Функсияҳо дар Excel (давомаш)
Мақсади дарс: Омӯхтани технологияи иҷроиши ҳисоб бо истифода аз функсияҳои MS Excel.
Супориши 17.1. Истифода аз функсияи Если
Мисол: Донишҷӯёне, ки дар санҷиш зиёда аз 1,2 бал доранд, аз санҷиш мегузаранд, дар ҳолати акс, намегузаранд.
Ҳисобро дар асоси ҷадвали 17.1 гузаронед:
Чадвали 17.1
Тартиби кор
1.Курсорро дар ячейкаи Е2 гузошта Мастер функция – ро ба кор омода месозем: (ВставкаФункцияЛогическийЕсли).
2.Дар равзанаи функсияи Если параметрҳои заруриро ворид намуда тугмаи ОК – ро пахш кунед: (расми 17.1.).
(Хатиррасон менамоям, ки функсияи Если намуди зеринро дорад: =Если (шарт; ифодаи 1; ифодаи 2. Яъне агар шарт иҷро шавад ифодаи 1 қабул карда мешавад, дар ҳолати акс, ифодаи 2 қабул карда мешавад).
3.Формуларо аз ячейкаи Е2 то Е12 нусхабардорӣ намоед. Ҷадвали намуди зеринро мегирад: (ҷадвали 17.2)
4.Файлро дар папкаатон нигоҳ доред.
Расми 17.1 Аргументы функции
Чадвали 17.2
Супориши 17.2. Истифода аз функсияи Если.
Ҳисобро дар асоси ҷадвали 17.3 гузаронед.
Мисол: Агар дар маѓоза маблаѓи харид зиёда аз 1000 сомониро ташкил диҳад, он гоҳ барои харидор 2% гузашт карда мешавад.
Барои ҳисоб дар ячейкаи Е2 (чадвали 17.3) формулаи зеринро дохил намоед: =Если(Д2>1000;Д2*0,02;0). Формулаи мазкурро то ячейкаи Е5 нусхабардорӣ намоед.
Файлро дар папкаатон нигоҳ доред.
Чадвали 17.3