Натиҷаи тадқиқоти хонавода дар ҷумҳурӣ дар масоили таъмини озуқаворӣ

 

Натиҷаи тадқиқоти хонаводаҳо дар ин ҷода нишон медиҳад, ки хонаводаҳо аз 70 фоиз камтар буҷети худро барои озуқаворӣ сарф кардаанд, ҳиссаи онҳо нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2004-ум 1,2 фоиз, аз он ҷумла ҳиссаи хароҷоти аҳолии шаҳрҳо 1,4 фоиз, хароҷоти аҳолии деҳот 0,6 фоиз кам шудааст. Дар айни замон нафақахӯрон қариб 74,3 фоизи хароҷоти истеъмолиро ба маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мекунанд (ниг. ба ҷадвали 9.5.).

Истеъмолот ва ҳазмкунӣ. Тавре ки иброз доштем, бехатарии озуқаворӣ на танҳо истеъмоли озуқа, балки ҳазмкунии онро дар бар мегирад. Албатта истеъмоли озуқаворӣ ба интихоб, таркиб, тарзи тайёр ва тақсим кардани озуқаворӣ дар оила мансуб аст. Ҳазмкунӣ қобилияти хӯрокро қабул карда, ба қувва табдил додани организми инсонро мефаҳмонад. Барои он, ки организм хӯрокро ҳазм карда тавонад, на танҳо мавҷудияти хӯроки хушсифат, балки муҳити барои саломатии инсон мусоид, инчунин оби тоза, баҳрамандӣ аз хизмати тиббӣ, қобилияти хӯрок пухта тавонистан ва усулҳои нигоҳдории озуқаворӣ зарур аст. Нишондиҳандаи ниҳоии бехатарии озуқаворӣ вазъи таомхӯрии аҳолӣ мебошад.

Ҷадвали 9.5.

Ҳиссаи хароҷоти истеъмолии хонаводаҳо барои хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоби фоиз

с. 2003 с. 2004 с. 2005
Ҳамагӣ 66,1 64,5 63,7
аз он ҷумла:

аҳолии шаҳрҳо

70,1 68,6 67,8
аҳолии деҳот 63,5 62,1 61,4
Минтақаҳо:
ш. Душанбе 83,7 84,24 84,36
ВМКБ
Вилояти Суғд 60,3 57,2 55,94
Вилояти Хатлон 70,7 66,8 66,6
НТҶ 63,2 66,8 65,8
Гурӯҳҳои камбизоаттарин
Хонаводаҳое, ки 3 ва бештар фарзанд доранд 65,7 64,76 64,8
Нафақахӯрон 77,3 79,2 74,57

Маъхаз: Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1/2006, саҳ. 36, 2/2006, саҳ. 28.

 

Истеъмоли озуқа аз ҷониби аҳолӣ нишондиҳандаи муҳим буда, тақозо мекунад, ки меъёрҳои он мушаххас бошанд. Яке аз усулҳои ошкоркунии таъмин будан ё таъмин набудани аҳолӣ аз озуқаворӣ ва хӯроки хушсифат ин муқаррар намудани миқдори килокалорияи истеъмол аз ҷониби як узви хонавода дар як рӯз мебошад. Дар давоми соли 2004 истеъмоли миёнаи калория дар як рӯз ба 2071,62 килокалория, ки ин аз меъёри тавсиякардаи ТУТ – Ташкилоти Умумиҷаҳони Тандурустӣ (2100 килокалория дар як рӯз ), андаке камтар аст. Дар соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ аз меъёри истеъмолоти тасдиқкардаи тиб 14,8 фоиз зиёд аст, истеъмолот ба як узви хонавода 1,6 килограмм рост меояд, ки ин барои ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ хос аст.

Ҳиссаи бештари маблағи худро хонаводаҳо барои хариди маҳсулоти нонӣ сарф мекунанд -25,5 фоиз.

Арзиши маҷмӯи маводи озуқаворие, ки ба сабати истеъмолӣ дохил мешавад, тибқи маълумоти тадқиқи хонаводаҳо дар соли 2003, аз рӯйи истеъмоли воқеии онҳо, ки бо нархҳои охири моҳи декабри соли 2005 ҳисоб карда шудаанд, ба як узви оила моҳе 36,42 сомонӣ рост меояд, ҳол он ки аз рӯйи меъёри истеъмоли оқилона вай бояд 86,84 сомониро ташкил диҳад.

Дар қатори масъалаҳои дар боло баррасишуда, бехатарии озуқаворӣ масоили дастрас будани маводи озуқаро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда чунин маъно дорад, ки ҳамаи хонавода барои дарёфти маҳсулоте, ки талаботашонро бо маҳсулоти хушсифат ба хотири қонеъ кунондани зиндагонии солиму фаъолона манбаи кофӣ доранд ё на. Оё аъзои хонавода маҳсулотро метавонад бо роҳи истеҳсол барои истеъмолоти худ ба даст орад, аз бозор харидорӣ намояд, ё ҳамчун маводи хайрия дастрас кунад?

Тадқиқоти ин масъала таҳлили нархҳои чаканаро барои ҳар як намуди озуқа, тағйирёбии он дар мавсимҳои гуногуни сол ва минтақаҳои алоҳидаи мамлакат, маблағи воқеии даромад ва хароҷоти аҳолӣ, ҳолати камбизоатӣ ва дигар ҷиҳатҳои бахши иҷтимоиро тақозо мекунад.

test

Добавить комментарий