Унсурҳои бехатарии озуқаворӣ ва шарҳи мафҳумҳо
«Минтақаи мо дорои захираҳои азим буда, метавонад аз ҷиҳати энергетикӣ, сӯзишворӣ, озуқаворӣ амалан худкифо гардад»
Э.Ш. Раҳмонов
Дар Тоҷикистон таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ масъалаи бениҳоят рӯзмарра мебошад. Бинобар ин дар сиёсати давлатии кишвар муаммои таъмини бехатарӣ чун яке аз самтҳои бартаридошта арзёбӣ гаштааст.
Бехатарии озуқаворӣ муаммои бисёрҷабҳа буда, аз чунин унсурҳо ташаккул меёбад: ба миқдори кофӣ вуҷуд доштан ва ба таври воқеӣ дастрас будани озуқавории бехавф, мувофиқати он бо ратсиони меъёрӣ ва дастрас будани маводи хӯрокае, ки дар таркибаш намаки йоддор дораду барои саломатии одамон зараровар нест. Проблемаҳои хатари озуқаворӣ дар ҳолати ҳал нагардидани онҳо метавонанд характери доимиро ба худ гирифта, боиси оқибатҳои ногувор, ба мисли таҳдиди бавуҷудоии гуруснагӣ, эпидемия, кӯтоҳ гардидани давомнокии умр, деградатсияи (носолимии) насли наврас ва ғайра гарданд.
Муаммои бехатарии озуқаворӣ таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад, бинобар он мувофиқи пешниҳоди Комиссияи Аврупоии Ислоҳоти Сиёсат ҳуҷҷате бо унвони «Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ» оид ба Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст. Ба хотири аз ҷиҳати илмӣ арзёбӣ намудани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ, истеҳсолию технологӣ ва экологии ин муаммо дар ҷумҳурӣ соли 2005 бо ташаббуси Барномаи озуқавории умумиҷаҳоии СММ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки доираи васеи муаммоҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш ва муҳокимаи илмӣ қарор дод1)[1]*.
Ба хотири таъмини низоми огоҳонӣ аз иттилоот ва таҳлили вазъияти ҷорӣ аз соли 2004 сар карда дар ҷумҳурӣ дар ҳар як семоҳа «Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва нашр мешавад.
Бехатарии озуқаворӣ дастрас будани озуқавориро ба мардуми ҷомеа барои пеш бурдани ҳаёти солим ва фаъолонаи онҳо мефаҳмонад. Таҳти мафҳуми бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти маводи хӯрока ба миқдори кофӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, новобаста аз он ки аз бозор мехаранд ё аз дигар манбаъ, имконияти харидорӣ намудан он, инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хӯрокворӣ дар назар дошта мешавад»2)[2]*.
Ҳолат, истеъмол, дастрасӣ ва мавҷудияти ғизои озуқа бояд дар ҳамаи зинаҳои ҷамъиятӣ – зинаи хонавода ва шаҳрвандони алоҳида (зинаи микро), зинаи ҷамоатӣ (шаҳрак, ноҳия, вилоят), ки зинаи мезо номида мешавад ва зинаи миллӣ ё глобалӣ, ки зинаи макро номида мешавад, кофӣ бошад.
Сифати маводи озуқа маҷмӯи хосиятҳое мебошад, ки дараҷаи барои истеъмол мувофиқ будани маҳсулотро муайян намуда, бо якчанд нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Аз ҷумла:
-
- нишондиҳандаи пурарзишии маводи хӯрока — хосияти истеъмолӣ (намудҳои таом, лаззат, ранг, бӯй, намуди зоҳирӣ, ҷиҳати ҳазмшавӣ, тезпазию тезҳазмшавӣ);
- нишондиҳандаҳои биологӣ (ҳайати органикии хӯрок, ҳайати витаминҳо, минералҳо, моддаҳои фаъоли ғизодеҳ);
- нишондиҳандаҳои аз ҷиҳати санитарию эпидемӣ бенуқсон ва беиллат будани хӯрока;
- безарарӣ барои саломатӣ (аз бактерия, вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, аз ҳашароти зараррасон озод будани маводи хӯрока).
Сифати маҳсулоти истеъмолшаванда бояд аз санҷишҳои санитарӣ ба тариқи назорати риояи қоидаҳо ва меъёрҳои тайёр намудани хӯрок, нигоҳдорӣ, кашондан, фурӯши маҳсулот гузаранд. Назорати лабораторӣ ва тозагии хӯрок аз ҷониби хадамоти санитарӣ бояд мунтазам бо роҳи ташхиси микробиологӣ сурат гирад.
Буллетени иттилооти оморӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, ки ҳоло таҳия мешавад, мақсад дорад маълумотро оид ба масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат оид ба мавҷудият ва таъмини хӯрокворӣ, истеҳсоли минбаъдаи он, нишондиҳандаҳои дастрасӣ ва инчунин истеъмолу ҳазмкунии он ҷамбаст намояд.
Маълумотҳои саҳеҳ доир ба рафти иҷрои Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳо доир ба хӯроки аҳолӣ ва гурӯҳҳои гуногуни он, инчунин маълумотҳо дар бораи баланси озуқаворӣ дар доираи мӯҳлатҳои семоҳаҳо ва солҳо аз рӯйи намудҳои асосии озуқа дар Буллетени номбурдаи оморӣ барои солҳои 2004-2006 оварда шуда, мавриди таҳлили иқтисодӣ қарор гирифтаанд.
Яке аз дастовардҳои тадқиқоти биотехнологӣ — усули ҳосил намудани организмҳои нав –маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта — «МГТҒИ» мебошад1)[3]*. Ин моддае мебошад, ки тавассути усули муҳандисии ирсӣ ба он генҳои бегона ворид шудаанд. Ингуна моддаро қаблан бо усулҳои анъанавии дурагакунӣ ба даст овардан имконнопазир буд.
Ҳоло як қатор навъҳои зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта пайдо шудаанд, ки дар бозори маҳсулот ба худ бештар бо роҳи ниҳонӣ роҳ ёфтаанд:
— навҳои картошка, пахта, ҷуворимакка, зироати лӯбиёие, ки аз таъсири ҳашароти зараррасон ҳифз шудаанд;
— зироати пахта, тамоку, кадуе, ки аз таъсири вирус озод мебошанд;
— навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи ҷуворимакка, пахта, қандлаблабу, соя, маъсар ва чанди дигар зироате, ки ба гербитсид тобовар мебошанд;
— навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи буттамеваҳое, ки ба хусусиятҳои нави ферментӣ соҳиб шудаанд, чунончи, ба ҷои қанд дорои сафедаи махсусе мебошанд, ки барои истеъмол ба беморони касалии қанд безарар аст, катализаторҳое, мӯҳлати нигоҳдории маҳсулотро дароз мекунанд, гормонҳое, ки инкишофи сабзишро вусъат медиҳанд ё суст мекунанд ва ғайра.
Пайдошавии маҳсулоти дорои хосиятҳои нави биологӣ барои инсон то чӣ андоза фоидаовар ё зараровар аст, ҳоло посухи якзайли худро наёфтааст. Маълум аст, ки навҳои зироати ирсияташон тағйирдодашуда афзалиятҳои худро доранд, бинобар ин дар ҷаҳон ҳоло тавлиди ингуна маҳсулот сол аз сол зиёд мешавад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар дунё кишти зироати МГТҒИ майдони 58,7 млн гектарро фаро гирифтааст, аз ҷумла дар ИМА бошад ба ин мақсад 45 млн. гектар замин ҷудо карда шудааст, 80% истеҳсоли пахта, 60% зироати соягӣ дар асоси технологияи биотехнологӣ сурат мегирад. Дар ҷаҳон қисми зиёди маводи дорувору дар асоси усули биотехнологӣ истеҳсол карда мешавад. Дар Федератсияи Россия дар Маркази меъёргузорӣ ва сертификатсияи Вазорати тандурустии Россия зиёда аз 100 намуди маҳсулоти озуқа ба қайд гирифта шудааст, ки дар асоси маводи генетикии тағйирдодашуда истеҳсол мешавад. Бинобар ин эҳтимолияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштани озуқаворӣ ва дорувории аз маводи генетикии тағйирдодашуда тайёрмешуда вуҷуд дорад. Масалан ҳоло равғани соя, ки дар мағозаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, тамғаи «ГМИ» доранд, ба орди соявӣ, маводи хӯрокаи аз ҷуворимакка, картошка ва дигар зироатҳо тайёршуда низ чунин тамғаҳо гузошта шудаанд.
Вусъатёбии технологияи «МГТҒИ» дар ҷаҳон хатар ва бехатарии биологиро чун унсури нави бехатарӣ ба миён овард. Хатари биологӣ намуди хатаре мебошад, ки барои саломатӣ ва ҳаёти инсон пайваста ба таъсири унсурҳои табиати биологӣ таҳдид мекунад, бехатарии биологӣ бошад ин муҳофизати ҳар як инсон, ҷомеа ва давлатро аз таҳдиди эҳтимолӣ ва воқеиро дар бар мегирад.
Густаришёбии ин хатар ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки бо дарназардошти таъсири манфии ин хатар чораҳои пешгириро андешад. Чунончи, соли 2000 дар Монреал ҳуҷҷате қабул гардид, ки «Протоколи Картехан оид ба бехатарии биологӣ» ном дошта низоми байналмилалие мебошад, ки тибқи талаботҳои он ҳифзи муҳити зист ва суръати баланди саноати биотехнологӣ ҳамоҳанг карда мешаванд.
Организмҳои наве, ки дар табиат қаблан вуҷуд надоштанд, пайдоиши онҳо хавфи ҷиддиро пешгӯӣ мекунад: ба тариқи сунъӣ ҷорӣ намудани генҳои бегона ҷараёни ба низомдаровардашудаи эволютсияи назорати ирсии ҳуҷайраро вайрон месозад. Пешакӣ муайян намудани рафтори ирсҳои навворидшуда ғайриимкон буда, оқибатҳои ногувори пайдошавии моддаҳои нави барои инсон зараровар, пайдошавии вирусҳои қаблан номаълуми хавфнок, дар ин асос коста шудани муҳити зист ва гуногунии биологии табиат ва ғайра мардумро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ нисбати «МГТҒИ» ҷиҳатҳои мусбат ва манфии он ақидаҳои мухталиф пайдо шуданд. Як гурӯҳ кашфиёти навро бо имкониятҳои чашмнодидаи инкишофи фаъолияти селексионӣ, рушди истеҳсоли озуқа вобаста кунад, гурӯҳи дигар пурра зидди ин равия ва густаришу истифодаи он буда, таклиф мегузорад, ки қатъ карда шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло иттилооти пурра дар бораи воридоту содирот, истифодаи маводи «МГТҒИ» вуҷуд надорад, бинобар ин дар оянда назорати гумрукӣ, Нозироти давлатии карантин, «Тоҷикстандарт», Нозироти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ин бахш фаъолияти худро бояд фаъол гардонанд.
- 1) Ниг. Материалы Республиканской научно — практической конференции «Продовольственная безопасность Республики Таджикистан».-Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан. Всемирная Продовольственная программа в Таджикистане, 2005.- 263 с. ↑
- 2)* Шарњи возењтари мафњумњо:
Озуќаворї ва ѓизо њамон ваќт аз бехатарї таъмин њисобида мешаванд, ки агар озуќавории мувофиќ (аз љињати миќдор, сифат, бехавфї, аз нуќтаи назари иљтимоию фарњангї маъќул) мављуд ва дастрас буда, њамаи ашхос доимо барои таъмини њаёти фаъол ва солим чунин озуќавориро ќаноатмандона истеъмол ва њазм кунад. Истеъмол ва њазм намудани озуќа нишондињандаи нињоии бехатарии озуќаворї ба њисоб меравад. Дар ин љо сухан дар бораи на танњо интихоби ин ё он намуди озуќа, балки таркиби он, усули тайёр намуда дар байни аъзоёни оила таќсим намудани хўрок, имконияти ќабул ва њазм намудани ин озуќа аз тарафи организми инсон, усули парњезкунї меравад. Ингуна имконият таќозо мекунад, ки озуќа хушсифат буда, иќтидори калориядориаш ба меъёрњо мувофиќ бошад. Дар ќатори ин муњайё будани муњити мусоид барои саломатии инсон, шароити нигоњдории озуќа, оби нўшокии тоза, вазъи саитарї низ дар назар дошта мешавад.
Мављуд будан: бехатар ва кофї будани озуќаворї аз љињати миќдор ва сифат.
Дастрас будан: њамаи хонаводањо ва њамаи аъзои онњо барои харидорї намудани миќдори зарурии озуќаворї (аз њисоби истењсол, харид ва ёрї) ба ќадри кофї захира (имконот) дошта бошанд.
Устуворї: доимо мављуд ва дастрас будан, истеъмол ва њазм кардани хўроквориро мефањмонад. Аз мунтазам дастрас набудани озуќаворї, аз норасоии доимї ё муваќќатии он баъзе ашхос азият мекашад. ↑
- 1)*Бо русї «ГМИ» – «генетически модифицированный продукт». ↑