Сохтани таблитса дар MS Accessv

Мақсади дарс. Аз худ намудани технологияи сохтани таблитса дар MS Access

Супориши 20.1. Сохтани таблитса бо ёрии Мастер таблиц

Тартиби кор

  1. Барномаи MS Access –ро кушоед (Пуск/Программы/ MS Access).
  2. Дар равзанаи Access сатри Новая база данных –ро интихоб намоед. Бо тугмаи чапи мушак як маротиба пахш намоед. (расми 20.1).

Расми 20.1 MS Access

Дар равзанаи пайдошудаи Файл новой базы данных , дар сатри Имя файла ба базаи додашудахо ном дихед: Дафтари Донишҷӯ (расми 20.2).Пас аз пахш намудани тугмаи Создать равзанаи дигар пайдо мешавад (расми 20.3)

Расми 20.2 Файл новой базы данных

Расми 20.3 Дафтари Донишҷӯ: база данных

  1. Дар равзанаи пайдошуда (расми 20.3), аз рӯйхати Объекты сатри Таблицы –ро ҷудо намоед ва фармони Создание таблицы с помощью мастера –ро интихоб намуда тугмаи Создать – ро пахш кунед. Дар равзанаи пайдошудаи Новая таблица сатри Мастер таблицы – ро ҷудо намуда тугмаи ОК – ро пахш намоед.(расми 20.4)

Расми 20.4 Новая таблица

Дар натиҷа равзанаи Создание таблиц пайдо мешавад (расми 20.5)

Расми 20.5 Создание таблиц

  1. Дар равзанаи Создание Таблиц аз рӯйхати Образцы таблиц, сатри Студенты-ро ҷудо кунед ва аз равзанаи Образцы полей номҳои майдонҳоро ба тариқи зайл, ба равзанаи Поля новой таблицы, ворид намоед. (расми 20.6). Барои ин дар равзанаи Образцы полей сатри дилхохро чудо намуда тугмаи > -ро пахш кунед.

Расми 20.6 Создание Таблиц

  1. Пас аз кӯчонидани номи майдонҳои зарурӣ, тугмаи Далее -ро пахш кунед.
  2. Дар равзанаи пайдошуда (расми 20.7) ба таблитса номи Донишҷӯ-ро диҳед ва сатри Microsoft Access автоматически определяет ключ – ро интихоб намоед. Боз тугмаи Далее –ро пахш кунед

Расми 20.7 Создание Таблиц

  1. Дар равзанаи оянда сатри «Непосредственный ввод данных в таблицу»- ро. интихоб кунед
  2. Тугмаи Готово – ро пахш намоед. Дар натича равзанаи зерин пайдо мешавад (расм20.8)

Расми 20.8 Студенты: таблица

  1. Таблитсаро ба тарики зайл пур кунед. (расми 20.9).

Расми 20.9 Донишҷӯ:таблитса

  1. Таблитсаро нигоҳ доред.

Супориши 20.2. Сохтани таблитса дар режими Таблицы

Тартиби кор

  1. Базаи додашудаҳо- «Дафтари донишҷӯ»- ро кушоед.
  2. Дар руйхати Объекты сатри Таблицы – ро ҷудо кунед ва аз руйхати фармонҳо сатри Создание таблицы путем ввода данных– ро интихоб намуда тугмаи Создать – ро пахш кунед.
  3. Дар равзанаи пайдошуда номи сутунҳоро иваз намоед: Ному насаб, Вазифаи хонагӣ, Таърихи гирифтани супориш, Таърихи иҷрои супориш, Эзоҳ (Расми 20.10).
  4. Таблитсаро бо номи Вазифаи хонагӣ нигоҳ доред.

Расми 20.10 Таблица 1:таблица

  1. Ба режими конструктор гузоред: (ВидКонструктор). Дар баробари номи майдонҳои Таърихи гирифтани супориш ва Таърихи ичрои супориш , дар сутуни Тип данных – сатри Дата/Время-ро интихоб кунед. (расми 20.11).

Расми 20.11 Таблица 1:таблица

  1. Ба режими Таблицы гузаред (ВидТаблица). Таблитсаро ба тариқи зайл пур кунед:

Расми 20.12 Таблица 1:таблица

  1. Таблитсаро нигоҳ доред.

Супориши 20.3. Сохтани форма дар режими Конструктор (дар асоси таблитсаи Донишҷӯ).

Тартиби кор

  1. Базаи додашудахо – Дафтари донишчӯ– ро кушоед ва аз руйхати Объекты сатри Формы – ро ҷудо намуда аз руйхати кушодашуда фармони Создание формы в режиме конструктора –ро интихоб намоед. Тугмаи Создать– ро пахш кунед. (расми 20.13).

Расми 20.13 Дафтари донишҷӯ: форма

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Новая форма сатри Автоформа:в столбец-ро ҷудо намоед ва ба сифати манбаи додашудахо таблитсаи Донишҷӯ –ро интихоб намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед.. (расми20.14).

Расми 20.14 Новая форма

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Донишҷӯ (аниқтараш, формаи Донишҷӯ) додашудахоро ба тарики зайл ворид намоед (расми 20.15). Яъне, додашудахо тавассути форма (формаи Донишҷӯ) ба таблитсаи Донишҷӯ ворид карда мешаванд.

Расми 20.15 Равзанаи Форма

  1. Формаро бо номи Донишҷӯ нигох доред.
  2. Таблитсаи Донишҷӯро кушода боварӣ ҳосил намоед, ки дар он фамилияи Гулов Акрам пайдо шудааст.

Супориши 20.4. Сохтани форма бо ёрии Мастер форм (формаро дар асоси таблитсаи Вазифаи хонагӣ созед).

Тартиби кор

  1. Базаи додашудахо – Дафтари донишҷӯ– ро кушоед. Аз руйхати Объекты сатри Формы-ро ҷудо намуда, аз руйхати кушодашуда, фармони Создание формы с помощью мастера–ро, интихоб намоед. Тугмаи Создать– ро пахш кунед.
  2. Дар равзанаи Новая форма сатри Мастер форм – ро ҷудо намоед ва ба сифати манбаи додашудахо таблитсаи Вазифаи хонагиро интихоб намуда тугмаи ОК- ро пахш кунед.(расми 20.16)

Расми 20.16 Новая форма

  1. Дар равзанаи ояндаи Создание форм (расми20.17) тавассути тугмаи >> додашудахоро аз равзанаи Доступные поля ба равзанаи Выбранные поля кӯчонед ва тугмаи Далее– ро пахш кунед. (расми 20.18)

Расми 20.17 Создание форм

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Создание форм (расми 20.19) сатри Ленточная – ро интихоб намуда боз тугмаи Далее – ро пахш намоед.

Расми 20.18 Создание форм

Расми 20.19 Создание форм

  1. Дар равзанаи оянда (Расми 20.20) услуби Стандартный– ро интихоб намуда боз тугмаи Далее –ро пахш кунед.

Расми 20.20 Создание форм

  1. Дар равзанаи оянда ба форма ном дихед: Вазифаи хонагӣ ва тугмаи Готово –ро пахш намоед. Дар натича равзанаи формаи Вазифаи хонагӣ пайдо мешавад (расми 20.21).

Расми20.21 Вазифаи хонагӣ (форма)

  1. Бо ёрии формаи мазкур додашудахоро ба таблитсаи Вазифаи хонагӣ ворид намудан мумкин аст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.