Мафхумхои асосии гурухбандии ахбори иктисоди

Дар шароити иқтисоди бозори нақши ахбор ҳамчун ашёи муҳими корхона барои кабули карорҳои идоракуни калон мебошад. Яке аз усурҳои асосии ин ашё ахбори иктисодӣ мебошад, ки хусусиятхои зеринро доро мебошад:

  1. ҳаҷми калони ахбороти ҳарсола сохта шаванда, коркарда шаванда ва нигоҳ дошта шаванда (то якчанд миллион аломат барои як корхонаи миёна)
  2. қисми зиёди ин ахбор аз аломатҳо иборат буда барои коркардди мантиқи ва арифметики кам мутобиқ мебошад
  3. дараҷаи баланди хароҷоти арзиши ва меҳнати барои ҷустуҷуи ахбор ва коркарди он.

Барои он ки ахбори иқтисоди бо самаранок ҷустуҷу шуда бо ёрии каналҳои алоқа дар МЭҳ кор корда шуда ба хамагон ирсол гардад бояд дар намуди адади иникос гардад. Ба ин максад ахбори иқтисоди бо ёрии класификаторҳо ба тартиб дароварда шуда баъдан рамзбардори карда шаванд.

Ахбори иқтисоди аз ду намуд иборат мебошад:

1. Намуди нишондиҳандаҳои иқтисоди;

2. Намуди ҳуҷатҳо

Нишондиҳандаҳои иқтисоди воҳиди таркиби ахбор ба шумор рафта тавсифи микдори равандҳои иқтисоди иникос мегардад.

Нишондиҳандаҳои иқтисоди аз ду намуди аломатҳо иборат мебошад.

Реквизитҳои аломати хосиятҳои сифатии абъектро нишон дода аз реквизитҳои аломатии пурсиши ва реквизитхои аломати гуруҳи иборат мебошад.

Реквизитҳои аломати пурсиши ин номгуи абъектҳо буда барои фаҳмидани нишондиҳандаҳо аз тарафи истифодабарандагон–иқтисодчиён хизмат мекунанд. Реквизитҳои аломати гуруҳи бошад ин аломатҳои пурсиши ба рамз дароварда шуда мебошад, ки барои дар МЭҳ коркарди мантиқии ахбор хизмат менамояд.

Абектҳои асосии гуруҳбанди ва ба рамзбардори ин реквизитҳои аломатии пурси ши ба шумор меравад, ки раванди коркард ҷой, ҷои коркард, вақти иҷроиши раванд субъектҳо ва абектҳои амалкунандае, ки дар нишондиҳанда инъикос гардидааст, дар бар мегирад.

Ба рамз даровардони абъектҳо бо ёрии аломатҳои онҳо ба як тартиби муайян дароварда мешавад.

Натиҷаи тақсимоти абъектҳо аз рeи аломатҳои гуногун гуруҳбанди намуда мешванд.

Маҷмeи коидаҳое, ки абъектҳоро мувофиқи маҷмeҳо ва зермаҷмуҳо тақсим менамояд, системаи гуруҳбанди номида мешавад.

Раванди тақсим намудани абъектҳои гуруҳбанди мувофиқи системаи қабул гардидаи гуруҳбанди ин раванди гуруҳбанди мебошад.

Асоси гуруҳбанди гуфта аломатеро меноманд, ки маҷмeро базер маҷмe тақсим менамояд.

Зинаи гуруҳбанди ин натиҷаи тақсимоти навбатии абъектҳои яа гурeҳ мебошад.

Дараҷаи гуруҳбанди ин маҷмуи гурeҳҳои гуруҳбанди шуда, ки дар ҳамон як зинаи гуруҳбанди ҷойгир шудаанд.

ҳар як системаи гуруҳбанди аз хусусиятҳои зерин иборат аст:

1.ҷонгирии система;

2.ҳаҷми система (ёмкост);

3.Дараҷаи пуршавии система;

ҷонгирии система ин қобилияти дохил кардани аломатҳои нав ба абъектҳо вайрон накардани сохтори гуруҳбанди. Чандири ба ҳаёти мувақатии ( Т ) система муайян карда мешавад.

ҳаҷми система ин шумораи начандон калони гуруҳчаҳо, ки ба системаи додашудаи гуруҳбанди дохиланд.

Дараҷаи пуршавии система аниқ карда мешавад бо тақсим намудани микдори ҳақиқии гуруҳҳо ва ҳаҷми система бо чунин формула ҳисоб карда мешавад:

К пур=Q ҲҷР

К пур – дараҷаи пуршавии система

Q Ҳак – миқдори ҳақиқии гуруҳҳо

Р – ҳаҷми система

Дар шароити имрeза бисёртар ду намуди системаи кассификатсиони истиффода бурда мешавад: иерархи ва бисёрxанба.

Муҳимияти системаи иерархи дар ин асос меёбад:

  • мавxудияти бе маҳдуди нишонаҳои классификатсиони дар система;
  • ба ҳам тобеъи нишонаҳои классификатсиони, ки ифодакунандаи ҳар як гуруҳҳои классификатсиони, ки дар поён баён шудааст;

Дар вақти сохтани системаи классификатсиони иерархи пеш аз хама xудо карда шудани чанде аз абъектҳои таълуқдошта ба классификатсия Мо, барои муайян кардани пурраи бисёре аз нишонаҳои классификатсиони G ва тобеъшавии онҳо бо ҳам ва баъд тафтиш дар ҳар як зинаи маълумотҳои ибтидои гузаронида мешавад.

Дар ҳолати истифодабарии системаи иерархи классификатсиони бояд чунин маҳдудиятҳоро риоя кард:

  • ба даст овардани гуруҳҳои классификатсиони дар ҳар як зина бояд маълумотҳои ибтидоиро дошта бошад;
  • гуруҳҳои классификатсиони Х jk дар ҳар як зина на бояд якдигарро бурад;
  • классификатсия дар ҳар як зина бояд ба як нишона гузаронида шавад (G)

Ба тарафи мусби ин система бояд мантиқан таваxуҳ кард, содаги ва мантиқи қулайи ва коркарди арифметики сохтори вай.

Аммо ин система ба сохтори классификатсионии сахт тавсиф дода мешавад, ки барои дохил кардони нишонаҳо ё пай дар пайи онҳоро иваз намудан тавсиф дода мешавад.

Чандирии ин система аз бисёр маълумотхои воридшавандаи зада шуда дар шохахо, ки ба суст пуршавии сохтори классификатор оварда мерасонад.

Камбудихое, ки дар системаи иерархи қайд карда шудааст, дар системахои дигар вуҷуд надорад, ки ин ба системаи классификатсиони бисёрxанба таълуқ дорад.

Аспект – нуқтаи назар ба классификатсияи абъекте, ки аз рeи аз рeӣ якчанд нишон тавсиф дода мешавад. Системаи бисёрxанба- ин классификатсияи системахое, ки паралел якчанд нишонаҳоро ба сифати классификатсияи асоси истифода мебаранд. Ду намуди системаи бисёрҷанба вуҷуд дорад: фасети ва дескриптори. Фасет – ин гуруҳбанди нуқтаи назаре, ки барои классификатсияи гуруҳҳои мустақил истифода бурда мешавад. Дескрипор- калимаи калиди, муайянкунандаи баъзе абъектҳое, ки барои шарҳдиҳи абъект таълуқдори абъекро ба гуруҳ ва ғайраҳоро муайян мекунад.

Системаи фасет бо чунин хислатҳо фарқ мекунад:

  • якчанд абъектҳои бисёр гуруҳбанди шаванда вуҷуд дорад (Мо);
  • ин маҷмeро бо якчанд нуқтаи назар дидан мумкин, ки ҳар яки онҳоро аз рeӣ як ё якчанд нишони ташкилкунандаи фасет тавсиф додан мумкин аст;
  • якчанд фасетҳо бо ёрии формулаи фасети ташкил карда мешавад:

F= (Ф1,Ф2,….,Фr,…,ФR);

миқдори зиёди гуруҳҳои тавсифшаванда вуҷуд дорад, ки миқдори онҳо ба миқдори вазифаҳои муроҷиаткунандагон ба қарори худ дар ин ё он фасетҳо муайян карда мешавад.

Дар дохили фасет маънои нишонҳо метавонанд аз рeӣ ягон тартибот як як шумурда шаванд, ё ин ки сохтори иерархи мушкил ташкил карда шавад агар ба ҳам тобеъшави нишонҳои ҷудошуда мавҷуд бошад.

Ба афзалиятҳои ин система бояд ҳаҷми зиёди системаҳо ва дараҷаи баланди чандири дохил мешавад, барои он ки дар ҳолати зарури фасетҳои иловагиро дохил кардан мумкин. Ба камбудиҳои ин система сохтори мушкил ва зинаи пасти пуршави система дохил мешавад.

Дида баромадани системаҳои классификатсиони мувофиқ карда шуда барои ташкилотҳо бо мақсади коркарди ояндаи ахбори арифметики ва мантиқи дар МЭҳ ва танҳо як қисми проблемаи кофтукоби ахбори иқтисоди дар ҳолати қабули қарорҳои идоравӣ ҳал мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки на ҳама иҳота кардан бо ин системаҳо ҳамаи мафҳумҳо ва истилоҳотҳои истифодашаванда барои баёни маънои нишондиҳандаҳои иқтисоди ва ҳуҷатҳоро мефаҳмонад. Ба ин нигоҳ накарда дар ин системаҳо проблемаи таъмини яқини истифодабарии истилоҳотҳо, идентификатсияи вазифаи алоҳидаи истилоҳотҳо дар ҳолати пай дар пайи. ба шакли муайян даровардани номгузори нишондиҳандаҳои иқтисоди ҳал карда намешавад. Ба камбудиҳои ин системаи классификатсиони метавон инро низ дохил кард ҳамаи муносибатҳои байни истилоҳотҳо дар онҳо инъикос намеёбад, ки барои муҳимияти расмикунонии таркиби нишондиҳандаҳо, ҳуҷатҳо ва барпокуни боҳамалоқаманди байни нишондиҳандаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки дар зинаи қабули қарорҳои идорави истифода мешаванд.

Барои кофтукоби ншондиҳандаҳо ва ҳуҷатҳо дар бораи ҳуруфчинии нишондиҳандаҳои таркиби забони дескриптори ахбори, ки муайянкунии маҷмeи истилоҳотҳои дескриптори, ё ин ки бо лексия ҳуруфчини муносибатҳои байни истилоҳотҳо истифода бурда мешавад. Ин муносибатҳо ду намуд шуда метавонад:

  1. муносибатҳои мантиқи доими байни истилоҳотҳои ҷорие, ки муносибати байни абъектҳои инъикосшуда, ки муносибатҳои парадигматики ном доранд;
  2. муносибатҳои ивазшаванда байни мафҳумҳои пайдошаванда дар раванди баёни фикри конкрети худ, масалан нишондиҳандаҳое, ки муносибатҳои сингматики ном доранд.

Муносибатҳои парадигматики байни истилоҳотҳо статикаи забонро инъикос мекунанд. Масалан ба онҳо таълуқ доранд, муносибатҳои наздик. Фаҳмиши намуди аломатҳои аслии предметҳои гуруҳиро, ки ягонхел намуди дигари предметҳои синфи буда ва дар такиби ин синф дохил мебошанд, инъикос мекунад. Масалан мафҳуми “барандаи мошини ” як қатор муносибатҳо бо мафҳумҳои “диски сахти маггнити” “диски чандири” “лентаҳои магнити” ва ғайраҳо мебошанд. Ин намуди муносибат дар гуруҳбанди ахбори иқтисоди инъикос менамояд.

Муносибатҳои синтагматики граматикаи ин забонро ташкил мекунад, яъне қоидаҳои тартиб додани баёни фикри худ аз ҳуруфчинии истилоҳотҳо ё ин ки мафҳумҳо. Ин намуди муносибатҳо дар динамика дар мавриди воридкунии маълумотҳо ва тасвият кардани дархостҳо истифода мешавад.

Дар вобастаги аз он, ки дар кадом зина ҳамаи имкониятҳои баёнкуни қайд карда мешаванд, забонҳои предкоординати ва посткоординати мешаванд. Забонҳои предкоординатишуда, чунин забонҳое мебошад, ки дар рафти коркард ҳамаи баёнкуни дар истилоҳотҳои ин забонҳо ва ҳам муносибати доими байни истилоҳотҳо пешаки муайян мешаванд, номида мешаванд. Барои забонҳои посткоординатишуда фақат муносибатҳои доими пешаки қайд карда шуда хос мебошад. ҳамаи гуфтаҳо дар мавриди истифодабарии лексияи ин забон ва граматикаи вай ба вуҷуд меояд. Забонҳои намуди предкоординати шуда дар мавриди истифодабари каме чандириянд, ки бо ёрии онҳо он гуфтаҳое, ки пешаки қайд шудаанд, тасвир кардан мумкин аст. Истифодабарии забонҳои посткоординатишуда имконият медиҳад, ки бо ёрии онҳо миқдори зиёди баёншудаҳо ташкил карда шавад.

Мисоли аз ҳама хуб барои забонҳои предкоординатишуда забонҳои классификатсиони мебошшанд, ки ба истифодабарии системаи иерархи ва бисёрҷанба, афзалиятҳо ва камбудиҳое, ки пешаки дида шуда буданд, асос гузоштанд. Ба забонҳои намуди классификатсиони нишондиҳандаҳои техникию иқтисоди классификатсиони умумисистемави дар вақти ҳозира коркард шударо метавон бурда расонд. Вай усули намоиши ба тартиби нишондиҳандаҳои система ва воситаи бо ҳам алоқаманди онҳо дар асоси классификатсияи бисёр ҷабҳаи ин нишондиҳандаҳо, ҳамоне, ки бояд бештар вақти аз нуқтаи назари хоҷагии халқи хусусиятҳои методологи ҳисобкуни онҳо, бо ҳамалоқаманди нишондиҳандаҳо, нишони аз ҳама муҳими нишондиҳандаҳо ва кофтукоби онҳо дар САИ доро мебошад.

Камбудиҳои умуми забонҳои ахбори намуди классификатсиони мутоиқатшавии сусти онҳо ба шартҳои пешаки надидаи система, имконияти тартиб додани дархостҳо дар ин забонҳо ба тартиб андохтани таркиб мебошад. Ин камбудиҳо дар забонҳои намуди посткоординатишуда вуҷуд надорад, асос барои истифодабарии усули координати ё ин ки ассотсиатсиони индексикунони мебошад. Мувофиқи равияи индексикунони координати мумкин аст, ки таркиби ҳуҷатҳо ё ин ки нишондиҳандаҳоро тавасути рeихати калимаҳои калиди – дескрипторҳодидан мумкин аст. Дескриптор – ин истилоҳи забони табии буда барои шарҳ додани ҳуҷҷатҳо ва ё нишондиҳандаҳое, ки маънои мустақил ва бе ивазкунии маънои худ тақсимшаванда истифода бурда мешавад. Масалан, нишондиҳандаи “Миқдори маҳсулоти воқеъи истеҳсолкардаи сех дар як навбат,” дар забони табии қайд шуда, дар мавриди истифодабарии методи индексикуниикоординати он чунин намудро мегирад: “миқдор, маҳсулот, коркард, воқеъи, сех, навбат.”

Барои он ки дуруст ва яқин таъмин намудани кофтукоб бо ёрии ин намуди забон, аввал пешаки бояд ҳамаи муносибатҳои байни истьилоҳотҳоро муайян кард: муносибати наздики синоними, омоними, полисеми ва муносибатҳои ассотсиатсияви. Характиристикаи муносибатҳои наздик баланд дода буд. Намуди беҳтарини муносибатҳои парадигматики муносибатҳои синоними, омоними ва полисеми мебошад, ки ҳамеша дар забонҳои табии вуҷуд доранд.

Синонимия – ин муносибат байни ду ё якчанд калимаҳои калидии гуногун, вақто ки онҳо маънои якхела дошта бошанд, ҳамон як ашё ё як мафҳумро мефаҳмонанд. Синонимҳоро метавон ба як реша ҷудо намуд, вале бо таркиби марфологии гуногун (масалан, “истеҳолот” ва “истеҳсол шудааст”), бо решаҳои гуногун (масалан, “сарфҳо” ва “хароҷотҳо” ). Ба синонимҳо боз терминҳое, ки ҳам дар шакли ихтисор кардашуда вуҷуд дошта метавонанд, дохил мешаванд, масалан “корҳои илми татқиқоти” ва “КИТ”, “метрҳои куби” ва “М. КУБ”.

Омонимия – ин чунин муносибат байни калимаҳои калиди аз рeи овоз ва аз рeи навишт, вақтоки онҳо маънои гуногун ва ашёи гуногун ва мафҳуми гуногунро мефаҳмонанд, доро мебошанд. Истилоҳотҳои мафҳумҳои ҳархела дошта, ки андозаҳои якдигарро намебуранд ва омоними пурра номида мешавад, метавон ҷудо намуд.

Мазмуни васеъбарои сохтани забони дескриптори ошкоркуни ва тасдиқкуни муносибатҳои ассотсиатсияви байни истилохҳое, ки имконияти аниқ баргардонидани ҷавоб ба дархостҳои истифодабарандагон. Ба гуруҳи муносибатҳои ассотсиативи ба монанди муносибатҳои қисмҳо ба томъ таълуқ дорад (масалан, “сех”- “участка”), сабаби муносибатҳои тафтиши (масалан. “иштирок накардан”- “иҷро накардан”), алоқаманди раванд ва ашё (масалан, “нақша”- “нақшакаши”) ва ғайраҳо.

ҳамаи муносибатҳои ҷудошуда дар луғати системави – тезаурус, бо мақсади рeихатгири ҳуҷатҳо, нишондиҳандаҳо ва дархостҳои ахбори коркард карда мешавад.

Дар навбати худ забонхои дескриптори бо қувваи семантики фарқ карда мешавад, ки бо истифодабарии онҳо чиқадар маълумотҳо ба рeихат гирифта мешаванд. Қувваи семантикии забон аз миқдори намуди муносибатҳои доими қайдшаванда дар тезаурус ва аз нақдии воситаҳои грамматика ва дараҷаи вазнинии онҳо вобаста аст. Дар алокаманди боин нишон забонҳои бе грамматика, забонҳо бо грамматикаи нопурра ва забонҳо бо грамматикаи ташакулёфта ҷудо мешаванд. Дар ин маврид забонҳои намуди якум танҳо луғатҳои истифодашавандаи калимаҳои калиди ва тезаурусҳо доро мебошад. Дар забонҳои грамматикаи нопурра ба ғайр аз луғатҳо ва тезаурусҳо қоидаи бо ҳамалоқамандии баъзе категорияҳои истилоҳотҳодоро мебошад. Дар забонҳои грамматикаи ташакулёфта имконияти бо ёрии ҳамаи воситаҳо фикрҳои мушкилро шарҳ медиҳад.

Дар мавриде, ки абъекти кофтукоб дар САИ ҳуҷат бошад, дар ин маврид забонҳои ахбори бе грамматика намуди дескриптори истифода бурда мешавад. Дар мавриди нигоҳдори ва ташкили нишондиҳандаҳои иқтисоди лоиҳасозон забонҳои намуди дуюмва сеюмро тавсия мекунанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.