Бехатарии иқтисодии корхона аз назари унсурҳои фаъолият  ва ҳадафҳои асосии он

 

Мафҳуми «Бехатарии  иқтисодии корхона» чунин ҳолати корхонаро мефаҳмонад, ки дар он истифодаи самараноки иқтидору захираҳои корпоративии корхона барои бартараф намудани ҳаргуна таҳдид ва таъмини фаъолияти устувори корхона дар ҳозира ва оянда мусоидат  менамояд.

Дар ин ҷода сатҳи бехатарии иқтисодӣ нишондиҳандаи асосӣ мебошад, ки бо ёрии он вазъияти бехатарии корхона  арзёбӣ мегардад.

Сатҳи бехатарӣ аз рӯйи самтҳои асосии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии корхона муайян карда мешавад. Фаъолияти бисёрҷабҳаи корхона аз чунин унсурҳои ташкилкунанда иборат аст:

Унсури техникию технологӣ;

Унсури ташкилию сохторӣ;

Унсури молиявӣ;

Унсури кадрӣ ва зеҳнӣ;

Унсури сиёсиву ҳуқуқӣ;

Унсури ташкилию сохторӣ;

Унсури экологӣ;

Унсури иттилоотӣ ва ғ.

Ҳар яки аз унсурҳои фаъолият  ба моҳияти махсуси амният соҳиб буда, усулҳои хоси таъмини бехатарии худро  талаб мекунад.

Таъмини бехатарии иқтисодии корхона тавассути воситаю дороиҳои (захираҳои)  мавҷудаи дар ихтиёри соҳибмулк ё менеҷерҳои корхона  қарордошта  сурат мегирад. Ингуна воситаҳо захираҳои корпоративӣ ном дошта, чун омили соҳибкорӣ истифода мешаванд.

Аз ҷумлаи захираҳои корпоративӣ: захираҳои сармоя, захираҳои кадрии (кормандони) корхона, захираҳои иттилоотӣ, захираҳои техникию технологӣ, инчунин захираҳои ҳуқуқие низ мебошанд, ки ҳоло дар замони болоравии нақши дороиҳои ғайримоддӣ ба аҳамияти баланд  соҳиб шуда истодаанд. Захираҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқи истифодаи  патент, литсензия, квота, ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар ҳуқуқҳоро дар бар мегирад.

Сатҳи бехатарии иқтисодии корхона ба он асос меёбад, ки сохторҳои корхона то чӣ андоза хатари бавуҷудомадаро метавонанд бартараф созанду эҳтимолияти зарари иқтисодии ба корхона таҳдидкунандаро пешгирӣ намоянд.

Таҳдиду эҳтимолияти хавфи таъсири манфӣ аз он бармеояд, ки кормандони корхона, ташкилотҳои беруна, мақомоти давлатӣ ё дигар корхонаҳои рақобаткунанда  дониставу надониста фаъолиятеро пеш мебаранд, ки ба натиҷаҳои кори корхона таъсири манфӣ  мерасонад. Хавфи  ба корхона таҳдидкунанда дар баъзе ҳолатҳо новобаста аз фаъолияти кормандони корхона метавонад ба миён ояд, чунончи дар натиҷаи ихтирои нави илмӣ, ба вуҷуд омадани технологияи нав, ашъёи нав, тағйиротҳо дар бозори мол, коғазҳои қиматнок ва ғайра. Аз ҳамин хотир сабабҳои таъсири манфӣ ба гурӯҳи объективӣ ва субъективӣ ҷудо мешаванд: сабабҳои объективӣ – дар ҳолате, ки таъсири манфӣ новобаста аз хоҳишу  ҳаракати корхона ва кормандони он ба миён меояд, масалан, дар натиҷаи ҳолатҳои табиӣ; гурӯҳи сабабҳои  субъективӣ чун натиҷаи фаъолияти бесамари корхона ва кормандони он ба вуҷуд меояд.

   Ҳадафи асосии амнияти иқтисодии корхона дар он аст, ки фаъолияти пурсамари корхона, тараққиёти устувори он мунтазам таъмин гарданд.  Истифодаи оқилонаи захираҳои дар ихтиёраш будаи корхона танҳо бо роҳи пешгирии таҳдиди дохилию беруна, сафарбар намудани фаъолият ба ҳадафҳои ҷузъии корхона ба даст меояд. Чунин ҳадафҳои ҷузъӣ инҳоянд:

–  ба даст овардани натиҷаҳои баланди молиявӣ ва мустақилияти молиявии корхона;

–    таъмини рақобатпазирии технологӣ ва дар натиҷаи он – рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда;

–   таъмини сохтори баландпояи ташкили идоракунӣ ва фаъолияти менеҷменти корхона;

–   сатҳи баланди касбии кормандони корхона ва рушди бемайлони дараҷаи иқтидори зеҳнии корхона;

–   ҳифзи баландпояи ҳуқуқии ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти корхона;

– ҳифзи муҳити тиҷоративу иттилоотии корхона, иттилоотонии сохторҳои дохилии корхона;

  • таъмини амнияти кормандон бо аҳли оилаашон, сармоя ва манфиатҳои тиҷоратии онҳо.

Ҳадафҳои ҷузъӣ дар  маҷмӯъ ба таъмини ҳадафҳои асосии корхона мусоидат намуда, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди фаъолият мусоидат мекунанд.

Таъмини бехатарии иқтисоди корхона тақозо мекунад, ки чораҳои зарурӣ ва низоми махсуси ташкилӣ андешида шаванд, тарзи иҷрои ингуна нақша ва инчунин  усули идора ва назорати он  муайян карда шаванд. Ба ин хотир банақшагирии бехатарии иқтисодӣ, алалхусус банақшагирии стратегӣ ва ояндабинии ингуна бехатарӣ аҳамияти хоса дорад.

Банақшагирии стратегии бехатарии иқтисодӣ ҷузъи нақшаи стратегии инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии корхона мебошад. Нақшаи стратегии корхона фаъолияти корхонаро ба сӯи ҳадафҳои бартаридошта- ҳадафҳои ниҳоие, ки ноил гаштан ба онҳо  имконият медиҳанд вазъияту имконияти  иқтисодии корхонаро барои бартараф намудани ҳаргуна хатару таҳдидҳо ҳар чи васеъ намуда, ба иқтидори рақобатпазирии он тақвият бахшад. Маҳз нақшаи стратегӣ аз байни вазифаҳои гуногуни дарпешистодаи корхона вазифаҳои аввалиндараҷаро чун ҳадафи асосӣ пешбари намуда, роҳҳо ва усулҳои ҳалли онҳоро ба таври мушаххас муайян менамояд. Ингуна нақша бояд нишондиҳандаи мушаххаси натиҷаи дилхоҳ, усули дастрасшавӣ ба онҳо, мӯҳлат, маблағи зарурӣ, шахсон ва ташкилоти ба ин кор мутасаддӣ ва дигар нишондиҳандаҳоро дар бар гирифта  онро асоснок созад. Дар анҷоми ин кори бениҳоят масъулиятнок нақши ояндабинии иқтисодӣ, муайян намудани дурнамои  корхона дар бахши ҳар як унсури фаъолияти хоҷагидории иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсолию молиявии он ба мӯҳлатҳои гуногун марҳилаи ибтидоии кор мебошад.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.