Нишондиҳандаҳои омории озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тавозуни озуқаворӣ

Аз иттилооти дар Буллетени бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ овардашуда маълум мешавад, ки ба бехатарии озуқаворӣ ҳосилнокии пасти зироаткорӣ ва маҳсулнокии чорво таҳдид мекунад. Дар солҳои 1990-1997 ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дар мамлакат 2 баробар кам гашта буд. Ба беҳбудие, ки дар солҳои минбаъда доир гардид, нигоҳ накарда ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ соли 2005 ҳамагӣ 85,2% соли 1990-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи кишоварзӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 36,5% соли 1991 то 21,4% дар соли 2005 кам шудааст.

Нисбат ба соли 2004 истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, полизӣ, меваҷот афзуда, аммо ҳаҷми истеҳсоли ангур кам шудааст. Нисбат ба соли 2004 тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ, аз он ҷумла гандуми тухмӣ кам захира карда шудааст. Дар соли 2005 воридоти гандум нисбат ба соли 2004-ум 2,2 баробар афзудааст. Умуман воридоти молҳои озуқаворӣ дар соли 2005 нисбат ба соли 2004-ум афзоиш ёфтаанд. Дар соли 2005 индекси нархҳои истеъмолӣ 107,1 фоиз, аз он ҷумла ба молҳои озуқаворӣ 108,3 фоиз, ба молҳои ғайриозуқаворӣ 102,7 фоиз ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 109,3 фоизро ташкил додаст. Суръати миёнаи ҳармоҳаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,60 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2004-ум 0,46 фоиз буд)-ро ташкил кардааст.

Дар соли 2005 аз ҳама бештар қимат шуданд: картошка, биринҷ, омехтаи шири хушк, равғани чорво, шир, гӯшти гов, қанду шакар, себ, моҳии зинда, тухм, нахӯд, гӯшти гӯсфанд, маргарин, макаронҳо ва колбасаи ҷӯшонидашуда.

Зимнан, нархи карам, бехпиёз, сабзӣ, орди гандум навъи якум, равғани пахта ва ярмаи марҷумак арзон шуд.

Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол аз рӯйи баҳои пешакӣ дар моҳи декабри соли 2005-ум 2048,4 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки аз ҷумлаи онҳо 2004,8 ҳазор (97,9 фоиз) дар иқтисодиёт машғуланд ва 43,6 ҳазор нафарашон мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,1 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2005-ум 22,0 ҳазор нафар бо ташаббуси маъмурияти корхонаҳо ба рухсатии иҷборӣ (маҷбурӣ) рафтанд, аз онҳо 19,7 ҳазор нафар (89,5 фоиз) – бе пардохти музди кор, 5,5 ҳазор нафар дар реҷаи ҳафтаи нопурраи меҳнатӣ ва рӯзи нопурраи корӣ кор кардаанд. Сатҳи бекории ба қайд гирифташуда бо назардошти бекории ниҳонӣ 3,4 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил карда, нисбат ба бекории умумӣ зиёда аз ду баробар кам аст. Шумораи умумии бекорӣ аз рӯйи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ дар соли 2005-ум 196,0 ҳазор нафарро ташкил кард, сатҳи бекорӣ ба 7,4 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ баробар аст.

Манбаи муҳимтарини даромади пулии хонаводаҳо дар 9 моҳи соли 2005, мисли пештара, – даромади меҳнатӣ ва мадохилот аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Нафақахӯрон наздик 74,3 фоизи хароҷоти истеъмолиро барои маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мекунанд. Таносуби бештари хароҷоти хонаводаҳо барои хариди маҳсулоти озуқаворӣ ба маҳсулоти нонӣ (25,5%) рост меояд. Дар 9 моҳи соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ аз 14,8 фоиз меъёри истеъмолии тасдиқкардаи соҳаи тиб зиёд аст.

Нисбатан аз кам будани музди кор аҳолӣ маҷбур аст, ки ҷои кори иловагӣ ё манбаи иловагии даромад ҷустуҷӯ кунад, зеро ин яке аз корҳои иловагии даромаднок (ё ҷои кори дуюм) ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ зиёда аз 7 фоизи аҳолии машғул ҷои кори иловагӣ дорад. Ғайр аз ин, боз 20 фоизи аҳолии машғул ҷои кори иловагӣ ҷустуҷӯ мекунад. Аз ҷумлаи онҳое, ки ҷои кори иловагӣ доранд, 80 фоизашон дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ, 10 фоизашон ба корҳои инфиродӣ машғуланд. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ (ТҚК) (моҳҳои июл-августи соли 2004) қариб 3210 ҳазор нафарро муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Арзиши маҷмӯи озуқаворӣ, ки барои истеъмолот зарур аст аз рӯйи истеъмоли воқеӣ (тибқи маълумоти тадқиқоти хонаводаҳо дар соли 2003) бо нархи охири моҳи декабри соли 2005 ба ҳар як узви оила моҳе 36,42 сомониро ташкил намудааст, дар сурате, ки меъёри истеъмоли оқилона 86,84 сомонӣ мебошад.

Истифодаи маводи озуқаворӣ низ аз ҳолати саломатии аҳолӣ, дониши парҳез ва қоидаҳои тозагӣ, дастрас будан ба хизматрасонии асосии тиббӣ ва ба намудҳои асосии хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла ба оби тозаю софи нӯшокӣ ва канализатсия вобаста аст.

Нисбат ба соли 2004 касалиҳои сил 23,7 фоиз, брутселлёз 14,1 фоиз, касалии шадиди сирояткунандаи рӯда 13,4 фоиз аз он ҷумла касалии исҳоли хунини бактериалӣ 42,3 фоиз афзудаанд.

Дар байни касалиҳои шадиди сирояткунандаи рӯда кӯдакони 0-14 сола 96 фоиз, аз он ҷумла касалии исҳоли хунини бактериалӣ 35,8 фоиз, арақаи шикампеч (домана) 40,3 фоизро ташкил кардаанд.

Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодие, ки дар поён пешниҳод шудаанд, вазъи умумии иқтисодиёти мамлакатро барои таҳлили ҳолати бехатарии озуқаворӣ тавсиф менамоянд (ҷадвали 9.1).

Ҷадвали 9.1.

Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон 1)

2003 2004 2005
Шумораи аҳолӣ (млн.) 6,6 6,8 6,9
ММД-и номиналӣ (млн.сомонӣ) 4757,8 6157,5 7201,1
Аз он ҷумла, ба ҳисоби %:

Кишоварзӣ

25,2 21,6 21,4
Саноат 20,9 19,6 18,5
Хизматрасонӣ 38,6 42,3 43,8
ММД ба ҳар нафар аҳолӣ (сомонӣ) 724,0 910,0 1051,2
Афзоиши ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, % 10,2 10,6 6,7
Касри / фоидаи буҷети давлатӣ (ба ҳисоби фоиз нисбат ба ММД) 1,1 -0,2 -1,5
Индекси нархҳои истеъмолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, % 117,1 106,8 107,8
Индекси нархи молҳои озуқаворӣ 115,8 105,0 108,9
Индекси нархҳои хизматрасонӣ 140,8 117,3 109,8
Қурби сомонӣ нисбат ба доллар 3,0606 2,9711 3,1175
Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда 2,4 2,2 2,0
Шумораи бекорони ба қайд гирифташуда, ҳазор нафар 46,9 38,8 43,6
Ба ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,9 90,4 112,4
Музди миёнаи кор (ҳармоҳа, сомонӣ) 44,61 61,81 83,58
Ба ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,0 138,6 135,2
Тарози (баланси) савдо (млн. доллар) -83,1 -276,4 -421,1
Ҳиссаи озуқаворӣ дар воридот, (%) 9,2 9,6 11,7
Ҳиссаи озуқаворӣ дар содирот, (%) 3,3 3,2 3,3

1)Маъхаз: Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1/2006, 2/2006 -Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006, саҳ. 9 – 10.

Тавозуни (баланси) озуқаворӣ

Дар танзими давлатии масъалаҳои озуқаворӣ тавозуни озуқаворӣ чун воситаи муҳими иқтисодии ҳосил намудани мувозинат хизмат мекунад. Тавозуни (тароз, баланс) иқтисодӣ дар амалияи банақшагирӣ ва дурнамосозии иқтисодиву иҷтимоӣ таърихи тӯлонии истифодаи худро дорад. Дар давраи Шӯравӣ барои асоснок намудани Нақшаи тараққиёти хоҷагии халқи ИШҶС садҳо балансҳои моддӣ (аз рӯйи ҳамаи намудҳои асосии захираҳои моддӣ), балансҳои захираҳои меҳнатӣ, балансҳои пулӣ (даромаду хароҷотҳои пулии аҳолӣ,баланси маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ, даромади миллӣ, балансҳои байнисоҳавии истеҳсол ва истеъмоли(тақсимоти) маҳсулот) ва ғайра таҳия шуда, барои асосноккунии нишондиҳандаҳои нақша истифода мешуданд.

Дар шароити имрӯзаи хоҷагии бозорӣ тавозуни иқтисодӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Тавозун худ ҷадвали иқтисодие мебошад, ки аз ду қисм иборат буда, барои ҳосил ва муқаррар намудани мувозинати ин қисмҳо мусоидат мекунад. Қисми аввали тавозун (дар баланси моддӣ) миқдори захираҳои мавҷударо нишон медиҳад, қисми дуюм – тақсимоти (истифодабарии) ин захираҳоро, яъне талаботи мавҷударо нишон медиҳад. Вазифаи ҳаргуна тавозун ба ҳолати мувозинат овардани ҳар ду қисми он мебошад. Азбаски захираҳои мавҷуда ва муқтазо ба он (талабот) дар як вақт байни якдигар худ ба худ баробар намешаванд, зарур меояд, ки фаъолияти иқтисодӣ, ташкилӣ ва давлатӣ вобаста ба таъмини баробарӣ, бамувозинатории қисмҳои баланс доир гардад. Масалан, агар захираҳои мавҷуда аз талабот зиёд бошанд, чораи истифодаи (тақсимоти иловагии) онҳоро дидан лозим мешавад, агар баръакс талаботи мавҷуда аз захираи мавҷуда зиёд бошанд, яъне захираҳо камӣ кунанд, дар он сурат роҳи ҳалли муамморо ҷустуҷӯ намудан зарур мешавад. Дар ин ҳолат ё миқдори талаботро кам кардан, бо маҳсулоти ивазшаванда пӯшондан лозим, ё имконияти зиёд намудани қисми захиравии тавозунро аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли ватанӣ ё, набошад, аз ҳисоби воридот зиёд намудан лозим мешавад. Ҳамин тариқ, зарурати мувозинати миқдории байни захираву талабот, ки дар ҷараёни танзими давлатии объектҳои иқтисодӣ ба миён меояд, танҳо бо истифодаи усули тавозунӣ (балансӣ) пиёда мегардад.

Тавозуни озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2002 – 2005, ки аз ҷониби Кумитаи омори ҷумҳурӣ таҳия гаштааст, яке аз тарозҳои воқеии захираҳои моддӣ буда, маълумотҳои дақиқро оид ба миқдори намудҳои асосии озуқа пешкаш менамояд. Ин тавозун дар замимаи 2- китоб оварда шудааст. Мавриди шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои тавозун эзоҳоти зеринро ба назар гирифтан лозим мешавад1).

 

test

Добавить комментарий