Арзёбӣ намудани қимати (нархгузории) моликияти зеҳнӣ

 

Бозори моликияти зеҳнӣ нархгузории ин гуна моликиятро тақозо мекунад, ки он аз ҳадафҳои зерин бармеояд:

  1. Пайдо шудани амалияи хариду фурӯши объектҳои моликияти зеҳнӣ.
  2. Ба сармояи оинномавӣ ба тариқи саҳмгузорӣ дохил намудани моликияти зеҳнӣ.
  3. Муайян намудани натиҷаҳои арзишии бизнес.
  4. Хусусигардонӣ, саҳомигардонӣ, якҷоякунӣ, ҷудокунӣ, табаддулот ё барҳамдиҳии корхонаҳо.
  5. Нархгузории дороиҳои ғайримоддии корхона ба хотири даровардани тағйиротҳо ба ҳисоботи молиявӣ.
  6. Баргардондани зараре, ки бо қарори суд аз истифодани ғайриқонунии объектҳои моликияти зеҳнӣ доир мегарданд.

Дар шароити вусъатёбии бозор доираи амалиётҳои тиҷоратие, ки бо моликияти зеҳнӣ вобастаанд, торафт васеъ мегардад. Алалхусус, хариду фурӯши корхонаҳои соҳибкорӣ, тағйирдиҳии сохтори корхонаҳо, муайян намудани ҳиссаи моликияти зеҳнӣ дар ҳаҷми лоиҳаи инвеститсионӣ, қарздиҳӣ тавассути гарав, тӯҳфа ё меросгузории ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва ғайра.

Нархгузории моликияти зеҳнӣ кори ниҳоят душвор, мураккаб мебошад. Нисбат ба дигар намудҳои моликият (бино, мошин, амволи ғайриманқул) нархгузории моликияти зеҳнӣ арзиши ҳуқуқро ба натиҷаҳои меҳнати ҳуқуқӣ муайян мекунад. Ин, яъне ҳуқуқ ҳамчун объекти нархгузорӣ мешавад. Натиҷаҳои бевоситаи фаъолияти эҷодии инсон чун предмети нархгузорӣ буда, характери ғайримоддиро дар худ таҷассум менамояд.

Нархгузории объектҳои моликияти зеҳнӣ якчанд хусусиятҳоро дорост:

  • нархгузорӣ дар ҳама ҳолат характери ҷиддии мақсаднок дорад;
  • ҳеҷ гоҳ ду объекти якхела ё шароити якзайли доиргардии онҳо вуҷуд надоранд;
  • вуҷуд доштани усули ягонаи нархгузории ба ҳамаи ҳолатҳо мувофиқ, яъне универсалӣ имконнопазир аст.

Бинобар ин нархгузорӣ дар бахши сармояи зеҳнӣ дар асоси ақидаи асосноки тарафҳо дар бораи арзиши моликияти мазкур сурат гирифта, чун объекти мустақил ё ин, ки чун ҷузъи соҳибкорӣ нархи он муайян карда мешавад.

Албатта, моликияти зеҳнӣ чун дигар намудҳои моликият бояд арзиши худро дошта бошад, аммо дар масъалаи арзёбӣ намудани нархи ин гуна моликият дастовардҳо мутаасифона ҳоло ночиз мебошанд. Камбудиҳои нархгузории объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳатто дар мамлакатҳои тараққикарда низ ҷой доранд. Дар Россия стандарти «Баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ» таҳия гаштааст, ки барои чунин намудҳои шартномабандӣ (ҷиҳати савдо) истифода мешаванд:

  • хариду фурӯши ҳуқуқи истифодабарии объектҳои моликияти зеҳнӣ;
  • хариду фурӯши литсензияҳо вобаста ба истифодабарии объектҳои моликияти зеҳнӣ (ОМЗ);
  • дар мавриди ташкилкунии сармояи оинномавӣ;
  • барои бунёди ОМЗ;
  • мавриди гаравгузории ОМЗ;
  • ҷараёни суғуртакунии ОМЗ;
  • барои тӯҳфакунӣ ё бебозгашт додани ОМЗ;
  • барои меросгузории ОМЗ.

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо нархи ОМЗ аз нигоҳи муайян намудани натиҷаҳои фоидабахшии фаъолияти зеҳнӣ ба тариқи пулӣ муайян карда мешавад.

Нархи бештари объектҳо бо истифодаи услуби зайли арзишбандии онҳо пешбинӣ мешавад:

  1. Ҳисобкунии арзиши пешакӣ бо усули пешгӯикунӣ бо назардошти аниқкунии минбаъда аз ҷониби тарафҳо бо роҳи гуфтушунид.
  2. Арзиши бозории асоснокшуда, яъне нархе, ки маблағи пулиро мавриди хариду фурӯш пешбинӣ менамоянд. Дар ин ҷо аз рӯйи принсипи «бардорад зам кун, набардорад кам кун» рафтор мекунанд.
  3. Нархи шартномавӣ, ки дар асоси созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
  4. Арзиши инвеститсионӣ, арзиши объекти моликияти зеҳние мебошад, ки бо сармоягузорони ин объект бо роҳи гуфтушунид бо назардошти усули истифодаи объект муқаррар карда мешавад.
  5. Нархи фурӯш – маблағе, ки аз рӯйи шартномаи фурӯши ОМЗ муайян карда мешавад.
  6. Арзиши тарозӣ (балансӣ) – маблағе мебошад, ки дар баланси корхона чун «дороиҳои ғайримоддӣ» нишон дода мешавад.
  7. Арзиши бунёдӣ, ҳиссаи арзиши объекти амволи зеҳнӣ дар маблағи корхона, ки дар асоси таҳлили мутахассисони ба ин кор мутасаддӣ буда, муқаррар карда мешавад.

Арзиши барҳамдиҳии моликияти зеҳнӣ, арзише мебошад, ки дар мавриди фурӯши корхона муайян карда мешавад (агар ин мулк аз дигар дороиҳои корхона ҷудо фурӯхта шавад).

Арзишгузории объекти моликияти зеҳнӣ дар чунин ҳолатҳо ба миён меояд:

  • ба сармояи оинномавӣ дохил намудани он;
  • барои муайян намудани самараи иқтисодӣ дар корхонаи хеш аз истифодаи ОМЗ;
  • барои муайян намудани маблағи мукофот ба муаллифони ОМЗ ва кормандоне, ки ОМЗ-ро истифода мекунанд;
  • барои муайян кардани ҳаҷми зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунӣ ба соҳиби ОМЗ расидааст;
  • мавриди фурӯши корхона ё басташавии он дар натиҷаи муфлисшавӣ.

Дар байни усулҳои муайян намудани нархи ОМЗ усули калкулятсияи хароҷотҳо ҷой дорад, ки он маҷмӯи хароҷотҳоро барои бунёд, харид, ҳифз, истеҳсол ва фурӯши ОМЗ дар бар гирифта, бо ин роҳ нархи ОМЗ-ро муайян мекунад. Ин усул усули ба хароҷот асосёфта буда, он дар қатори хароҷотҳои воқеии бунёдсозӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ, харид, истифодаи моликияти зеҳнӣ, инчунин пастшавии арзишро аз беқурбшавӣ ва дигар талафотҳо дар бар мегирад.

Усули дигаре, ки ҳоло васеъ истифода мешавад – усули бозорӣ буда, дар ин ҷо нарх аз рӯйи муқоисакунии молҳои ба якдигар монанд, муайян карда мешавад – бо роҳи муқоиса намудани вариантҳои хариду фурӯши иншооти зеҳнии ба якдигар монанд, бо каму зиёд намудани нарх аз рӯйи хусусиятҳои он (дар ҳолате, ки маълумотҳо дар бораи моли мазкур махфӣ мебошанд) муайян карда мешавад.

Усули даромадорӣ тарзи васеъ истифодашаванда буда, арзиши амволи зеҳнӣ аз нуқтаи назари эҳтимолияти дар оянда ба харидор, ё ин ки ба сармоягузор даромадории он муайян карда мешавад. Албатта дар ин ҳолат мӯҳлати истифодабарии амволи зеҳнӣ, дараҷаи тавакалсозӣ ва инчунин пешгӯикунии натиҷаҳои истифодаи ҳуқуқи амволи зеҳнӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар амалияи байналмилалӣ барои нархгузории арзиши моликияти зеҳнӣ низ се усули дар боло номбаршуда истифода мешавад:

  • усули ба хароҷот асосёфта;
  • усули бозорӣ;
  • усули ба даромад асосёфта.

Дар шароити ҳозира усулҳои дақиқтари муайянкунии арзиши ОМЗ барои намудҳои алоҳидаи он ҷустуҷӯ мешаванд.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.