Информатика
Функсияҳо дар Excel
Мақсади дарс. Омӯхтани технологияи иҷроиши ҳисоб бо истифода аз функсияҳои MS Excel
Супориши 16.1. Функсияи қиммати миёна (Средное значение)
Ҳисобро дар асоси ҷадвали 16.1 гузаронед:
Тартиби кор
- Таѓйирёбии нархро дар сутуни Е аз рӯи формулаи зерин ба ҷой оред:
Таѓйирёбии нарх: =Нархи ноябр/ Нархи сентябр (пешакӣ ба сутуни Е формати Процентный –ро диҳед: ФорматЯчейкиЧисло Процентный)
- Дар ячейкаҳои В8, С8, Д8 қиммати миёнаи додашудаҳоро ҳисоб кунед. Пеш аз ҳама қиммати миёнаи сутуни В- ро ҳисоб кунед. Барои ин курсорро дар ячейкаи В8 гузоред ва фармони зеринро диҳед: (ВставкаФункция). Дар равзанаи пайдошудаи Мастер функций – шаг 1 из 2, аз рӯйхати Категория: категорияи функция –Статистическое – ро интихоб намоед ва тугмаи ОК-ро пахш кунед (Расми 16.1).
Расми 16.1 Мастер функций
- Дар равзанаи дуюӯм – Аргументы функций,- маҷмӯи ячейкаҳои заруриро интихоб намоед. Барои ин маҷмӯи ячейкаҳои В3:В7-ро бо мушак ҷудо кунед. (расми 16.2.). Пас аз пахш намудани тугмаи ОК дар ячейкаи В8 қиммати миёнаи додашудаҳо барои сутун В пайдо мешавад. Айнан ҳамин тавр қиммати миёнаи додашудаҳоро барои сутунҳои С ва Д ҳисоб кунед.
Расми 16.2 Аргументы функций
- Файлро нигоҳ доред.
Ҷадвали 16.1.