Ҳисоб дар MS Excel

Мақсади дарс: Омӯхтани технологияи ҳисоб дар ҷадвали электронии Excel.

Супориши 13.1. Сохтани таблитсаи ҳисоби даромад, аз хариду фурӯши доллар.

Ҳисоб дар асоси ҷадвали 13.1 гузаронида шавад:

Тартиби кор

  1. Барномаи Excel-ро кушоед.
  2. Курсорро дар ячейкаи C3 гузошта тугмаи чапи мушакро пахш намоед ва дар ҳамин ҳолат курсорро то ячейкаи G3 оред ва тугмаи мушакро раҳо кунед. (фосилаи аз ячейкаи C3 то G3 ҷудо карда мешавад.
  3. Аз менюи Формат фармони Ячейки –ро диҳед: (ФорматЯчейки). Дар равзанаи Формат ячеек, дар замимаи Выравнивание сатри Объединение ячейки-ро интихоб кунед ва тугмаи ОК-ро пахш кунед. Тавре мебинед, дар фосилаи аз ячейкаи C1 то ячейкаи G1 сарҳади миёни ячейкаҳо аз байн бардошта мешавад. Дар замимаи Выравнивание, сатри Переносить по словам– ро интихоб намоед.
  4. Аз клавиатура сарлавҳаи ҷадвалро ворид намоед: Сохтани таблитсаи ҳисоби даромад, аз хариду фурӯши доллар.
  5. Дар ячейкаҳои С4, Д4, E4, F4, G4 номи сутунҳои таблитсаро ворид кунед: Таърихи рӯз, Курси харид, Курси фурӯш, Миқдори доллар дар муомилот, Даромад.
  6. Таблитсаро мувофиқи ҷадвали 13.1 пур кунед.
  7. Дар ячейкаи G5 формулаи зеринро ворид намуда онро то ячейкаи G10 нусхабардорӣ намоед: =F5*E5-F5*D5

Барои нусхабардории формула курсорро ба қисми рости поении ячейкаиG5 гузоред. Ҳангоме, ки курсор намуди «+» (черный крестик)-ро мегирад, тугмаи чапи мушакро пахш намуда дар ҳамин ҳолат то ячейкаи G10 оред ва пас аз он тугмаи мушакро раҳо кунед.

  1. Файлро дар папкаи худ нигоҳ доред.

Ҷадвали 13.1

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.