Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобати энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон

«…Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем».

Э.Ш. Раҳмонов

Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад. Дарёҳои калонтарини мамлакат ба монанди Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, Оби Хингоб, Сурхоб иқтидорҳои калони гидроэнергетикӣ доранд. Тоҷикистон агар аз рӯйи масоҳат дар ҷаҳон ҷои 85–умро ишғол кунад, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ баъди Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои 8–ум меистад, метавонад дар як сол 527 млрд кВт- соат барқ истеҳсол намояд. Аз рӯйи иқтидорҳои барқӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Ҳоло як қисми хурди нерӯи энергетикии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар мақолаи худ бо номи «Тоҷикистони соҳибистиқлол 15-сола шуд» дар Фаслномаи илмии «Ирано-Славика», Маскав, 2 (10), 2006 менависад, ки «…Аз рӯйи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Аммо Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем»1)[1]*.

Дар бораи бузургии имкониятҳои истеҳсоли барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дар ҷадвалҳои 10.4 ва 10.5 овардашуда шаҳодат медиҳанд.

 

Ҷадвали 10.4

Нақшаи нерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахш

Номгӯи нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО)Иқтидори энергетикӣИстеҳсоли солонаи барқ
1.НБО – и Роғун3600 МВт13,1 млрд.КВт- с.
2.НБО – и Шӯроб850 МВт3,0 млрд КВт – с.
3.НБО – и Норак3000 МВт11,2 млрд КВт – с.
4.НБО – и Бойғозӣ600 МВт2,7млрд КВт – с.
5.НБО – и Сангтӯда –1670 МВт2,733 млрд кВт-с
6.НБО – и Сангтӯда –2220 МВт0,9 млрд КВт – с.
7.НБО – и Сарбанд210 МВт1,1 млрд КВт – с.
8.НБО – и Шаршар29,6 МВт0,25 илрд КВт – с.
9.НБО-и Марказӣ18,0 МВт0,11млрд КВт- с.

Ҷадвали 10.5.

Нақшаи нерӯгоҳҳои барқии дарёҳои Панҷ ва Ому

Номгӯи нерӯгоҳ-ҳои барқии обӣ (НБО )Иқтидори энергетикӣИстеҳсоли солонаи барқ
1.НБО – и Баршор300 МВт1,58 млрд.кВт- с.
2.НБО – и Андароб650 МВт3,35 млрд кВт- с.
3.НБО – и Пиш320 МВт1,66 млрд кВт- с.
4.НБО – и Хоруғ250 МВт1,28 млрд кВт- с.
5.НБО – и Рӯшон3000 МВт14,8 млрд кВт- с.
6.НБО – и Язгулом850 МВт4,24 млрд кВт- с.
7.НБО– и «Дарвозаи лоҷувардӣ»2100 МВт10,5 млрд кВт- с.
8.НБО – и Хостов1200 МВт6,11 млрд кВт- с.
9.НБО-и Ширговат1900 мВт9,7 млрд. кВт-с.
10.НБО – и Даштиҷум4000 МВт15,6 млрд кВт- с.
11.НБО – и Ҷумар2000 МВт8,19 млрд кВт- с.
12.НБО – и Москва800 МВт3,42 млрд кВт- с.
13.НБО – и Кукча350 МВт1,48 илрд кВт- с.
14.НБО- и Болооби дарёи Аму1000 МВт4,36 млрд кВт- с.
Дар маҷмӯъ18720 МВт86,3 млрд. кВт-с.

Қайд намудан лозим аст, ки бо сохта ба кор даровардани нерӯгоҳҳои барқии Роғуну Сангтӯда (№ 1 ва № 2) потенсиали энергетикии кишвар ба охир намерасад. Дар ин ҳолат ҳамагӣ 8-10% ин потенсиал истифода мешавад.

Аз рӯйи лоиҳаҳое, ки дар даврони Шӯравӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гидропоект»- и ба номи С. Жук ба нақша гирифта шуда буд, фақат дар дарёи Панҷ, шохоби асосии Амударё имконияти сохтмони 14 адад нерӯгоҳи барқии калону хурд ( иқтидорҳояшон аз 300 мВт то 4000 мВт) вуҷуд дорад. Аз ин ҳисоб имконоти истеҳсоли 86,3 млрд. кВт-соат нерӯи барқи аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои иқтисодӣ самараи баланд дошта вуҷуд дорад.

Аз имкониятҳои истифодаи потенсиали энергетикии дарёҳои Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб ва аз ҷиҳати техникӣ асоснок мебошанд, чунин лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ шаҳодат медиҳанд:

Дарёи Оби Хингоб – 5 адад бо иқтидори умумиаш 712 мВт;

Дарёи Сурхоб – 4 адад бо иқтидори умумиаш 1077 мВт;

Дарёи Кофарниҳон – 5 адад бо иқтидори умумиаш 411 мВт;

Дарёи Варзоб – 3 адад бо иқтидори умумиаш 100 мВт;

Дарёи Зарафшон – 6 адад бо иқтидори умумиаш 640 мВт;

Дарёи Фондарё – 4 адад бо иқтидори умумиаш 510 мВт;

Дарёи Мастчоҳ – 5 адад бо иқтидори умумиаш 500 мВт;

Дарёи Ғунд – 13 адад бо иқтидори умумиаш 356,4 мВт;

Дарёи Бартанг – 5 адад бо иқтидори умумиаш 485,9 мВт.

Ҳар яки аз дарёҳои номбаршуда даҳҳо шохобчаҳо доранд, ки дар онҳо аз рӯйи тадқиқотҳо зиёда аз 900 адад нерӯгоҳҳои хурди барқиеро, ки иқтидорашон дар доираи аз 100 кВт то 3000 кВт мебошанд, сохтан мумкин аст. Аҳамияти ингуна нерӯгоҳҳои хурд барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кӯҳии кишвар бағоят калон мебошад.

  1. 1)*«Љумњурият», 19 сентябри соли 2006.

 

О Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.