Аҳамияти ҷаҳонии иттилоот ва шарҳи мафҳумҳо

 

Инқилоби илмию техникӣ иттилоотро ба захираи ҷамъиятӣ, манбаи ташаккулёбии боигарии ҷомеа табдил дода истодааст. Аз рӯйи ақидаи мутахассисон агар дар аввали асри ХХ «ҳаҷми дониш» дар ҳар 50 сол дучанд афзояд, дар шароити имрӯза ин ҷараён дар як сол сурат мегирад ва аз рӯйи пешгӯиҳои мавҷуда дар ояндаи наздик ҳаҷми иттилоот дар ҳар як моҳ дучанд меафзояд.

Дар инфраструктураи муосири ҷаҳон иттилоотгардонии фазои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол намуда истодааст. Замоне расидааст, ки «касе ки соҳиби иттилоот аст, ӯ соҳиби ҷаҳон гаштааст», «касе ки иттилоотро ба даст овардааст, ӯ ҷаҳонро ба даст овардааст».

Бинобар ин барои дастёб намудани ингуна боигарӣ давлатҳои ҷаҳон, ширкатҳои алоҳида заҳмату талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Амнияти иттилоотӣ1)[1]* ба яке аз самтҳои муҳими таъмини бехатарии иқтисодӣ мубаддал гашта истодааст.

Намудҳои асосии иттилоот:

  • иттилооти оморӣ;
  • иттилооти оммавӣ;
  • иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ;
  • иттилооти ҳуқуқӣ;
  • иттилоот оид ба шахсият;
  • иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
  • иттилооти иҷтимоишиносӣ, шиносоӣ, иқтисодӣ,

тиҷоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ,

илмӣ, илмию техникӣ ва ғайра.

Ташкилкунандаи манфиати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот аз чор унсури асосӣ иборат аст:

унсури якум – риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтани иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии мамлакат мебошанд;

дуюм – таъмини иттилоотии сиёсати давлатӣ, вобаста ба расонидани иттилооти саҳеҳ ба халқи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи сиёсати давлат, мавқеи расмии он оид ба рӯйдодҳои аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ аҳамиятноки ҷумҳурӣ ва ҳаёти байналмилалӣ, бо таъмини дастрасии шаҳрвандон бо захираҳои иттилоотии кушодаи давлатиро дар бар мегирад;

сеюм – истифодаи технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ, ташкили саноати ватании иттилоот, аз ҷумла саноатикунонии воситаҳои иттилокунонии телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти он, инчунин таъмини ҷамъшавӣ, бе осеб нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватанирро дар бар мегирад;

чорум – ҳимояи захираҳои иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохташуда ва ҳам сохташавандаро дар бар мегирад.

Дар таҳти мафҳуми амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавии манфиатҳои миллии он дар соҳаи иттилоот, ки ба маҷмӯи манфиатҳои мутавозини шахсият, ҷамъият ва давлат муайян мегарданд, фаҳмида мешавад. Дар ин ҷо бояд хотирнишон сохт, ки манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот дар дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи он дар фаъолияти аз тарафи қонун манъ нашуда ба хотири рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин муҳофизати ахборе, ки амнияти шахсии шаҳрвандонро таъмин менамояд, ифода меёбад.

Мафҳуми манбаъҳои таҳдиди амнияти иттилоотӣ, намудҳои гуногуни хатарро дар бар мегирад, аз ҷумла: кӯшиши душманонро барои халалнок сохтани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, маҳдуд намудани он дар бозори дохиливу хориҷӣ, тезу тунд намудани рақобати байналхалқӣ дар соҳаи дастрас намудани захираҳои иттилоотиву техникӣ ва ғайра.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чораҳо оид ба такмили амнияти иттилоотии он ба амал бароварда шуданд. Ба ташкили заминаи таъмини ҳуқукии амнияти иттилоотӣ оғоз карда шуда, он такмил ёфта истодааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи алоқа», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», «Дар бораи иттилоот» ва «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул шудаанд. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон (аз 7 ноябри соли 2003 № 1176) тасдиқ шудааст, марҳилаи нави ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Дар асоси ин Консепсия Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳия ва тасдиқ шудааст.

Маҷмӯи ақидаҳои расмӣ оид ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Консепсия ифода шудааст, барои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти амнияти иттилоотии миллии ҷумҳурӣ ва таҳияи барномаҳои мақсадноки кишвар дар ин соҳа ҳамчун асос хизмат менамояд.

Чорабиниҳои таъмини амнияти иттилоотӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад. Ин аз он ҷиҳат зарур аст, ки соҳаи иттилоотӣ омили ташкилкунандаи низоми ҳаёти ҷамъиятӣ гаштааст.

Афзудани нақши соҳаи иттилоотӣ, ки ба ҷамъоварӣ, ташаккул, пахш ва истифодаи иттилоот, инчунин низоми танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ҳол бавуҷудомадаро амалӣ менамояд, вобаста буда вай ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиа ва ғайра, ки амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд, фаъолона таъсир мерасонад.

Манфиатҳои миллии кишвар аз манфиатҳои шахсият, манфиатҳои ҷамъият, манфиатҳои давлат иборат аст.

Манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот аз татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дастрасӣ ба иттилоот, барои истифодаи иттилоот ба манфиати амалӣ шудани фаъолияти бо қонун манъ нашуда, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин ҳимояи иттилооте, ки амнияти шахсиро таъмин менамояд, иборат аст.

Манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот аз таъмини манфиати шахсият дар ин соҳа, пойдории демократия, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, комёбӣ ва пуштибонии ризоияти ҷамъиятӣ, тозагии маънавии Тоҷикистон иборатанд.

Манфиатҳои давлат дар соҳаи иттилоот аз ташкили шароитҳо барои инкишофи мутаносиби инфраструктураҳои иттилоотӣ, барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтан ва истифодаи иттилоот бо мақсади таъмини мустаҳкамии сохтори конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини қатъии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва муфиди байналмилалӣ иборат мебошад.

Дар асоси манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, вазифаҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул дода мешаванд.

Сарчашмаҳои таҳдид ба амнияти иттилоотӣ гуногун буда, аз ҷумла кӯшиши ҳарифони эҳтимолӣ ба маҳдуд намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, танг карда баровардани вай аз бозори хориҷӣ ва дохилӣ, тезутундшавии рақобати ҷаҳонӣ барои ба даст овардани захираҳои иттилоотӣ-техникиро дар бар мегирад.

  1. 1) Мафњумњои иттилоотї:

    – иттилоот – маълумот дар бораи шахсњо, ашё, объект, воќеиёт, рўйдоду њодисот (падидањо) ва равандњо сарфи назар аз шакли пешнињоди онњо;

    – технологияи иттилоотї – маљмўи воситањои техникаи њисоббарор ва телеиртиботї, воситањои барномавї ва тарзњои истифодаи онњо барои дарёфт, коркард, нигоњдорї, ирсол ва ќабули иттилоот;

    инфраструктураи иттилоотї (иттилоотонї) – маљмўи марказ, асос ва бонки маълумот, системањои алоќа ва интиќоли маълумот, сохторњои дигаре, ки кору фаъолияти шабакањои иттилоотиро таъмин мекунанд;

    – иттилооти њуљљатшуда (њуљљат) – иттилоти дар ягон њомили моддї сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад;

    захирањои иттилоот – иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешнињодот ё ки ташкили нигоњдориаш (аснод, љамъи аснод, захирањои китобхонањо, бойгонињо, асоси маълумот) барои дохилшавї ба системаи иттилоотї пешбинї шудааст ё дар дохилаш мављxуд аст;

    – иттилоотонї – тањия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияњои иттилоотї, захирањои иттилоотї; раванде, ки љузъњои ташкилї, илмию техникї, иљтимої ва истењсолию иќтисодї ва натиљаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки маќсад аз он ќонеъ гардонидани талаботи шањрвандони људогона, иттињодњои онњо, ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатї, тамоми љамъият ба иттилоот бо роњи ташаккул додан ва истифода кардани захирањои иттилоот дар тамоми соњањои њаёти љамъият;

    њифзи иттилоот – пешгирии дахолати худсарона ба захирањои иттилоот, амалњои ѓайриќонунї њангоми гирифтан, нусхабардорї кардан, интишор додан, тариф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.