Намоиши презентатсия дар Power Point. Истифода аз аниматсия
Мақсади дарс. Аз худ намудани усулҳои намоиши презентатсия дар Power Point
Супориши 27.1 Тарзи дастии намоиши презентатсия.
Тартиби кор
- Барномаи Power Point – ро кушоед.
- Файли «Презентатсияи КФ»- ро кушоед.
- Барои намоиши презентатсия фармони зеринро диҳед: ВидПоказ слайдов (ё худ аз панели асбобҳо тугмаи Показ слайдов– ро пахш кунед).
- Барои ба дигар слайд гузаштан тугмаи Enter – ро пахш намоед.
- Пас аз намоиши презентатсия, барои ба режимы Обычный баргаштан, тугмаи Esc – ро пахш кунед.
Супориши 27.2 Истифода аз эффектҳои аниматсионӣ.
Тартиби кор
- Дар слайди якӯм сарлавҳаи слайдро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: Показ слайдовНастройка анимации. Барои интихоби параметрҳои аниматсия тугмаи Добавить эффект –ро пахш намуда фармони заруриро интихоб кунед.(расми 27.1)
Расми 27.1 Настройка анимации
- Дар слайдҳои боқимонда низ эффектҳои аниматсионии гуногунро интихоб намоед.
- Барои аз назар гузаронидани эффектҳои аниматсионӣ фармони зеринро диҳед: ВидПоказ слайдов ё худ тугмаи F5 – ро пахш кунед.
Мавзӯъ: Математика дар Excel (дарси иловагӣ)
Мақсади дарс: Аз худ намудани усулҳои ҳисобкунии ифодаи математикӣ дар Excel.
Супориши 28.1 Ҳисоб намудани муодилаи квадратӣ дар Excel. Муодилаи квадратии зерин дода шудаанд:
2х2+10х+8=0
6х2+2х+3=0
4х2+8х+4=0
5х2+5х+4=0
7х2+4х+8=0
9х2+32х+11=0
Тартиби кор
- Дар ҷадвали 28.1 коэффисентҳои муодилаи квадратиро ворид кунед.
- Дар ячейкаи E2 формулаи зеринро ворид намоед: =C2^2-4*B2*D2. (тавассути формулаи мазкур дискриминанти муодилаи квадратӣ ҳисоб карда мешавад).
- Дар ячейкаи F2 бо истифода аз функсияи ЕСЛИ формулаи зеринро ворид намоед: =ЕСЛИ(E2>=0;КОРЕНЬ(E2);”хал надорад”). Яъне агар диксриминанти муодилаи квадратӣ мусбат бошад, онгоҳ дар ячейкаи F2 бузургии тахти реша пайдо мешавад, дар ҳолати акс муодила ҳал надорад.
- Барои ёфтани решаҳои муодилаи квадратӣ дар ячейкаҳои G2 ва H2 формулаҳои зеринро ворид кунед:
=ЕСЛИ(E2>=0;(-C2+F2)/(2*B2);”хал надорад”),
=ЕСЛИ(E2>=0;(-C2-F2)/(2*B2);”хал надорад”)
Ҷадвали 28.1
- Файлро нигоҳ доред.
Супориши 28.2 Ҳал намудани муайянкунандаи тартиби дуюӯм
Мисол: Системаҳои муодилаҳои зеринро ҳал кунед:
2х-3у=-7
5х+4у=12
Тартиби кор
- Барномаи Excel –ро кушоед.
- Аз коэффисентҳои назди номаълумҳо матритсаҳои зеринро тартиб диҳед:
А= | 2 | -3 |
5 | 4 |
А1= | -7 | -3 |
12 | 4 |
А2= | 2 | -7 |
5 | 12 |
- Матритсаҳоро ба ячейкаҳои В3:Д10 ворид намоед (ҷадвали 28.2)
- Дар ҷадвали 28.2 ячейкаи Е3-ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: ВставкаФункция. Дар натиҷа равзанаи Мастер функций-шаг 1 из 2 (расми 28.1) пайдо мешавад, ки дар он аз сатри Категория рӯйхати Математические ва аз равзанаи Выберите функцию фармони МОПРЕД – ро интихоб намуда тугмаи ОК – ро пахш кунед.
Расми 28.1 Мастер функций-шаг 1 из 2
- Дар равзанаи пайдошудаи Аргументы функции (расми 28.2) , дар равзанаи Массив адреси ячейкаҳо С3:Д4 – ро ворид намда тугмаи ОК – ро пахш кунед.
Расми 28.2 Аргументы функции
- Дар натиҷа, дар ячейкаи Е3 натиҷаи ҳисоб пайдо мешавад (ҷадвали 28.2)
Ҷадвали 28.2
- Айнан ҳамин тавр муайянкунандаҳои А1 ва А2 – ро ҳисоб кунед.
- Қимматҳои х ва у – ро мувофиқан бо формулаҳои зерин ҳисоб намоед:
Х=А1/А
У=А2/А
- Файлро нигоҳ доред.
Супрориши 28.3 Ҳал намудани муайянкунандаи тартиби сеюӯм:
Мисол: Системаҳои муодилаҳои зерин дода шудааст:
2х-3у+5z=1
х+2у-3z=7
3х-у-2z=5
Ҳалли мисоли мазкур дар ҷадвали 28.3 нишон дода шудааст.
Ҷадвал 28.3
- Файлро нигоҳ доред.