Главная / Фанни Иқтисоди миллӣ / Бехатарии иқтисодии шахс

Бехатарии иқтисодии шахс

 

 Дар низоми амнияти миллӣ таъмини бехатарии шахсият дорои аҳамияти хоса мебошад. Бехатарии иқтисодии шахсият  чунин  вазъиятеро дар бар мегирад, ки дар он шароити кафолатноки манфиатҳои шахс ҳифз гардида, рушд ва ҳифзи иҷтимоии шахсият таъмин карда мешаванд.

Бехатарии иқтисодии шахсият  пурра аз амнияти иқтисодии миллӣ,  аз сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат вобаста аст. Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии бехатарии иқтисодии шахсиятро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ муайян менамоянд. Чунончи Конститутсия  ҳуқуқҳои шахрвандони ҷумҳуриро ба меҳнат, таълим, муҳити тозаи зист, хизматрасонии тиббӣ, таъмини нафақа муайян мекунад. Кодекси шаҳрвандии ҷумҳурӣ асосҳои қонунгузории шаҳрвандӣ, алалхусус таъмини баробарҳуқуқии муносибатҳои шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликият, таъмини барқароркунии ҳуқуқи вайроншуда, ҳимояи судӣ ва ғайраро пешбинӣ мекунад.

Бехатарии иқтисодии шахсият  объекту субъекти худро дорад.  Объекти бехатарии иқтисодии шахсият ҳар як шахси алоҳида ва умуман ҷамъияти одамон мебошад. Субъекти бехатарии иқтисодии шахсият таъмини иҷтимоӣ, ҷойҳои кории имконпазир, амволи таъиноти хӯрока ва ғайрихӯрока ва ғайра мебошад.

Бехатарии иқтисодии шахсият  масъалае мебошад, ки дар зери назорати фаъолияти давлат буда,  доимо мавриди таҳлилу  таҷвиз қарор дорад. Ҳамзамон  ин масъала чун матлаби сиёсати иқтисодии давлат ва ислоҳоти ниҳодӣ (институтсионалӣ) ба пешгирии роҳи норасоиҳо ва беҳсозии вазъият равона шудааст. Стратегияи давлатӣ дар  ин ҷода таҳлилу тавсифи омилҳои ба манфиати иқтисодии шахсият таҳдидкунанда, муайян намудани нишондиҳандаҳои ҳолати иқтисодиёт, ки ба амнияти шахсият мусоидат мекунад, баррасӣ менамояд.

Созмони Милали Муттаҳид, бахусус Барномаи  Рушди он (ПРООН) аз соли 1990 сар карда ба таҳияи «Гузориш  дар бораи рушди инсон» ва консепсияи рушди инсон шурӯъ намудааст. Аз рӯйи ин консепсия  шахсият, инсон боигарии ҳақиқии мамлакат ҳисобида шуда, барои зоҳир намудани иқтидори худ одамон бояд имконият дошта бошанд – имконияти қабул намудани қарор оид ба худфаъолиятӣ, эҷодкорӣ ва худқонеъгардӣ. Дар Гузориши соли 2001 дар бораи рушди инсон гуфта шудааст, ки «Рушди инсон… – муҳайё намудани муҳити атрофе мебошад, ки дар он одамон метавонанд иқтидори худро пурра инкишоф дода,  ҳаёти эҷодкоронаро мутобиқи талабот ва манфиатҳои хеш пеш баранд… Барои он,  ки имконоти  чунин интихоб васеъ шавад аз  ҳама муҳиммаш  барои инсон он чиро ки ӯ метавонад ё ин, ки дар зиндагӣ кӣ шудан мехоҳад, муҳайё сохта шавад. Шарти аз ҳама асосии рушди инсон имконияти ба сар бурдани умри дарозу солим, иттилои хуб доштан, барои зиндагии арзанда соҳиби маблағи зарурӣ будан, дар ҳаёти ҷомеа ширкат варзидан мебошад. Бидуни ҳамаи инҳо  бисёри имкониятҳои интихоб дастнорас шуда, як идда дурнамоҳои ҳаётӣ аз воқеият берун мемонанд.

Дар Гузориши  Барномаи СММ «Дар бораи рушди инсон»  ҳарсола индекси рушди инсон таҳия ва чоп мешавад, ки  дар он  нишондиҳандаҳои давомнокии умр, дастёбшавӣ ба маълумот ва  даромад бо ҳам пайваст шудаанд. Ин нишондиҳанда барои муқоисаи байнидавлатии пешрафт дар соҳаи рушди инсон васеъ истифода мешавад.

Аз лаҳзае, ки Гузориши Барномаи СММ «Дар бораи рушди инсон дар соли 1994»  чоп шуд, Комиссияи СММ доир ба таъмини бехатарии инсон ба масъалаи таблиғоти консепсияи таъмини бехатарии инсон машғул мешавад. Таъмини бехатарии инсон барои дарёфти  роҳҳои раҳоӣ  аз хатарҳои мавҷуда равона карда шудааст. Ингуна таъмин  бехатарии одамони алоҳида ва гурӯҳи онҳоро на танҳо дар доираи марзи давлат, балки берун аз он дар бар мегирад. Ба ақидаи Комиссияи номбурда таъмини бехатарии инсон «…ин ҳифзи моҳияти асосгузори ҳаёти инсон бо тарзе мебошад, ки озодии инсон ва худинкишофи  одам риоя карда шавад. Таъмини бехатарии инсон ҳифзи озодиҳои пойдории инсонро, озодие, ки моҳияти ҳаётро таҷассум мекунад, дар бар мегирад. Ин маънои онро дорад, ки одамон аз ҳаргуна таҳдидҳои вазнин  ва вазъиятҳои ногувори васеъ густаришёфта  ҳифз карда мешаванд. Ба ин хотир  низомҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, экологӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ таъсис дода мешаванд, ки дар якҷоягӣ барои одамон барои зинда мондан, рӯзгузаронӣ ва нигоҳ доштани қадру қимати инсон шароит муҳайё месозанд.

Бехатарии инсон  ба маънои васеяш ин на танҳо озодии инсон аз тарсу ҳарос, мавҷуд набудани зӯроварию муноқишаҳо, балки  мавҷудияти ҳуқуқҳои инсон, идоракунии босамар, дастрасӣ барои гирифтани маълумот ва ҳифзи саломатӣ, инчунин имконот барои интихоби худдоиркунӣ мебошад. Ҳар як  қадам дар ин самт маънои раҳоӣ  аз камбизоатӣ ва рушди иқтисодиро дорад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки рушди инсон ва  таъмини бехатарии инсон мафҳум ва амалҳои бо ҳам зич пайванд мебошанд. Бинобар  ин дар  «Изҳороти Ҳазорсола» ва «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола», ки соли 2000 аз ҷониби СММ қабул гашта, Тоҷикистон ба он   ҳамроҳ гардид, консепсияи рушд ва таъмини бехатарии инсон қисми таркибии мақсаду вазифаҳои ин ҳуҷҷатҳоро ташкил медиҳанд.  Дар Изҳороти Ҳазорсола нақшаи умумии кӯшиш барои ба даст овардани рушди глобалии инсонӣ ва таъмини бехатарии он муайян шудааст.

Ҳадафҳои рушди ҳазорсола маҷмӯи нишондиҳандаҳоро барои арзёбӣ намудани дастоварҳои ҷаҳонӣ дар самтҳои асосӣ  пешкаш намудааст.  Ҳадафҳо дар худ 8 мақсад, 18 номгӯ вазифа ва 48 адад нишондиҳандаро дар бар гирифтаанд. Аксари ин ҳадафҳои пешкашшуда бояд  дар давоми  25 сол – аз соли 1990 то соли 2015 татбиқи худро ёбанд. Ҳадафҳо чунинанд:

Ҳадафи 1 –  аз байн бурдани қашшоқии аз ҳад зиёд ва гуруснагӣ

Ҳадафи 2  –  дастёбӣ ба маълумоти ибтидоии ҳамагонӣ

Ҳадафи 3 – мусоидат ба баробарии тендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занҳо

Ҳадафи 4 – кам кардани  фавти атфол

Ҳадафи 5 – беҳтар намудани ҳифзи саломатии модар

Ҳадафи 6 – муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ – СПИД) 1)*  ва дигар бемориҳо

Ҳадафи 7 – таъмини нигоҳдории муҳити атроф

Ҳадафи 8 – таҳкими  ҳамкории глобалӣ ба хотири рушд.

 

Дар доираи ин ҳадафҳо чунин вазифаҳо пешбарӣ мешаванд: ду баробар коҳиш додани камбизоатӣ ва теъдоди касоне, ки рӯзе камтар аз 1 доллар  даромад мегиранд; таъмин намудани маълумоти умумии ибтидоӣ ба ҳама писарону духтарон; аз соли 2005 барҳам додани нобаробарии байни зану мард барои гирифтани маълумоти миёна, аз соли 2015 – дар ҳама намудҳои маълумот; сеяк баробар кам кардани фавти атфоли то 5 сола ва модарони таваллудкунанда; хотима бахшидан ба паҳншавии бемориҳои ВНМО/БНММ, малярия ва дигар бемориҳои сирояткунанда; ду баробар кам кардани сокинони аз оби ошомиданӣ маҳрум; беҳбудии манзили камаш 100 миллион сокини маҳаллаҳои нообод; ҳифзи табиат,  устувории экологӣ; ташаккули сохтори тиҷорат ва молияи  ба ҳам безарар бо мақсади кам кардани сатҳи камбизоатӣ, қонеъ намудани талаботи хосаи  мамлакатҳои нав рӯ ба тараққӣ ниҳода-озод кардани маҳсулоти содиротӣ аз  андози гумрукӣ ва ғайра.

Ҳадафҳои ҳазорсола асосе мебошанд,  ки давлатҳои алоҳида бо дарназардошти манфиатҳои дохилӣ ва доираи сиёсати минтақавӣ барои ҳалли муаммоҳои  миллии худ метавонанд ҳадафҳои глобалии худро пешкаш ва татбиқ намоянд.

1) Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2005, № 150 «Дар бораи муќовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муњассали масуният»  («Љумњурият», 10 январи соли 2006), ки асосњои њуќуќии амалї намудани  маљмўи чорабинињои муќовимат бо пањншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муњассали масуниятро танзим намуда, риояи њуќуќњои шањрвандї, сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва озодињои асосии инсонро дар бар гирифта, барои пешгирии  пањншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавї ба беморї, расонидани  ёрии тахассусии тиббї ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муњассали масуният ва сабук гардонидани оќибати он барои њар кас ва тамоми љомеа нигаронда шудааст.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *