Самтҳои бехатарӣ, таҳдидҳои дохилӣ ва  беруна ба манфиатҳои  иқтисодии минтақа

Бехатарии иқтисодии минтақавӣ (ноҳия, вилоят) маҷмӯи масъалаҳои тараққиёти устувори маҳал, як қадар мустақилии ҳалли онҳоро ба дӯши худ гирифта, чунин ифода ёбад:

  • имконияти доир намудани сиёсати мустақили маҳал дар доираи сиёсати давлатии ҷумҳуриявӣ;
  • таъмин намудани иҷрои чорабиниҳои назарраси минтақавӣ доир ба масъалаҳои иқтисодии муҳимтарин, аз ҷумла вобаста ба бартараф намудани баъзе оқибатҳои ногувори табиӣ, ҳолатҳои коҳиши иқтисодие, ки ба баъзе қарорҳои нодурусти  маъмурӣ вобастаанд;
  • истифодаи меъёрҳои иқтисодии байналмилалие, ки барои сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, барои монегӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагӣ равона шудааанд;
  • истифодаи манбаъҳои худии инкишофи минтақа;
  • бештар инкишоф додани соҳаҳои фоидаовар ва соҳаҳое, ки аз нуқтаи назари дурнамои тараққиёт бартарият доранд;
  • бартараф намудани ҳолати қафомонии ноҳияҳои алоҳида;
  • ташаккули унсурҳои инфраструктураи байниминтақавии иқтисодиву иҷтимоӣ.

Минтақа чун объекти хатари иқтисодӣ ду намуди таҳдиди манфиатҳои иқтисодиро   дар худ эҳсос менамояд – таҳдиди беруна  ва таҳдиди дохилӣ. Таҳдиди беруна  бо  чунин сабабҳо ба вуҷуд меояд:

  • истифодаи ғайриоқилонаи маблағҳои арзӣ;
  • бо маблағ таъмин набудан, ноустувории молиявии минтақаи мазкур, бахусус барои таъмини бахши иҷтимоӣ;
  • авҷ гирифтани ҷинояткориҳои иқтисодӣ;
  • аз даст додани мавқеи худ дар бозори хориҷӣ;
  • ба хориҷи минтақа бештар равон шудани маблағи арзӣ;
  • ғайриоқилона истифода намудани сарватҳои табиии минтақа;
  • инкишофи иқтисодиёти мушоҳиданашаванда (ниҳонӣ);
  • вайроншавии фазои ягонаи иқтисодии байни минтақаҳо.

Таҳдиди дохилӣ баъзе омилҳои номбаршударо низ дар бар мегирад. Ва инчунин:

  • паст рафтани сатҳи истеҳсолот ва аз даст додани бозори дохилӣ;
  • вайрон шудани низоми иқтидори илмию техникӣ ва деиндустриализатсияи (ғайрисаноатисозии) иқтисодиёт;
  • аз даст додани истиқлолияти озуқаворӣ;
  • афзоиши шумораи бекорон ва суст гаштани ангезаҳои кору меҳнат;
  • афзоиши ашёфурӯшӣ ва кам гаштани соҳаҳои тавлиди моли ниҳоӣ;
  • ивазкунии тахассус аз ҷониби мутахассисони баландпоя;
  • зиёдшавии сафи аҳолии муфтхӯр;
  • гум шудани тахассуси касбии қувваи корӣ, муҳоҷирати бениҳоят зиёди захираҳои меҳнатии минтақа;
  • бениҳоят зиёдшавии масофаи байни аҳолии сердаромад ва камбизоат, байни сатҳи зиндагии аҳолии марказ ва аҳолии митақаҳои алоҳида.

Яке аз вазифаҳои мақомоти қонунгузор ва  иҷроияи маҳаллӣ  дар соҳаи таъмини бехатарии иқтисодӣ дар он аст, ки омилҳои ноустувории тараққиёти маҳал  дар шароити ҳозира ва дар оянда сари вақт санҷида арзёбӣ гарданд, барномаҳои иқтисодии инкишофи маҳал дар доираи Консепсияи тараққиёти мамлакат таҳия ва амалӣ кунонида шавад. Дар ин кор нақши мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, идораҳои дахлдор дар муҳайё намудани муҳити мусоиди инкишоф ва ёрии молиявию ташкилӣ торафт меафзояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.