Рушди иҷтимоӣ дар барномаҳои давлатии дарозмуддат

 

Мунтазам баланд бардоштани сифату сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, муваффақ шудан ба баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, дастраси умум будани неъматҳои асосии иҷтимоӣ, ки аз сиёсати  дарозмуддати иҷтимоии давлат бармеоянд,  дар Барномаи давлатии рушди иқтисодиёт дар давраи то  соли 2015  пешбинӣ гардидааст. Дар  ҷараёни татбиқи Барнома иҷрои вазифаҳои зерин муайян шудааст:

  • таъмини афзоиши даромадҳои пулии аҳолӣ бо роҳи тағйир додани ҳавасмандии муҳоҷирати меҳнатӣ, кам шудани фарқияти онҳо, барқарор намудани нақши маош ҳамчун омили асосии такрористеҳсоли қувваи корӣ;
  • беҳсозии таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти нафақа;
  • тақвият додани низоми ҳифзи иҷтимоии мақсадноки шаҳрвандони камбизоат ва аҳли оилаи онҳо бо роҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва кӯмаки моддӣ бо мақсади ҷуброни талафот вобаста ба баландшавии нархҳо ва тарифҳо;
  • давра ба давра кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;
  • таъмини дастраси умум будан ва сифати хуб доштани неъматҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, иҷтимоӣ;
  • беҳтар намудани вазъи демографӣ бо роҳи андешидани чорабиниҳо оид ба танзими таваллуд, беҳсозии нишондиҳандаҳои сифатии аҳолӣ, паст кардани сатҳи фавт, афзун намудани давомнокии умр;
  • барқарорсозии низоми тадбирҳои тиббию иҷтимоии он гурӯҳҳои аҳолие, ки дар шароити маргиналии зист, яъне дурдаст аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ, қарор доранд;
  • баланд бардоштани сифати иқтидори меҳнатии аҳолии машғули кор, тахассуси кормандон бо роҳи ташкили хадамоти самараноки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
  • кам кардани зарурати муҳоҷирати аҳолии деҳот бо роҳи ташкили корхонаҳои хурди коркарди саноатӣ, рушди босуръати соҳаи хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои меҳнатталаб, ташкили ҷойҳои нави кор  дар доирае, ки талаботи аҳолиро бо фаъолияти меҳнатӣ қонеъ гардонида тавонад.
  • Дар натиҷаи татбиқи маҷмӯи тадбирҳои мазкур дар солҳои 2001-2015 нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ бояд хеле беҳтар шаванд: истеҳсоли ММД ба ҳар сари аҳолӣ 3,1 маротиба меафзояд; шуғли аҳолӣ аз 54,8 % то 71,0% зиёд мешавад; давомнокии умр аз 68,4 то 70,2 сол афзуда, сатҳи бекории воқеӣ аз 25,2 % то 9,0 % ва сатҳи камбизоатӣ аз 83% то 11% кам мешавад (ҷадвали 8.11).

      Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.        Дар самти  шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ аз рӯйи дурнамои дарозмуддати тараққиёт сиёсати фаъоли  шуғл гузаронида шуда, дар минтақаҳои дорои захираҳои фаровони меҳнатӣ ҷойҳои нави кор ташкил карда мешаванд.

Ҷадвали  8.11.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нишондиҳандаҳо Солҳо
2000 2005 2010 2015
ММД ба ҳар сари аҳолӣ,  бо сомонӣ 292,2 420,1 617,4 915,7
Шуғли аҳолӣ бо фоиз 54,8 59,7 65,1 71,0
Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ  бо % 68,8 92,5 95,4 98,6
Давомнокии умри аҳолӣ  бо сол 68,4 68,9 69,2 70,2
Сатҳи воқеии бекорӣ бо % 24,2 20,3 14,9 9,0
Сатҳи камбизоатии аҳолӣ бо % 83,5 53,4 34,6 11,6

 

Маъхаз:  Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон      дар давраи то соли 2015, саҳ. 73

 

         Бинобар ин фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат аз чунин самтҳои бартаридошта  иборат хоҳанд буд:

ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ тадриҷан мутобиқ гардонидани қонунгузории меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерқонунию меъёрии ҷумҳурӣ;

пурзӯр намудани ҳифзи воқеии ҳуқуқҳои асосии меҳнатию иҷтимоии кормандон;

баланд бардоштани нақши шартномаҳои инфиродиву дастаҷамъӣ дар танзими масъалаҳои пардохт ва шароити меҳнат;

тадриҷан ба сатҳи ҳадди ақали зист наздик кардани музди меҳнати ҳадди ақал;

андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба барқарорсозии тартиби  ҳавасмандсозии тавассути маош, баланд бардоштани ҳиссаи он дар арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромадҳои пулии аҳолӣ;

ташкили шароитҳое, ки саривақт додани маошро таъмин мекунанд ва дар оянда ба пайдошавии қарзҳои нав роҳ намедиҳанд;

андешидан ва татбиқи маҷмӯи тадбирҳои беҳтар намудани шароиту ҳифзи меҳнат, роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, паст кардани маҷрӯҳшавии истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ.

Дар оянда ҷиҳати афзун намудани ҳиссаи музди меҳнат дар ҳаҷми умумии даромадҳои аҳолӣ аз 49,1 %  соли 2000 то 75,0 % дар соли 2015, дар ММД бошад, мутаносибан аз 27,0 то 45 % расонидани он  тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо назардошти тадбирҳои амалишаванда доир ба кори баланд бардоштани музди меҳнат, нафақаю кӯмакпулиҳо, сиёсати иҷтимоии фаъоли дорои майлони баланд кардани сатҳи  зиндагӣ, истеъмолоти ниҳоии хоҷагиҳо дар ҳаҷми ММД то соли 2015 дар муқоиса бо 66,3 фоизи соли 2000-ум бештар аз 82%-ро ташкил  мекунад, ба амал бароварда мешавад. Таркиби  истеъмолоти ниҳоӣ хеле беҳтар  шуда, ҳиссаи хароҷотҳои хариди молу хизматрасониҳо дар соли 2015 аз 56,3% соли 2000 то ба 78,6% мерасад.

 

Дар самти таъмини шуғли захираҳои меҳнатӣ  сиёсати давлатӣ дар давраи ояндабинии дарозмуддат ба татбиқи чунин чораҳо равон карда шудаанд:

  • Ҳавасмандсозии ташкили ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди бозори меҳнат;
  • рушди афзалиятноки соҳаҳои меҳнатталаби саноат, пеш аз ҳама комплекси бофандагӣ, соҳаҳои хизматрасонии пулакиву ҳунарҳои бадеии халқ;
  • рушди соҳаи кишоварзӣ, дар деҳот бунёд кардани корхонаҳои хурду миёнаи коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, ташкили шароит барои рушди кооператсияи ҳунармандӣ, меҳнати хонагӣ;
  • ташкили шароит барои ҳар чӣ зудтар ривоҷ ёфтани худфаъолиятии захираҳои меҳнатӣ, таҳияю татбиқи омилҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
  • танзими давлатии муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ бо назардошти манфиатҳои аввалиндараҷаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, татбиқи тадбирҳои амалӣ оид ба афзун намудани воридоти асъорӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади истифодаи қисме аз ин даромадҳо барои ташкили ҷойҳои нави кор.

Ин тадбирҳо барои ба истеҳсолот ҷалб намудани захираҳои озоди меҳнатӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо мусоидат хоҳанд кард. Ҳиссаи қиёсии бо кор таъминбудагон дар шумораи умумии захираҳои меҳнатӣ аз 54,8 % соли 2000 дар соли 2015 то 71 % меафзояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.