Мавқеи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ

 

«Таҳкурсии асоситарини иқтидори

иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи

энергетика мебошад»

Э.Ш. Раҳмонов

Таъмини иқтисодиёт ва аҳолӣ бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ яке аз масъалаҳои ниҳоят душвору мураккаби бехатарии иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминот бо гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ имкониятҳои калон надошта бошад ҳам, вале дорои захираҳои азими нерӯи об ва ангишт мебошад, гарчанде онҳо хеле кам истифода мешаванд.

Бинобар ин истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ аз манбаъҳои хориҷӣ вобастагии зиёд дорад. Агар чунин ҳолат дар даврони шӯравии рушди Тоҷикистон қобили қабул бошад, пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он боиси ба вуҷуд омадани хатари иқтисодӣ, яке аз сабабҳои кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли ММД дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ташвишовар аст, ки дар кишвар ҳатто он ҳаҷми ночизи истеҳсоли сӯзишворие, ки дар солҳои 80-ум ҷой дошт, ҳоло рӯй ба коҳиш ниҳоданд. Чунончӣ, дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 дар соли 2005-ум ҳаҷми истеҳсоли сӯзишворӣ, истихроҷи нафт, ангишт ночиз аст.

Аз рӯйи навъҳои зиёди захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, ҳанӯз ҳам нарасидан ба сатҳи давраи муқоисавии истеҳсолот мушоҳида мешавад. (Ҷадвали 10.1)

Ҷадвали 10.1

Иқтидори нерӯгоҳҳои барқӣ ва истеҳсоли барқ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1991 2000 2001 2002 2003 2004 2005
Иқтидори нерӯгоҳҳои барқӣ – ҳама-гӣ, ҳазор кВт 4438 4424 4424 4422 4420 4390 4404
Истеҳсоли нерӯи барқ, млн. кВт-соат 17597 14247 14382 15302 16509 16491 17090
Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқии обӣ:
– иқтидор, ҳазор кВТ 4044 4069 4069 4068 4067 4067 4071
– истеҳсоли нерӯи барқ, млн. кВт-соат 16391 14025 14206 15164 16336 16339 16967

Маъхаз: Тоҷикистон: 15 соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. – Душанбе, 2006, саҳ. 262.

Дар қатори хеле кам гардидани истеъмоли нерӯи барқ дар саноат ва хоҷагии қишлоқ, душвориҳо дар таъмини аҳолӣ ба чашм мерасад. Ин баробари он ба амал омадааст, ки ҷараёни иваз намудани манбаъҳои энергетикии зеризаминӣ бо нерӯи барқӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло шубҳае вуҷуд надорад, ки дар сурати ба таври мунтазам расонидани гази табиӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он ва рушди истеҳсоли ангишт барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо сӯзишвории рӯзгор, инчунин таъмини талаботи марказҳои (дегҳои) гармидиҳӣ, ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар баъзе солҳо аз ҳаҷми воридоташон бештар мешавад.

Дар тавозуни барқи ҷумҳурӣ дар давоми 15 соли охир тағйиротҳои назаррас ба миён омаданд (Ҷадвали 10.2)

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ба сатҳи соли 1991 нарасидааст. Истеъмоли барқ низ аз сатҳи соли муқоисавӣ қариб 2 млрд. кВт-соат кам мебошад. Махсусан истеъмоли нерӯи барқ дар саноат ва сохтмон (наздик 4 млрд. кВт- соат) кам шудааст, ки аз пастравии сатҳи истеҳсолот дар ин соҳаҳои асосии иқтисодиёт вобаста аст. Ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар шабакаи энергетикӣ афзудааст. Агар дар соли 1991 ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар шабакаи энергетикӣ 1783 млн киловатт –соатро ё ин ки 9,3%-и ҳаҷми умумии истеъмоли барқро ташкил дода бошад, дар соли 2005 он то 2746 млн.кВт.-соат расида, 15,8%-и ҳаҷми умумии истеъмоли барқро ташкил додааст. Чунин сатҳи талафоти нерӯи барқ ташвишовар мебошад, зеро сухан дар бораи наздик шашяки ҳаҷми истеҳсоли барқ дар мамлакат меравад.

Дар давоми даҳсолаи охир дар кишвар истифодаи сӯзишворӣ дар рӯзгор хеле кам гардидааст, солҳои охир бинобар бад шудани таъминоти аҳолӣ бо газ, ангишт, мазут дар сӯзишворӣ ҳезум хеле зиёд истифода шудааст.

Ба таври умумӣ ба проблемаи бехатарии сӯзишворию энергетикии кишвар чунин ҳолатҳо вобастагӣ доранд:

– зиёд гардидани ҳаҷми норасоии нерӯи барқ, ки дар натиҷаи он ҷорӣ шудани ҷадвали ҳадди ақали таъминоти барқии минтақаҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ ва зарурати мунтазам хомӯш намудани нерӯи барқ;

– сатҳи пасти ҷамъоварии пардохтҳо барои истифодаи нерӯи барқ, ки натиҷаи якбора кам гардидани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳо мебошад;

– афзудани қарзҳои дебитории ташкилотҳои ба таъмини нерӯи барқ мутасаддӣ буда;

– бо сабаби афзоиши навъҳои гуногуни энергияҳои ҳамдигарро ивазкунанда дар давраи зимистон ва барҳам хӯрдани шабакаи ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ суръат гирифтани тағйиротҳо дар истифодаи нерӯи барқ вобаста ба мавсими сол;

Ҷадвали 10.2

Тавозуни барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

млн.кВт-соат

1991 2000 2001 2002 2003 2004 2005

Истеҳсоли нерӯи барқ

17597 14247 14382 15302 16509 16491 17090
Интиқоли барқ аз хориҷи кишвар 6941 5242 5396 4659 4605 4810 637
Содироти барқ ба хориҷи кишвар 5390 3909 4047 3874 4596 4466 4402
Истеъмоли нерӯи барқ 19148 15580 15731 16087 16518 16835 17325
Аз ҷумла:
– дар саноат ва сохтмон 11017 5802 6135 6233 6698 7052 7552
– дар нақлиёт 157 43 31 23 23 38 24
– дар соҳаи кишоварзӣ 4560 4320 4500 4195 4257 4309 3919
– дар дигар соҳаҳо 1631 3251 2876 3305 3013 2981 3084
– талафшавии барқ дар хатти истифодаи умум 1783 2164 2189 2331 2527 2455 2746

Маъхаз: Тоҷикистон: 15 соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. – Душанбе, 2006, саҳ. 263.

– норасоии сармоя барои азхудкунии конҳои нафт, газ ва ангишти мамлакат, инчунин маблағи зарурӣ барои таҷдиди марказҳои гармидиҳӣ ва дегҳои бузурги буғҳосилкунӣ;

– қатъ гаштани кори қисми зиёди НБО-и хурд, инчунин фарсудашавии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо;

– ҷой доштани буридани ҷангалзорҳои хамгаштҳо ва боғу токзорҳо дар фасли зимистон;

– васеъ истифода намудани поруи чорво (таппак) ба сифати сӯзишвории рӯзғор ва бад намудани ҳолати органикии заминҳои киштшаванда дар кишвар;

– қатъ гардидани иштироки давлат дар таъмини кормандони соҳаи иҷтимоӣ (муаллимон, духтурон, кормандони муассисаҳои маданӣ, маърифатӣ) бо сӯзишворӣ;

– норасоии сӯзишвории моторӣ барои саривақт анҷом додани корҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

– афзоиши талафоти техникии нерӯи барқ бо сабаби хароб шудани ҳолати таҷҳизоту шабакаҳои барқӣ, инчунин аз тарафи аҳолӣ ба таври оммавӣ истифода намудани олоти гуногун истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва газ.

Ҷадвали 10.3

Сохтори истеъмоли нерӯи барқ, %

Истеъмоли нерӯи барқ Соли 1990 Соли 2005
– дар саноат ва сохтмон 59,7 43,6
– дар нақлиёт 0,8 0,1
– дар соҳаи кишоварзӣ 21,7 22,6
– дар дигар соҳаҳо 9,8 17,8
– талафшавии барқ дар хатти истифодаи умум 8,0 15,9
Дар маҷмӯъ 100,0 100,0

Маъхаз: Тоҷикистон: 15 соли истиқлолияти давлатӣ. Маҷмӯаи оморӣ. – Душанбе, 2006, саҳ. 264.

Содирот ва воридоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар чунин ҳолат қарор дорад: соли 2005 содироти барқ аз ҷумҳурӣ 4402 млн. квт – соат, воридоти барқ – 4637 млн. кВт-соатро ташкил намуд. Ба хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва ба Афғонистон содир карда шуд. Воридоти нерӯи барқ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир гардид.

test

Добавить комментарий