Ҳисоби молиявӣ дар Excel (дарси иловагӣ)
Максади дарс: Шинос шудан бо ҳисоби масъалаҳои молиявӣ.
Супориши 29.1. Ҳисоби масъалаҳои молиявӣ.
Мисол: Шаҳрванд мехоҳад маблаѓи 100000 сомониро ба муддати як сол дар бонк амонат гузорад: Дар Ориёнбонк фоизи солонаи пасандоз 7%-ро ташкил медиҳад ва пардохти фоиз соле чор маротиба сурат мегирад. Дар Тоҷикпромбонк бошад фоизи солона 5% буда пардохти он соле се маротиба сурат мегирад. Саволе ба миён меояд: кадоме аз ин бонкхо барои шаҳрванд фоидаи бештар меорад?
Барои ҳисоб аз формулаи зерин истифода намоед:
Р=Р0 (1+r)1/ t
Дар ин ҷо:
P0 – маблаѓи аввалаи пасандоз
r – фоиз.
t – вакте, ки дар муддати он фоизи пасандоз пардохта мешавад.
1сол/t – шумораи пардохти фоизи пасандоз дар як сол.
Ҳамон бонке, ки барои як соли пасандоз, дар охири сол маблаги бештар медихад, барои шахрванд фоидаовартар мебошад.
Тартиби кор
1. Додашудаҳоро дар чадвали электрони барои Ориёнбонк ва Тоҷикпромбонк ворид кунед: (ҷадвали 29.1)
Ҷадвали 29.1
2. Барои Ориёнбонк дар ячейкаи E3 формулаи зеринро ворид кунед: =A3*(100%+B3)^D3. Барои Тоҷикпромбонк бошад дар ячейкаи E5 формулаи зеринро ворид кунед: =A5*(100%+B5)^D5
Тавре мебинед, охири сол маблаѓи амонат дар Ориёнбонк 12250,43 с. ва дар Точикпромбонк бошад 12155,06 с – ро ташкил медиҳанд.
3. Файлро нигох доред.