Истифода аз функсияҳои молиявӣ (финансовый)

Мақсади дарс: Аз худ намудани технологияи истифодаи функсияҳои молиявӣ, хангоми ҳалли масъалаҳои молиявӣ

Супориши 30.1. Мисол: Бонкҳои Ориёнбонк ва Тоҷикпромбонк, аз мизоҷон ба мӯҳлати 4 сол, ба маблаѓи 32000 сомонӣ, бо 10%-и солона амонат қабул менамоянд. Мувофиқи шартнома пардохти фоизро Ориёнбонк соле як маротиба ва Тоҷикпромбонк моҳе як маротиба ба амал меорад. Дар кадоме аз ин бонкҳо маблаѓи амонат бештар мешавад?

Маблаѓи амонат дар охири мӯҳлат тавассути функсияи Будущая стоимость (БС) ҳисоб карда мешавад:

=БС(ставка; кпер; плт;-пс; тип)

Дар ин ҷо:

Ставка – фоизи солона (ставка= фоизи солона/Кв год )

Кпер – шумораи умумии пардохти фоиз (К=Кв год *L сол)

Кв год – шумораи пардохтани фоиз дар як сол

ПЛТ – пардохти маблаѓ дар як давр (период).

Тип – ҳангоми даврӣ пардохтани фоидаи фоиз қиммати 0 ё худ 1 – ро қабул менамояд.

Тартиби кор

  1. Барномаи Excel – ро кушоед.
  2. Додашудаҳоро ба тариқи зайл ба ҷадвали электронӣ ворид кунед(ҷадвали 30.1).
  3. Барои истифодаи функсия ячейкаи F2 –ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: ВставкаФункция
  4. Дар равзанаи пайдошудаи Мастер функций (расми 30.1) дар сатри Категория: намуди функсия- Финансовые-ро интихоб намуда аз рӯйхати функсияҳо функсияи БС – ро интихоб намуда тугмаи ОК – ро пахш кунед.

Расми 30.1 Мастер функций

  1. Дар равзанаи пайдошудаи Аргументы функции адреси ячейкаҳои заруриро ворид намуда тугмаи ОК –ро пахш кунед.
  2. Формуларо ба ячейкаи F3 нусхабардорӣ намоед.

Расми 30.2 Аргументы функции

  1. Натиҷаи ҳисоб дар ҷадвали 30.1 нишон дода шудааст. Тавре мебинед, барои шаҳванд, бонки Тоҷикпромбонк фоидаи бештар меорад.

ҷадвали 30.1

  1. Файлро нигоҳ доред.

Супориши 30.2. Мисол: Шаҳванд кадом маблаѓро бояд ба бонк амонат гузорад, ки пас аз 5 сол соҳиби 20000 сомонӣ гардад? Фоизи солона 10% – ро ташкил медиҳад.

Маблаѓи аввала пас аз n сол тавассути функсияи Приведенная стоимость (ПС) ҳисоб карда мешавад:

=ПС (ставка; кпер; ; бс;)

Тартиби кор

  1. Дар ҷадвали электронӣ (ҷадвали 30.2), дар ячейкаҳои А1:Д1 номи майдонҳо ва дар ячейкаҳои А2:С2 додашудаҳоро ворид намоед.
  2. Ячекаи Д2 – ро ҷудо намуда фармони зеринро диҳед: ВставкаФункция
  3. Дар равзанаи ояндаи Мастер функции категорияи Финансовый ва номи функсия ПС –ро интихоб кунед.
  4. Дар равзанаи оянда – Аргументы функции,- адреси ячейкаҳои заруриро ворид намоед.
  5. Дар натиҷа дар ячейкаи Д2 формулаи зерин ворид мешавад: =ПС(A2;B2;;C2).
  6. Натиҷаи ҳисоб дар ҷадвали 30.2 оварда шудааст.

Ҷадвали 30.2

  1. Файлро нигоҳ доред.

Супориши 30.3. Мисол: Шаҳрванд аз бонк 22000 сомонӣ қарз гирифт. Фоизи солона 4,5%-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи шартнома ӯ бояд соле 5000 сомонӣ ба бонк баргардонад.

Шаҳрванд пас аз чанд сол қарзашро ба пуррагӣ бозмегардонад?

Барои ҳалли мисоли мазкур аз функсияи Количества Периодов –КПЕР – истифода намоед:

=КПЕР (ставка; плт; -пс; бс; тип;)

Тартиби кор

  1. Ба ҷадвали электронӣ додашудаҳоро ворид намоед
  2. Пас аз ворид намудани формулаи =КПЕР(A2;B2;-C2;;0) ба ячейкаи Д2 тугмаи Enter – ро пахш кунед. Дар натиҷа ҳисоби натиҷавӣ пайдо мешавад (ҷадвали 30.3)
  3. Файлро нигоҳ доред

ҷадвали 30.3

Супориши 30.4. Мисол: Шаҳрванд ба мӯҳлати 10 сол, бо 8%-и солона, аз бонк 85000 сомонӣ қарз гирифт. Ҳисоб намоед, ки шаҳрванд ҳар сол кадом маблаѓро ба бонк бояд супорад?

Маблаѓи солонае, ки шаҳрванд бояд ба бонк бояд баргардонад, бо ёрии функсияи Периодическая плата- ПЛТ– ҳисоб карда мешавад:

=ПЛТ (ставка; кпер; -пс; бс; тип)

Тартиби кор

  1. Ба ҷадвали электронӣ додашудаҳоро ворид намоед
  2. Пас аз ворид намудани формулаи =ПЛТ(A2;B2;-C2;;0) ба ячейкаи D2 тугмаи Enter – ро пахш кунед. Дар натиҷа ҳисоби натиҷавӣ пайдо мешавад (ҷадвали 30.4)

ҷадвали 30.4

  1. Файлро нигоҳ доед.

Мавзӯъҳо барои корҳои мустақилона

    1. Матни зеринро аз клавиатура ворид кунед:

аааооо аоаоао оааооа аоаооо оаоаоаоа аааааа оооооо аоаоаоао оооооо ааааааааааа вввооо ввооввоо вввооо оооввв вовавова овововов вввввввв ооооооо вао вао ововов ллллввв ллловвово влвлвлвлл ло во лооллл вовлволв лввлввл длодвааа ффддффдд ввооол лофвлдфф оллффва вадловва ловаловолл

    1. Дар мизи корӣ ярлики Word – ро созед.
    2. Папкаи Корзина –ро кушоед ва файлҳои барҳамдодашударо барқарор намоед.
    3. Дар диски Д дарахти каталогҳои зеринро созед:
    4. Файлро дар дискет (флеш –карта) нусхабардорӣ намоед.
    5. Абзатсро тавассути фармони Формат►Абзац гузоред ва қолаббандӣ намоед: Шрифт- Times New Roman, Размер-14, Междусточный интервал- 1,5
    6. Матни дилхоҳро ворид намуда нисбати он амалҳои зеринро иҷро намоед:
    • Ҷойивазкунӣ
    • Нусхабардорӣ
    1. Матнро дар дохили чорчӯба гиред:

Барои ин аз фармони Формат►Границы и заливка истифода намоед ва аз замимаи Граница, аз рӯйхати Тип, тасвири Рамка – ро интихоб кунед.Ин амалро якчанд маротиба ичро намоед. Равзанаи Границы и заливка аз се замима иборат аст: Граница, Страница, Заливка. Ҳар яке аз ин замимаҳоро кушода ба мундаричаи онҳо шинос шавед. Шумо метавонед намуди хат, ранги хат ва ранги фонро таѓйир диҳед.

    1. Таблитсаи зеринро созед:
    1. Бо истифода аз фармони Формат ►Список рӯйхати ҳамкурсонатонро тартиб диҳед:
    2. Сохтани колонкаҳо: Матни дилхоҳро ба намуди колонкаҳо нависед.
    3. Аломатҳои зеринро дар ҳуҷҷати Word гузоред:
    1. Дар асоси ҷадвали 1, бо истифода аз функсияи СРЗНАЧ, қиммати миёнаи баҳоро барои ҳар як донишҷӯ ҳисоб намоед.

Ҷадвали 1

    1. Мувофиқи ҷадвали 2 мукофотпулиро ҳисоб намоед.
    2. Дар асоси ҷадвали курси хариду фурӯши доллар қиммати хурдтарин ва калонтарини курси харид ва фурӯши долларро муйян кунед (дарси 13,ҷадвали 13.1)
    3. Дар асоси ҷадвали 3 бузургиҳои зеринро ҳисоб намоед:

Даромад=Нархи чакана*Миқдори маҳсулоти фурӯхташуда

Арзиши аслӣ= Нархи чакана*Фоизи арзиши аслӣ

Фоида= Даромад – Арзиши аслӣ-Хароҷот

Ҷадвали2

Ҷадвали 3

    1. Дар Базаи додашудаҳо , аз таблитсаи «Вазифаи хонагӣ» бо ёрии дархост донишҷӯёнеро ҷудо намоед, ки вазифаи хонагиашонро пас аз 18.10.08 иҷро намуданд.
    2. Дар таблитсаи Донишҷӯ (дарси 20, расми 20.9) майдони нав- «Донишҷӯ кор мекунад» – ро созед (тип-логический).
    3. Дар асоси таблитсаи сохташуда (пункти 17) ҳисобот созед.
    4. Дар мавзӯи «Ихтисосӣ 0604» презентатсия созед.
    5. Дар мавзӯи «Факултаи умури бонкӣ» презентатсия созед.
    6. Тавассути интернет, бо истифода аз системаи кофтуковии Yandex- www.yandex.ru. – дар мавзӯи «Системаҳои оперционӣ» ковтуков гузаронед.
    7. Тавассути интернет, бо истифода аз системаи кофтуковии Rambler- www rambler..ru. – дар мавзӯи «Реферати по информатике» ковтуков гузаронед
    8. Барои худ Почтаи электронӣ кушоед.
    9. Шаҳрванд дар суратҳисоби худ 50000 сомонӣ дорад. Фоизи солона 12%- ро ташкил медиҳад. Бо назардошти он, ки шаҳрванд соле аз суратҳисоби худ 500 сомонӣ мегирад, андозаи маблаѓро пас аз 1,2,3,4,5 сол муайян намоед.
    10. Бонкҳои Ориёнбонк ва Агроинвестбонк аз мизоҷон ба мӯҳлати 6 сол , маблаѓи 40000 сомониро бо 12%-и солона, амонат қабул менамоянд. Мувофиқи шартнома пардохти фоизро Ориёнбонк соле 3 маротиба ва Агроинвестбонк соле 4 маротиба ба амал меорад. Дар кадоме аз ин бонкҳо маблаѓи амонат бештар мешавад?
    11. Шаҳванд кадом маблаѓро бояд ба бонк амонат гузорад, ки пас аз 10 сол соҳиби 30000 сомонӣ гардад? Фоизи солона 8% – ро ташкил медиҳад.
    12. Шаҳрванд аз бонк 25000 сомонӣ қарз гирифт. Фоизи солона 4%-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи шартнома ӯ бояд соле 6000 сомонӣ ба бонк баргардонад. Шаҳрванд пас аз чанд сол қарзашро ба пуррагӣ бозмегардонад?
    13. Дар Excel муодилаҳои квадратии зеринро ҳал кунед:

2-3х+4=0,

2-3х+12=0,

2-7х+14=0,

х2+6х+5=0,

х2+6х-14=0.

    1. Системаи муодилаҳои зеринро ҳал кунед:

2х+у=7

х-3у=4

3х+5у=4

7х-3у=24

x+2y+3z=-7

2x+y+2z=-2

3x+2y+z=3

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.