Главная / Фанни Иқтисоди миллӣ / Мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ба хотири пешбарии фаъолияти зиддиинҳисорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ – Агентии давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар солҳои 2000-2006 фаъолият дошт. Агентӣ мақоми давлатии идора буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, рушди рақобат ва соҳибкорӣ дар бозорҳои мол, таъминоти назоратро аз риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавӣ анҷом медод.

Дар ҷараёни дигаргунсозии сохторие, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли  2006,  № 9 «Дар бораи такмили сохтори  мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт,  Агентии мазкур барҳам дода шуда, вазифаҳои он ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Вазифаҳои асосии мақомоти зиддиинҳисорӣ дар  пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси рушди рақобат, анҷом додани назорати давлатӣ аз риояи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон,  реклама, инчунин, дар бахши танзими давлатӣ  ва назорати фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ ифода меёбад.

Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме, ки дар шароити ҳозира дар назди мақомоти зиддиинҳисории мамлакат истодааст, танзими фаъолияти гурӯҳҳои саноатию молиявӣ, харидорӣ намудани саҳмияҳои корхонаҳои кишвар аз ҷониби шахсони бо ҳам пайвастаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ, пешгирии забоняккунӣ мавриди хариду фурӯши корхонаҳои калони ҷумҳурие, ки  дар асоси барномаи  ҳукуматӣ хусусӣ гардонида мешаванд.

Дар шароити имрӯза сиёсати зиддиинҳисории давлат дар чунин самтҳои асосӣ сурат мегирад:

  • аз байн бурдани вазъияти инҳисорӣ дар иқтисодиёти кишвар дар асоси рушди рақобат дар бозорҳои мол ва бозорҳое, ки интиқоли мол аз берун ба миқдори бениҳоят калон ворид мешавад;
  • такмилсозии асосҳои ҳуқуқии танзими зиддиинҳисорӣ;
  • такмили минбаъдаи усулҳои назорати зиддиинҳисорӣ ба хотири пешгирии ҳолатҳои суиистеъмолкунӣ аз вазъияти бозор, садди роҳи забоняккунӣ ва созишбандиҳое бошанд, ки рақобатро маҳдуд месозанд ё ба манфиатҳои субъектҳои хоҷагидору шаҳрвандон халалдор мешаванд;
  • монегӣ намудан ба фаъолияти рақобати бевиҷдонона;
  • пешгирии пайдошавии сохторҳои нави инҳисорӣ дар ҷараёни хусусигардонии моликият, дар ҷараёни татбиқи сиёсати инвеститсионии давлат, ҳамкориҳои он бо кишварҳои хориҷӣ;
  • дастгирӣ намудани субъектҳои хоҷагидориеро, ки мавриди нахустин ворид шудан ба бозори молу хадамот ба муқобилияти монополистҳои бозор дучор мешаванд;
  • пешгирӣ намудани ҳукмронии инҳисорие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ мавриди хизматрасониҳо ба тариқи ҳатмӣ бо тарифҳои баланди монополӣ сурат мегирад, масалан, тарифҳои хизматрасонии нотариалӣ, хизматрасониҳои вобаста ба ҳуҷҷатбандии амалиётҳои хариду фурӯши амвол, бахусус амволи ғайриманқул, нақлиёти шахсӣ ва ғ.
  • танзими фаъолияти корхонаҳои гурӯҳи монополияҳои табиӣ дар самти пешгирии суиистеъмолкунӣ дар бахши нархгузорӣ (тарифгузории) хизматрасонии онҳо ба аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *