Фанни Иқтисоди миллӣ

Вазъияти бизнеси байналхалки дар Ҷ. Т

Нақшаи кор

Сарсухан

  1. Таъсири шиддатгири буҳрони сиёсиву иқтисоди ҷаҳон ба  гардиши савдои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Сохтори  молҳои содиршаванда аз Ҷ.Т бо хориҷи мамлакат
  3. Сохтори  воридоти молҳо ба Ҷ.Т

Хулоса

Адабиёт

Сарсухан

 Чунонеки ба мо маълум аст Ҷ Т яке аз давлатҳои чавон яъне нав таъсис мебошад. Ва дар ин  давра таъсисёбиаш ба якқатор навгониҳо ноил гаштааст. Ва ман  дар ин кори худ гадиши савдои хоричии Ҷумҳурии Точикистонро дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 таҳлил кадаам.

      Шиддатгирии буҳрони сиёсию иқтисодии ҷаҳон дар давоми соли 2014   аз ҷумла таҳримҳои сиёсию иқтисодӣ нисбати ҳамшарикони тиҷоратӣ, тағйирёбии вазъи бозорҳои ашё ва маҳсулоти озуқа, инчунин, беқурбшавии пули миллӣ ба гардиши савдо ва бозори истеъмолӣ таъсири манфии худро расонид. Паст рафтани нархи маҳсулотҳои стратегии содиротии кишвар аз қабили алюминий ва нахи пахта ва кам шудани талабот ба онҳо боиси коҳиш ёфтани содирот гардид.

  Мувофиқи маълумотҳои фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2014 5316,2 млн. доллари ИМА-ро бо афзоиши 6,6 фоиз ташкил дод. Дар сохтори савдои хориҷӣ содироти мол 977,4 млн. доллар ва воридот ба маблағи 4338,8 млн. доллари ИМА амалӣ шуд. Фарқияти тавозуни савдои хориҷӣ – 3361,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, таносуби он нисбати соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлили гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014. (млн. доллари ИМА)

Сохтори  молҳои содиршаванда аз Ҷ.Т бо хориҷи мамлакат

 Паст рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба ин намуди маҳсулот, ҳаҷми истеҳсолоти онро низ коҳиш дод. Дар натиҷаи таҳлили вазъи бамиёномада ҳаҷми содироти он дар давоми соли 2014 тақрибан якуним маротиба коҳиш ёфт.

  Аз нимаи дуюми соли 2014 тамоили болоравии нарх ба назар расида, бо вучуди ин, дигаргунии назаррас дар содироти алюминий дар ин давра мушоҳида нашуд.

    Дар соли равон 125,7 ҳазор тонна алюмин бо арзиши умумии 234,2 миллион доллари ИМА содирот шуда, як тонна алюминий бо нархи 1863 доллар ба фурӯш рафт.

     Аз рӯи маълумотҳои гумрукӣ дар соли равон 86,4 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 132,1 млн. доллари ИМА содирот шуда, нисбат ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 24,5 фоиз коҳиш ёфт.

Дар давраи таҳлилшаванда аз қаламрави ҷумҳурӣ 179,3 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 36,6 млн. доллари ИМА содирот шуда, нисбат ба соли гузашта 47,7 ҳазор тонна кам мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби ширкатҳои саноати кӯҳӣ ба маблағи 175,9 млн. доллари ИМА маъдану консентратҳо содирот шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 75,5 млн. доллари ИМА зиёд аст.

Дар натиҷаи ташкили фаолияти пурсамари корхонаҳои истеҳсоли семент талаботи бозори дохилӣ ба семент дар соли ҷорӣ 1200,0 ҳазор тонна қонеъ гардида, воридоти он аз дигар давлатҳо назар ба соли гузашта, ба ҳисоби миёна 517,8 ҳазор тонна коҳиш хоҳад ёфт.

Қайд намудан лозим аст, ки афзоиши содирот дар соли 2014, назар ба соли гузашта, аз ҳисоби афзудани фурӯши маҳсулоти ғайриозуқа, аз ҷумла, маъдану консентрат, нерӯи барқ, тиллою нуқраи нимкоркард ба амал омад.

Шарикони асосӣ оид ба содироти маъдану консентрат – Қазоқистон (бештар аз 90 фоизи маъданҳои содиротшуда дар соли 2014) ва Хитой (тақрибан 10,0 фоиз), нерӯи барқ – Афғонистон (80,0 фоиз), тилло ва нуқраи нимкоркард – Швейтсария (100 фоиз) мебошанд.

Содироти  мол  асосан  асосан  ба  давлатхои  Туркия (40,4%), Руссия (10,5%), Эрон (9.9%), Афгонистон (9.3%), Чин (7.4%), Казокистон (7.3%),  Швейтсария (6.6%), Покистон (2.1%) ва  гайрахо  интикол  гардидааст.

Намудхои асосии махсулотхои содиротии Чумхурии Точикистон

Сохтори  воридоти молҳо ба Ҷ.Т

Ҳиссаи воридоти молу ашё дар муомилоти савдои хориҷӣ дар соли 2014 81,6 фоизро ташкил дода, вазни хоси он нисбати соли гузашта 7,3 фоиз афзуд. Аз ҷумла афзоиши воридот бо мамлакатҳои ИДМ ба 13,4 фоиз мушоҳида шуд.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 20,0 фоиз, маҳсулоти нафтӣ, сӯзишворӣ ва гази моеъ 17,7 фоиз, дастгоҳу таҷҳизоти техникӣ ва мошинолот 10,3 фоиз, ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 11,4 фоиз, металлҳои сиёҳ ва маҳсулотҳо аз он – 7,1 фоиз, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он – 6,7 фоиз, гилхок- 3,0 фоизро ташкил менамоянд.

Дар натиҷаи татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мавриди таҳвили бебоҷи маҳсулоти сӯзишворӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ҳам аз рӯи ҳаҷм ва ҳам аз арзиш зиёд гардид. Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 51,4 фоиз ва гази моеъ 16,3 фоиз нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ 295,0 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 179,6 млн. доллари ИМА ворид гардида, афзоиши он назар ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 41,4 ҳазор тонна ва аз арзиш 22,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Воридоти гандум дар давраи таҳлилшаванда 774,9 ҳазор тоннаро бо арзиши умумии 231,3 млн. доллари ИМА ташкил намуда, нархи миёнаи он барои як тонна дар сатҳи 299 доллари ИМА қарор ёфт.

Воридоти орд ба қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 43,3 ҳазор тонна ё 21,1 млн.доллари ИМА коҳиш ёфта, мутаносибан 189,0 ҳазор тонна ва арзиши умумии он 77,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Воридоти молу маҳсулот дар соли 2014 асосан аз Федератсияи Россия – 27,6 фоиз, Чин -16,8 фоиз, Қазоқистон -15,7 фоиз, Швейтсария -5,1 фоиз, Литва -4,7 фоиз, Эрон -3,8 фоиз, Туркия – 3,4 фоиз, ИМА –2,6 фоиз ва ғайраҳо сурат гирифт.

Дар  сохтори  воридоти  шарикони  асоси  мамлакатхои  Русия (21.9%), Казокистон (15.1%), Чин (14.4%),  Литва (5.3%),  ИМА (4.7%) , Туркия (4.4%) , Киргизистон

Хулоса:

   Дар натичаи таҳлил ман бачунин хулосае омадам, ки дар ин қèñìè кор фикру андешаҳои худро руи қîғàç оварам.

  Ҷумҳурии Точикистон яке аз давлатҳои офтобруя ва аграри мебошад. Ва мардуми ин кишвари азиз асосан ба кишоварзи сарукор мегиран ва аз ҳамин чиҳат Ҷумҳуроии мо анрари саноати мебошад.

   Барои кишвари мо имкониятҳои зиёди истеҳсоли ва сохтани корхонаҳои санати муфидовар мебошад, ва дар рафти амали гашкани ин раван Точикистон мамлакати саноати ва аграри мешавад, ва саҳми он дар савдои байналхалқи меазояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *