Аҳамияти демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва созишномаҳои бисёрҷонибаи иҷтимоию меҳнатӣ

 

Барои таъмини бехатарии иҷтимоии кишвар демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти хоса дорад, зеро рушди демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ва бехатарии иҷтимоӣ байни худ пайвастагии зич доранд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ», ки 1 декабри соли 1999 ба имзо расида буд, чунин самтҳои асосии демократикунонӣ дар мамлакат махсусан қайд карда шуда буданд – демократикунониии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоят дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ.

Дар Фармони хеш Президенти мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов зикр намуд, ки мо аз ибтидо роҳи бунёди давлати озоди демократиро ихтиёр кардем. Бо ҳамин раванд мо давлатамонро пеш бурда, онро таҳким мебахшем. Бояд зикр намуд, ки мавзӯи демократия барои миллати тоҷик мавзӯи нав нест. Масъалаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳуқуқи башар, бахусус мавзӯҳои адлу инсоф, баробарҳуқуқии афроди ҷомеа, идораи одилонаи корҳои ҷамъиятӣ унсурҳои демократия мебошанд, ки ҳанӯз аз эъломияи Куруши Кабир ибтидо гирифта, баъдан дар асарҳои мутафаккирони халқи тоҷик Абуҳанифа, Абунасри Форобӣ, Абу Алӣ ибни Сино, Низомулмулки Тӯсӣ, Насриддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш возеҳу равшан баён шуда буданд.

Бинобар ин бо қатъият метавонем изҳор кунем, ки анъанаҳои демократия ба халқи мо бегона набуда, балки хоси моҳияти зиндагиаш буданд. Таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, кафолати ҳуқуқии иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи таҳсил, эҷод, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, моликият ва мерос, ташкил ва ҳифзи оила, меҳнат, манзил, истироҳат, дастрасии баробар ба арзишҳои фарҳангӣ заминаи боэътимоди таъмини демократикунонии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошанд.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» зарурати бастани Созишномаи генералии муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро ба миён овард, ки он барои бастани созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ чун асос истифода мешавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008», ки 2 декабри соли 2005, № 454 қабул шудааст, марҳилаи нави демократикунонии ҳаёти ҷомеа дар ҷумҳурӣ мебошад.

Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, аз ҷониби ҳайати Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар ҳайати Комиссияе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, инҳо шомиланд: Раиси комиссия Оқилов О.Ғ. – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар аъзо, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 7 нафар, аз Корфармоён – 7 нафар аъзо мебошанд.

Созишномаи генералӣ барои солҳои 2006-2008 бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътироф намудани ташаккули бозори меҳнати маътуф, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории наву амалкунанда, таъмини пурраи шуғли захираҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ҳамчун омилҳои рушди иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, эътироф намудани музди меҳнат барои аксарияти мутлақи кормандон чун яке аз манбаъҳои даромади оила ва ба манзури ҳарчи бештар таъмин намудани кормандон бо чораҳое, ки дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур ки дар чунин ҳайати бонуфузи тарафҳо – давлатию ғайридавлатӣ баста шудааст, дар масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии зайл тавофуқи тарафҳоро ҳосил намуд:

I. Дар бахши сиёсати иқтисодӣ

  1. Тарафҳо дар доираи ваколатҳои худ таъмин ва татбиқи чорабиниҳои зеринро зарур шумориданд:

1)Таъмини афзоиши ҳарсолаи истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2006-2008;

  1. Андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати боздоштани коҳиши истеҳсолот ва сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба даст овардани суръати афзоиши солонаи миёнаи истеҳсолот;

3) Таҳия ва қабули шартҳои мушаххаси стратегияи рушди иқтисодии кишвар, ки иқдомоти зайлро пешбинӣ менамояд:

– таъмини ҳарчи бештари шуғли аҳолӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ;

    • то ҳадди ақали имконпазир паст кардани сатҳи бекории воқеӣ;
    • андешидани маҷмӯи тадбирҳо, ки ба ҳавасмандгардонии маблағҳои пулии озоди аҳолӣ ҷиҳати сармоягузории фаъолияти истеҳсолӣ мусоидат мекунанд;
    • таҷдиди сиёсати молиявӣ ҷиҳати тақвияти мусоидат ба рушди бахши воқеӣ, хусусан саноатии иқтисодиёт;
    • ҷалб намудани захираҳои табиӣ барои суръат бахшидан ба рушди саноат ва ташаккули инфраструктураи муносиб;
    • ба даст овардани суръати афзоиши истеҳсолии пурмаҳсули меҳнати ҷамъиятӣ ва сармоягузорӣ;

4) Ноил шудан ба ташкили сиёсати буҷетӣ, ки ба рушди иқтисодиёти саноатию кишоварзӣ ва тақсимоти самараноки маблағҳои беҷетӣ дар доираи афзалиятҳои ба таври амиқ муқараршуда мусоидат менамоянд.

5) Бо роҳи мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмин кардан бо маводи хоми маҳаллӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони ватание, ки бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин намуда, ҷойҳои кории нав ташкил мекунанд.

6) Маблағгузорӣ ва тақсимоти самараноки захираҳои молию пулӣ барои мунтазам баробар намудани сатҳи иқтисодию иҷтимоии рушди минтақаҳои кишвар.

7) Ҳукумат идомаи иқдомотро дар робита ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатии пулию қарзии пешбиникунанда чораҳои зайлро мешуморад:

    • мусоидат ба густариши системаи қарзгузории хурд ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд ва миёна;
    • таъмини суботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар;
    • таъмини шаффофияти буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо ва фондҳои ғайрибуҷетӣ;
    • фароҳам намудани шароити баробар барои рақобати ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ;
    • дарёфти суботи молиявӣ, нигаҳдории қобилияти харидории арзи миллӣ ва роҳ надодан ба беқурбшавии мавриди интизор;
    • ташкили бозори қоғазҳои қимматнок ва ташаккули бозорҳои суғуртавие, ки ба талаботи бозори озод ҷавобгӯ мебошанд;
    • таҳия ва қабули тадбирҳои самаранок ҷиҳати бартараф намудани қарзҳо;
    • коҳиши зиёноварии корхонаҳо ва камбуди сармояҳои гардон;

8) Таҳия ва амалӣ намудани сиёсати саноатӣ, ки андешидани чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

    • барқарор намудани иқтидорҳои саноатӣ, дастгирии соҳаҳои нисбатан афзалиятнок ва истеҳсолот, инчунин корхонаҳои қобилияти коридошта, ки ба талаботи бозори дохилӣ ҷавобгӯ ва барои рушди иқтисодиёт заминагузор мебошанд;
    • фароҳам намудани фазои мӯътадили сармоягузорӣ барои тезонидани рушди саноати ватанӣ;
    • зиёд намудани сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ;

9) Андешидани тадбирҳои зайл ҷиҳати тағйир додани сиёсати иҷтимоӣ дар деҳот:

    • паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути афзоиши шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани даромадҳои аҳолии деҳот, рушди инфраструктура ва намудҳои фаъолияти алтернативӣ;
    • пӯшонидани қарзҳои пайдошудаи музди меҳнат, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои бо онҳо баробар;
    • андешидани тадбирҳо оид ба фарогирии ҳамаи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба суғуртаи иҷтимоӣ;
    • сохтмони коргоҳҳои хурд ва корхонаҳои коркарди соҳаи саноат;
    • гузаронидани ташхиси ҳуқуқии асоснокии муқаррароти шартномаҳое, ки аз тарафи фючеристон бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таҳмил шудаанд.

10) Бо мақсади тезонидани рушди иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳарчӣ бештар пурра истифода бурдани имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани саҳми ин бахш дар афзоиши буҷети давлатӣ тарафҳо чораҳои зайл меандешанд:

    • ҷорӣ намудани механизми кафолати давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолияти озодонаи субъектҳои соҳибкории хурду миёна;
    • муҳайё намудани механизмҳои самарабахши дастгирии молиявию қарзӣ ва суғуртакунии соҳибкории хурд;
    • пешгирӣ намудани тафтишҳои беасос ва мудохилаи мақомоту хадамоти гуногун ба фаъолияти субъектҳои хоҷагӣ, аз ҷумла ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна;
    • фароҳам намудани шароити муносиб ҷиҳати додани қарзҳои хурд ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;

II. Рушди бозори меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

  1. Тарафҳо зарур мешуморанд:
    1. Ҷиҳати таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва аз ҷараёни иҷрои ин барномаҳо ба комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ маълумот додан, тадбирҳо андешанд.
    2. Бо мақсади ба низом даровардани бозори меҳнат оид ба тезонидани иҷрои чораҳое, ки дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия ва шаҳвардони Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешбинӣ шудаанд, тадбирҳо андешанд.
    3. Бозори муносиби меҳнатро, ки метавонад теъдоди муайяни бекоронро қисман бо кор таъмин намоянд, ташкил диҳанд.
    4. Ба рушди меҳнати хонагӣ, косибӣ ва намудҳои дигари худиштиғол дар минтақаҳои захираҳои меҳнатиашон зиёд мусоидат намоянд.
    5. Ҷиҳати ба талаботи иқтисодиёт ва бозори меҳнати Федератсияи Россия мутобиқ намудани системаи тарбияи кадрҳои коргарӣ оид ба талабот ба қувваи корӣ мониторинг гузаронанд.
    6. Ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва вобаста намудани онҳо дар ҷойҳои корӣ чорабиниҳо таҳия намоянд.
    7. Барои татбиқи механизми муваққатан ба кор таъминкунии наврасон ва ҷавонон ва инчунин ташкили корҳои ҷамъиятии музднок тадбирҳо андешанд.
    8. Ҳар сол дар буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини саривақтӣ ва пардохти пурраи кӯмакпулии бекорӣ ба шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиботи муқарраршуда бекор дониста шудаанд, маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намоянд.

III. Пардохти музди меҳнат, даромадҳо, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ

  1. Тарафҳо зарур мешуморанд.
    1. Таносуби фонди музди меҳнатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз нав баррасӣ намоянд.
    2. Ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендия пешбинӣ карда шавад.
    3. Ҷиҳати татбиқи моддаи 108 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шаванд.

IV. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

  1. Тарафҳо зарур мешуморанд:
    1. Барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» тадбирҳои зерин андешанд:
    • тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳам дар ташкилоту корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар корхонаҳои хориҷии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта кор мекунанд, бо маҷмӯи чораҳои дар системаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пешбинишуда фаро гиранд;
    • ба риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба интиқоли ҳатмӣ ва саривақтии андозҳои иҷтимоӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармоён муваффақ шаванд;
    • тавассути гузаронидани ислоҳоти самараноки системаи нафақа сатҳи таъминоти нафақаи шаҳрвандонро такмил диҳанд;
    1. Таҳия ва тибқи тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани таклифҳо оид ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ.
    2. Ҷиҳати дастгирӣ ва таъминоти моддии хонаҳои кӯдакон, мактаб-интернатҳо, хонаҳои маъюбон ва куҳансолон, инчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо додани имтиёзҳо ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус чораҳои мушаххас таҳия ва татбиқ карда шаванд.
    3. Таъмини иштироки намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён, иттиҳодияҳои касаба ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи маблағҳои суғурта.
    4. Сари вақт ва дар ҳаҷми пурра маблағгузориҳои зерин анҷом дода шаванд:
    • чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон оид ба ҳиссагузорӣ дар нигоҳ доштани санаторияю профилакторияҳо, лагерҳои табобатӣ, қисман нигаҳдории ҳайати кормандони мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон;
    • чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
    • пардохти ҷубронпулӣ бар ивази роҳхатҳои истифоданашуда барои табобати санаторию курортии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.
    1. Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи маблағҳои ҷудошуда:
    • муассисаҳои санаторию курортӣ, истироҳатӣ ва лагерҳои табобатиро барои қабули заҳматкашон, аъзои оилаи онҳо ва кӯдакону наврасон сари вақт ва босифат омода намуда, истироҳату табобати онҳоро ташкил менамояд;
    • дар осоишгоҳҳою фароғатгоҳҳои тобеи иттифоқҳои касаба барои маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳуҷраҳои махсус омода менамоянд;
    • ба кӯдакони ятиму ниёзманди пуштибонии иҷтимоӣ барои истироҳат дар лагерҳои табобатии беруназшаҳрӣ ба миқдори муайян роҳхатҳои ройгон ва имтиёзнок ҷудо менамоянд;
    • дар байни заҳматкашон корҳои оммавии тарбияи ҷисмониро ташкил менамоянд.
    1. Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва ташкилоти ҳамузви он ба корҳои зерин мувофиқи қонунгузории амалкунанда назорати ҷамъиятӣ мебаранд:
    • риоя намудани мӯҳлати пардохти музди меҳнат, рухсатиҳо ва кӯмакпулиҳо дар доираи системаи суғуртаи иҷтимоӣ;
    • ҷуброни зарари дар истеҳсолот ба саломатӣ зиён оварда ва ҷуброн барои шароити кор.

V. Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, муҳофизати меҳнат ва бехатарии муҳити зист

  1. Тарафҳо зарур мешуморанд:
  2. Оид ба бехатарии меҳнат чорабиниҳои зерин таҳия ва татбиқ карда шаванд:
    • таъмини кормандон бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ ва дастҷамъӣ;
    • ташкили маишати муносиб ва шароити беҳдоштию вогирии меҳнат;
    • тарбияи кадрҳои соҳаи бехатарии меҳнат.
  3. Таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии меҳнат».
  4. Таҳия ва тасдиқи номгӯи истеҳсолот, ихтисос ва вазифаҳое, ки фаъолият дар онҳо ҳуқуқи гирифтани хӯроки табобатии пешгирии касалӣ, вояи хӯрок ва қоидаи додани онҳоро доранд ва инчунин номгӯи омилҳои зараровари истеҳсолӣ ва корҳо, ки ҳангоми иҷрои онҳо мунтазам муоинаи тиббии пешакӣ гузаронида мешаванд, тартиб ва давраи гузаронидани онҳо.
  5. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати тасдиқи Конвенсияи №81 Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ) аз соли 1947 «Дар бораи нозирони меҳнат» ва Протоколи соли 1995-и ҳамин Конвенсия аз Конвенсияи №155 ТБМ аз соли 1981 «Дар бораи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат».
  6. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии экологӣ, ки ба воситаи амалӣ намудани чораҳои зайл зарур мебошанд:
    • роҳ надодан ба бароҳандозии иншоотҳои нав ва таҷдидшудае, ки таҷҳизоти пешгиркунандаи ифлосшавӣ ва таъсиррасонӣ ба об надоранд;
    • таъмини истифодаи нормативии нуриҳо ва заҳрҳои кимиёвӣ;
    • таъсис ва барқарорсозии лабораторияҳои идории назорати сифати об;
    • дар шаҳрҳо ва маҳалҳои калони аҳолинишин таҷдид намудани иншооти обу корези амалкунанда ва дар ҷойҳои зарурӣ сохтмони ин гуна иншоот;
    • андешидани тадбирҳо ҷиҳати роҳ надодан ба партови обҳои ҷории ифлос ба иншооти обӣ ва муҳити табиат.
  7. Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ ба риояи меъёру қоидаҳои бехатарӣ чунин тадбирҳо меандешанд:
    • таъмини бехатарии шароити кор, баланд бардоштани ҳимояи ҳуқуқии кормандони кироя, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон;
    • ҷорикунии минбаъдаи низоми назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани нақши ваколатдорони ҷамъиятии бехатарии меҳнат ва такмили фаъолияти онҳо;
    • такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи дохилии иттифоқҳои касаба дар робита ба назорати ҷамъиятӣ дар самти риояи қонунгузории меҳнат ва бехатарии меҳнат;
    • такмили тарзу усулҳои омӯзиши нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқҳои касаба.

VI. Шарикии иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти тарафҳо

  1. Тарафҳо зарур мешуморанд:
    1. Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ва Созишномаи мазкур:
    • ҷиҳати амалӣ гардонидани тавофуқоти ба дастомадаи ҳамин Созишнома тадбирҳо андешанд;
    • бо мақсади рушди шарикии иҷтимоӣ ба фаъол гаштани фаъолияти комиссияҳои сетарафаи ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ ҷиҳати иштирок дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои худ мусоидат намоянд;
    • мубодилаи таҷрибаи кориро дар бораи муваффақиятҳои ба дастовардаи комиссияҳои сетарафа миёни соҳаҳо ва минтақаҳои гуногун ташкил намоянд;
    • ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷумҳуриявии корфармоён мусоидат намоянд.
    1. Барои тақвият додани ҳамкории иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро барои баррасӣ ва тарҳрезии мавқеи муштарак ба мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён ва инчунин комиссияи сетарафа ирсол менамоянд.
    2. Тарафҳо ба мақомоту воҳидҳои сохтории худ тавсия медиҳанд, ки ҳангоми бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррароти зайлро дохил намоянд ва ба назар гиранд:
    • таъмини пардохти ҳармоҳаи музди меҳнат;
    • мусоидат барои ба кор таъмин намудан ё аз нав омӯзонидани кормандоне, ки аз кор озод мешаванд;
    • ба афзудани ихтисори шумора ё штат аз ҳисоби занҳои танҳое, ки кӯдаки ноболиғ доранд, ба истиснои вайронкунандагони интизоми меҳнатию истеҳсолӣ, роҳ намедиҳанд;
    • муқаррар намудани кафолат ба кормандоне, ки аз сабаби интихоб шудани онҳо дар вазифаи интихобӣ дар ташкилотҳои иттифоқҳои касаба аз кори асосиашон озод шуда буданд ва баъд аз анҷом додани ваколаташон дар мақомоти интихобӣ ба ин кормандон додани кори собиқ ё кори баробарарзиш.
    1. Ҳангоми аз ҷониби яке аз тарафҳои иҷро накардани аҳду паймони комёбшуда, тарафи дигар ҳуқуқ дорад, барои қабули тадбирҳо оид ба амалӣ гардидани ӯҳдадориҳои қабулшуда даъвати комиссияи сетарафаро тақозо намояд.
    2. Созишномаи генералӣ барои бастани созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонад чун асос истифода гардад.
    3. Дар мӯҳлати як моҳи баъди ба имзо расидани Созишномаи генералӣ Тарафҳо нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардидани ин ӯҳдадориҳоро таҳия намуда, барои тасдиқ ба комиссияи сетарафа пешниҳод менамоянд.
    4. Дар давоми мӯҳлати амали Созишнома Тарафҳо тамоми тадбирҳоеро, ки аз онҳо вобаста аст, ба хотири амалӣ гардидани ӯҳдадориҳои қабулкардаи худ меандешанд.

Чунин созишномабандии бисёртарафаи иҷтимоию меҳнатӣ байни Ҳукумат, иттиҳодияҳои корфармоён ва иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад. Ин иқдом барои таъмини бехатарии иҷтимоӣ заминаи хубе мебошад.

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 202 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тартиби амали системаи шарикии иҷтимоиро ҳамчун муҳимтарин шакли танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқаманди иқтисодӣ, ки ба таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ ва ризоияти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад, муайян менамояд.

0 Загрузки
test

Добавить комментарий