барномаи Word –ро кушоед.
- Барномаи Word Art –ро ба кор омода созед: ВставкаРисунокОбъект Word Art (расми 11.1).
Расми 11.1 Барномаи Word Art
Намунаи дилхоҳро интихоб намуда тугмаи ОК- ро пахш намоед. Пас аз пахш намудани тугмаи ОК равзанаи Изменение текста Word Art пайдо мешавад: (расми 11.2)
Расми 11.2 Изменение текста Word Art
- Дар равзанаи Изменение текста Word Art матни зеринро ворид кунед: Информатика
- Тугмаи ОК – ро пахш кунед.
Супориши 11.2. Ба матн гузоштани расм.
Тартиби кор
- Бо истифода аз фармони ВставкаРисунокАвтофигуры расмҳоро ба ҳуҷҷат гузоред.
- Бо ёрии фармони ВставкаРисунокКартинки расмҳоро ба ҳуҷҷат гузоред.
- Файлро бо номи «Расмҳои ман» нигоҳ доред.
Супориши 11.3. Чопи ҳуҷҷат.
Тартитби кор
- Пеш аз чопи ҳуҷҷат параметрҳои саҳифаро интихоб намудан зарур аст: ФайлПараметры страницы, замимаҳои Поля ва Размер бумаги (расми 11.3.).
- Ҳуҷҷатро пешакӣ аз назар гузаронед. (ФайлПредварительный просмотр). Барои ба ҳолати пешина баргаштан тугмаи Закрыть-ро пахш кунед.
- Барои чопи ҳуҷҷат фармон диҳед: ФайлПечать. Дар равзанаи пайдошудаи Печать параметрҳои заруриро интихоб намуда тугмаи ОК-ро пахш кунед.
Расми 11.3 Параметры страницы
- Барои саҳифабандӣ намудан фармонӣ зеринро диҳед: Вставка Номера страниц. Дар равзанаи пайдошудаи Номера страниц додашудаҳоро ворид намоед (расми 11.4)
Расми 11.4 Номера страниц