Мавқеи рақобат ва инҳисорот дар шароити иқтисоди бозорӣ

 

«Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт кишваре ширкаткунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуда метавонад, ки бо молҳои худ дар бозори ҷаҳонӣ қобилияти рақобат дошта бошад. Ба мо маълум аст, ки ҷаҳони муосир дар назди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан иқтисодиёт талаботи қатъӣ мегузорад. Аз ин рӯ, мо бояд фақат бо дастовардҳои гузаштаву имрӯзаи худ қаноатманд нагашта, барои рушди ояндаи кишвари худ тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Э.Ш. Раҳмонов

Барои ноил гаштан ба рақобатпазирии иқтисоди миллии мамлакат, соҳаҳо, корхонаҳо, молҳои гуногуни он дар бозорҳои дохилӣ ва беруна зарур аст, ки моҳияти рақобат, мавқеи он дар шароити бозор, моҳияти инҳисорот (монополизм), сиёсати давлатии дастгирии рақобат ва чораҷӯиҳои зиддиинҳисорӣ дар мамлакат омӯхта шаванд. Барои рақобатпазир гаштан хусусиятҳои рақобатро донистан зарур аст. Дар айни ҳол рақобату инҳисоротро,1)[1]* ки доимо муқобили ҳамдигаранд, тасаввур намудан лозим аст: дар он ҷое, инҳисорот ҳукмрон аст, рақобат коҳиш меёбад, равнақи рақобат бошад мавқеи инҳисоротро суст мегардонад.

Инҳисорот дар иқтисодиёт маънои аз ҷониби субъекти хоҷагидорӣ дар бозори молҳои муайян ишғол намудани мавқеи ҳукмфармоиро мефаҳмонад. Бо ин роҳ вай метавонад ба рақобат таъсир расонда, барои субъектҳои дигари хоҷагидорие, ки ба бозор ворид гаштанианд, душвориҳо ба миён орад. Фоидаи баланди монополӣ ба субъекти ҳукмфармо имконият медиҳад, ки истеҳсолоти худро равнақ дода, ба сатҳи баланди ҷиҳозонидани техникию технологӣ ноил гардад, хароҷоти истеҳсолиашро паст намояд ва дар айни ҳол ба маҳдудкунии рақобат ноил гардад. Фаъолияти инҳисорӣ амали субъектҳои хоҷагидорие мебошад, ки ба маҳдудсозӣ, бартараф ва нест намудани рақобат равона шуда, чун оқибат ба истеъмолкунандагон зарар мерасонад.

Рақобат чун унсури бозорӣ муборизае мебошад, ки чӣ дар байни истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон) ва чӣ дар байни харидорон сурат мегирад. Дар байни фурӯшандагон, ки мехоҳанд моли худро қиматтар фурӯшанд, ҳамоне ғалаба ба даст меорад, ки молашро арзонтар фурӯхта, талаботро ба молаш афзун мегардонаду зиёдтар мол мефурӯшад. Дар рақобати байни харидорон, ки мехоҳанд молро ҳар чӣ арзонтар харидорӣ намоянд, ҳамоне ғалаба мекунад, ки нисбат ба нархи бозорӣ нархи болотар пешниҳод мекунад. Рақобати фурӯшандагон ва харидорон, ки нисбати сатҳи нарх мавқеҳои мухолифро ишғол мекунанд, ба он оварда мерасонад, ки дар бозор ба молҳои якхела нархҳои умумӣ муқаррар шуда, каҷхати мушаххаси талаботу таклифот муайян мешавад.

Иқтисодшиносон 4 модели вазъияти бозориро ҷудо мекунанд:

  1. Рақобати соф;
  2. Монополияи соф;
  3. Рақобати инҳисорӣ;
  4. Олигополия.

Рақобати соф вазъияти бозорие мебошад, ки дар он миқдори зиёди истеҳсолкунандагон иштирок намуда, бо маҳсулоти якхелаи истеҳсолкардаашон масалан, ғалла ба бозор ворид мешаванд.

Монополияи соф бошад бозоре мебошад, ки дар он корхона ё ширкат ягона фурӯшандаи маҳсулот ё хизмат мебошанд, масалан, ширкати барқӣ. Ба ин соҳа дигар шахсҳо дохил шуда наметавонанд, зеро ки корхонаи мазкур ҳамаи соҳаро фаро гирифтааст. Нишонаи асосии монополияи соф – як намуди маҳсулот ва як фурӯшанда.

Рақобати инҳисорӣ чунин вазъияте, ки теъдоди на чандон зиёди истеҳсолкунандагон молҳои гуногуни ба ҳамдигар монанд (аммо якхела не)-ро пешниҳод мекунанд.

Фарқи байни рақобати инҳисорӣ (РИ) ва рақобати соф (РС) калон аст. Барои РИ зарур нест, ки дар ингуна вазъият (бозор) садҳо, ҳазорҳо корхонаву фирмаҳо иштирок кунанд, агар ҳатто 25-50 корхона бошад ингуна бозор ранги рақобати инҳисориро мегирад. Аз чунин миқдори корхонаҳо нишонаҳои муҳими рақобати инҳисорӣ ба миён меояд: корхона дар бозор андаке ҷойро (мавқеъро) ишғол намуда бошад ҳам аз ҳисоби махсусгардонии молҳои фурӯшӣ дар бозор як қадар ҳукмронӣ мекунанд, гарчанде ки ба нархи бозор кам таъсир мерасонад.

Олигополия – ҳолате мебошад, ки дар бозор теъдоди хурди корхонаҳои калон амал намуда аз рӯйи фурӯши маҳсулоти якхела ё фарқи андаке дошта ҳукмфармоӣ мекунанд. Масалан, дар соҳаи саноати алюминий, ки дар он 3 адад завод вуҷуд дорад, дар бозори миллӣ ҳукмфармоӣ мекунанд, ё 10-15 нуқтаи бензинрезӣ ҳукмрон ҳастанд.

Намудҳои маҳсулот метавонанд якранг ё ҳархелаи стандартӣ бошанд, масалан, пӯлод, мис ,алюминий, кӯрғошим, семент, спирти техникӣ, ё ин ки чарх, покрышкаи чархи автомобил, сигарет, асбоби электрикӣ. Ингуна корхонаҳо метавонанд олигаполи ҳархела бошанд. Дар ИМА се корхонаи бузурги саноати автомобилбарорӣ – «Ҷенерал моторс», «Форд» ва «Крайслер» , ки зиёда аз 90% миқдори автомобилро дар мамлакат истеҳсол мекунанд, корхонаҳои олигаполӣ мебошанд. Олигопсония ҳолате, ки дар бозор якчанд ҳаридорони бузург вуҷуд доранд. Монопсония ҳолате мебошад, ки дар бозор ҳамагӣ як харидор вуҷуд дорад.

Дар шароити гузариш ба бозор инҳисорот дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки камчинии мол ҷой дошта бошаду истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи моли камчин аз ин вазъият истифода намояд. Аз ин лиҳоз мубориза бар зидди инҳисорот на танҳо алайҳи монополистҳои рӯирост, балки монополистҳои (фурӯшандагони ) моли камчин низ бояд ҷой дошта бошад. 1)[2]* Ба ин хотир дастгирии соҳибкорӣ бо роҳи ҳавасмандгардонии онҳо дар истеҳсоли моли камчин ба мақсад мувофиқ мешавад. Давлат дар ин самт дар доираи қонун имкониятҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилиро истифода менамояд.

Фаъолияти инҳисорӣ дар шароити бозор асосан дар суиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозори мол, бастани созишномаҳои (амалиёти мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд, ифода меёбад.

Ҳадафҳои асосии фаъолияти зиддиинҳисории давлат чунинанд:

  • ғанӣ намудани бозори молҳо ва хизматрасонӣ ва ҳадди имкон бартараф намудани камчинии онҳо;
  • ривоҷу равнақи рақобат, пешгирии рақобати бевиҷдонона ва мусоидат барои ташаккули муносибатҳои мутараққии бозорӣ;
  • маҳдудсозии фаъолияти монополистҳои мавҷуда, роҳ надодан барои пайдо шудани монополистҳои нав;
  • мубориза бар зидди қонуншиканиҳое, ки барои ташаккули бозори бамеъёр халал мерасонанд, аз ҷумла алайҳи коррупсия;
  • ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
  • дастгирии сохторҳои наве, ки ба хотири инкишофи бозор таъсис дода мешаванд. Ингуна дастгирӣ бо роҳи расонидани ёрии молиявӣ ба сохторҳои нави иқтисодӣ, ки нахустин бор иштирокчии бозор гаштаанд, сурат мегирад. Усулҳои ёрии молиявӣ чунинанд: ба онҳо додани қарзҳои имтиёзнок, кам ё пурра озод намудани онҳо аз андоз; маблағгузорӣ намудани истеҳсоли молҳои дар бозор камчин, ки ба фурӯшандагони онҳо мавқеи ҳукмрониро фароҳам меорад.

Инҳисорот дар Тоҷикистон, ки ба иқтисодиёти мамлакат дар гузашта доимо хос буд, на дар натиҷаи васеъшавии истеҳсолот ва марказонидани он чун оқибати таъсири рақобат, балки дар натиҷаи майли худи давлат дар заминаи моликияти умумидавлатӣ ба вуҷуд омада буд. Азбаски мубориза бар зидди инҳисорот дар ҷумҳурӣ ҳоло фаъолияти нав аст, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти дастгирии рушди рақобат ва маҳдудкунии инҳисорот аз манфиат холӣ намешавад.

  1. 1) Раќобат – мусобиќаи озоди субъектњои хољагидор, ки амалиёти мустаќилонаи онњо имконияти таъсиррасонии яктарафаи њар кадоми онњоро дар шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш мањдуд менамояд; раќобат –њарифии иштироккунандагони иќтисоди бозорї барои шароити бењтарини истењсолот, хариду фурўши мол мебошад. Чун унсури механизми бозорї бо њам пайвастагии талаботу таклифотро таъмин сохта, ба њавасмандгардонии молистењсолкунандагон ва молфурўшандагон мусоидат мекунад.

    Фаъолияти инњисорї – дар бозорњои мол аз мавќеи њукмфармоии худ суиистифода кардани субъектњои хољагидор (гурўњи шахсон), бастани созишнома ё иљрои амалњои мувофиќашудае, ки бо ќонунгузории зиддиинњисорї манъ карда шудаанд (Моддаи 3. Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол»).

  2. 1) Монополияњо ва раќобат мавзўи васеъ буда, дар таркиби бозори имрўза зуњуроти гуногунро соњиб мебошанд: монополияи холис (чистая монополия), раќобати комил ва раќобати нокомил, монополияи дугонае, ки дуополия номида мешавад (мавќеи монополие, ки ба ду монополист /ду фирма/ мансуб аст), монополияи табиї, монополияи гурўњї (олигополия), монопсония (мавќеи хукмронии харидор, на фурўшанда) ва ѓайра дар фанни назарияи иќтисоди имрўза васеъ баррасї мешавад. Ниг. Исоматов Бобокалон Асосњои назарияи иќтисод. Ќисми якум. – Душанбе: «Паёми Ошно», 2001. – 323 с.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.