Сатҳи камбизоатӣ
Сатҳи баланди камбизоатӣ дар кишвар, ки чун натиҷаи ҷараёни гузариш ва ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, яке аз проблемаҳои мубрами мамлакат, омили номӯътадилсозии иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 ҳиссаи аҳолии камбизоат 83,5 %-ро ташкил менамуд. Аз рӯйи маълумотҳои ниҳоӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 292,2 сомонӣ ё 159,6 долл. ИМА-ро ташкил кардааст. Арзёбии сатҳи камбизоатие, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ доир гардид, маълум намуд, ки соли 2003 ҳиссаи камбизоатӣ (аҳолие, ки дар як рӯз бо маблағи камтар аз 2,15 доллар зиндагӣ мекунад) то 64% паст фуромадааст. Ҳиссаи аҳолие, ки дар як рӯз бо маблағи камтар аз 1,08 доллар рӯз мегузаронад, низ аз 36% то 18% кам гаштааст1).
Вале, ҳоло чунин аст, ки сатҳи баланди нобаробарии даромадҳо ҳамоно нигоҳ дошта мешавад. Дараҷаи истеъмоли гурӯҳҳои бойи аҳолӣ нисбат ба гурӯҳҳои камбизоат якчанд маротиба баланд аст. Бахусус шумораи __________
1) Иқтисодиёти Тоҷикистон: стратегияи тараққиёт, с.2006,№ 1, саҳ. 65.
зиёди занони танҳою кӯдаконе, ки дар ҳолати қашшоқӣ умр
ба сар мебаранд, ташвишовар аст.
Оқибатҳои манфии камбизоатӣ дар инҳо зоҳир мегарданд:
— паст шудани сатҳи мутлақи истеъмол ва бад шудани сохтори он, ки дар кам шудани истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, қанд, масрафшавии даромади аҳолӣ асосан барои хариди маводи ғизо ифода меёбад;
- афзудани муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ ба кишварҳои дигар. Қисми зиёди қувваи корӣ дар синну соли беҳтарини қобили меҳнат барои ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур сафар мекунанд;
- баланд шудани сатҳи бекорӣ. Аз рӯйи маълумоти ғайрирасмӣ аз 24 то 30% аҳолии қобили меҳнат бекоранд.
Ҷадвали 8.1.
Истифодаи ҷамъи даромади аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(аз рӯйи маълумоти тадқиқоти интихобии хонаводаҳо, моҳе ба як аъзои хонавода)
2000 | 2004 | |||
бо сомонӣ | ба ҳи-соби % | бо сомонӣ | ба ҳи-соби % | |
Ҳамагӣ | 17,41 | 100 | 42,60 | 100 |
аз он ҷумла: | ||||
а) Хароҷоти истеъмолӣ1 | 16,39 | 94,1 | 39,03 | 91,6 |
аз он ҷумла: | ||||
— барои хариди хӯрокворӣ | 14,18 | 86,5 | 28,61 | 73,3 |
— барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа | 1,68 | 10,3 | 7,00 | 17,9 |
— барои хариди машрубот | 0,04 | 0,2 | 0,10 | 0,3 |
— барои пардохти хизмати шахсӣ | 0,49 | 3,0 | 3,32 | 8,5 |
б) Андозҳо, пардохтҳо | 1,02 | 5,9 | 3,57 | 8,4 |
1) Хароҷоти истеъмолӣ якҷоя бо воридоти натуралӣ
Маъхаз: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2005, саҳ 93
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи даромадҳои аҳолӣ паст буда, дар айни ҳол дар сохтори хароҷотҳои истеъмолии аҳолӣ дар солҳои 2000-2004 тағйиротҳои назаррас ба миён омаданд. Чунончӣ, ҳиссаи хароҷот барои хариди хӯрокворӣ аз 86,5% ба 73,3% фуромадааст, ҳиссаи хароҷот барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа, баръакс, аз 10,3% то 17,9% баланд гардидааст, ки ин зуҳуроти мусбӣ мебошад. Дар ин давра ҳиссаи хароҷотҳо барои пардохти хизмати шахсӣ (аз 3% то 8,5%) ва ҳиссаи дигар пардохтҳо ва андозҳо низ баланд гаштааст- аз 5,9% то 8,4% (ҷадвали 8.1.)
Самтҳои асосии паст кардани камбизоатӣ, ки дар барномаи дарозмуддати тараққиёти кишвар асоснок шудаанд, инҳо мебошанд:
- зиёд кардани шумораи ҷойҳои кор ва дараҷаи шуғлнокии аҳолии қобили меҳнат;
- беҳтар намудани фаъолияти хадамоти шуғл ва таъминоти молиявии он;
- афзоиши даромадҳои буҷет ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва кӯмакпулиҳо;
- баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии захираҳои меҳнатӣ;
- паст кардани фарқият аз рӯйи даромади гурӯҳҳои аҳолӣ;
- ташкили механизми дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, рушди кӯмаки иҷтимоии мақсаднок;
- рушди соҳибкории хурд;
- танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ;
- баланд бардоштани ҳадди ақали маош ба маблағи ба сабади истеъмолӣ мувофиқаткунанда;
- пурзӯр намудани мубориза бо ришвахӯрӣ;
- тадриҷан қонунигардонии иқтисодиёти ниҳонӣ, ташаккули системаи пурсамари идорӣ.
Ҷадвали 8.2.
Даромад ва хароҷоти пулии аҳолӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишондиҳандаҳо | с.2000 | с.2004 |
Даромад – ҳамагӣ, ҳаз. сомонӣ | 1004636 | 3088454,9 |
ба ҳар нафар аҳолӣ дар як сол, сомонӣ | 162,3 | 460,6 |
Хароҷот ва пасандоз — ҳамагӣ, ҳаз. сомонӣ | 909938,6 | 2865193,6 |
аз он ҷумла: | ||
— барои хариди мол ва пардохти пули хизматрасонӣ, ҳаз. сомонӣ | 610236,4 | 2205268,0 |
пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар андозҳою пардохтҳо, ҳаз. сомонӣ | 102553,0 | 436269,4 |
афзоиши пасандозҳо ва қоғазҳои қиматнок, ҳаз. сомонӣ | 2554,4 | 28823,0 |
Маъхаз: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005, саҳ. 100
Нишондиҳандаҳои ҷадвали 8.2. дар бораи афзоиши бемайлони даромади пулии аҳолӣ — дар давоми солҳои 2000-2004 зиёда аз 3 маротиба ва зиёдшавии хароҷоти он бахусус барои хариди мол ва пардохти хизматрасонии пулакӣ баръало ба чашм мерасад.
-
- Бартариятҳои сиёсати иҷтимоии давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини бехатарии иҷтимоии мамлакат дар асоси татбиқи сиёсати мутавозини иҷтимоии давлат доир мегардад.
Дар Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳуҷҷати муҳимтарин — «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2007 – 2015-ум таҳия шудааст. Дар консепсияи ин ҳуҷҷат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тахия гашта, онро Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намудааст, чун ҳадафи миллӣ таҳкими суботи сиёсӣ, ноил шудан ба некӯаҳволии иқтисодӣ ва осудаҳолии иҷтимоии мардуми Тоҷикистон дар шароити ҳукмронии принсипи озодӣ, зиндагии арзанда ва имкониятҳои баробар барои доир намудани иқтидору имкониятҳои ҳар як инсон пешбарӣ шудаанд.
Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Давлат ҳадафи зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишварро пеш гирифта, ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаёти иҷтимоиро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ қарор додааст. Аз ин лиҳоз дар давоми чанд соли охир барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат ва ғайра тақрибан нисфи буҷети давлатӣ мунтазам сафарбар карда мешавад. Масалан, агар соли 2001 барои соҳаҳои иҷтимоӣ 39 фоизи буҷет сарф шуда бошад, дар соли 2006 – ум 50 фоизи буҷет пешбинӣ шудааст (ба маблағи мутаносибан 148 млн. сомонӣ ва 750 млн. сомонӣ)
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006) омадааст, ки дар панҷ соли охир аз Фонди захиравии Президент барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат 70 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 85 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ рост меояд. Дар ин давра музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакрасониҳои гуногун ба ҳисоби миёна се баробар афзудааст. Аз рӯйи гуфтаҳои мӯҳтарам Президент дар солҳои минбаъда низ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалияти бештар дода шуда, дар буҷети давлатӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла тибқи барномаҳо доир ба такмили сохтори музди меҳнати кормандони онҳо пешбинӣ хоҳад шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели с. 2006 № 1735 «Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида», ки тибқи он аз 1 майи соли 2006 барои 5947 нафар собиқадорон, аз ҷумла 3647 нафар маъюбони ҶБВ, 2092 нафар иштирокчии ҶБВ, 202 нафар оилаи шаҳидони ин ҷанг, ки дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба нафақаи ҳармоҳашон 100 сомонӣ нафақаи президентӣ илова мешавад. Дар Фармон омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда барои ин мақсад маблағҳои зарурӣ пешбинӣ менамояд.
Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 таҳти рақами 1716 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи он аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд мегардад.
Бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодии давлат, — самимона иброз намудааст Президент, — мо мунтазам дар бобати зиёд намудани маоши ҳадди ақал, нафақа ва кӯмакпулиҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Консепсияи музди меҳнат, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ таҳия мешавад, ба танзими масъалаҳои музди меҳнат ва баланд бардоштани қобилияти харидории шаҳрвандон равона карда шудааст, татбиқи худро марҳила ба марҳила дар ду давра – дар солҳои 2006-2009 ва 2010-2015 пешбинӣ менамояд.
Давлат дар сиёсати иҷтимоии хеш нисбати ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии иҷтимоии онҳо ғамхории мунтазам зоҳир менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол барои пардохти зиёда аз 20 намуди кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд аз ҳисоби буҷети давлатӣ 40 млн. сомонӣ ҷудо мекунад.
Консепсияи нави ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло таҳия менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои солҳои наздик пешбинӣ менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ки соли 2003 қабул шуда буд, барои таҳия ва давра ба давра ба амал баровардани барномаҳои мушаххаси мусоидат ба шуғли аҳолӣ асос гузошт. Умуман дар давраи солҳои 1992-2005 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи шӯғли аҳолӣ 12 барнома таҳия ва татбиқ гашта, дар доираи онҳо 800 ҳазор ҷои корӣ ташкил карда шуданд. Омили мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва пайдоиши даромад, махсусан дар деҳот, бо супориши Президент ба деҳқонон ҷудо намудани 75 ҳазор га замин мебошад.
Бо супориши Президент Нақшаи дарозмуддати таъсиси ҷойҳои корӣ, Консепсияи шуғли аҳолӣ барои солҳои 2007-2015 ва Барномаи миллии дастгирӣ ва густариши соҳибкории хурду миёна, ки таҳияи он ба зиммаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст, ба такмили сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дар дохили кишвар ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат равона мешавад. Барномаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2006-2010 ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷа муваққатан кор мекунанд, танзими рафтуомади онҳо, пойдор намудани қонуният дар раванди муҳоҷират равона карда шудааст. Гузашта аз ин байни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия имзо шудани созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандон, барои танзими муҳоҷирати меҳнатии чӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия ва чӣ шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон имконияти нав фароҳам меорад.
Бояд зикр намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати самараи моддию иқтисодӣ ба омили мусбӣ мубаддал мегардад. Гарчанде фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа бо сабабҳои объективию субъективии мавҷуда дар шароити чандон душвор сурат мегирад, аммо барои ҳалли муаммоҳои иҷтимоии кишвар чун омили муҳим хизмат мекунад. Маблағи даромади пулии дар ҷараёни муҳоҷироти меҳнатӣ дарёфтшуда бо арзи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад. Ин даромад, ки ҳоло маблағи калонро ташкил медиҳад, солҳои охир бештар тавассути хизматрасонии бонкӣ ба ҷумҳурӣ интиқол шуда, барои таъмини моддии оилаҳои шаҳрвандони кишвар кӯмаки назаррас шуда истодааст. Маълум аст, ки на ҳамаи дарромади бадастовардаи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар тавассути бонкҳо интиқол мегардад, аммо он чи ки тавассути бонкҳо ворид мешавад, маблағи кам нест. Ингуна маблағе, ки танҳо соли 2005 ба ҷумҳурӣ интиқол гаштааст, зиёда аз 664 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст (ҷадвали 8,3), ки аз ҳаҷми даромади буҷети давлатии кишвар (454 млн. доллар) қариб 1.5 баробар зиёд аст .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини бехатарии иҷтимоӣ дар заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ, дар бораи тайёрии касбии кадрҳои коргарӣ ва ба хориҷа ба таври муташаккилона фиристодани онҳо чораҳо меандешад. Инчунин ба ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар Федератсияи Россия таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Дар бахши иҷтимоӣ яке аз душвориҳои назарраси соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар камбудиҳои алоқа, бахусус алоқаи телефонӣ буд. Бар асари набудани алоқаи телефонӣ на танҳо аҳолӣ, балки корхонаҳои давлию ғайридавлатӣ имкон надоштанд фаъолияти худро пурсамар ташкил намоянд.
Ҷадвали 8.3
Ҳаҷми маблағҳои пулие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон тавассути бонкҳо
аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ва аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ дар солҳои 2002-2006 интиқол шудаанд (бо ҳазор номинал)
солҳо | Интиқоли маблағҳои пулӣ бо арзи хориҷӣ | Фарқияти инти-қоли маблағҳои хориҷшуда(-) ва воридшуда (+) | ||||||
аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар | аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон | |||||||
доллар | евро | рубли русия | доллар | евро | рубли русия | |||
1. | 2002 | 8211,77 | 1,80 | 17586,26 | 60610,02 | 150,67 | 334897,26 | |
2. | 2003 | 38972,14 | 19,67 | 214659,41 | 223330,67 | 82,68 | 935684,81 | |
3. | 2004 | 112136,95 | 565,39 | 266372,24 | 387464,23 | 271,83 | 1462136,28 | |
4. | 2005 | 243992,40 | 1031,16 | 514024,34 | 585205,98 | 551,23 | 2237122,53 | |
5. | 8 моҳи с.2006 | 223959,51 | 1821,73 | 509193,90 | 515493,64 | 284,72 | 2427628,63 | |
Интиқоли ҳамаи маблағҳои хориҷшудаю воридшудаи арзи хориҷӣ бо ҳисоби доллари ИМА | ||||||||
1. | 2002 | 8774,76 | — | — | 71068,07 | — | — | + 62293,31 |
2. | 2003 | 46191,60 | — | — | 254796,18 | — | — | +208604,58 |
3. | 2004 | 122066,01 | — | — | 438514,37 | — | — | +316448,36 |
4. | 2005 | 263360,24 | — | — | 664557,21 | — | — | +401196,97 |
5. | 8 моҳи с.2006 | 244926,01 | — | — | 605450,44 | — | — | +360524,43 |
Маъхаз: Аз рӯйи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Тадбирҳое, ки давлат барои рушди алоқаи телефонӣ андешид, имконият дод, ки ҳоло ин муаммо пурра аз байн равад. Дар як муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ наздик 20 адад ширкатҳои ватанию хориҷии хизматрасонии алоқа таъсис ёфтанд, ки шумораи муштариёни онҳо дар соҳаи алоқаи Интернет, алоқаи почтаи электронӣ ва алоқаи сайёр бо суръати бениҳоят тез афзоиш меёбад (Нигаред ба Замимаи 9).