Моҳият ва муаммоҳои рақобатпазирии иқтисоди миллӣ

МОҲИЯТ ВА МУАММОҲОИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

  • Моҳияти рақобатпазирӣ ва таснифоти унсурҳои он
  • Рақобатпазирии мол
  • Рақобатпазирӣ дар сатҳи корхона ва соҳа
  • Нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирии мамлакат
  • Муаммои рақобатпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати татбиқи чорабиниҳои аввалиндараҷаи таъмини рақобатпазирӣ

18.1. Моҳияти рақобатпазирӣ ва таснифоти унсурҳои он

«Сарфи назар аз тамоюли номусоиди пешрафти сохторӣ дар саноат густариши рақобат шарти муҳими афзоиши иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад…»

Э.Ш. Раҳмонов

Иқтисоди бозорӣ, тавре ки маълум аст, хоҷагии рақобатие мебошад, ки дар дохил ва байни корхонаҳо, дар дохили мамлакат, берун аз он арзи вуҷуд менамояд. Дар шароити имрӯзаи пешравии ҷараёни глобализатсия рақобат шакли чашмнадидаи байналмилалиро ба худ гирифта, торафт шадиду шаддод мегардад. Рақобат чун омили ҳалкунандаи инкишоф бояд дар ҳамаи зинаҳои иқтисоди миллӣ мавқеи намоёнро дошта бошад. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов таъкид сохт, ки «Таҳкурсии асосии бунёди давлати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ва мунтазам рушдёбанда ташаккули иқтисоди бозории қобили рақобат ва муосир мебошад…»1)

_______________

1) Раҳмонов Э.Ш. Интихобот – оғози марҳалаи сифатан нав дар эъмори ҷамъияти демократӣ. Суханронӣ дар маросими расмии савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2006. – «Ҷумҳурият», 21 ноябри соли 2006.

Рақобатпазирӣ чун мафҳуми бениҳоят васеъ зинаҳои гуногуни густариш дошта, чунин таснифот мешавад:

  1. Рақобатпазирии мол (кор ва хизматрасониҳо);
  2. Рақобатпазирии тавлидкунандагони молу хизматрасониҳо;
  3. Рақобатпазирии соҳавӣ;
  4. Рақобатпазирии минтақаҳо;
  5. Рақобатпазирии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ.

Зинаҳои номбаршудаи рақобатпазирӣ байни худ вобастагии зич доранд. Зарурати он расидааст, дар сохторҳои идоракунии давлатӣ масоили рақобатпазириро ба сифати мавзӯи махсуси омӯзиш ва сиёсати иқтисодӣ қарор диҳанд.

Рақобатпазирии мамлакат аз рақобатпазирии мол ибтидо мегирад.

Рақобатпазирӣ – қобилияти рақобаткунӣ (рақобат-бардорӣ) дар бозори молу хизматрасонӣ буда, дар пояи худ ду унсури асосӣ – нарх ва сифатро пешкаш мекунад. Дар ҳолати якзайл будани сифати мол ва шӯҳрат доштани номи молистеҳсолкунанда интиқоли мол танҳо дар он сурат рақобатпазир мешаванд, ки агар нархи мол аз нарҳи моли ҳарифон паст бошад.

Рақобатпазирии мол – ин маҷмӯи хосиятҳои истеъмолӣ, нарх, сифати мол мебошад, ки аз рӯйи он дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ молро муқоиса, арзёбӣ ва харидорӣ мекунанд.

Рақобатпазирии мол аввало аз сатҳи арзиши аслии он сар мешавад. Арзиши аслии маҳсулот (хароҷотҳои истеҳсол ва фурӯши он) – яке аз беҳтарин нишондиҳандаи иқтисодии фаъолияти хоҷагидорӣ мебошад. Сатҳи он то чӣ андоза паст бошад, ҳамон қадар барои баланд накардани нархи фурӯши мол (ба хотири ҷалб намудани харидор) имконият пайдо мешавад. Барои паст намудани сатҳи хароҷоти истеҳсолӣ ҳосилнокии меҳнат (истеҳсоли арзиши иловашуда ба ҳар сари коркун), ташкили илмии истеҳсолот, технологияи пешқадам омили асосӣ мешаванд. Имрӯз сатҳи нисбатан баланди хароҷоти истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият намедиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ нархи бомеъёр, ҳеҷ набошад дар сатҳи нархи моли воридотӣ бошад, бинобар, ингуна молҳоро харидорӣ намекунанд, дар оқибат корхона муфлис, буҷа каср мешавад. Дар ин бора суханони Президенти мамлакат мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмоновро дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2004 дар санаи 24 январи соли 2004 ёдовар шудан бамаврид аст, ки гуфта буд: « …баланд бардоштани сифати маҳсулоти саноатӣ, таҳқими мавқеи рақобатпазирии истеҳсолкунандагони молҳо ва ташаккули талабот, ки дар қонеъ гардонидани он маҳсулоти босифат нақши муҳим дорад, инчунин навсозии истеҳсолот, ворид ва ҷорӣ кардани технологияи замонавӣ бояд самтҳои асосии рушди саноати мамлакат гарданд.

Бо роҳи навсозии хатҳои истеҳсолӣ ва технологияҳои гуногуни соҳаи саноат, тақвияти назорати техникӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири сифат, истифодаи самарабахши механизмҳои ташкилию иқтисодии сиёсати давлатӣ рақобатпазирии истеҳсолоти саноатиро таъмин намудан мумкин аст. Сарфи назар аз тамоюли номусоиди пешрафти сохторӣ дар саноат густариши рақобат шарти муҳими афзоиши иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад…»1)[1]*

Дар шароити ҳозира аксари мамлакатҳои ҷаҳон рақобатпазирии молҳои худро тавассути истифодаи навовариҳо, истифодаи технологияи баланд, ки бе инкишофи нерӯи илмию техникӣ имконнопазир аст, таъмин месозанд. Мутаасифона бо сабабҳои маълум нерӯи илмию техникии давлати мо, ки бо меҳнати зиёд таи даҳсолаҳо бунёд гашта буд, коҳиш ёфт, мутахассисон тахассуси худро иваз намуданд, ё мамлакатро тарк намуданд, мубталои сайри муҳоҷирот гаштанд.

Нерӯи илмию техникӣ ҳоло дар мо ба худ таваҷҷӯҳи хоса пайдо накардааст. Ба ин гуфтаҳо як мисолеро овардани ҳастам. Чанд сол пеш тариқи телевизион иттилоъ гашт, ки дар яке аз бошишгоҳҳои гумрукӣ дар қатораи аз ҷумҳурӣ равоншаванда шахсеро дастгир кардаанд, ки бо роҳи қочоқ як қуттӣ (наздик 1000 адад) самбақаҳоро берун аз марзи мамлакат мебурд. Дар бораи зарари иқтисодие, ки аз ин амал ба ҷумҳурӣ мерасад, гапу кори бисъёре шуда гузашт. Ман дар ин бора ба худ гуфтам, ки арзиши мутахассисони баландихтисос, ки барои тайёр намудани онҳо давлат миллионҳо маблағ харҷ намудааст, ҳар яки онҳо аз арзиши он самбақаҳо садҳо баробар гаронтар аст, барои чӣ агар аз марзи давлат ҳазор не, балки даҳ ҳазор берун равад ягон «гумрук» кордор нест?! Оё дар ин ҷо зарари моддию маънавӣ барои мамлакат ҷой надорад?!

Навоварӣ бе хароҷот, бепул ба даст намеояд, иқтидори рақобатпазирӣ низ бе харҷи маблағ намешавад, бинобар ин дар мамлакатҳои ҷаҳон ба хотири пеш бурдани корҳои дизайн ва маркетинг, нигоҳ доштани кормандони соҳаи илм, пардохти патентҳои дохилӣ ва хориҷӣ, дараҷаи ҳимояи моликияти зеҳнӣ, инкишофи соҳаи маориф, бидуни хароҷоти корҳои илмию таҷрибавӣ, нишондиҳандаи махсус – хароҷотҳои навоварӣ-ро истифода мекунанд.

Истифодаи навовариҳо дар иқтисодиёти Тоҷикистон гарчанде, ки на он қадар баланд буд, дар ҷараёни ислоҳотҳо боз ҳам ба сатҳи паст фаромад, зеро ки дар шароити имруза дар соҳаи ҷорӣ намудани навовариҳо ҳатто супоришдиҳии плании пештара ҳам аз байн рафта, механизми нави бозории ташнагӣ ба навовариҳо ба миён наомадааст. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки миқдори зиёди маҳсулоти саноатӣ дар анборҳо нигоҳ дошта шуда, ба фурӯш намеравад. Чуноне, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ин нишондиҳанда дар аввали соли 2005 109.4 млн сомониро ташкил дода бошад, аз рӯйи ҷамбасти соли 2005 ба 230,0 млн. сомонӣ расида, дар давоми сол зиёда аз 2 маротиба афзудааст. Сабаи асосии вазъияти баамаломада – ин сифати пасти маҳсулоти истеҳсолгардида ва ба рақобат тобовар набудани он мебошад1)[2]*.

Ракобатпазирӣ дар сатҳи корхона (ширкатҳои саноатӣ, фирмаҳои тиҷоратиӣ, молистеҳсолкунанадагони алоҳида) дар шароити ҳозира чунин аст, ки аз рӯйи маҳсулоти истеҳсолмешуда корхонаҳои ватанӣ бо корхонаҳои азими дигар давлатҳо хоҳ – нохоҳ рақобат мекунанд. Фарқ надорад маҳсулот (мол) дар Хитой истеҳсол шудааст ё дар Эрон, дар Туркия ё Курияи Ҷанубӣ истеъмолкунанда ҳамон молеро харидорӣ мекунад, ки аз рӯи сифаташ ва нархаш ба ӯ маъқул бошад.

Мисоли мазкур нишон медиҳад, ки рақобат ба рақобати байналмилалӣ мубаддал гашта молҳо муқоиса мешаванд ва бартарии рақобатиро ошкор месозанд. Ингуна бартарии рақобатӣ дар якчанд нишондиҳандаҳо ифода меёбад, чунончи, даромаднокӣ, фаъолияти навоварӣ, ҳосилнокии меҳнат, самаранокии кор, созгоршавӣ (адаптатсия) ба зудҷавобгӯӣ ба тағйирёбии шароиту талаботи бозор ва ғайра.

Рақобатпазироӣ – ин шохаи илм буда, онро омӯхтан, таблиғоту ташвиқот намудан, аз рӯйи тавсифоти он амал кардан зарурати воқеӣ шудааст.

18.2. Рақобатпазирии мол

Рақобатпазирии молу хизматрасониҳо аз рӯйи тавсифоти онҳо, ки чандин нишондиҳандаро дар бар мегирад, муайян карда мешавад. Дар мадди аввал ду нишондиҳандаи асосӣ – сифат ва нарх меистанд.

Сифати молро сифати ашъё, сифати кору технология, дараҷаи ташкили истеҳсолот, ташкили меҳнат ва идоракунӣ муайян мекунанд. Ин омилҳо барои сифати моли истеҳсолмешуда ҳалкунанда мебошанд. Онҳо на танҳо ба сифати мол, балки ба нархи он таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Нархи мол яке аз муайянкунандаи рақобатпазирӣ буда, ба сатҳи он арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад. Арзиши аслӣ – маҷмӯи хароҷотест, ки дар доираи истеҳсоли маҳсулот дар корхона ташаккул меёбад. Чӣ қадаре, ки арзиши аслии маҳсулот паст бошад, дар ҳолати якзайл будани нарх, ҳамон қадар фоида зиёд мешавад, бинобар ин байни нишондиҳандаҳои арзиши аслӣ ва фоидаи корхона вобастагии бевосита ҷой дорад. Таҳлили арзиши аслии маҳсулот аз рӯйи масрафшавии ашъё, ашъёи нимтайёр, барқ ва сӯзишворӣ, маош, истеҳлоқ (хароҷоти хӯрдашавӣ) ба ҳар воҳиди маҳсулот, бо усули арзёбӣ намудани онҳо дар муқоиса бо дигар корхонаҳо, таҳлили сабабҳои болоравӣ ё пастшавии сатҳи хароҷот ва дигар усулҳои махсуси аз нигоҳи иқтисодӣ вуҷуддошта – омилҳои илмии асоснок намудани рақобатпазирии молу хизматрасонӣ мебошанд.

Дар шароити муосири рақобати ҷаҳонӣ омилҳои ғайринархӣ ба мавқеи бениҳоят баланд соҳиб шуда истодаанд. Ба ингуна омилҳо сифати маҳсулот аз рӯйи навъу тозабунёдиаш, дар худ таҷассумкуниаш илмпазироию зеҳнпазироӣ дохил мешаванд. Сухан дар бораи он меравад, ки рақобатпазирии мол аз ҳисоби афзиши ҳиссаи молҳои ба илм ниёздошта, навҷорисозӣ, ба роҳ мондани технологияи баланди замонавии ба пешрафти илмию техникӣ асосёфта таъмин карда шавад.

Дар ин раванд ҳоло дар ҷумҳурӣ корҳои амалӣ сурат гирифта истодаанд. Ба ин оғози (расман 20 марти с.2006) сохтмони корхонаи азими саноати сабук – корхонаи нассоҷӣ дар Душанбе, ки дар айни замон дар худ ҷараёни технологии ресандагию бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯхти либосро аз матоҳои пахтагӣ дар бар мегирад, мисол шуда метавонад. Корхонаи мазкур, ки дар асоси ҳамкори ширкати «Ориён – Интернешнл»-и Тоҷикистон бо ширкати туркии «Бурсел Ҳолдинг» бунёд гашта (аз рӯйи нақша бояд, ки дар давоми 18 моҳ сохта шуда ба кор дарояд), маҳсулоти истеҳсолмекардагияш ба рақобати байналхалқӣ тобовар гашта, шояд дар бозорҳои васеи Аврупову Осиё ва Амрико содир шавад.

Иқтидори илмию техникӣ омили муҳимтарини рақобатпазирии на танҳо молу хизматрасонӣ, балки умуман ҳамаи ҷабҳаҳои дигари иқтисодиёт мебошад. Иқтидори зеҳнӣ арзиши бузургтарини ҳар як давлат, ҳар як корхона, ҳар як самти фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ҳисоб мешавад.

Муҳаққиқон дар он ақидаанд, ки давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби иқтидори бузурги рақобатӣ гаштаанд, манбаи ин пешравиро дар ҷорисозии навбунёдӣ дарёфт намудаанд.

Аз нуқтаи назари ин ақида маблағгузорӣ баҳри навоварию навҷорисозӣ яке аз нишондиҳандаи асосӣ шинохта мешавад. Он кишваре, ки хароҷотро барои илму навоварӣ дареғ намедорад, ҳатман ба қудрати баланди илмӣ, тавоноии зеҳнӣ муяссар мегардад. Ҳаҷми хароҷот барои бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибагузаронию конструкторӣ, хароҷоти маблағи молиявӣ барои маърифати аҳолӣ, дизайн ва маркетинг, васеъкунии доираи кормандони соҳаи илм, ҳифзи моликияти зеҳнӣ аз ҷумлаи нишондиҳандаҳое мебошанд, ки омили тавоноии рақобатпазирии техникию иқтисодиро таъмин месозанд. Дар ин бахш баъзе мулоҳизаҳои худро дар боби «Бехатарии зеҳнӣ»-и китоб иброз дошта будем.

Рейтинги давлатҳо аз рӯйи қобилияти онҳо барои пешбарии фаъолияти навҷорисозӣ, ки соли 1999 гузаронида шуда буд, байни 15 давлати ҷаҳон тақсимоти ҷойҳоро чунин нишон дода буд:

    1. Япония
    2. Швейтсария
    3. ИМА
    4. Шветсия
    5. Олмон
    6. Финляндия
    7. Дания
    8. Франсия
    9. Норвегия
    10. Канада
    11. Австралия
    12. Нидерландия
    13. Австрия
    14. Бритонияи Кабир
    15. Зеландияи Нав

*Маъхаз: Бюллетень иностранной и коммерческой информации (БИКИ), 1999, № 19, 18 февраля

Тоҷикистон соҳиби молҳои гуногуни дорои иқтидори рақобатпазир мебошад: барқ (барқи арзони аз НБО-ҳо ҳосилшуда, алюминийи аз барқи арзон тавлидшуда, маҳсулоти хушсифати субтропикӣ, меваи хушсифати хушк, қарокул… Маҳсулоти рақобатпазири кишвари мо номгӯи фаровон дорад, аммо то ҳол барои теъдоди дақиқи онро муайян намудан зарурате набуд. Барои мисол, гӯсфанди ҳисорӣ магар зоти пурра рақобатпазири дунё нест?

Гӯсфанди ҳисории Тоҷикистон зоте мебошад, ки дар давоми ҳазорсолаҳо бо роҳи селексияи халқӣ ба вуҷуд омада, машҳури ҷаҳон гаштааст. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ яке аз дастовардҳои бузурги миллати мо мебошад, ин зот дар дунё бузургҷуссатарин гусфанд буда, вазни зиндаи қӯчқори он то 200 кг мерасад, аз ингуна гӯсфанд то 110-120 кг гӯшту равған гирифтан мумкин аст. Дастоварди миллати мо дар бунёди Гӯсфанди ҳисорӣ дорои ифтихори миллӣ буда, дар хазинаи умумибашарӣ ҷой гирифтааст. 1)[3]*.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҳисор 4 октябри соли 2006 ба масоили парвариши васеи гӯсфанди зоти ҳисорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои зиёд намудани саршумори он дар тамоми ҷумҳурӣ ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода таъкид намуд, ки навъи ҳисорӣ хушзоттарин намуди гӯсфанд дар ҷаҳон буда, талабот ба он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он хеле зиёд аст («Ҷумҳурият»,7 октябри соли 2006).

 

Зоти нави аспи тоҷикӣ, ки бо се типи дохили зотӣ (асосӣ, саворӣ ва тагҷоӣ), 10 авлод (Банон, Селеу, Азир, Орлик, Светоч, Сдвиг, Фтор, Пикет, Интервал, Стамбул)ва бо 15 оила (Байга, Лулӣ, Мазурка, Физика, Балерина, Монета, Найза, Серка, Незабудка, Непала, Каратун, Сулеко, Нохта, Тропа, Абаканка) дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби аспшиносони бузурги ҷумҳурӣ муаллифони ин зот Николай Мамин, Ҳоҷӣ Абдуҳамид Ҳакимов, Арбобмирзо Шамсиев ва Сулаймон Шоев дар натиҷаи захмати зиёда аз 40 солаи онҳо бунёд гаштааст, – аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои худ дар бозори ҷаҳон мавқеъи хоса дошта, дастоварди бузурги миллати мо мебошад)1).

Асали Тоҷикистон дар дунё яке аз беҳтарин намуди асал мебошад.

18.3. Рақобатпазирӣ дар сатҳи корхона ва соҳа

Рақобатпазирии корхона аз иқтидори рақобатии корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ бармеояд.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло рақобат аз доираи маҳдуди соҳавию минтақавӣ баромада,тарзи байналмилалиро ба худ гирифтааст, яъне рақобат дар шароити шиддатёбии ҷараёни ҳамгироии иқтисодӣ маҳдудиятҳои марзии давраи пешинаро

бартараф намуда, ба ҳодисаи ошкорою ҳамаҷоя мубаддал гашта истодааст.

Агар дар ин ҷо як мисоли оддии ба ҳақиқат наздикро қайд кунем, ақидаи болоро тасдиқ мекунад. Боварӣ намеояд, ки деҳқони дар Покистон бо истеҳсоли апелсин машғулбуда, ки гӯем Ал-Ҳафиз ном дорад, бо боғбони қишлоқи дурдасти ноҳияи Раштро, ки агар Исломиддинмахсум номгузорӣ кунем, рақобат мекарда бошад: онҳо якдигарро ҳеҷ гоҳ надидаанд ва дида ҳам наметавонанд, аммо тавассути маҳсулоти ба бозор пешкаш мекардаашон бо якдигар рақобат мекунанд! Боғбони раштӣ себу нок истеҳсол намуда, албатта кӯшиш мекунад, ки дар бозори Душанбе бо нархи ҳарчӣ боло онро фурӯшад. Дар байни деҳқони раштию деҳқони покистонӣ соҳибкор – тиҷоратчӣ чун миёнарав фаъолият мекунад. Апелсине, ки соҳибкор аз бозори Покистон харидорӣ намуда, ба бозори Душанбе меорад, нархи гарони себу ноки дар Рашт истеҳсолшударо «мезанад». Харидори душанбегӣ ба ҷои себу ноки гаронбаҳо апелсини арзони покистониро бо

____________

1) Ҳоҷӣ Абдуҳамид Ҳакимов. Аспи тоҷикӣ: шӯҳраташ олам гирифт. – «Ҷумҳурият», 24 июли соли 2003.

хушнудӣ харидорӣ намуда, дастархони худро пур мекунад. Ҳам арзон асту ҳам болаззат! Агар апелсин намешуд, нархи себу нок дар давраи зимистон ду карат баландтар мешуд – чӣ илоҷ, ҳоло харидор аз муқаррарӣ ду карат кам ноку себ мехарад!

Дар ҳолати мавҷудоти маҳсулоти ватанӣ – маҳсулоти саноатии коркарди ашёи кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрока, либос, пойафзол, маснуоти маишии хона ва ғайра – шаҳрвандон бо сабабҳои маълум моли хориҷиро харидорӣ мекунанд.

Рақобатпазири соҳаро аз рӯйи тақрибан 30 намуд маҳсулоте, ки ҳаҷми зиёди фурӯшро ташкил медиҳад, муайян мекунанд. Коэффитсиенти болоии рақобатпазирӣ дар ин мисол ба 30 баробар мешавад аз рӯйи фарзияи он ки ҳамаи намудҳои мол рақобатпазир бошанд, яъне ба қадри 100%, яъне баробари 1. Аммо дар амал ин коэффитсиент 15-20 % -ро ташкил медиҳад.

18.4. Нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирии мамлакат

Рақобатпазирии мамлакат бо чунин нишондиҳандаҳои асосӣ арёбӣ мегардад, аз ҷумла:

    • Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи илм ва корҳои таҷрибагузаронию конструкторӣ.
    • Ҳамин нишондиҳанда нисбат ба ММД, %.
    • Хароҷоти давлат барои инкишофи шахс (маориф, тандурустӣ, бахши иҷтимоӣ), нисбат ба ММД, %.
    • ММД ба ҳар сари аҳолӣ.
    • Давомнокии умр, сол.
    • Содирот нисбат ба ММД, %.
    • Сатҳи беқурбшавӣ,%.
    • Мавқеи давлат дар байни мамолики ҷаҳон аз рӯйи захираҳои табиӣ ба ҳар сари аҳолӣ.
    • Мавқеи давлат байни фирмаҳои бузурги рақобатпазири дунё.

Дар иқтисоди мамлакат дар баъзе ҳолатҳо мавриди баррасӣ намудани масъалаҳои нархгузорӣ на ҳама вақт манфиати рақобатпазирӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Воқеан масъалаи нархгузории ашёи пахта дар ин ҷо боистисно нест.

Тавре, ки дар матбуот дарҷ гардид, моҳи марти соли 2006 бо қарори якҷояи Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ қароре қабул гашт, ки тибқи он барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ нархи як тонна нахи пахта ба 109 доллар афзуда, 1056 доллари ИМА – ро ташкил намуд. Барои хориҷиён бошад, нархи пештарааш – 948 доллар боқӣ монд.

Ин қарор норозигии соҳибкорони ватаниро ба миён овард. Корхонаи калонтарини муштараки «Кабол – Тоҷик – Текстайлз» чун эътироз 17 апрели соли 2006 иброз дошт, ки кори корхонаро аз фаъолият бозмедорад ва кормандонашро ба рухсатии бемӯҳлат равон мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Эҷодгарони қарори мазкур мавриди нархгузорӣ равиши (методикаи) нархгузориеро пеш гирифтаанд, ки ба қоидаҳои байналмилалии савдо, ба услуби бозории нархгузорӣ мувофиқ набуда, манфиатҳои иқтисодии корхонаҳои ватаниро халалдор мекунад.

Ингуна тағйирдиҳии услуби нархгузорӣ бори аввал набуда, аз соли 2000 то ҳол чанд маротиба давом дорад. Услубу тартиби нархгузорӣ ҳар дафъа бар хилофи фоидаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ қоидаи навро пешбарӣ мекунанд. Масалан, моҳи январи соли 2005 Вазорати кишоварзӣ якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдо «Методика»-еро таҳия намуданд, ки тибқи он барои истеъмолкунандагони ватанӣ назар ба нархи содиротии пахта 128 доллар қиматтар арзёбӣ шуда буд. Баъди дахолати Ҳукумати ҶТ ва шахсан Президент ба ин масъала нархномаи мазкур бекор карда шуда буд.

Дар даъвои роҳбарияти ширкати «Кӯлоб – Текстайлз», ки ба номи вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов 22 майи соли 2006 ирсол гашта буд, қайд шудааст, ки арзиши ашъё, яъне нахи пахта 80% арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳад, дар ҳолати қимат шудани нархи пахта ба қиматшавии маҳсулоти тайёри пахтагин оварда расонда, рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро боз ҳам суст мекунад. Азбаски вазъияти истеъмолкунандагони ватанию хориҷӣ нобаробар аст, аз эҳтимол дур нест, ки корхонаҳои ватанӣ харидорони маҳсулоти худро аз даст дода, маҷбур мешаванд корхонаҳояшонро банданд. Саноатчиҳои ватанӣ зарурати таҳияи Методикаи (равиши) нави нархгузориро талаб менамоянд, то ки молистеҳсолкунандагони ватанӣ мавқеи имтиёзнок ё, ба ҳар ҳол, шароити якхеларо бо харидорони хориҷӣ соҳиб шаванд.

Дар атрофи масъалаи нархи пахта ақидаҳои асоснок пешбарӣ мешаванд. Масалан аз назари сармоягузории хориҷӣ: агар нархи пахтаи маҳаллӣ қимат бошад оё сармоягузори хориҷӣ ба иншоотҳои саноатии кишвар маблағгузорӣ мекунанд?

Имрӯз наздик аз даҳ нӯҳ қисми пахта ба хориҷи кишвар чун ашъёи хом содир мешавад. Танҳо 10 – 12% он дар ҷумҳурӣ коркард мешавад. Масъалаи нархгузорӣ бояд тавре ҳалли худро ёбад, ки барои харидорони ватанию хориҷӣ шартҳои якхелаи хариди ашъё пешбарӣ шавад. Дар акси ҳол вазъияти ногувор барои сармоягузорони хориҷӣ эътимоднокии вазъияти бозории моро аз байн мебарад.

Қарори баланд намудани нархи пахта барои истеъмолкунандагони ватанӣ гӯё ба манфиати деҳқонони истеҳсолкунандагони пахта нигаронида шудааст, то ин ки онҳо аз қарзҳои худ дар назди сармоягузорон озод шаванд. Аммо усули интихобшударо аксари экспертҳо ғайриқонунӣ мешуморанд.

Барои Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагин дар дохили кишвар аз фурӯши ашъё ба хориҷа дида чандин карат фоидаовартар мебошад. Арзиши изофаи маҳсулоти тайёри пахтагине, ки аз 1 кг пахта ҳосил мешавад, нисбат ба арзиши изофаи 1 кг нахи пахтаи ба хориҷа фурӯхтамешуда 13,5 маротиба зиёд мебошад.1)[4]*. Афзуншавии даромади буҷети мамлакат аз фурӯши моли тайёр дар ин ҷо ҳоҷати исбот нест.

«Азия Плюс», 22 июни соли 2006 хабар дод, ки Тартиботи муқаррар намудаи вазоратҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Агентии зиддимонополӣ оид ба нархи хариди пахта, ки 29 марти соли 2006 ҷорӣ намуда буданд, боздошта шуд.2)[5]**. Бо қарори Ҳукумати ҶТ дар ҷаласаи ҳукуматии 19 июни соли 2006 доиргашта қарори мазкур (тартибот) бекор карда шуда, Вазорати иқтисод ва савдо вазифадор карда шуд, ки тартиботи нави фурӯши пахтаро бо дарназардошти манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Тавозуни (баланси) миллии пардохт яке аз воситаҳои муҳимтарине мебошад, ки тавассути он иқтидори рақобатпазирии мамлакат таҳлил гашта, самараи иқтисодии воқеии робитаҳои хориҷӣ чун оина аён мегарданд. Тавозуни миллии пардохт ҷадвале мебошад, ки дар он таносуби пардохткунӣ дар хориҷи кишвар ва воридшавии маблағ (пардохтҳо) аз хориҷи кишвар дар ягон воҳиди вақт (сол, семоҳа, моҳ) нишон дода мешавад. Вобаста ба натиҷаҳои амалиётҳои берунаи иқтисодӣ тавозуни миллии пардохт метавонад фаъол (дар сурати зиёд будани воридшавии маблағ нисбат ба пардохтшавии он) ё ин ки ғайрифаъол (дар сурати ҷой доштани акси ҳол) бошад. Асоси тавозуни миллии пардохтро тавозуни савдои хориҷӣ – содирот ва воридот ташкил мекунад, ки дар асоси фурӯши мол ба хориҷа ва хариди мол аз хориҷи кишвар таҳия мешавад.

Ҳолати (вазъияти) тавозуни миллии пардохт якзайл боқӣ намемонад, ба тағйирёбии он омилҳои гуногуни дохиливу беруна таъсир мерасонанд. Динамика ва сохтори савдои хориҷӣ бар асари тағйирёбии нарх дар бозори ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби асъор, баланд ё паст шудани талаботи дохилӣ ба молҳои истеъмолӣ ва инвеститсионӣ, дар муносибатҳои хориҷӣ тағйир ёфтани сиёсати давлатие, ки ба афзоиш ё коҳиш ёфтани содирот ё воридот равона шудааст, дигаргуниҳоро паси сар менамояд. Масалан, нархи бозории моли асосии содиротии ҷумҳурӣ – алюминий ва нахи пахта солҳои охир чунин тағйир ёфт:

Нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии Тоҷикистон

Доллар ба 1 тонна

Намуди мол С. 2002 с. 2003 с. 2004 с.2005
Алюминий 1304,9 1356,4 1644,2 1500,3
Нахи пахта 1049,0 1399,0 1366,0 1299,0

 

Аз рӯйи ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон соли 2005 дар натиҷаи поён рафтани нархи фурӯши алюминий ва пахта ҷумҳурӣ аз содироти ин намуди молҳо қариб 70 млн. доллари ИМА-ро гум кард.

Тавозуни миллии пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи омориест, ки аз ҷониби Бонки миллии ҷумҳурӣ мувофиқи «Роҳнамои ХБА оид ба таҳияи тавозуни пардохт» дар заминаи маълумотҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатӣ, бонкҳо, корхонаҳо ва дигар муассисаҳо, ки ба тариқи ҳисобот оид ба амалиётҳои иқтисодиву хориҷии резидентҳои Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, таҳия карда мешавад. Ин амалиётҳое, ки байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо доир мегарданд, амалиётҳоро бо молҳо, хизматрасониҳо, даромадҳо ва инчунин талаботи молиявию ӯҳдадориҳо ҷудо мекунад.

Тавозуни миллии пардохт аз ду қисми асосӣ иборат аст: ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва ҳисоби амалиёт бо сармоя ва ҳисоби молиявӣ.

Ҳисоби амалиёти ҷорӣ ҳамаи амалиёти байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳои арзиши иқтисодӣ доштаро (ғайр аз амалиёти дороиҳои молиявӣ) дар бар мегирад. Ба ин гурӯҳи асосӣ молу хизматрасониҳо, даромад, трансфертҳои ҷорӣ дохил мешаванд.

Ҳисоби амалиётҳо бо сармоя низ аз ду қисм – трансфертҳои сармоявӣ ва харид-фурӯши дороиҳои ғайриистеҳсолии ғайримолиявӣ иборат мебошад. Ҳисоби молиявӣ меъёрҳои тарзи сармоягузорӣ ва иҷрои вазифаҳои онро бар доираи сармоягузории бевосита, сармоягузориҳои портфелӣ, дигар сармоягузориҳо, дороиҳои захиравӣ дар бар мегирад.

Тавозуни миллии пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2002-2005 дар замимаи 10 оварда шудааст. Дар замимаҳои 11-16 вобаста батавозуни миллии пардохт маълумотҳо оид ба содироту воридоти молу хизматрасониҳо аз рӯйи категорияҳои истифодаи ниҳоӣ, аз рӯйи гурӯҳи молҳо оварда шудаанд, ки дар асоси онҳо сабабҳои ба вуҷуд омадани тавозуни ғайрифаъоли пардохти ҷумҳуриро мушоҳида намудан мумкин аст.

Рақамҳо нишон медиҳанд, ки тавозуни савдои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ғайрифаъол буда, маблағи воридот аз содирот зиёд мебошад. Масалан, соли 2005 содироти мол аз ҷумҳурӣ 1108,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил карда бошад, воридот 1430.9 млн. долларро, яъне ба маблағи 322,8 млн. доллар зиёдро ташкил намудааст. Ингуна камчинии тавозуни савдои хориҷӣ нишондиҳандаи манфӣ буда, иқтидори иқтисодии кишварро коҳиш медиҳад. Қайд кардан лозим аст, ки ингуна камчинии тавозуни савдои хориҷӣ (тавозуни молҳо) солҳои пешин низ ҷой дошт:

соли 2002 – 123,7 млн. доллар;

соли 2003– 119,5 млн. доллар;

соли 2004 – 135,5 млн. доллар;

соли 2005 – 322,8 млн. доллар. Аз ин рақамҳо тамоюли сол аз сол афзоиш ёфтани камчинии тавозуни савдои хориҷӣ ба чашм мерасад. Ин ҳолат бехатарии иқтисодӣ ва рақобатпазирии кишварро коҳиш медиҳад, бинобар ин чораҳои пешгирии ин тамоюли номусоид бояд пешбинӣ карда шаванд.

 

    1. Муаммои рақобатпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати татбиқи чорабиниҳои аввалиндараҷаи таъмини рақобатпазирӣ

Рақобатпазирӣ яке аз муаммоҳои муҳимтарини кишвар буда, тақозо мекунад, ки ин масъала дар зинаи баланди давлатӣ баррасӣ гардад. Дар доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ идеологияи рақобатпазирии мамлакат дарҷи худро ёбад. Мутаасифона дар низомномаҳои сохторҳои номбурда таъмини рақобатпазирии объектҳои мувофиқан вуҷуд надорад. Дар Барномаи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2015, дар дигар барномаҳои дарозмуддати давлатӣ вазифаҳои мушаххас ва механизми баланд бардоштани рақобатпазирӣ муайян карда нашудаанд.

Рақобатпазирӣ муаммои як соҳа набуда, ба фаъолияти якчанд ва ҳамаи бахшҳои иқтисод вобаста аст, бинобар ин, онро чун муаммои байнисоҳавӣ ҳал намудан зарур аст. Ин муамоест, ки бо зудӣ, дар як вақт яку якбора ҳал намешавад, ба ин мақсад солҳои тӯлонӣ мунтазам кор бурдан лозим мешавад. Рақобатпазирӣ дар шароити бозор муаммои доимӣ мебошад.

Дараҷаи рақобатпазирӣ дар асоси чор омили асосӣ муайян мешавад: сифати объект, арзишу нархи (хароҷотҳои истеҳсол) объект, хароҷотҳои истифодабарӣ ё истеъмолкунии объект дар шароити бозор, сифати хизматрасонӣ, яъне ҳамаи марҳилаҳои идораи самаранокии иқтисоди миллиро дар бар мегирад.

  1. 1) Э.Ш. Рањмонов Суханронии Президети Љумњурии Тољикистон дар маљлиси васеи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии Љумњурии Тољикистон дар соли 2003 ва вазифањои навбатї дар соли 2004, 24 январи соли 2004- «Љумњурият», 27 январи соли 2004)
  2. 1) Баромади Сарвазири Љумњурии Тољикистон О.Ѓ. Оќилов дар љаласаи њайати мушовараи Вазорати иќтисод ва савдои ЉТ оид ба љамъбасти соли 2005 ва вазифањо барои соли 2006. – Иќтисоди Тољикистон: стратегияи тараќќиёт, 2006, № 1, сањ. 29
  3. 1) Рўзномаи «Љумњурият» хабар медињад, ки солњои шастўми асри гузашта мавриди вохўрии Котиби якуми Кумитаи Марказии ЊКИШ Никита Хрушев бо Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр сардори давлати шўравї хост ба Президент Эйзенхауэр, ки фермаи хусусї дошт, гўсфанди њисорї таќдим кунад – гўсфанде, ки бо зоти худ беќиёсу нотакрор буда, амрикоињоро метавонад ба њайрат монад. Ба ин хотир аз фермаи гўсфандпарварии хољагии ба номи Калинини ноњияи Пахтаобод (њозира Турсунзода) мутахассисон ду сар ќўчќорро, ки 186- 168 килої бор доштанд ва як барраи 60 кг-ро ба Маскав бурда ба намояндагони Амрико месупоранд ва оид ба парвариши онњо маслињатњо медињанд. «Љумњурият», 13 апрели соли 2006.
  4. 1) Экономика абсурда// Рўзномаи «Азия Плюс», 25 майи соли 2006.
  5. 2) Экономика абсурда// Рўзномаи «Азия Плюс», 22 июни соли 2006

 

test

Добавить комментарий