Информатика
Кор бо ҷадвали электронӣ. Барномаи MS Excel
Мақсади кор. Аз худ намудани усулҳои кор дар барномаи MS Excel.
Супориши 12.1. Иҷрои амалҳои арифеметикӣ дар MS Excel.
Тартиби кор
- Барномаи MS Excel-ро кушоед: ПускПрограммы MS Excel.
- Ячейкаи А1-ро ҷудо кунед. Барои ин курсорро дар сутуни А, сатри 1 гузошта тугмаи чапи мушакро пахш кунед. Тавре мебинед, ячейкаи А1 бо хати рангаш сиёҳи фарқкунанда ҷудо карда мешавад.
- Аз тариқи клавиатура рақами 123-ро ворид намоед. Дар ячейка рақами мазкур пайдо мешавад. Тугми Tab –ро пахш кунед. Тавре мебинед, курсор як хонача ба тарафи рост мегузарад ва ячейкаи В1-фаъол мегардад (ҷудо карда мешавад). Ба ячейкаи В1 аз клавиатура рақами 112-ро ворид намоед ва тугмаи Tab-ро пахш кунед. Курсор дар ячейкаи С1 ҷойгир мешавад.
- Ба ячейкаи С1, аз тариқи клавиатура, аломати «=»-ро ворид кунед (ҳисоб дар ячейкаҳои MS Excel аз аломати = оѓоз меёбад).
- Бо мушак ячейкаи А1-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар ячейкаи С1, пас аз аломати «=» адреси ячейка-А1 навишта мешавад.
- Аз клавиатура аломати «+» -ро ворид намоед.
- Бо мушак ячейкаи В1-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар формула аломати В1 пайдо мешавад.
- Тугмаи Enter-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар ячейкаи С1, ба ҷои формула (=А1+В1) ҳосили ҷамъ, яъне адади 225 пайдо мешавад.
- Айнан ҳамин тавр ду рақами дилхохро зарб (*), тақсим (/) ва тарҳ (-) намоед.
Супориши 12.2. Қиммати функсияи у=2х+64,2-ро барои х=10,2 ҳисоб намоед.
Тартиби кор
- Дар ячейкаи А1 қиммати х-ро ворид кунед. Барои ин ячейкаи А1-ро ҷудо намуда ба он адади 10,2-ро ворид намоед (қиммати аргумент).
- Дар ячейкаи В1, барои муайян намудани қиммати функсия (у) ифодаи 2х+64,2-ро ворид кунед. Азбаски қиммати аргумент (х) дар ячейкаи А1 оварда шудааст, ифода намуди зеринро мегирад: =2*А1+64,2. Пас аз пахш кардани тугмаи Enter, дар ячейкаи В1 ба ҷои формула қиммати 84,1 пайдо мешавад.
- Файлро дар папкаи худ нигоҳ доред.
👍👍👍👍👍