Қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташаккули муҳити рақобат яке аз арзишҳои иқтисоди бозорӣ буда, давлатро водор месозад, ки ин вазифаи нави давраи ислоҳотро ба ӯҳда гирифта анҷом диҳад. Дар Тоҷикистон, ки дар гузашта иқтисодиёти пурра ба инҳисороти давлатӣ асосёфтаи хоҷагии плании мутамарказро дар ҳайати давлати Шуравӣ аз сар гузаронд, ташаккули муҳити рақобат зуҳуроти нав мебошад.

Маълум аст, ки рақобат бе шикасти монополизм ба вуҷуд намеояд, бинобар, қадами нахустине, ки онро дар роҳи ташаккули муҳити рақобат бояд ниҳод – ин ғайриинҳисорӣ намудани иқтисодиёт ва муҳайё намудани шароити ташкилӣ барои рақобати боинсофонаву бовиҷдонона.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳдудкунӣ ва қать кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона кори пайгирона бурда мешавад. Қонунҳои зиддиинҳисорӣ дар мамлакат мунтазам такмил меёбанд. Дар давоми солҳои 1993-2006 ба хотири барпо намудан ва самарабахш амал намудани бозорҳои мол ин қонунҳо се маротиба аз нав таҳия гаштанд: нахустин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт «Дар бораи маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ ва равнақи рақобат» 27 декабри соли 1993 таҳти рақами 871 қабул шуда буд. Қонуни дуюм, ки 29 ноябри соли 2000 таҳти рақами 11 қабул гардид, «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ном дошт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» маротибаи сеюм 28 июли соли 2006 таҳти рақами 198 қабул гардида, қонунҳои пешина аз эътибор соқит дониста шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» № 525 13 декабри соли 1997 қабул шуда, қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» аз 12 майи соли 2001 № 5 қабул гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабрт соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 № 469 тасдиқ шудааст, аз ҷумлаи санадҳои ҳуқуқии пешгирии фаъолияти инҳисорӣ буда, барои равнақи муносибатҳои бозорӣ дар мамлакат равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар бозорҳои молии кишвар ба рақобат таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Тоҷикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси маҳдудияти рақобат мешаванд ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорҳои молии ҷумҳурӣ боиси дигар оқибатҳои манфӣ мешаванд.

Қонуни зиддиинҳисории Тоҷикистон фаъолияти инҳисориро дар зоҳир шудани пеш аз ҳама мавқеи ҳукмфармоӣ мебинад, бинобар ин муайян намудани нишонаҳои мушаххаси ингуна мавқеъ барои андешидани чораҳои зиддиинҳисорӣ зарур мебошанд1)[1]*

Дар ҷумҳурӣ фаъолияти инҳисориеро, ки аз суиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозори мол бармеояд, қонуни номбурда манъ намудааст.

Ингуна суиистифода дар амал ё беамалии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ифода меёбад, ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ё халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор ё шахсони воқеӣ мегарданд.

Қонун чунин амалҳоро манъ намудааст:

– аз муомилот гирифтани молҳо ба хотири ташкил намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх;

– ба зиммаи аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома дахл надорад, чунончӣ, беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қувваи корӣ, ба шартнома илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунанда ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра;

– ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ (дискриматсионӣ), ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

– монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

– вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;

– муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

– ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

– фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);

– беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

– беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

Қонун дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ инчунин ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои баҳамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шартномаҳо, аҳдҳои дигар, созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашударо, ки боиси натиҷаҳои зайл мегарданд, манъ намудааст:

– муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ, нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;

– баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музояда ва савдо;

– дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломати ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);

– маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони ) он;

– маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;

– шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

– ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад;

– ихтисор ё қать кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо.

Қонун дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидориро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баракс, имконияти мусоидро барои фааъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ намудааст,1)[2]*, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд.

Яке аз амалиёти суъектҳои хоҷагидоре, ки қонуни номбурда онҳоро пешгирӣ менамояд, рақобати бевиҷдонона мебошад, ки дар шароити бозор дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад:

– паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ, ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;

– ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад;

– муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);

– гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;

– истифодаи худсаронаи аломати мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;

– дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

  • ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад.

Дар байни монополияҳое, ки дар иқтисоди бозорӣ ҳукмронӣ мекунанд, монополияҳои табиӣ ва монополияи маъмурӣ мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Онҳоро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст (ниг. Нақшаи 17.1)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», ки аз 12 майи соли 2001 № 5 қабул гардид, фаъолияти субъектҳои монополияҳои табииро дар соҳаҳои зерин танзим менамояд:

хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол ва интиқоли қувваи

барқ ва гармӣ;

хизматрасонӣ дар мавриди харид, ҳамлу нақл ва расонидани гази табиӣ тавассути қубурҳо;

боркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан ва авиатсия;

хизматрасонии терминалҳои (майдонҳои) нақлиётӣ, аэропортҳо;

хизматрасонии алоқаи истифодаи умумибарқӣ ва почта;

истеҳсоли маҳсулоти барои мудофиа таъингардида.

Дар ҷомеа монополияи маъмурӣ метавонанд ба вуҷуд оянд, ки онҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ шуда, дар тобеияти худ фаъолияти судҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва ғайра ниҳодҳоро фаро мегиранд.

Нишонаҳои таснифот Намудҳои монополияҳои табиӣ
Ҳудуди фазои ҷуғрофии бозор
  1. Ҷумҳуриявӣ
  2. Минтақавӣ
  3. Мунитсипалӣ
Аз рӯйи нишонаи соҳавӣ (мансубият ба соҳа ё намуди истеҳсолот )
  1. Дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ:
    • интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ;
    • интиқоли газ;
  2. Дар соҳаи алоқа:
    • алоқаи телефонии симӣ;
    • алоқаи почтаи умумӣ;
  3. Дар соҳаи нақлиёт:
    • хизматрасонии фурудгоҳҳо;
    • хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан;
    • хизматрасонии терминалҳои нақлиётӣ;
    • хизматрасонии бандаргоҳҳои баҳрӣ ва дарёгӣ.
  4. Дар хоҷагии коммуналӣ:
    • обтаъминкунии марказонидашуда;
    • канализатсия;

гармидиҳии марказонидашуда.

Аз рӯйи вобастагии мӯҳлати амалкунии монополияҳои табиӣ
  1. Мӯҳлат муқаррар шудааст
  2. Мӯҳлат муқаррар нашудааст
Аз нигоҳи таҷассум-кунии субъектҳои монополияҳои табиӣ нишонаҳои дигар навъҳои монополияҳо
  1. Монополияҳои табии соф
  2. Монополияҳои табии омехта
  3. Монополияҳои бардурӯғ табиӣ (сохта)
Мавҷудияти танзими давлатии мустақим
  1. Монополияҳои табии танзимшаванда
  2. Монополияҳои табии танзимнашаванда
Тааллуқ доштани субъектҳои монополияҳои табиӣ ба шаклҳои моликият
  1. Монополияҳои табиӣ дар моликияти давлатӣ:
    • корхонаҳои моликияти ҷумҳуриявӣ;
    • корхонаҳои моликияти коммуналӣ;

2. Монополияҳои табии хусусӣ

Нақша 17.1 Гурӯҳбандии монополияҳои табиӣ

Дар самти ҳифз намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз дахолати ғайриқонунӣ Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 194 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби гузаронидани санҷишҳоро муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш танзим менамояд.

  1. 1) Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол» мавќеи њукмфармої чунин шарњ ёфтааст: «мавќеи њукмфармої – мавќеи махсуси як ё якчанд субъектњои хољагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молњои бањамивазшаванда (минбаъд-моли муайян) надорад, њамчунин ба вай (онњо) имконият медињад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири њалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектњои хољагидорро ба бозор мушкил гардонад».

    Мавќеи њукмфармої инчунин мавќеи субъекти хољагидоре шуморида мешавад, ки њиссаи он дар бозори моли муайян 50% ва аз он зиёдро ташкил дињад, ѓайр аз њолатњое, ки субъекти хољагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавќеи он дар бозор њукмфармо намебошад.

    Мавќеи субъекти хољагидор дар сурате низ мавќеи њукмфармої шуморида мешавад, ки њиссаи он дар бозори моли муайян аз 50% камро ташкил дињад, агар ин љињат аз тарафи маќомоти давлатии зиддиинњисорї дар асоси устувории њиссаи субъекти хољагидор дар бозор, андозаи нисбии њиссаи ба раќобаткунандагон тааллуќдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани раќибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда муќаррар гардида бошад. Мавќеи њукмфармоии субъекти хољагидор дар њолате эътироф намешавад, ки агар њаљми мањсулот дар бозори моли муайян аз 35% зиёд набошад, ба истиснои њолатњое, ки дар поён зикр гардидаанд.

    Мавќеи њар кадоме аз якчанд субъектњои хољагидор њукмфармо эътироф карда мешаваад, агар нисбати онњо шартњои зайл иљро гардида, субъектњои хољагидор исбот накардаанд, ки мавќеи онњо њукмфармо намебошад:

    – маљмўи њиссаи на бештар аз 3 субъектњои хољагидор, ки њиссаи њар кадоми онњо аз њиссаи дигар субъектњои хољагидор дар ин бозор аз 50% зиёдтар аст. Агар њиссаи њатто яке аз субъекти хољагидори зикршуда аз 5% камтар бошад, ќоидаи мазкур татбиќ намегардад;

    – маљмўи њиссаи на бештар аз 5 субъектњои хољагидор, ки њиссаи њар кадоми онњо аз њиссаи дигар субъектњои хољагидор дар ин бозор аз 70% баландтар аст. Агар њиссаи њатто яке аз субъектњои хољагидори зикршуда аз 5% камтар бошад, ќоидаи мазкур татбиќ намегардад;

    – андозаи нисбии њиссаи чунин субъектњои хољагидор устувор аст ё ба њамин бозори мол дастрасии раќибони нав мањдуд мебошад;

    – моли аз љониби чунин субъектњои хољагидор фурўхташаванда (харидашаванда) наметавонанд дар раванди истеъмол (аз љумла истењсолот)ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.

    Мавќеи субъекти хољагидор – субъекти монополияи табиї дар бозори мол, ки дар њолати инњисори табиї ќарор дорад, њукмфармо мебошад. (Моддаи 3. Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол»).

  2. 1) Дар њолати вайрон кардани ќонунгузории зиддиинњисорї субъектњои хољагидор (роњбарони онњо) ба љавобгарї аз рўйи моддаи 20-и боби 5, шахсони мансабдори маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидораи шањрак ва дења аз рўйи моддаи 21, шахсони мансабдори маќомоти давлатии зиддиинњисорї бошад – аз рўйи моддаи 23 ќонуни мазкур ба љавобгарї кашида мешаванд.

    Ќонун дар банди љавобгарї барои вайрон кардани ќонунгузории зиддиинњисорї пешбинї менамояд, ки барои вайронкорињо субъектњои хољагидор, шахсони мансабдори маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидораи шањрак ва дења ба љавобгарии маъмурї кашида шуда, њамчун чораи љазо миќдори гуногуни љарима баста мешавад. Барои дар мўњлати муќарраргардида иљро накардани ќарор ва амрияи маќомоти давлатии инњисорї ба шахсони мансабдори маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидораи шањрак ва дења ба тариќи љавобгарии маъмурї ба андозаи аз 100 то 5000 њадди аќалли музди мењнат љарима баста мешавад (моддаи 21).

test

Добавить комментарий