Нишондиҳандаҳои истеҳсолии нерӯгоҳҳои барқии обии амалкунанда ва бунёдшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ нақши бузургтарин нерӯгоҳи барқии Тоҷикистон – НБО-и Норак, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст, бениҳоят калон аст. Иқтидори ин барқгоҳ 3000 мВт буда, соле 11,2 млрд. кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Аз 17,0 млрд кВт-соат барқе, ки соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст, ҳиссаи барқгоҳи Норак 68,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи калонтарин нерӯгоҳҳои амалкунандаи кишвар – Нерӯгоҳи Бойғозӣ низ мебошад, ки поёнтар аз сарбанди Норак ҷойгир буда, бо иқтидори умумиаш 600 мВт (4 агрегати ҳар кадом 150 мВт-ӣ ) соле 2,5 млрд. кВт-соат барқ истеҳсол мекунад. Дар дарёи Вахш силсилаи нерӯгоҳҳои барқии обӣ (Сарбанд, Шаршар, Марказӣ) бо иқтидори умумиашон 255 мВт, дар дарёи Варзоб силсилаи нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумиашон 25 мВт, дар дарёи Сир НБО-и Қайроққум бо иқтидори 126 мВт, дар Помир Нерӯгоҳи Хоруғ ва Помир бо иқтидори умумиашон 22,7 мВт дар маҷмӯъ иқтидори имрӯзаи энергетикии ҷумҳуриро муайян мекунанд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба хотири бо қувваи барқ таъмин намудани деҳоти кӯҳистони мушкилгузар зиёда аз 25 нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори 100 кВт то 1500 кВт ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2006 Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аз ҳисоби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар давраи солҳои 2007-2020 тасдиқ гардид, ки мувофиқи он 71 адад нерӯгоҳи хурд бо иқтидори умумиаш 76 мегаватт сохта мешавад. Дар ин нерӯгоҳҳо дар як сол зиёда аз 480 млн. кВт.-соат барқ истеҳсол мешавад.
Нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ки сохтмони онҳо оғоз ёфтааст, баъди ба кор даромадан истеҳсоли нерӯи барқро дар ҷумҳурӣ афзун гардонда то 31-33 млрд. кВт-соат мерасонанд.
Бо дарназардошти талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба қувваи барқ 23-25 млрд.кВт-соат, имконият пайдо мешавад, ки нерӯи барқи зиёдатӣ ба миқдори 8-10 млрд. кВт-соат ба хориҷи кишвар содир шавад.
Тавсифоти техникии НБО–и Роғун.
Дар байни нерӯгоҳҳои барқӣ НБО–и Роғун аз ҳама нерӯгоҳи бузургтарини дарёи Вахш буда, баъди ба кор даромаданаш фаъолияти самараноки ҳамаи дигар нерӯгоҳҳои поёнобро таъмин месозад ва дар як вақт ба азхудкунии энергетикии дарёи Вахш хотима мебахшад. НБО–и Роғун дар қатори танзимсозии оби дарёи Вахш дорои аҳамияти бузурги ирригационӣ ва энергетикӣ мебошад. Бунёди НБО–и мазкур талаб менамояд, ки корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ҳаҷми бениҳоят зиёд гузаронида шавад, аз ҷумла: рехтани сангу хок ба сарбанди НБО ба миқдори 71 млн м3, кандани хок ба миқдори 30 млн м3 аз ҷумла сангҳои кӯҳ 14 млн м3, кандани сангҳои зеризаминӣ ба миқдори 5,1 млн м3, рехтани бетон ба миқдори 2,5 млн м3 (аз ҷумла 1,5 млн м3 бетонрезии зеризаминӣ).
Аз рӯйи ҳисобу китоби мутахассисони Ширкати саҳомию холдингии шакли кушоди «Барқи Тоҷик»-и Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар лоиҳаи инвеститсионӣ пешкаш шудааст, барои бунёди нерӯгоҳ ба таври иловагӣ 1286,4 млн. доллари ИМА лозим буда, ин хароҷотҳо дорои нишондиҳандаҳои баланди самаранокӣ мебошанд. Чунончи масрафи сармоя ба ҳар як киловат иқтидори муқарраршудаи НБО 833 доллар ва ба ҳар як кВт-соат барқи истеҳсолшаванда 0,26 долларро ташкил медиҳад. Арзиши аслии ҳар як кВт-соат барқ 0,008 долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар бораи самаранокии нисбатан баланди ин нерӯгоҳ шаҳодат медиҳад. НБО-и Роғун ҳоло дар ҳолати сохтмони нотамом қарор дошта, барои иншоотҳои он аз рӯйи маълумотҳои 1.01. 2001 ба қадри 802,4 млн. доллари ИМА масраф шудааст, ки 41 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориро ба ин иншоот ташкил медиҳад1)[1]*.
Бояд қайд намуд, ки асосноккунии сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар давраи таърихи тӯлонӣ сурат гирифта буд, аз ҷумла таҳия, санҷиш ва ҳамоҳангсозии лоиҳаи НБО-и Роғун солҳои 1959-1965 дар Нақшаи (Схемаи) истифодаи комплексии дарёи Вахш дарҷ гашта буд. Ин гуна нақша бо қарори мақомотҳои ваколатдори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла:
- Қарори НТС ГПКЭиЭ СССР аз 20.06.1963 №47
- Қарори Госплани СССР (Кумитаи давлатии планкашии назди Шӯрои Вазирони СССР) аз 25.12.1965 № 21 тасдиқ шуда буд.
Дар ҳуҷҷати дигаре, ки ТЭО – «Асосноккунии техникию иқтисоди» – и НБО-и Роғун ном дошта солҳои 1965–1972 таҳия гашта буд, усули интихоби обпартоӣ ва навъи сарбанд, инчунин, нишондиҳандаҳои асосии нерӯгоҳро дар бар мегирифт, бо қарори Комиссияи экспертии давлатии Госплани СССР аз 27.02.1974 № 6 эътироф шуда буд.
Хуҷҷати дигаре, ки «Лоиҳаи техникии НБО-и Роғун» ном дошта солҳои 1974-1978 таҳия гашта буд, ҳайат ва лоиҳаи иншоотҳои асосии НБО-и Роғунро дар бар мегирифт. Ин лоиҳа дар якчанд Шӯроҳои махсус санҷиш (экспертиза) – и худро гузашта буд. Чунончи: дар Шӯрои техникии пажӯҳишгоҳи Гидропроект – протоколи № 72 аз 26.12.1979; дар Шӯрои илмию техникии Вазорати энергетикаи СССР бо қарори №70 аз 26.06.1979; бо хулосаи якҷояи Госстрой ва ГКНТ (Кумитаи давлатии илмию техникии СССР) аз 16.10.1980 ва ғайра. Лоиҳаи техникии мазкур бо фармоиши Шӯрои вазирони СССР баъди мувофиқа бо ҳамаи ҷумҳуриҳои ҳавасманд бо қарори № 2411 – Р аз 27 11.1980 тасдиқ шудааст.
Дар марҳилаи минбаъда такмили лоиҳаи техникии НБО-и Роғун давом дошт. Чунончи: соли 1986 – дар сатҳи қарорҳои техникӣ. Аз ҷониби Минэнерго СССР – бо қарори № 248 аз 27.12.1985 ва қарори № 60 аз 01.12.1986 санҷиши ин лоиҳаҳо гузаронида шуд; соли 1992 санҷиш (экспертиза) – и мустаҳкамии иншоотҳои нерӯгоҳ, инчунин ҷиҳатҳои экологии он сурат гирифт; соли 1993 лоиҳаи техникӣ аз нуқтаи назари сиёсию иҷтимоӣ ва манфиатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баррасӣ гашт. Бо фармони Вазорати иқтисоди СССР аз 16.11.1991 № 108 низ санҷиш гузаронида шуда буд.
Дар иҷрои бевоситаи корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқии Роғун чунин марҳилаҳоро қайд намудан мумкин аст: давраи тайёрии сохтмон аз соли 1976 бо фармоиши Вазорати энергетикаи СССР аз 14.10.1976 №344 оғоз ёфта буд; Рӯйхати титулии сохтмон бо фармоиши Шӯрои Вазирони СССР аз 26.03.1981 №536 – Р муайян шуда буд.
Дар иншооти НБО-и Роғун истифодаи турбинаҳои махсус ба миқдори 6 адад ва ҳар яке иқтидораш 600 мегаватт иқтидор дошта пешбинӣ шудааст.
Дар шароити ҳозира чунин стратегияи сохтмони НБО-и Роғун пешниҳод мешавад, ки тибқи он нерӯгоҳ марҳила ба марҳила сохта шуда, самараи кори агрегатҳои дар ибтидо ба кор дарвардашуда барои сохтмони агрегатҳои минбаъда чун манбаи инвеститсия бояд хизмат кунанд. Алалхусус нақшаи ҳозираи сохтмон бунёди навбати аввали барқгоҳро бо назардошти ба кор даровардани ду агрегати аввал, ки дар маҷмӯъ 1200 МВт иқтидор дорад (600+600 мегаватт) пешбинӣ менамояд. Ин ду агрегат имконият медиҳад, ки дар як сол 4,5 млрд.кВт.-соат барқ истеҳсол шавад. Агар барои пурра ба кор даровардани НБО-и Роғун иловагӣ 1286,4 млн доллари ИМА талаб карда шавад, барои ба кор даровардани навбати аввали он 483,7 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Ҳамин тариқ нерӯгоҳи барқии Роғун дар марҳилае қарор дорад, ки фаъолшавии сармоягузорӣ имконият медиҳад бунёд ва амалӣ гаштани ин иншоотро ба вуқӯъ пайвандад.
Ҷадвали10.6
Нишондиҳандаҳои НБО- и Роғун
Баландии сарбанди об , м. | 335 |
Ғунҷоиши обанбор, км3 : | |
– ғунҷоиши пурра | 13,3 |
– фоидабахши ибтидоӣ | 10,3 |
– фоидабахш баъди 50 соли истифодабарӣ | 8,6 |
– боздеҳи кафолатноки об, км | 4,4 |
Иқтидори муқарраршудаи нерӯгоҳ, мВт | 3600 |
Истеҳсоли солонаи энергияи барқӣ, млрд. кВт/с | 13,1 |
Афзоиши истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои дар поёноб воқеъ буда, млрд. кВт/с | 0,7 |
Тавсифи техникии НБО-ҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2
Дар низоми энергетикии Тоҷикистон НБО-ҳои Сангтӯда 1 ва 2 дар қатори нерӯгоҳҳое мебошанд, ки аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар марҳилаи сохтмон қарор доранд. Дар ҳолати бунёдшавии ин нерӯгоҳҳо як қисми барқи истеҳсолшударо ҷумҳурӣ метавонад ба давлатҳои хориҷии ҳамсоя ва инчунин ба вилояти Суғд интиқол намояд.
НБО-и Сангтӯда-1 дар асоси обе, ки аз обанбори Норак ба воситаи НОБ-и Бойғозӣ ворид мешавад, кор мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ин нерӯгоҳ дар қатори истеҳсоли барқ нақши танзими обёришавиро мебозад.
Иқтидори муқарраршудаи НОБ-и Сангтӯда-1 670 МВт-ро ташкил намуда, имконият медиҳад, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 2,73 млрд. кВт- соат нерӯи барқ истеҳсол карда шавад.
Барои бунёди нерӯгоҳ аз рӯйи ҳисобу китоби мутахассисон 482,7 млн. доллари ИМА сармоя талаб карда мешавад. Азбаски арзиши истеҳсоли барқ дар ин нерӯгоҳ чандон гарон нест (ба ҳар як кВт–соат 3 сент рост меояд), маблағҳои барои сохтмон масраф шуда дар давоми 4 сол аз ҳисоби фоидаи ин корхона пӯшонида мешаванд.
Вазъи ҳозираи ин иншоот чунин аст, ки як қисми корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд, аз ҷумла хатҳои коммуникатсионӣ ва як қисми корҳои битонрезӣ дар ҳавзаи сарбанд.
Аз рӯйи лоиҳаи пешкашшуда ба кор даровардани ин нерӯгоҳ дар ду марҳила пешбинӣ мешавад. Дар марҳилаи якум, агрегатҳои 1-ум ва 2-юм ба кор дароварда шуда, дар марҳидаи дуюм, агрегатҳои 3-юм ва 4-ум ба истифода дода мешаванд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаҳои сохтмони НБО-и Сангтӯда-1 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (дар он давра дар бораи НБО-и «Сангтӯда-2» сухан намерафт) пешниҳод ва асоснок шуда буданд. Ҳуҷҷатҳои сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда соли 1986 таҳия шуда, солҳои 1986-1988 марҳилаи санҷиш (экспертиза), мувофиқакунонӣ ва тасдиқшавиро гузашта буд.
Ҳуҷҷатҳои ибтидоии ин сохтмон 06.06.1986 аз ҷониби Госплани СССР таҳқиқ гашта буд. Асосноккунии техникию иқтисодии нерӯгоҳ (ТЭО) аз рӯйи фармони Вазорати энергетикаи СССР аз 07.08.1986 № 210-пс сурат гирифта буд.
Усули сохтмони сарбанд аз ҷониби институти Гидропроект ва инчунин Шӯрои илмию техникии Вазорати энергетикаи СССР аз 18.10.1988 мавриди санҷиши экспертӣ қарор гирифта буд.
Давраи тайёрии сохтмон бо фармони Вазорати энергетикаи СССР аз 26.08.1987 № 58 оғоз гашта, ҳуҷҷатҳои кории сохтмон низ бо ҳамин фармон тасдиқ шуда буданд.
Эҳёи сохтмони нотамоми гидроэнергетикӣ, оғози сохтмонҳои нав, таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ бо ташаббусу кӯшиши бемайлони Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов сурат мегирад.
Соли 2009 – соли ноилшавӣ ба истиқлоияти энергетикии Тоҷикистон мебошад.
Мутобиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи энергетика истеҳсоли қувваи барқ дар соли 2010 ба 26,4млрд. кВт-соат ва соли 2015 ба 35 млрд. кВт-соат мерасад.
Дурнамои энергетикии Тоҷикистон то соли 2025 ноилшавиро ба истеҳсоли солонаи 80 млрд. кВт-соат нерӯи барқ пешбинӣ менамояд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, ки сохтмони нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Сангтӯда–1»- ро ба ӯҳда гирифтааст, натиҷаҳои калонро умедбахш месозад. Тоҷикистон соҳиби мустақилияти энергетикиро соҳиб гашта на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра бо нерӯи барқ таъмин мекунад, балки ба кишвари содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт.
Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки мутобиқи Созишномаи байни Тоҷикистону Эрон ҷониби Эрон ба ӯҳда гирифтааст, 220 МВт иқтидор дошта, аз рӯйи нақша бояд дар давоми чор сол пурра ба истифода дода шавад. Сохтмони НБО-и «Сангтӯда-2» 220 млн доллари ИМА арзиш дорад, 180 млн. доллар аз ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузорӣ мешавад, 40 млн. доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи техникии иншооти энергетикии Роғун маълум гашт, ки сохтмони НБО-и Шӯроб, ки байни нерӯгоҳҳои Роғун ва Норак бунёд мешавад, аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ мувофиқи мақсад ва самарабахш мебошад. Иқтидори ин нерӯгоҳ 850 МВт буда, арзиши сохтмон наздик 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
НБО-и Даштиҷум
Сохтмони ин иншооти бузурги энергетикӣ дар дарёи Панҷ дар давраи Шӯравӣ пешбинӣ ва асоснок шуда, баъди ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш бояд оғоз меёфт. Аз рӯйи маълумотҳои соли 1967 иқтидори муқарраргаштаи ин НБО, ки дар он 12 агрегат бояд кор кунад, 4000 МВт.-ро ташкил дода, истеҳсоли солонаи 15,6 млрд. кВт–соат қувваи барқро пешбинӣ менамояд.
Сарбанди ин нерӯгоҳ 310 м баландӣ дошта, дарозии паҳлӯяш аз ду тараф 1075 м мебошад. Тунелҳои обпартоӣ дар давраи сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳ аз ду соҳили дарё сохта мешаванд. Обанбори ин нерӯгоҳ, ки масоҳаташ 135 км квадратӣ аст, 17,6 километр мукааб ғунҷоиши пурра ва 10,2 километри мукааб ғунҷоиши манфиатнок дорад.Нерӯгоҳ чун иншооти барқию обшоркунӣ арзёбӣ мешавад.
Ин нерӯгоҳ дар марзи ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Афғонистон сохта шуда, дар зери обанбори он аз ҷониби Тоҷикистон 14 маҳали аҳолинишин, роҳи мошингард ва чарогоҳҳо дар масоҳати 1100 гектар замин, аз ҷониби Афғонистон бошад, 13 маҳали аҳолинишин, 860 гектар замини обёришаванда ва 1600 гектар замини лалмӣ ва инчунин 570 гектар чарогоҳ зери об мемонад. Аз рӯйи ҳисоби пешакӣ арзиши сохтмони ин нерӯгоҳ 3,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Сангтӯда-1,2 якчанд хатҳои интиқоли барқро, чунончӣ: сохтмони хатти баландшиддати душохаи ВЛ-220 кВ «Сангтӯда-Кобул-Ҷалолобод», ки дарозиаш 590 километр аст ва инчунин сохтмони хатти баланшиддати ВЛ- 500 кВ «Роғун-Сангтӯда-Кобул-Ҷалолобод», ки дарозиаш 716 километр аст, пешбинӣ мешавад.
Бо ёрии ин хат интиқоли барқ ба давлатҳои ҳамсоя Афғонистон, Покистон, Хитой ва Эрон таъмин мегардад.
Бо сохтмони хати баландшиддати барқ К ВЛ-500 кВ «Ҷануб-Шимол», ки 350 километр дарозӣ дорад, интиқоли барқ ба вилояти Суғд инчунин қисман ҷануби Қазақистон таъмин мегардад.
Тавсифи нерӯгоҳҳои барқие, ки дар ҷумҳурӣ бунёд гашта истодаанд ва эҳтимолияти бунёд шудан дар оянда доранд, нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарияти бениҳоят боэътимоди рақобатпазирии мамлакатро дорост. Ин дар навбати худ омили бузурги таъмини амнияти иқтисодии мамлакат мебошад.
- 1) Дар масъалаи њаљми маблаѓгузорие, ки барои сохтмони НБО-и Роѓун то давраи эњеи сохтмон масраф шудааст, дар байни ширкати Русал ва Њукумати Тољикистон, ки моњи октябри соли 2004 созишномаро дар бораи сармоягузории сохтмони НБО-и Роѓун имзо намуда буданд, тарафњо аќидаи ягона надоранд. Бинобар ин барои арзёбии даќиќи арзиши сохтмони нотамоми ин нерўгоњ Ширкати олмонии Lahmeyer International љалб карда шуда буд, ки њуљљатњои заруриро дар ин самт омода сохтааст. Ингуна арзёбии арзиши объектњои сохтмонашон нотамоми Роѓун барои муайян намудани њиссаи тарафњо дар сармояи ибтидоии Љамъияти сањомии «Роѓун» зарур мебошад. Дар байни тарафњо созиши умумї дар масъалаи баландї (320 метр ё 270 метр) ва усули сохтани сарбанд (хокрез бо сангу шаѓал ё бетон), инчунин масъалаи таќсимоти пакети сањмияњои Љамъияти сањомї ихтилофњо вуљуд дошта, мавриди муњокима ќарор доранд. ↑