Главная / Фанни Иқтисоди миллӣ / Нақши ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат

Нақши ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат

 

Идоракунии давлатӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ вобаста аст. Ташаккулёбӣ ва таҳкими шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар равандҳои рушди иқтисоди миллӣ чун омили ҳуқуқӣ ва ташкилӣ хизмат мекунанд. Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои мушаххасро мустақилона иҷро менамояд.

Ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷараёни такмили низоми идораи давлатӣ ҷараёни мунтазам буда, яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов дар Паёми соли 2005 – уми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукуматро вазифадор намуда буд, ки дар муддати кӯтоҳ Стратегияи ягонаи ислоҳоти идораи давлатиро таҳия намояд.

Танзими идораи давлатӣ, мукаммалгардонии вазифаҳо, такмили сохтори вазоратҳо вобаста ба шароити иқтисоди бозорӣ, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, таъмини шаффофияту самаранокии фаъолияти сохторҳо ва хизматчиёни давлатӣ чун самтҳои асосии ислоҳот ва такмилсозии идоракунӣ пешбар мешаванд.

Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии ҷумҳурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 № 1713 тасдиқ шудааст, самтҳои асосии ислоҳоти идоракунии давлатиро аз нигоҳи илмӣ асоснок ва ҷиҳати ташкилӣ мушаххас намудааст. Чорабиниҳо дар бахши такмили идоракунӣ аз он ҷиҳат заруранд, ки дар ҷумҳурӣ гарчанде табаддулотҳои доиргашта назаррас бошанд ҳам, низоми идоракунӣ то ҳадди пурраи такомулот нарасидааст. Дар ҷумҳурии на чандон калони мо теъдоди вазорату идораҳо кам набуданд. 25 адад вазорату кумитаҳои давлатӣ, наздик 15 адад дигар мақомоти марказии назди Ҳукумат, даҳҳо корхонаҳои бевосита дар тобеъияти Ҳукумат буда, садҳо қисматҳои вазоратҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, беҳисоб шумораи шӯъбаю дигар сохторҳои мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ дар бораи бузург будани дастгоҳи идоракунӣ шаҳодат медоданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Замимаи 17) марҳилаи бузурге дар самти ислоҳоти низоми идоракунӣ буда, ба он равона карда шудааст, ки сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ба талаботи имрӯзаи ин ислоҳот ҷавобгӯ гардад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нави мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ дар ҳайати мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ (вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Ҳукумат), ҳайати мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ гаштанд.

Тавре ки аз Иттилои расмӣ1 бармеояд, Фармони мазкур ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерини идораи давлатӣ равона шудаанд:

ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар мутобиқ гардонидани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия;

таҳкими мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ки ба зиммаи онҳо дар марҳилаи кунунӣ ҳалли масъалаҳои афзалиятнок гузошта шудаанд;

мутобиқи хусусиятҳои вазифаҳо дар байни мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи кишвар азнавтақсимкунии функсияҳо;

муттаҳидсозии иҷрои функсияҳои ба ҳам наздик ва мушобеҳ дар як мақоми марказии алоҳидаи ҳокимияти иҷроия;

таҷзияи функсияҳои иҷроия ва назоратӣ дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия;

бартараф намудани такрори функсияҳо ва ваколатҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия;

то ба меъёри зарурӣ расонидани миқдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи кишвар ва шумораи умумии кормандони онҳо;

фароҳам овардани фазои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар байни мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;

истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ташкили идоракунии давлатӣ.

Дар натиҷаи дигардунсозии сохторӣ, ки мувофиқи фармони зикршуда амалӣ мегардад, дар кишвар шумораи вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз 25 то 17 адад ва идораҳои

______________

«Ҷумҳурият», 2 декабри соли 2006

назди Ҳукумат аз 15 то 13 адад кам карда мешаванд.2

Таъмини бехатарии иқтисодии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ваколатҳое, ки Конститутсияи мамлакат муайян намудааст, доир мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ҳукумат дар назди Президент масъул мебошад.

__________________

2) Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ теъдоди вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳое, ки аз рӯйи соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ роҳбарӣ менамуданд, хело зиёд буданд ва дар айни ҳол онҳо ба се зина ҷудо мешуданд – зинаи умумииттифоқӣ, иттифоқию ҷумҳуриявӣ ва зинаи ҷумҳуриявӣ. Корхонаҳои бузурги саноати вазнин асосан дар тобеияти вазоратҳои умумииттифоқӣ буданд, масалан, заводҳои мошинсозӣ ва коркарди метал («Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», заводи алюминийи Регар, корхонаҳои аҳамияти мудофиавӣ дошта ва ғайра). Дар тобеияти бевоситаи вазорату идораҳои умумииттифоқӣ ҳамчунин корхонаву ташкилотҳои саноати кимиё, металлургияи ранга, энергетикаи барқӣ, мошинсозӣ ва чанди дигарҳо қарор доштанд.

Як қатор корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ дар ҳайати вазоратҳои иттифоқию ҷумҳуриявии Тоҷикистон (Вазорати саноати сабук, Вазорати гӯшу шир, Вазорати хӯрокворӣ, Вазорати масолеҳи бинокорӣ, Вазорати ғалла ва дигарҳо) фаъолият доштанд. Вазоратҳои ғайрисаноатӣ ба монанди Вазорати савдо, Вазорати алоқа, вазоратҳои соҳаҳои комплекси агросаноатии Тоҷикистон низ вазоратҳои иттифоқию ҷумҳуриявӣ буданд. Вазорати хизмати маишӣ, Вазорати сохтмон ва Вазорати саноати маҳаллии Тоҷикистон – вазоратҳои ҷумҳуриявӣ ҳисоб мешуданд. Умуман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1990 ҳамагӣ 45 адад вазорату кумита вуҷуд доштанд, ки аз онҳо 36 ададашон иттифоқию ҷумҳуриявӣ ва 9 адади дигар – ҷумҳуриявӣ буданд.

Фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Дар сохтори нави мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нави мақомоти марказии худ (Нақшаи 16.1) мақомоти зайлро дар бар мегирад:

1. Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Раёсати хизмати давлатӣ;
  • Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ;
  • Агентии назорати маводи нашъаовар;
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Мақомоти дигари марказии Ҳокимияти иҷроияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре ки иброз доштем, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои назаррас пешбинӣ шуда, теъдоди вазорату кумитаҳои давлатӣ ва инчунин идораҳои назди Ҳукумат хело кам шудаанд (Нақшаи 16.2)

 

СОХТОРИХукумат-варианти асоси

Нақшаи 16.1. Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати адлия

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат

3. Вазорати корҳои дохилӣ

4. Вазорати корҳои хориҷӣ

5. Вазорати маориф

6. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об

7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

8. Вазорати молия

9. Вазорати мудофиа

10. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия

11. Вазорати рушди иқтисод ва савдо

12. Вазорати тандурустӣ

13. Вазорати фарҳанг

14. Вазорати энергетика ва саноат

1. Кумитаи давлатии амнияти

миллӣ

2. Кумитаи давлатии

омор

3. Кумитаи давлатии сармоя-

гузорӣ ва идораи

амволи

давлатӣ

1. Кумитаи андоз

2. Кумитаи кор бо занон ва оила

3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

4. Кумитаи телеви-зион ва радио

5. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

6. Хадамоти гумрукӣ

7. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ

8. Агентии сохтмон ва меъморӣ

9. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

10. Саридораи бойгонӣ

11. Саридораи геология

12. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ

13. Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

Нақшаи 16.2. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кумитаҳо, агентиҳо, саридораҳо ва ғ.) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки вазифаҳои махсусро (иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигарро) дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳанд. Мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоте мебошанд, ки тибқи тартиби муқаррар намудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ваколатҳои вазифавии худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ амалӣ менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад. Ҳукумат низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва сохтори дастгоҳи марказии онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад.

Нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат аз салоҳияти он бармеояд, ки аз инҳо иборатанд:

  • дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
  • роҳбарии самараноки иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин менамояд;
  • ба низоми мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳбарӣ мекунад;
  • барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия ва татбиқи онҳоро таъмин менамояд;
  • ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт салоҳияти зеринро иҷро менамояд:

  • ҷараёни иқтисодии мамлакатро танзим менамояд;
  • фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, гардиши озодонаи мол, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи коргариро таъмин мекунад;
  • дурнамои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, барномаҳои рушди соҳаҳои бартаридоштаи иқтисодиётро таҳия ва амалӣ менамояд;
  • барномаҳои давлатии иқтисодӣ ва сармоягузориро таҳия менамояд ва барои татбиқи онҳо тадбирҳо меандешад;
  • моликияти давлатиро идора мекунад;
  • барои соҳибкорӣ ва рушди озодонаи тамоми шаклҳои моликият дар шароити муносибатҳои бозорӣ имконият фароҳам меорад;
  • сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмиллалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия менамояд ва дар амал татбиқ мекунад;
  • роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро ба амал мебарорад;
  • дар бобати ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, иҷрокунандагони кор ва хизматрасониҳо тадбирҳо меандешад;
  • фаъолияти саноати мудофиавиро таъмин менамояд;
  • зарурати ҷалб намудани қарзи давлатӣ ё қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, муайян мекунад.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи буҷет, молия, пул, қарз ва андоз аз чунин бандҳо иборат мебошанд:

  • татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозситониро таъмин менамояд;
  • лоиҳаи қонуни буҷетро таҳия намуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва баъди қабул шудани он иҷрои қонунро таъмин менамояд;
  • лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар кардан ва бекор намудани андоз таҳия менамояд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
  • ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба доду гирифти қарзи давлатӣ мегирад;
  • дар бобати танзими бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳо меандешад;
  • идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷиро ба амал мебарорад;
  • ба фаъолияти молиявӣ дар муносибатҳои ҷумҳурӣ бо давлатҳои хориҷӣ роҳбарӣ менамояд;

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ чунинанд:

  • гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии иҷтимоӣ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ амалӣ мекунад, ба рушди таъминоти иҷтимоӣ ва хайру эҳсон мусоидат менамояд;
  • барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  • дар бораи татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат тадбирҳо меандешад;
  • барномаҳои таъмини шуғли аҳолиро таҳия менамояд ва доир ба татбиқи ин барномаҳо тадбирҳо меандешад;
  • дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини некӯаҳолии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо меандешад;
  • пешбурди сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷиратро таъмин менамояд;
  • ба ҳаллу фасли масъалаҳои оила, волидон ва фарзандон мусоидат менамояд, оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон тадбирҳо меандешад;
  • оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм, инчунин соҳаи табобати курортию санаторӣ ва истироҳатӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд.

Дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:

  • доир ба дастгирии давлатии инкишофи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд;
  • пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд;
  • ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърих ва фарҳангро таъмин мекунад.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист аз бандҳои зерин иборатанд:

  • пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ таъмин менамояд;
  • доир ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зист мусоид ва оид ба таъмини беҳбудии экологӣ тадбирҳо меандешад;
  • фаъолияти мақомоти идоракунии давлатиро дар бобати якҷоя гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ва татбиқи барномаҳои экологии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ доштаро ҳамоҳанг месозад, дар бобати рафъи оқибатҳо ва кам кардани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хислати табиӣ, технологӣ ва экологӣ дошта тадбирҳо меандешад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чунин салоҳиятро дорост:

  • дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат чораҳо меандешад;
  • доир ба таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар бобати муҳофизати моликият ва тартиботи ҷамъиятӣ, оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои барои ҷамъият хатарнок тадбирҳо меандешад;
  • оид ба таъминоти ташкилии рушди таҳким бахшидани заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мегардонад.

Оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян шудаанд:

  • оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад;
  • Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбиро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин мекунад;
  • иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили яроқу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯйи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ таъмин мекунад;
  • барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунҳо ба мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
  • муҳофизати сарҳади давлатии ҷумҳуриро таъмин менамояд;
  • ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба амал мебарорад, ҳисобот ва гузоришҳои роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллиро дар масъалаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини рушди босубот ва амнияти иқтисодии минтақавӣ мешунавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат тавассути вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумита ва идораҳои назди Ҳукумат амалӣ менамояд. Ҳар яки аз ин сохторҳо дар доираи салоҳияти худ вазифа ва функсияҳоеро дар самти бехатарӣ доир менамоянд. Масалан, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар масъалаи таъмини умуман бехатарии иқтисодӣ ва алалхусус, ҳифзи манфиатҳои миллиро дар равобити хориҷӣ, доир намудани сиёсати иқтисодии дохилӣ, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат – дар масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, бехатарии экологӣ, Вазорати тандурустӣ –гурӯҳи масъалаҳои бехатариро дар доираи ҳифзи саломатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ – дар самти тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонунҳову итоати шаҳрвандӣ, вобаста ба бехатарии муҳоҷирати меҳнатӣ, Вазорати нақлиёт – доираи масъалаҳоро вобаста ба таъмини бехатарии нақлиёт, роҳ ва ғайра амалӣ менамоянд.

Вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии биотехнологӣ, назорати воридот, истифода, тадқиқотгузаронии моддаҳои зиндаи тағйирдодашуда, маҳсулоти хӯрока ва хӯроки чорво, дорувории аз маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ташкилиро дар самти такмили қонунгузорӣ, таъсиси сохторҳои нави ба ин кор мутасаддиро пешбинӣ менамояд. Чунончи, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 1.09.2003 № 392 Маркази миллиро оид ба гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ таъсис дод, ки низоми танзими бехатарии биологӣ ва ҳалли масъалаҳои арзёбии хатарро вобаста ба истифода ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба роҳ мемонад. Дар таркиби Маркази мазкур дар қатори мақоми иҷроия фаъолияти Комисияи миллӣ оид ба бехатарии биологӣ пешбинӣ шуда буд, ки дар ҳайати худ чунин сохторҳоро муттаҳид менамуд:

Вазорати кишоварзӣ,

Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал,

Вазорати тандурустӣ,

Шӯрои амният,

Вазорати иқтисод ва савдо,

Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ,

Намояндагии аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар идораҳои дахлдор.

Таъсиси ингуна сохторҳои нав чораҳои аввалине мебошанд, ки дар таъмини бехатарии биологӣ дар ҷумҳурӣ андешида мешаванд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *