Ба таблитсаи MS Access ворид намудани таѓйиротҳо
Сохтани дархост ва ҳисобот.
Мақсдаи дарс: Аз худ намудани технологияи ворид намудани таѓйирот ба таблитса. Сохтани дархост ва ҳисобот дар Access.
Супориши 21.1. Ворид намудани таѓйирот ба таблитсаи Донишҷӯ.
Тартиби кор
- Барномаи Access– ро кушоед.
- Базаи додашудаҳо – «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.
- Таблитсаи Донишҷӯ-ро кушоед.
- Дар таблитсаи Донишҷӯ пеш аз майдони ихтисос, майдонҳои нав- стипендия ва мукофотпулӣ – ро ворид кунед. Барои ин сутуни ихтисос – ро ҷудо намуда фармон диҳед: ВставкаСтолбец. Ба майдонҳои нав номи стипендия ва мукофотпулӣ- ро диҳед.
- Ба режими Конструктор гузашта ба майдонҳои стипендия ва мукофотпулӣ қолаби денежный-ро диҳед.
- Ба режими Таблицы бозгардед: ВидРежим таблицы
- Дар майдони Стипендия рақами 150 р – ро ворид намоед. (расми 21.1).
Расми 21.1. Донишҷӯ: таблица
- Таблитсаро нигоҳ доред.
- Таблитсаро пӯшонед.
Супориши 21.2. Сохтани дархост. (Запрос на обновление)
Барои ҳисоб намудани қиммати майдони «Мукофотпулӣ» дар таблитсаи «Донишҷӯ» аз дархост истифода намоед. Мукофотпулӣ 35% -и стипендияро ро ташкил медиҳад.
Тартиби кор
- Базаи додашудахо – Дафтари донишҷӯ– ро кушоед ва аз майдони Объекты сатри Запросы –ро интихоб намоед. Аз руйхати кушодашуда фармони Создание запроса в режиме конструктора–ро интихоб намуда тугмаи Создать– ро пахш кунед. (расми 21.2)
Расми 21.2 Дафтари донишҷӯ: База данных
- Дар равзанаи Новый запрос сатри Конструктор – ро интихоб намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед (расми 21.3)
Расми 21.3 Новый запрос
- Дар равзанаи пайдошудаи Добавление таблицы дар замимаи Таблицы таблитсаи Донишҷӯ– ро ҷудо намуда тугмаи Добавить– ва пас аз он тугмаи Закрыть-ро пахш намоед. (расми 21.4).
Расми 21.4 Добавление таблицы
- Дар равзанаи пайдошудаи Запрос1:запрос на выборку аз менюи Запрос фармони Обновление– ро интихоб кунед.(расми 21.5)
Расми21.5 Запрос1:запрос на выборку
- Дар равзанаи пайдошудаи Запрос1:запрос на обновление (расми 21.6) аз рӯйхати майдонҳои таблитсаи Донишҷӯ (қисми болоии равзана) сатри мукофотпулӣ-ро ҷудо намуда тугмаи чапи мушакро ду маротиба пахш намоед. Дар қисми поении равзана, дар сатри Обновление, матни зеринро ворид кунед: [150] *0,35 (расми 21.6).
- Тугмаи Запрос/Запуск– ро пахш намоед ва аз саволи пайдошуда ҷавоби Да – ро интихоб кунед.
- Тугмаи Сохранить – ро пахш намуда ба дархост номи Мукофотпулӣ- ро диҳед.
Расми 21.6 Запрос1:запрос на обновление
- Таблитсаи Донишҷӯ-ро кушода боварӣ ҳосил намоед, ки дар майдони Мукофотпулӣ рақамҳо пайдо шудаанд (Расми 21.7)
Расми 21.7 Донишҷӯ:таблица
Супориши21. 3. Дархост аз рӯи шарти додашуда (Запрос на выборку по условию)
Тартиби кор
- Аз таблитсаи « Донишҷӯ» ному насаби донишҷӯёнеро, ки насабашон бо ҳарфи М оѓоз меёбад, интихоб намоед. Барои ин объекти Запрос – ро интихоб намуда фармони зеринро диҳед: СоздатьКонструктор. Дар равзанаи Добавление таблицы, таблитсаи Донишҷӯ – ро интихоб намуда тугмаи Добавить ва Закрыть – ро пахш кунед.
- Дар равзанаи Запрос 1: запрос на выборку, аз таблитсаи «Донишҷӯ» (қисми болоии равзана), майдонҳои Насаб, Ном ва Адрес– ро интихоб намоед (курсорро рӯи номи майдон гузошта ду маротиба тугмаи чапи мушакро пахш намоед).
- Дар қисми поении равзана, дар сатри «Условие отбора» (дар бланкаи дархост) ворид намоед: – «М*» (расми 21.8).
Фармони зеринро диҳед: ЗапросЗапуск.
Расми 21.8 Запрос на выборку по условию
- Тавре мебинед, танҳо рӯйхати донишҷӯёне, ки насабашон бо ҳарфи М оѓоз меёбанд, пайдо мешаванд. Рӯйхати пайдошударо нигоҳ доред.