Бехатарии молиявӣ ва зарурати сиёсати«Эҳёи молиявӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Иқтисодиёт ба таҳияи стратегияи амнияти молиявии мамлакат ниёз дорад. Таъмини бехатарии молиявӣ аз бартараф сохтани камбудиҳои ҷиддие, ки дар бахши молиявии иқтисодиёти кишвар ҷой доранд, бояд ибтидо гирад. Аз ҷумлаи чунин камбудӣ ва норасогиҳое, ки ба чашм мерасанд:

  1. Дар иқтисодиёт ҷой доштани вазъияти пардохтнашавӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика (пардохти барқ, газ,) пардохт накардани ӯҳдадориҳо аз рӯйи шартномаҳо, ҷой доштани қарзҳои дохилӣ – аз буҷаи давлатӣ, таъмин нашудани пардохти музди меҳнат, нафақа, пардохти дархостҳои давлатӣ ба муассисаҳо ва корхонаҳо.
  2. Номутаносубӣ ва ҳамоҳанг нашудани чорабиниҳое, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Аксари чорабиниҳои аҳамияти стратегӣ дошта, бахусус, дарозмуддат бидуни аз ҷиҳати маблағ асоснокшавӣ таҳия мешаванд ё ин ки маблағи зарурии тадбиқи онҳо дар мӯҳлатҳои баъдтар, дар мадди охир муайян карда мешаванд.
  3. Механизми мукаммалу самараноки танзими давлатӣ дар соҳаи молиявию пулӣ дар ҷумҳурӣ ташаккул наёфтааст, манфиатҳои миллӣ дар ин бахш пурра аниқ нашудаанд.
  4. Дар ҳолате, ки низоми молиявию бонкӣ ба низоми омехтаи муомилоти пул (ҳам асъори миллӣ – сомонӣ ва ҳам доллар) асос меёбад, ба долларикунонии муомилот оварда мерасонад ва як қисми сармоя ба хориҷа меравад.
  5. Қонунгузории соҳаи молия чандон мукаммал набуда, баъзе қонунҳои ин бахш таҳия ва тасдиқ нагаштаанд, масалан дар бораи протсесси буҷетӣ ё дар бораи содироти сармоя ва ғайра.
  6. Масъалаи танзими давлатии бозори молию молиявӣ, инвеститсияи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва инвеститсияи хориҷӣ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари мутобиқсозии онҳо муайян нагардидаанд.
  7. Низоми бо ҳам пайвастаи танзими давлатӣ дар самти савдои хориҷӣ, гумрукӣ, арзӣ, андозгузорӣ ташаккул наёфтааст, бинобар вазифаҳои назорати арзӣ ва назорати савдои хориҷӣ аз ҳам ҷудо ва аниқ нашудаанд.
  8. Дар баъзе бозорҳои молӣ ва молиявӣ, ки мӯҳлати тӯлонӣ дар таҳти назорати марказонидашудаи давлат қарор доштанд, функсияҳои назорати давлатӣ ҳоло бениҳоят маҳдуд гаштаанд.
  9. Дар соҳаи иттилоот, таҳлил ва гузаронидани мониторинги молиявӣ усулҳои ғайримаъмурӣ инкишоф наёфтаанд.

Давлат аз вазифаи танзими таносуби байнисоҳавии нарх ва вазъияти молиявии соҳаҳо, аз сатҳи даромад ва музди меҳнат дур гаштааст. Сатҳи нарх ва музди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ то дараҷае аз якдигар дур рафтаанд, ки дар натиҷа баъзе соҳаҳои истеҳсолот аз байн рафта, ин ҳолат дар навбати худ боиси харобшавии бозори дохилӣ аз маҳсулоти ватанӣ мегардад.

Бартараф сохтани вазъи буҳронӣ дар иқтисодиёт зарурати пеш бурдани сиёсати «Эҳёи молиявӣ»-ро ба миён меорад, ки чунин вазифаҳоро дар бар мегирад:

  • ба низоми меъёрӣ овардани муомилоти дохилии пул, таъмини пул, маҳдуд намудани ҳаҷми долларикунонии муомила ва бо ин роҳ ба роҳ мондани низоми ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт;
  • баланд бардоштани сатҳи буҷети давлатӣ то 20 фоизи ММД;
  • баланд бардоштани саҳми молиявии корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, мукаммал сохтани сиёсати саноатӣ дар мамлакат.

Аз душвориҳое, ки дар давраи аввали истиқлолият дар бахши муомилоти пулӣ ба миён омаданд, таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфт. Тавре, ки маълум аст, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабаби аз байн рафтани фазои ягонаи иқтисодии давлатҳои қаблан дар ҳайати иттиҳод вуҷуддошта, ин давлатҳо ба баровардани пули миллии худ шурӯъ намуданд. Аммо дар қаламрави Тоҷикистон, ки то соли 1995 рубли Федератсияи Русия чун воситаи пардохт боқӣ монд, ин боиси воридшавии пулҳои беқурбгаштаи барориши соли 1992 аз дигар давлатҳои собиқ ИҶШС (ба маблағи тақрибан 65 миллиард рубл) гашта, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ хатари бузургро эҷод намуд. Дар натиҷаи якбора боло рафтани нархҳои воридотии захираҳои энергетикӣ ва молҳои ниёзи мардум афзоиши сатҳи таваррум идоранашаванда гардида буд.

Дар бораи дараҷаи беқурбшавии пули рубли Россия дар Тоҷикистон ва вазъияти хатарнои бавуҷудомада чунин рақамҳо шаҳодат медиҳанд: агар соли 1992 моҳи январ қурби рубли Россия нисбат ба доллари ИМА 56,64 рубл бошад, моҳи декабри ҳамон сол 416,63 рубл ба як доллар, моҳи декабри соли 1993 – 1204,52 ба як, моҳи декабри соли 1994 – 3388,22 ба як доллар, моҳи апрели соли 1995 бошад ин таносуб ба ҳадди максималии худ – 5024 рубл ба як доллар расида буд.

Дар ин вазъият зарурати андешидани чораҳои таъхирнопазири молиявӣ ба миён омад, то ки оқибатҳои бенизомии муносибатҳо дар соҳаи пулию қарзӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн бардошта шавад. Ба ин хотир, ба хотири ҳифзи манфиатҳои иқтисодии худ Тоҷикистон аз 10 майи соли 1995 дар қаламрави мамлакат пули миллии худро дар шакли «Рубл» ба муомилот баровард. Ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ барои пойдор намудани низоми молиявию пулии мамлакат ва дар ин асос таҳкими истиқлолияти он замина гузошт.

Рубли тоҷикии соли 1995 дар низоми пулии Тоҷикистон вазифаи таърихии худро бомуваффақият иҷро намуда, барои гузаронидани ислоҳоти пулии кишвар дар сатҳи боз ҳам баланд – ҷорӣ намудани пули миллии сомонӣ (соли 2000) заминаву шароити зарурӣ фароҳам овард.

30 октябри соли 2000 ба ифтихори 1100 солагии давлатдории Сомониён асъори миллӣ бо номи сомонӣ ва дирам, соли 2001 бошад тангаҳои филизӣ ба муомилот бароварда шуданд.

Ҷорӣ намудани пули миллӣ, ки худ иқдоми бениҳоят ҷасурона ва хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, барои дар асоси сиёсати давлатдории мустақил пеш бурдани тамоми корҳои минбаъдаи устуворсозии иқтисодиёти кишвар таҳкурсии мустаҳками молиявӣ гузошт. Маҳз дар заминаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодӣ бехатарии молиявии кишвар ба дараҷае таъмин гашта, барои баланд бардоштани қудрати харидории рубли тоҷикӣ ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолии дохилӣ чораҳои амалӣ босуръат ва пай дар пай ҷараён гирифтанд.

Аҳамияти пули миллиро на танҳо чун олоти молиявӣ ва бехатарии он, балки чун рамзи давлатдорӣ бояд арзёбӣ намуд, зеро гардиши он дар доираи имконотҳои худ воситаи боэътимод барои инкишофи иқтисодии кишвари соҳибистиқлол мебошад. Тағйирёбии қурби расмии пулҳои Тоҷикистон дар солҳои 1991-2006 нисбат ба доллари ИМА дар замимаи 8 оварда шудааст.

Сиёсати пулию қарзии Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти таъмини бехатарии молиявии мамлакат ба боз ҳам беҳтар кардани низоми бонкии ҷумҳурӣ дар бахши нигоҳ доштани сатҳи таваррум, хизматрасонии бонкӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили бозори коғазҳои қиматнок, афзоиши муомилоти ғайринақдии маблағҳо ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи бонкӣ равона шудааст.

 

test

Добавить комментарий