Информатика
Сохтани дархост (иҷрои амали ҳисоб дар БД)
Мақсади дарс. Аз худ намудани технологияи сохтани дархост дар Access
Супориши 22.1 Ҳисоб намудани қиммати натиҷавии майдонҳои Стипендия ва Мукофотпулӣ.
Тартиби кор
- Барномаи Access – ро кушоед
- Базаи додашудаҳо «Дафтари донишҷӯ»-ро кушоед.
- Объекти Запрос– ро кушоед ва фармони зеринро диҳед: Создать Конструктор. Дар равзанаи Добавление таблицы таблитсаи Донишҷӯ-ро ҷудо намуда тугмаи Добавить ва Закрыть – ро пахш кунед .
- Дар равзанаи Запрос 1: запрос на выборку аз рӯйхати майдонҳои таблитсаи «Донишҷӯ» (қисми болоии равзана) майдонҳои Стипендия ва Мукофотпулӣ – ро бо тугмаи чапи мушак ду маротиба пахш намоед.
- Дар панели асбобҳо тугмаи Групповые операции () – ро пахш намоед. Дар сатри Групповые операции (дар бланкаи запрос) аз рӯйхати пайдошуда фармони Sum-ро интихоб кунед. (расми 22.1
Расми 22.1 Запрос 1: запрос на выборку
- Фармон диҳед: ЗапросЗапуск. Дар натиҷа равзанаи натиҷавӣ пайдо мешавад.(расми 22.2)
Расми 22.2 Дархости натиҷавӣ
- Дархостро бо номи «Дархости натиҷавӣ» нигоҳ доред.