Таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявӣ

 

Таснифоти таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявию бонкӣ

Таҳдидҳои умумии бехатарӣ дар бахши молиявию бонкӣ:
  1. Номӯътадилии сиёсӣ
  2. Ноустувории низоми молиявӣ
  3. Сатҳи баланди таваррум – беқурбшавии пул, паст фуромадани қобилияти харидории он дар натиҷаи баландравии нархҳо
  4. Номувозинии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ (ММД, ҳаҷми истеҳсолот, даромадҳо ва ғ)
  5. Инкишофи сусти инфраструктураи бозори молиявӣ
  6. Афзоиши қарзи дохилӣ ва беруна
  7. Бӯҳрони бахши инвеститсионӣ
  8. Самараи пасти низоми буҷетию андозгузорӣ
  9. Сатҳи баланди тафриқаи амволии аҳолӣ
  10. Номутаносибӣ дар равобити иқтисодии хориҷӣ
  11. Сепаратизми (ҷудоиҷӯии) минтақавӣ
  12. Иштибоҳ ва норасогиҳо дар бахши хусусигардонӣ

Таҳдидҳои ҷузъии бехатарӣ дар бахши молиявию бонкӣ:

а) Таҳдидҳо дар соҳаи молиявию муомилоти пулӣ

  1. Афзоиши пардохтнашавии амалиётҳои иқтисодӣ
  2. Танзимшавии сусти нарх дар соҳаи энергетикаю сӯзишворӣ ва нақлиёт
  3. Бадшавии сохтори воситаҳои пардохт
  4. Маҳдудшавии маблағҳои пулӣ дар муомилот
  5. Номутаносибии нархгузорӣ ба молу хизматрасонӣ
  6. Афзоиши ҳиссаи муомилоти мушоҳиданашаванда (ғайриқонунӣ).
б) Таҳдидҳо дар соҳаи бонкӣ

  1. Ноустувории фаъолияти ниҳодҳои (институтҳои) молиявӣ
  2. Муфлисшавии бонкҳо
  3. Характери сохтадоштаи сармояи оинномавии бонкҳо
  4. Зиёд будани амалиётҳои ҳаннотӣ (спекулятивӣ)
  5. Сиёсати қарздиҳии таваккалии хатарнок
  6. Назорати сусти давлатӣ аз рӯйи фаъолияти бонкҳо
  7. Вуҷуд надоштани низоми суғуртакунии пасандозҳои депозитӣ
  8. Сатҳи пасти пардохтпазирии дороиҳои бонкӣ
  9. Самараи пасти фаъолияти аксари сохторҳои бонкӣ
  10. Сатҳи пасти пардохтпазирии корхонаҳои бахши воқеии иқтисодиёт
  11. Номутобиқии бонкҳои ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ
в) Таҳдидҳое, ки бо фаъолияти бозори фондӣ вобастаанд

  1. Бӯҳрони сохтории бозори фондӣ
  2. Вобастагии баланд аз сармоягузорони хориҷӣ
  3. Сатҳи пасти ҷалбкунии маблағҳои инвеститсионие, ки барои корхонаҳои бахши воқеии иқтисодиёт заруранд
  4. Назорати суст аз рӯйи фаъолияти ширкатҳои молиявӣ
  5. Танзим нагаштани муомилоти векселӣ дар иқтисодиёт
  6. Сафарбаршавии ғайримақсадноки маблағҳои инвеститсионӣ барои пӯшонидани қарзи давлатии дохилӣ
  7. Тарзи криминалӣ гирифтани бозори коғазҳои қиматнок
г) Таҳдиди бехатарии молиявӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

  1. Вазъи буҳронӣ дар хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ
  2. Долларикунонии иқтисодиёт (аҳолӣ пасандозҳои худро ба харида нигоҳ доштани доллар сарф мекунад)
  3. Пастшавии қурби арзи миллӣ
  4. Беназорат ба хориҷ баровардани ашёи муҳими стратегӣ
  5. Ба хориҷи кишвар бурдани сармоя
  6. Маҳдудкунӣ (дискриминатсия) дар бахши савдои хориҷӣ
  7. Ба хориҷа ғайриқонунӣ баровардани молҳои таҳти аксиз фарогиранда
  8. Сиёсати таҷовузкоронаи ширкатҳои хориҷӣ барои забт кардани бозори фурӯш дар ҷумҳурӣ
  9. Дараҷаи бениҳоят баланди вобастагӣ аз воридот
  10. Аз даст додани бозори фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии коркард.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, ташаккули низоми молиявии мамлакат ва фондҳои пулии марказонидашуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудаанд. Қонуни мазкур инчунин муносибатҳои молиявию байнибуҷетиро танзим намуда, нақши мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни ҷараёни буҷетиро дар бобати таҳия, баррасии лоиҳаи буҷетҳо, тасдиқ, назорати иҷрои онҳо муқаррар менамояд.

Молияи давлатӣ – маҷмӯи муносибатҳои пулии вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи захираҳои пулии давлат ва маблағҳое, ки тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ ҷамъ оварда шуда, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ истифода бурда мешавад. Низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши муайяни муносибатҳои молиявӣ буда, шаклу усулҳои ҷамъоварӣ, тақсим, ва истифодаи маблағҳои пулии давлатро муайян мекунад ва аз чунин муносибатҳои молиявӣ иборат мебошад: низоми буҷети давлатӣ; қарзи давлатӣ; фондҳои мақсадноки давлатӣ.

буҷети давлатӣ – захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб гардида, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад. Низоми буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба сатҳи якум ва сатҳи дуюм ҷудо мешавад. Сатҳи якум – ин буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ; сатҳи дуюм – буҷетҳои маҳаллӣ (буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва ҷамоатҳо).

Идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути чунин мақомоти идоракунӣ сурат мегирад:

  • Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Бонки миллии Тоҷикистон;
  • Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Вазифаҳои идоракунӣ ва танзими муносибатҳои молиявӣ дар мамлакат ба зиммаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ вогузошта шудааст.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.