Тавсифу таснифоти корхона

 

Таъмини бехатарии иқтисодии корхонаҳо аз вазифаву хусусиятҳои фаъолиятбарии ҳар яки онҳо бармеояд ва зарурати тавсифу таснифоти корхонаро пеш меорад. Дар натиҷаи аз байн рафтани инҳисороти давлатӣ корхонаҳо ҳоло ба ду гурӯҳи калон – корхонаҳои бахши давлатӣ ва бахши гуногуншакли ғайридавлатӣ – ҷудо мешаванд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар санаи 1.01.2006 дар ҷумҳурӣ 45000 адад корхона чун ахоси ҳуқуқӣ вуҷуд дошт. Аз ҷумла аз рӯйи шаклҳои моликият:

давлатӣ – 6601 адад (14,7%);

хусусӣ – 27017 адад (60,1%);

коллективӣ – 10723 адад (23,8%);

дигар шаклҳои моликият

(моликияти омехта, ҳуқуқии хориҷӣ,

шаҳрвандон ва ашхоси бетабаа) –645 адад (1,4%)1)[1]*.

На ҳамаи корхонаҳои мавҷуда амал мекунанд: аз ҷумлаи 45000 корхонаҳои бақайдгирифташуда танҳо 38307 адад корхона2) амалкунанда мебошанд, ки 85,1%- и шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Тавре ки маълум аст, фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ бештар дар доираи ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ сурат мегирад. Ташкилот чеҳраи ҳуқуқӣ1)[2]** дониста мешавад, ки дар тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулкро соҳиб буда, аз рӯйи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дошта бошад. Вай метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

Чеҳраи ҳуқуқӣ, ки ба корхона мансуб аст, бояд тавозун ё сметаи мустақил дошта бошад.

Аз рӯйи иштирок дар ташкили амволи чеҳраи ҳуқуқӣ муассисон (иштирокчиён) метавонанд нисбати ин ташкилот ӯҳдадорӣ ё ҳуқуқи амволӣ ба молу мулк дошта бошанд.

Ба чеҳраҳои ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи ӯҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва матлубот. Ба чеҳраҳои ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба амволашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари амволӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд.

Ба чеҳраҳои ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи амволӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: ташкилоти (иттиҳодияҳои ) ҷамъиятӣ ва динӣ; бунёдҳои (фондҳои) хайрия ва бунёдҳои дигари ҷамъиятӣ, ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо.

Ташкилотҳое чеҳраи ҳуқуқӣ дошта метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор диҳанд (ташкилоти тиҷоратӣ) ё чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд (ташкилоти ғайритиҷоратӣ).

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбӣ ва фаъолиятдории ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидориро дар мамлакат муқаррар сохта танзим менамояд.

Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ташкилоти тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Амволи аз ҳисоби пасандозҳои муассисон ҳосилшуда, инчунин аз ҷониби ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ дар ҷараёни фаъолияти он истеҳсол ё харидашуда моликияти ҳаққонии он аст.

Дар ҳолатҳои пешбинишудаи Кодекси гражданӣ ҷамъияти хоҷагидорӣ мумкин аст аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ва ӯ иштирокчии ягонаи он мегардад.

Ширкатҳои хоҷагидорӣ мумкин аст дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шавад.

Ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ метавонанд дар шакли ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё иловагӣ таъсис дода шаванд. Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилоти тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ҷамъиятҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳомони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Ширкатҳои хоҷагидорӣ, инчунин ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ барои баровардани саҳмия ҳуқуқ надоранд.

Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсисгардидае ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ) дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯйи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба дӯш доранд.

Иштирокчиёни пурра саҳм нагузоштаи ҷамъият, аз рӯйи ӯҳдадориҳои он дар доираи арзиши қисми пардохтнашудаи саҳми ҳар иштирокчӣ масъулияти муштарак доранд. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯйи Кодекси гражданӣ ва қонун дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муайян карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияташ иловагӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки аз ҷониби як ё чанд шахс таъсис гардида, фонди оинномавиаш мувофиқи андозаҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсис муайянгардида ба ҳиссаҳо тақсим мешавад; иштирокчиёни чунин ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он бо амволи худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаашон масъулияти муштараки субсидиарӣ доранд. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият тартиби дигари тақсимоти масъулият пешбинӣ нашуда бошад. Дар сурати муфлисшаваии яке аз иштирокчиён масъулияти ӯ аз рӯйи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни иштирокчиёни боқимонда мутаносибан бо саҳмҳояшон тақсим карда мешавад.

Ҷамъияти саҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст; иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ (саҳмдорон) аз рӯйи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд.

Ҷамъияти саҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои худро бе ризояти саҳмдорони дигар бегона карда метавонанд, ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК) эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва фурӯши озоди онҳоро амалӣ гардонад. Ҷамъияти саҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисоби фоидаю зиёнро барои маълумот нашр мекунад.

Ҷамъияти саҳомие, ки саҳмияҳои он танҳо байни муассисонаш ё доираи ашхоси дигари пешакӣ муайян тақсим мешаванд, ҷамъияти саҳомии пӯшида (ҶСП) дониста мешавад. Чунин ҷамъият барои обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва ё ба тариқи дигар ба доираи номаҳдуди ашхос ҷиҳати харид пешниҳод кардани онҳо ҳуқуқ надорад.

Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти саҳомии пӯшида набояд аз шумораи муайяннамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ бештар бошад. Дар акси ҳол он бояд дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода шавад ва агар пас аз гузаштани ин мӯҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашавад, бояд аз тариқи суд барҳам дода шавад.

Ҷамъияти хоҷагидории асосӣ метавонад дар назди худ ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ дошта бошад. Ҷамъияти фаръӣ дар асоси ҳамроҳшавӣ ба сармояи оинномавии ҷамъияти хоҷагидории асосӣ ва шартномаи байни онҳо метавонад таъсис дода шавад.

Дар байни ташкилоти ғайритиҷоратӣ кооператсияи матлубот мавқеи алоҳидаро дорост. Ин кооператив иттиҳодияи ихтиёрии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддии (амволии) иштирокчиён бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳақии саҳми амволии он эътироф карда мешавад. Номи кооперативи матлубот ба хотири дарбаргирии самти фаъолият ва ишора ба мақсади асосии он «ҷамъияти матлубот» ё ин ки «иттиҳоди матлубот» номида мешавад. Азбаски кооператсияи матлубот ташкилоти ғайритиҷоратӣ аст, даромади бадастовардаи онро байни аъзоёни он тақсим кардан мумкин нест.

Корхонаҳои бахши ғайридавлатӣ бо корхонаи бахши давлатӣ зич вобаста аст, бинобар ин шарҳи баъзе мафҳумҳои вобастаро дар ин ҷо зарур донистем.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» корхонаи воҳиди (унитарии) давлатӣ ташкилоти тиҷоратие дониста мешавад, ки ҳуқуқи ба амволи вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад. Корхонаи давлатии фаръӣ шахси ҳуқуқиест, ки дар назди дигар корхонаи давлатӣ, аз ҳисоби қисми моликияти он таъсис меёбад.

Дар шароити бозор ба корхонаҳои давлатӣ чунин намудҳои корхонаҳо мансубанд:

  • корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ;
  • корхонаҳои давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ;

Пешбурди хоҷагидорӣ гуфта ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаро мефаҳманд, ки аз давлат чун молик амволро гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, ва ихтиёрдорӣ кардани ин амвол мебошад.

Идоракунии оперативӣ – ин ҳуқуқи маҳдуди молии корхонаи давлатӣ нисбати амволе, ки аз молик мутобиқи мақсадҳои фаъолияти худ, супоришҳои молик ва таъиноти амвол гирифтааст ва дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории ин амволро дорад.

Аз рӯйи вобастагиашон ба намудҳои моликияти давлатӣ корхонаҳои давлатӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҷумҳуриявӣ қарор доранд;
  2. Корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд ва корхонаҳои давлатии коммуналӣ номида мешаванд.

Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои корхонаҳои давлатӣ ба ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, нигаронида шудаанд. Аз ҷумла:

– таъмини моддии қудрати мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;

– истеҳсоли мол (кор ва хизматрасонӣ);

  • анҷом додани фаъолият дар соҳаҳое, ки ба вазифаҳои давлат мансубанд.

Соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаҳои давлатӣ аз тарафи муассис ё мақоми ваколатдор муайян карда шуда, дар оинномаи корхона инъикос меёбанд.

Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатӣ дар соҳаҳои зерин метавонад сурат гирад:

  • истеҳсол, таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат. Аз ҷумла эҳтиёҷоте, ки ба истеҳсоли яроқи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ, бо мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • нобудсозӣ, партовкунӣ ва гӯрондану коркарди воситаҳои ҳарбию техникии бекоршуда;
  • истихроҷ, истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, гӯркунӣ, фурӯши уран ва дигар маводи радиоактивӣ, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онҳо, бе зарурати истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизат;
  • тайёр кардан ва фурӯхтани дорувор, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ;
  • анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳое, ки ба монополияи давлатӣ мутааллиқанд;
  • расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии кор бо мусофирон;
  • анҷом додани фаъолияти хоҷагидории соҳаи таъмини қувваи барқ, об, гармӣ ва газ;
  • расонидани хизмати алоқа (аз ҷумла алоқаи почта) ва телекоммуникатсионӣ, истифодаи хатҳои алоқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
  • расонидани хизмат дар соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва манзилӣ, инчунин дигар системаҳои таъмини ҳаёт дар зерсохторҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
  • дар соҳаи бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар фаъолияти қарзию молиявӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маъориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи телевизион (аз ҷумла телевизиони кабелӣ) ва радиошунавонӣ, фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;
  • анҷом додани фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд;
  • дигар соҳаҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Корхонаи воҳиди давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои худии фаъолияташ нигоҳ дошта мешавад. Фоидае, ки корхонаи воҳиди давлатӣ баъди пардохти андозҳо ба даст медарорад, аз ҷониби он бо тартиби пешбинишудаи оинномааш мустақилона тақсим карда мешавад.

Табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ чунин аст: агар ингуна корхона ба моликияти ҷумҳуриявӣ асос ёфта бошад, он гоҳ тибқи қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор сурат мегирад; агар корхона ба моликияти коммуналӣ асос ёфта бошад – бо санади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.

Табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дар чунин мавридҳо ба миён меояд: истифодаи ғайримақсади амволи давлатӣ ва маблағҳо аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ; набудани фоида аз рӯйи ҷамбасти ду соли охир.

Аз нуқтаи назари таъиноти худ корхонаи давлатӣ ( аз рӯйи қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ) дар соҳаҳои зерин метавонад фаъолият барад:

  • нигоҳдорӣ ва инкишофи шабакаи роҳҳои давлатии автомобилгард ва дигар объектҳои инфрасохтор, ки барои онҳо тибқи қонунгузорӣ тартиби махсуси маблағгузорӣ муқаррар шудааст;
  • иҷрои корҳои наҷотбахшӣ дар кӯҳсор ва дигар корҳои махсус дар вазъияти фавқулодда ва садамавӣ, ҳифз аз сӯхтор, обхезиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ дар муассисаҳои системаи ичрои ҷазои ҷиноятӣ;
  • истеҳсоли корҳои топографию геодезӣ ва картографӣ;
  • анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;
  • анҷом додани дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Корхонаҳои давлатии фаръӣ. Танҳо корхонаҳои воҳиди давлатӣ ҳуқуқи таъсиси корхонаи давлатии фаръиро дорад. Корхонаи давлатии фаръӣ чӣ моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё чӣ моликияти коммуналӣ бошад бо мувофиқаи молики корхонаи асосӣ таъсис дода мешавад. Оинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии мақоми болоии идораи давлатӣ тасдиқ мекунад.

Таъсисдиҳии корхонаи давлатиии фаръӣ ба чунин мақсадҳо асос меёбад:

а) тақсимшавӣ ва ё ҷудошавӣ аз корхонаи асосӣ ба сабаби талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

б) табдили филиалҳои корхонаи асосӣ ба шахсони ҳуқуқии дорои тавозуни (баланси) алоҳида;

в) таъсиси истеҳсолоти иловагӣ ва махсус барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти асосӣ;

г) озод шудани корхонаи асосӣ аз навъҳои фаъолият ва вазифаҳои бо мақсаду вазифаҳояш мувофиқ набуда.

Корхонаи давлатии фаръӣ метавонад ба корхонаи воҳиди давлатӣ табдил дода шавад – бо қарори мутобиқан ҳукумати ҷумҳурӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

    1. Тољикистон: 15 соли истиќлолияти давлатї. Маљмўаи оморї, – Душанбе, 2006, сањ. 215-216.
    2. Дар њамон љо, сањ. 214.

  1. 1) Ба љои ибораи «шахси њуќуќї» истифодаи «чењраи њуќуќї» ба маќсад мувофиќ мешавад, зеро калимаи «шахс» нисбати инсон аст, на корхонаю ташкилот. Бинобар, корхонаро шахс, шахси њуќуќї номидан дуруст нест.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.