Мавқеи андоз ва  сиёсати андозгузорӣ, равнақи бозори коғазҳои қиматнок дар таъмини бехатарии молиявӣ

 

Манбаи асосии захираҳои молиявии  давлат, ки ба тариқи марказонидашуда сафарбар мешаванд, андоз ва пардохтҳои давлатӣ мебошанд. Бо низоми андоз1)* ва сиёсати давлатии андоз  манфиатҳои ҷомеа ва давлат, инчунин, ҳамаи шаҳрвандон ва гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ, корхонаю муассисаҳои кишвар вобаста мебошанд. Ислоҳоти андоз ва сиёсати андози давлат объекти муҳими дигаргунсозиҳои давраи гузаришро ташкил намуданд. Иқтидори андозситонӣ  имконияти давлатро дар бахши иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқтаъминкунӣ ва мудофиавии мамлакат  муайян мекунад.

Имкониятҳои таъмини бехатарии молиявӣ  аз фаъолияти молиявии корхонаҳо вобаста аст, зеро маҳз ҳолати молиявии  корхона – фоиданокӣ, ё зарарнокӣ, пардохтпазирӣ ё пардохтнопазирӣ, фарсудашавии сармояи асосӣ ва нарасидани воситаҳои гардон, ворид шудани унсурҳои ҷиноятӣ ба фаъолияти молиявии корхона, аз ҳисоботдиҳӣ саркашӣ намудан ва  рӯпӯш намудани натиҷаҳои молиявӣ ба хотири кам кардан ё насупоридани андоз, кӯшишҳои азхудкунии маблағҳои давлатӣ, дар мӯҳлаташ пардохт накардани музди меҳнати кормандон ва ғ. ба иқтидори андозситонӣ ва бехатарии молиявии давлат таъсир мерасонанд.

Ҷамъоварии андоз, ки  яке аз масъалаҳои муҳими бехатарии молиявӣ мебошад,  аз фаъолияти низоми андоз ва  мақомоти ҳокимият – нозироти андоз, политсияи андоз, сохторҳои қудратӣ, низоми судӣ, роҳбарони ҳукуматӣ вобаста аст. Ғайр аз ин натиҷаҳои ҷамъоварии андоз аз фаъолияту рафтори худи андозсупорандагон, инчунин,  беш аз ҳама аз вазъият дар худи иқтисодиёт вобаста  аст.

Такмили сиёсати андозгузорӣ  доимо таҳти таваҷҷӯҳи давлат қарор дорад, зеро андоз воситае мебошад, ки омили инкишоф ва рушди иқтисодиёт ва дар айни ҳол ҳавасмандиро аз байн бурда, метавонад садди пешравӣ гардад.

Аз нигоҳи бехатарии молиявӣ сиёсати андозгузорие, ки ба ҳалли се вазифаи муҳим – таъмини давлат бо захираҳои молиявӣ, танзими иқтисодиёт ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ равона мешавад, бояд чун механизми ягона баррасӣ гардад. Норасогиҳои дар механизми андозгузорӣ ҷойдошта  боиси ба вуҷуд омадани хатари иқтисодӣ мегарданд, онҳо бояд дар ҷараёни такмили қонунгузорӣ оид ба андозбандӣ бартараф  карда шаванд. Ингуна норасогиҳо пеш аз ҳама аз инҳо иборатанд:

  • сатҳи баланди андозбандӣ: модоме ки ин сатҳ аз 20-25% боло аст, ҳавасмандии андозсупорандагон барои  пешбарии кор коҳиш меёбад;
  • вуҷуд доштани намудҳои гуногуни андозҳои ғайрирасмие, ки мутаассифона дар ҷойҳо нест намешаванд;
  • ноустувории низоми андозгузорӣ, тағйиротҳои пай дар пай дар қонунгузории андоз ва сатҳи андозбандӣ, бахусус дар бахши андозҳои маҳаллӣ;
  • пинҳонкунии даромад аз ҷониби андозсупорандагон ва чун оқибат – сатҳи пасти ҷамъоварии  маблағи андоз;
  • доир нагардидани чорабиниҳои нав дар соҳаи ташкил ва назорати андозгузорие, ки дар Кодекси андози ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд.

Бехатарии молиявӣ тақозо мекунад, ки дар мамлакат ҳамаи унсурҳои бозорӣ (бозорҳои дороиҳои воқеӣ, молӣ, қарзӣ, бонкӣ) инкишоф ёфта, барои пешравии  иқтисодиёт мусоидат намоянд. Дар ин ҷода бозори коғазҳои қиматнок1)* ба аҳамияти хоса соҳиб мебошанд. Бозори коғазҳои қиматнок унсури бозори пулӣ ва бозори сармоя буда дар якҷоягӣ бозори молиявиро ташкил медиҳанд. Ин бозори махсусест, ки дар он сармоягузорон ва эмитентҳое (бароришгарҳо), ки манфиатҳои бахшҳои гуногуни иқтисодиётро муаррифӣ мекунанд, инчунин гурӯҳҳои гуногуни молиявию саноатӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳо амал мекунанд. Дар ин ҷо бахши давлатӣ бо бахши ғайридавлатӣ, бозори дохилии молиявӣ бо бозори арзӣ дар якҷоягӣ ҳамкорӣ ва амал мекунанд. Бо манфиатҳои мухталифи иқтисодии худ бозори коғазҳои қиматнок,  бозори молиявӣ ва бозори арзии Тоҷикистон дар айни ҳол ба худ ҳадафҳоеро пайдо карда истодаанд,  чуноне ки онҳо дар бозорҳои мамолики тараққикарда ҷой доранд. Аммо суръати инкишофи ингуна бозорҳо ҳоло бениҳоят суст буда, ба болоравии муносибатҳои бозорӣ монеа  мешаванд. Дар ин бозор ҳоло танҳо вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва саҳмияҳои ташкилотҳои саҳомӣ гардиш мекунанд.

Азбаски бозори коғазҳои қиматнок ҳоло дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад, аҳолӣ дар бораи моҳият, аҳамият ва навъҳои коғазҳои қиматнок, усулҳои истифодаи онҳо  тасаввуроти пурра ҳосил накардааст.

Ба хотири ташаккул ва  инкишофи бозори муташаккили коғазҳои қиматнок зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд, аз ҷумла:

– аз нав оғоз намудани барориши векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ;

– ташкил намудани  иштироки вомбаргҳои дарозмуддати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар бозори дуюмдараҷаи  коғазҳои қиматнок;

– ташкил намудани механизми ягонаи расондани иттилоот барои иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок;

–  ҷалб намудани созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои мусоидат дар рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1) Тибќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ки соли 2004 ќабул шудааст, дар љумњурї маљмўи андоз 19 намуд андозро дар бар гирифта,  ба ду гурўњ људо мешавад: андозњои умумидавлатї ва мањаллї.

а) андозњои умумидавлатї:

  1. андози даромад аз шахсони воќеї (андоз аз даромади

       шахсони   воќеї);

  1. андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;
  2. андоз аз арзиши иловашуда;
  3. аксизњо;
  4. андози иљтимої;
  5. андози замин;
  6. андозњо аз истифодабарандагони ќаъри замин;
  7. андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;
  8. андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
  9. андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї;
  10. бољи гумрукї ва дигар пардохтњои гумрукї;
  11. бољи давлатї;
  12. андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
  13. андози њадди аќал аз даромади корхонањо;
  14. дигар пардохтњои њатмии умумиљумњуриявї.

        б) андозњои мањаллї:

  1. андоз аз амволи ѓайриманќул;
  2. андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;
  3. андоз аз фурўши чакана;
  4. дигар пардохтњои њатмии мањаллї.

 

1) Коѓазњои ќиматнок(сањмия, вомбарг (вараќаи ќарзии бањрадор), вексел, чек, тасдиќномаи амонатї) чун воситаи махсуси фондї дорои хусусиятњои хоса буда, бо нархи муайян хариду фурўш мешаванд, метавонанд ба пул табдил дода шаванд, ба сифати замонат хизмат кунанд, ба мўњлати муайян ё бемўњлат ба мерос дода шаванд. Агар дар ибтидои пайдошавиашон онњо танњо дар шакли коѓаз бошанд, њоло навъњои коѓазњои ќиматнок дар шакли сањмияњои ѓайрикоѓазї ё бењуљљат (дар сабти электронї) ба миён омада, мавриди хариду фурўши онњо зарурати пешнињод намудани коѓазњои ќиматнок аз байн рафтааст.

Вексел шањодатномае мебошад, ки дар он  дастури хаттии векселдињанда дар хусуси ба соњиби вексел додани миќдори муайяни пул ё аз рўйи ўњдадорї пардохтани он сабт шудааст. Навъњои вексел гуногунанд: вексели бонкї, давлатї, тиљоратї, оддї, интиќолї, вексели дорои камбудии расмї, вексел ба мўњлати пешнињод,вексел бо мўњлати пардохт аз давраи супурдашудан, вексел бо мўњлати муайяни пардохт аз давраи тањия шудан, вексел мўњлати пардохташ дар рўзи муайян. Чекњо чун њуљљати пардохтию њисобу китоб навъњои зерин дорад: чеки номнавис, чеки дастурї, аз як шахс бо шахси дигар бо навиштаљоти супориш додан љоиз аст, чеки бе ном, яъне ба пешнињодкунанда, чеки њисобу китоб,ки бо он пули наќд дода намешавад, чеки пулї- барои гирифтани пули  наќд ва ѓайра.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.