Сохтори минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тақсимоти  маъмурию ҳудудӣ

 

«Манбаъҳои таърихӣ собит месозанд, ки тоҷикон аз  ҷумлаи халқҳои қадимтарини дунё буда, бо шаҳрсозиву шаҳрдории худ дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми арзанда доранд. Дар қатори даҳҳо шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ, ки бо маҳорат ва завқи баланди шаҳрсозии ниёгони мо бунёд шудаанд, шаҳрҳои куҳани  қаламрави Бохтару Хатлони қадим маҳсули заҳмату  ҳунар ва санъати волои меъмории онҳо буда, дар таърихи миллати мо нақши муҳимро касб кардаанд.

 

Э.Ш. Раҳмонов

 

Масоили бехатарии минтақаро  дахл намуда, бояд ба мафҳуми «минтақа»  рӯшноӣ андозем, чунки дар ибораи тоҷикии «минтақа» нисбат ба ибораи русии «территория», «регион»  метавонад маънои ҳаррангаро соҳиб шавад. Бо маънои васеяш минтақа чун қисми ҳудудии  байналмилалӣ фаҳмида мешавад, масалан, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ё  Шарқи Наздик, минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (кишварҳои навини саноатӣ – Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Сингапур) ва ғайра. Бо маънои маҳдудаш минтақа дар дохили кишвар чун қисми марзии он – вилоят, шаҳру ноҳия ва дигар воҳидҳои маҳаллӣ фаҳмида мешавад.

Сохтори иқтисодиёти кишвар аз сохторҳои соҳавӣ ва минтақавӣ иборат буда, таносуби онҳо, идораи соҳавӣ ва идораи минтақавӣ, ҷудо намудани бартариятҳои ба ҳар яки онҳо мансуббуда аз ҷумлаи муаммоҳои идоракунии мамлакат мебошанд. Ингуна муаммо таърихан аз давраҳои шӯравӣ боқӣ монда, ҳоло аҳамияти худро гум накардааст, баракс, дар шароити соҳибистиқлолӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Сиёсати минтақавии давлат, ки дар ноҳия, шаҳру  вилоятҳои ҷумҳурӣ доир мегардад, маҷмӯи тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологиро дар бар гирифта, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият  амалӣ мегардад. Сиёсати минтақавӣ инчунин маҷмӯи ҳадафҳо ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатие мебошад, ки идоракунии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва  механизми амалӣ  намудани онҳоро дар бар мегирад. Сиёсати мазкур  аз гурӯҳи махсуси сиёсати давлатие мебошад, ки дар соҳаи танзими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, этникӣ, экологии рушди кишвар дар доираи ҳудудӣ ба амал бароварда мешавад.

Муносибатҳои минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути як қатор  қонунҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», Қонун «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа», ки солҳои гуногун таҳия ва тасдиқ гашта, давра ба давра бо дарназардошти тағйироту иловаҳо такмилоти худро ёфтаанд,  танзим мешаванд.

Салоҳияти  мақомоти маҳаллӣ, бахусус салоҳият ва масъулияти мақомоти иҷроияи он, муносибатҳои он бо ҳукумати марказӣ, муайян намудани дурнамои ҳар як минтақа, асосноккунии илмии рушди комплексии ҳар як шаҳру навоҳиди кишвар аз ҷумлаи муаммоҳои муҳимтарини минтақавӣ мебошанд. Дар ин қатор асосҳои ҳуқуқии афзалиятҳои танзими давлатӣ, сиёсати минтақавӣ ҳоло чун мавзӯи муҳими идоракуниву танзими давлатии рушди минтақавии кишвар  дар марҳилаи ташакккулёбӣ қарор доранд.

Масоили рушди минтақавӣ яке аз проблемаҳое мебошад, ки нисбат ба  масъалаҳои соҳавӣ кам таҳқиқ гаштааст. Агар аксари масъалаҳои соҳавӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби муҳаққиқон дар шаклҳои гуногуни тадқиқоти илмӣ баррасӣ шуда бошанд, инро дар масълааи минтақавӣ гуфтан мумкин нест: минтақа – бахусус ноҳияву шаҳрҳои алоҳида аз имкониятҳои чунин тадқиқотҳо бархурдор нашудаанд. Аз чунин нуқтаи назар тадқиқоте, ки чун яке аз аввалинҳо  дар ин самт  дар ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, дар он минақа ба сифати муҷаммаи (комплекси) бисёрсоҳаи хоҷагӣ дар мувозинати миқдориву сифатӣ мавриди тадқиқоти илмӣ қарор гирифтааст, чолиби диққат ва ҷонибдорӣ аст. Ин таҷриба чун «Модели Хол Машрабов» – бо унвони раиси ноҳияи Рӯдакӣ ном гирифта, барои таъмини бехатарии иқтисодии минтақа дар дигар навоҳиди кишвар ибратангез мебошад1)*

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нақшаи 14.1. Тарзи умумии доиргардии сиёсати иқтисодии минтақа

 

Дар байни ҳадафҳои дар бар гирифтаи сиёссати минтақавӣ  баробар сохтани сатҳи рушди минтақаҳо, вусъат бахшидан ба маҷмӯи нақшҳои иҷтимоӣ дар манотиқ, оқилона ба роҳ мондани истифодабарии манобеи маҳаллӣ, ҳамкориҳои байниноҳиявӣ ба аҳамияти хоса соҳиб мебошанд. Сиёсати минтақавӣ тавассути чораҷӯиҳои гуногун ба монанди имтиёзҳо, ҷаримаҳо, кӯмакрасониҳо, чораҳои маъмурӣ ё иқтисодӣ, бунёди инфраструктура (сохтмони роҳҳо, кӯпрукҳо) ва ғайра доир мегардад. Ингуна чораҷӯиҳо дар доираи чораҳои ҳукуматӣ, барномаҳои махсус, ё, вобаста ба мушкилоти бавуҷудомада, – тавассути барномаҳои мақсаднок  амалӣ кунонида мешаванд.

Аз нигоҳи бехатарии минтақавие, ки дар сатҳи давлатӣ пеш бурда мешавад, ҳадафи баробар кардани иқтидорҳои иқтисодии минтақаҳои гуногун ва таъмин сохтани баробарии шароити зиндагониро  дар онҳо дар назар дошта мешавад. Дар амалия ин бояд маънои кӯшиш кардан ба баробарии тақрибан  якхелаи даромадҳо, пешниҳоди ҷойҳои кории ихтисоснок, таъмини шароити маълумотгирӣ ва таъмини иҷтимоӣ, баробар сохтани сатҳи сифати зиндагонӣ дар шаҳрҳо ва деҳотро дошта бошад. Имрӯз дар назди сиёсати давлатии минтақавӣ вазифаҳои нав ба монанди чораҳои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳо ва корхонаҳои дар минтақаҳои аз назари иқтисодӣ қафомонда, тағйир додани сохтори иқтисодии онҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфраструктура, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи иқтисодӣ, асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқиву ташкилӣ чун мақсади сиёсати минтақавии давлат дониста мешаванд.

Дар шаҳру ноҳияҳо аз дараҷаи асоснокии сиёсати хоҷагидории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз истифодашавии  имкониятҳои пешравии иқтисодию  иҷтимоӣ ва дастгирии воқеии рушди соҳибкорӣ натиҷаҳои макроиқтисодии ҳар як воҳиди минтақавӣ  ва таҳкими бехатарӣ  бевосита вобастагӣ дорад.

Амнияти иқтисодии мамлакат аз амнияти иқтисодии ҳар як минтақа ва ҳамаи минтақаҳои қаламрави он дар маҷмӯъ пайваста мебошад. Тоҷикистон аз рӯйи тақсимоти маъмурию минтақавӣ чунин сохтор дорад: якто вилояти мухтор, ду адад вилоят, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар дохили онҳо –  17 адад шаҳр (аз ҷумла шаҳри Душанбе), 52 адад ноҳия, 60 адад шаҳрак ва 364 адад ҷамоат вуҷуд доранд.

Соли 2005 бо қарорҳои  Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад шаҳрҳои ҷумҳурӣ (Данғара, Ёвон, Панҷ, Ғафуров, Шӯроб, Ҳисор)  ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуданд:

  • қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2005 № 610 «Оид ба категорияи шаҳрак мансуб донистани шаҳрҳои Данғара ноҳияи Данғара (шаҳраки Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2000 № 115 ба категорияи шаҳрҳои  аҳамияти  ноҳиявӣ дошта мансуб гашта  буд), Ёвон ноҳияи Ёвон, Панҷ ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон»;

2)   қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2005 № 611 «Оид ба категорияи шаҳрак мансуб донистани шаҳрҳои  Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ва  Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд».

  • қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2005 № 612 «Оид ба категорияи шаҳрак мансуб донистани шаҳри Ҳисори ноҳияи Ҳисор».

Теъдоду номгӯи воҳидҳои  идоракуниии  маъмурию ҳудудӣ дар миқёси вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз маълумотҳои дар нақшаи  овардашудаи зерин дида мешаванд.

 

 

 

 

  ноҳияҳо шаҳрҳо шаҳракҳо ҷамоатҳои      деҳот
Вилояти Суғд 10 8 24 93
Вилояти Хатлон 21 4 26 133
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 1 43
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 3 10 95
Шаҳри Душанбе

(Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур)

4

 

 

                       Ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ

                   Ноҳияҳо

Шаҳрҳо

Шаҳракҳо
1. Варзоб

2. Рашт

3. Ҳисор

4. Ҷиргатол

5.Нуробод

6.  Рудакӣ

7. Тавилдара

8. Тоҷикобод

9. Файзобод

10.  Шаҳринав

1. Ваҳдат

2. Турсунзода

3. Роғун

 

1. Такоб

2. Ғарм

3. Навобод

4. Шарора

5. Дарбанд

6. Сомониён

7. Навобод

8. Обигарм

9. Октябр

10. Ҳисор

 

Вилояти Суғд

     Ноҳияҳо Шаҳрҳо Шаҳракҳо
1.  Айни

2.  Ашт

3.  Ғончӣ

4.  Зафаробад

5  Кӯҳистони

Мастчоҳ

6   Мастчоҳ

7   Спитамен

8   Ҷаббор Расулов

9.  Бобоҷон Ғафуров

10. Шаҳристон

1.  Хуҷанд

2. Исфара

3.  Қайроққум

4. Конибодом

5.Панҷакент

6. Табошар

7. Истаравшан

8. Чкалов

1. Адрасмон

2. Олтин топкан

3. Консой

4. Навгардон

5. Сирдарё

6. Чоруқдаррон

7. Шӯроб

8.  Палос

9. Зарафшон

10. Шайдон

11. Ғончӣ

12. Зафаробод

13.  Меҳнатобод

14. Пахтакорон

15. Ким

16. Нефтобод

17. Бӯстон

18. Куруксой

19. Такалӣ

20. Нов

21. Пролетар

22. Айнӣ

23. Меҳрон

(Кӯҳистони

Мастчоҳ)

24. Ғафуров

23. Шаҳристон

  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
   Шаҳр                       Ноҳияҳо
  Шаҳри Хоруғ

 

1. Ванҷ

2. Дарвоз

3. Ишкошим

4. Мурғоб

5. Роштқалъа

6. Рушон

7. Шуғнон

Вилояти  Хатлон

Ноҳияҳо

Шаҳрҳо

Шаҳракҳо
1. Абдураҳмони

Ҷомӣ

2.  Балҷувон

3.  Вахш

4.  Восеъ

5.  Данғара

6.  Ҷиликӯл

7.  Хуросон

8.  Носири Хусрав

9.  Колхозобод

10. Бохтар

11. Темурмалик

12. Қумсангир

14. Қубодиён

14. Мӯминобод

15. Мир Сайид

Алии Ҳамадонӣ

16. Фархор

17. Панҷ

18. Ховалинг

19. Шаҳритус

20. Ёвон

21. Шӯрообод

1. Қӯрғонтеппа

2. Сарбанд

3. Кӯлоб

4. Норак

 

1. Вахш

2. Киров

3. Восеъ

4. Гаравути

5. Колхозобод

6. Орзу

7. Исмоили Сомонӣ

8. Бӯстонқалъа

9. Бохтариён

10. Дӯстӣ

11. Ленинград

12. Москва

13. Фархор

14. Совет

15. Шаҳритус

16. Ҳаёти нав

17. Куйбишев (А.Ҷомӣ)

18. Сомонӣ (Бохтар)

19. Исоев (Колхозобод)

20. Қубодиён

21. Баҳор (Н.Хусрав)

22. Обикиик (Хуросон)

23. Панҷ

24. Данғара

26. Ёвон

 

Нақшаи 14.2.  Сохторҳои минтақавии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ноҳияҳо дар тобеъияти шаҳр мебошанд, масалан, Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, Истаравшан ва дигарҳо. Дар ин ҷо мақомоти идораи ноҳия алоҳида (мустақил) вуҷуд надошта, дар ҳайати мақомоти идораи шаҳр амал мекунад. Азбаски ноҳияҳои номбурда  чун воҳиди маъмурӣ вуҷуд надоранд, онҳоро «ноҳия» номидан ҷоиз нест.

Ноҳияҳои ҷумҳурие, ки дар ҳайати мақомоти иҷроияи шаҳр фаъолият менамоянд (бо ибораи дигар ин ноҳияҳо унвони мустақили «ноҳия» надоранд), инҳо мебошанд:

  1. Ваҳдат
  2. Истаравшан
  3. Исфара
  4. Конибодом
  5. Кӯлоб
  6. Норак
  7. Панҷакент
  8. Роғун
  9. Сарбанд
  10. Турсунзода.

 

Албатта,  вақто ки «дар шаҳри Ваҳдат соли 2005 8751 тонна пахта, 28682 тонна картошка, 43 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст», ё ин ки «пахтакорӣ яке аз соҳаи асосии кишоварзии шаҳр мебошад»  мегӯянд, камбудии мантиқ эҳсос мешавад, яъне  ба фаъолияти шаҳр   вобастакунии истеҳсоли кишоварзӣ.  Аммо, чӣ чора,  ба тарзи дигар гуфтан мумкин нест, зеро  тақсимоти маъмурию минтақавии ҳозира дар кишвар чунин буда, ифодаи боло ба он пурра мувофиқ аст.

Дар адабиёт дар бораи тағйир додани сохтори минтақавии ҷумҳурӣ – ташкил намудани вилоятҳои нав таклифу пешниҳодҳо  ҷой доранд. Чунончи, Бӯри Каримов дар китоби сафеду сабзи худ сохтори идории вилоятҳои нави Тоҷикистонро пешниҳод намуда, қайд мекунад, ки ин сохтор идоракуниро осон мегардонад, албатта, дар айни ҳол набояд шумораи роҳбаронро афзояд. Шумораи роҳбарони вилоятҳо аз ҳисоби кам кардани шумораи роҳбарони идории шаҳру ноҳияҳои поёнӣ ба вуқӯъ пайвандад.  Аз ҷумла пешниҳод мекунад, ки сохтори идорӣ дар доираи вилоятҳои нав чунин бошад:

Вилояти Вахш, марказаш  Қӯрғонтеппа (14 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Кӯлоб, марказаш – Кӯлоб (10 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Суғд, марказаш   Конибодом (8 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, марказаш  Хоруғ (7 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Рашт, марказаш Хумдон ё Роғун (7 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Ҳисор, марказаш Ҳисор (7 ноҳияро дар бар гирад)

Вилояти Зарафшон, марказаш Айнӣ (6 ноҳияро дар бар гирад)

Пешниҳодҳо бояд дар ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифта, баъдан бо тайёрии пухта амалӣ шаванд. Гурӯҳи босалоҳат ва таҷрибадор тамоми ҳисобу китобҳои пешакиро тайёр намоянд. Тағйири маркази вилоятҳо ва гурӯҳбандии баъзе минтақаҳо тавзеҳ талаб мекунад. Ин тавзеҳ дар асоси таҳлилҳои иловагӣ бояд пешниҳод шавад. Барои мисол, аз нигоҳи дар миёнароҳи пойтахти кишвар Душанбе, вилояти Суғд ва худи водии Зарафшон ҷойгир будани ноҳияи Айни, ин ноҳия метавонад маркази вилояти Зарафшон бошад, – менависад ӯ.1)*.

Ингуна таклифотҳо бояд чун пешниҳоду таклифотҳои алтернативӣ дар мавзӯи такмили сохтори идоракунии кишвар пазируфта шаванд.

1) Ниг. Материалы научно-практической конференции «Модель круглогодичного сельскохозяйственного производства», посвященной 10-летию Модели Хол Машрабова. – Душанбе, 2006, 175 с.

 

1)Бўрї Карим. Тољикистон: дурнамои рушд (Китоби сафеду сабз)- М., 2004, сањ. 87, 90-91.

 

test

Добавить комментарий